ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 феврали соли 2018, № 1007
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2018, № 538
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 338; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 423; с. 2016, №7, мод. 628; с. 2017, №7-9, мод. 584) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- аспирант - шахси дорои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм дар аспирантура таҳсил менамояд;";
- дар сархати сеюм калимаҳои "давлатии таълимии" ва "таълим" мувофиқан ба калимаҳои "давлатии" ва "таҳсилот" иваз карда шаванд;
- сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос - дараҷаи олии академие, ки ба шахс баъди аз худ намудани барномаи касбии докторантура аз рӯи ихтисоси муайян ва ҳимояи рисолаи илмии дахлдор дода мешавад;";
- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- докторант аз рӯи ихтисос - шахси дорои дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр, барои ихтисосҳои тиббӣ магистр - ординатори клиникӣ, ки бо мақсади таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос дар докторантура таҳсил мекунад;
- доктори ҳабилитат - дараҷаи олии академие, ки ба шахсони барномаи постдокторантураро аз рӯи ихтисоси муайян азхуднамуда баъд аз ҳимояи рисолаи илмии дахлдор дода мешавад;";
- дар сархати чордаҳум калимаи "ё" ба калимаи "ва" иваз карда шавад;
- сархати бисту дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- постдокторант - шахсе, ки дорои дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос буда, барои дарёфти дараҷаи доктори ҳабилитат дар постдокторантура таҳсил менамояд;";
- ба сархати бисту дуюм пас аз калимаи "стандарти" калимаи "давлатии" илова карда шавад.
2. Дар сархати якуми моддаи 7, қисми 4 моддаи 12, қисми 4 моддаи 19, сархати якуми қисми 2 моддаи 21, сархати ҳаштуми моддаи 31 калимаҳои "давлатии таълимии" ба калимаи "давлатии" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
- дар номи модда калимаҳои "давлатии таълимӣ" ба калимаи "давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои "давлатии таълимии" ба калимаи "давлатии" иваз карда шаванд.
4. Ҷумлаи дуюми қисми 10 моддаи 9 хориҷ карда шавад.
5. Қисми 4 моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Аз рӯи натиҷаи ҳимояи рисолаи илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм, дипломи доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, дипломи доктори илм ё дипломи доктори ҳабилитат дода мешавад.".
6. Дар моддаи 13:
- дар қисми 4 калимаҳои "стандарти давлатии таълим" ба калимаҳои "Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ" иваз карда шаванд;
- аз қисми 12 калимаҳои "ё магистр" хориҷ карда шуда, калимаи "Таълими" ба калимаҳои "Муҳлати таҳсил дар" иваз карда шавад;
- қисмҳои 13, 14 ва 15 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"13. Ба докторантураи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ шахсоне, ки дараҷаи илмии номзади илм ва ба постдокторантура шахсоне, ки дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос доранд, қабул карда мешаванд.
14. Муҳлати таҳсил дар докторантура аз рӯи ихтисос бо додани дараҷаи олии академӣдоктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос се сол, докторантура бо додани дараҷаи олии академӣ - доктори илм ва постдокторантура бо додани дараҷаи олии академӣдоктори ҳабилитат то се сол мебошад.
15. Шаҳрвандони хориҷӣ ба аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантураи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва муассисаи илмӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида қабул карда мешаванд.".
7. Дар матни моддаи 23 калимаи "дифои" ба калимаи "ҳимояи" иваз карда шавад.
8. Моддаи 25 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 25. Аспирантҳо, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳо ва постдокторантҳо
1. Шаклҳои асосии тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура мебошанд.
2. Аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омӯзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитат шароит муҳайё мекунанд.
3. Ба шахсоне, ки ба супоридани имтиҳонҳои аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос иҷозат доранд, ба муҳлати 30 рӯзи тақвимӣ рухсатӣ бо пардохти музди миёнаи меҳнаташон аз тарафи корхона дода мешавад.
4. Ба шахсоне, ки дар шуъбаи рӯзонаи аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунанд, стипендияи давлатӣ пардохта мешавад ва онҳо ҳар сол ба муддати ду моҳ ба таътил мебароянд.
5. Аспирантҳои шуъбаи ғоибона ҳар сол аз ҷои кор ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ бо пардохти музди миёнаи меҳнаташон ҳуқуқ ба рухсатии иловагӣ доранд.
6. Аспирантҳои шуъбаи ғоибона ҳар ҳафта барои як рӯз аз кор озод шудан ҳуқуқ доранд. Ташкилоти корфармо ҳуқуқ дорад аспирантҳо ва докторантҳоро аз рӯи ихтисос дар соли чоруми таҳсил мувофиқи хоҳиши онҳо ба таври илова бе пардохти музди меҳнат ҳар ҳафта ду рӯз аз кор озод намояд.
7. Аспирантҳои шуъбаи ғоибона дар давраи супурдани имтиҳонҳо, навиштан ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ бо хобгоҳ аз фонди манзили муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин карда мешаванд.
8. Ба докторантҳо ва постдокторантҳо стипендияи давлатӣ ба андозаи на камтар аз маоши дотсент ва ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад. Ҳуқуқҳои дар ҷои кор пеш аз дохил шудан ба докторантура ва постдокторантура доштаи постдокторантҳо ва докторантҳо (ҳуқуқи гирифтани манзил, дараҷаи илмӣ ва дигар ҳуқуқҳо) ва ҳамчунин ҳуқуқи баргаштани онҳо ба ҷои кори пешина нигоҳ дошта мешавад.
9. Ба ҳар аспирант, докторант аз рӯи ихтисос, докторант ва постдокторанте, ки аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунад, барои хариди китобҳои илмӣ ҳар сол ба андозаи ду стипендия кумакпулӣ дода мешавад.
10. Унвонҷӯёне, ки дар таълифи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм таҳқиқот мебаранд ва аз рӯи масъалаи мубрами иҷтимоию иқтисодӣ ё самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти бунёдии илмӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, бо мақсади таҳияи рисолаи илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм метавонанд ба муҳлати то ду сол ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронда шаванд. Барои унвонҷӯёне, ки ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронда шудаанд, бо нигоҳ доштани маоши вазифавии пешинаашон ҳуқуқи ба ҷои кори пештара гузаштан дода мешавад.
11. Барои анҷоми рисолаи илмии дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхона ва муассисаю ташкилотҳо аз ҷои корашон ба муҳлатҳои се ва шаш моҳ, бо нигоҳ доштани музди меҳнат, рухсатии эҷодӣ дода мешавад.
12. Низомномаҳо оид ба аспирантура, унвонҷӯӣ, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.".
9. Дар сархати шашуми қисми 5 моддаи 26 калимаи "фармону" ба калимаи "фармоишу" иваз карда шавад.
10. Қисми 1 моддаи 27 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Кормандони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ дар аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантураи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ё ташкилотҳои илмӣ омода карда мешаванд. Ҳамчунин, кормандони илмию омӯзгорӣ бо роҳи вобаста намудани унвонҷӯён ба ин муассисаю ташкилотҳо барои навиштан ва ҳимояи рисолаи номзади илм ё доктори илм ё бо роҳи ба вазифаи корманди илмӣ гузарондани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ҷиҳати таълифи рисолаи докторӣ омода карда мешаванд.".
11. Дар моддаи 28:
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "доктори илм" калимаҳои "ё доктори ҳабилитат" илова карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Унвони илмии дотсент ба шахсе дода мешавад, ки дараҷаи илмии номзади илм ё доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос дошта, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмию методӣ машғул аст.";
- дар қисми 4 калимаҳои "мақомоти давлатии идораи маориф" ба калимаҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 3 моддаи 30 калимаҳои "муассиси (муассисон)" ба калимаҳои "муассиси (муассисони) он" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 32:
- дар сархатҳои дуюм ва бисту чорум калимаҳои "давлатии таълимии" ба калимаи "давлатии" иваз карда шаванд;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- таъсиси аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ, новобаста ба тобеияти онҳо, тасдиқ кардани низомномаҳо дар бораи омодасозии кормандони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ;";
- сархати бисту панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- баррасии пешниҳодҳо ва қабули қарори ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фиристодани шикоят аз сифати таҳсилот ва ё мувофиқат накардани сифати таҳсилот ба талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1529