Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 № 1527 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАОРИФ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 феврали соли 2018, № 1005

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2018, № 536

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 "Дар бораи маориф" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 532; с. 2014, № 3, мод. 156, № 7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, № 3, мод. 1148, № 7, мод. 624; с. 2017, № 7 - 9, мод. 581) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- докторантура аз рӯи ихтисос - шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос барои шахсоне, ки дорои дараҷаи таҳсилоти олии касбии магистр ва барои ихтисосҳои тиббӣ магистрординатори клиникӣ мебошанд;";

- сархати сиву якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- постдокторантура - шакли тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ бо додани дараҷаи илмии доктори ҳабилитат барои шахсоне, ки дорои дараҷаи академии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос мебошанд;".

2. Дар моддаи 18:

- аз қисми 3 калимаҳои "танҳо" ва "соҳаи омӯзгорӣ, тиббӣ ва фарҳангии" хориҷ карда шаванд;

- ба қисми 8 пас аз калимаи "метавонад" калимаҳои "марказҳои касбомӯзӣ," илова карда шаванд.

3. Қисми 2 моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Муассисаи таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ барои муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ ташкил карда мешавад. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмии алоҳидае, ки дорои заминаи илмӣ ва моддию техникӣ мебошанд ва аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд, метавонанд зинаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ - магистратура, интернатура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос), докторантура ва постдокторантура таъсис диҳанд ва вазифаи ходими илмиро ҷорӣ намоянд.";

4. Ба қисми 4 моддаи 21 сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- созмонҳои хонандагон;".

5. Қисмҳои 4 ва 5 моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"4. Аз рӯи натиҷаи ҳимояи корҳои тахассусӣ - рисолаи илмӣ ва маҷмӯи корҳои илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломҳои номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат дода мешаванд.

5. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти илмию омӯзгорӣ бо тартиби муқарраршуда шаҳодатномаи дотсент аз рӯи ихтисос ва шаҳодатномаи профессор аз рӯи ихтисос дода мешаванд.".

6. Дар қисми 7 моддаи 24 калимаи "аспирантура" ба калимаҳои "магистратура, барои ихтисосҳои тиббӣ магистратура - ординатураи клиникӣ, аспирантура ё докторантура аз рӯи ихтисос" иваз карда шавад.

7. Ба моддаи 32 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- тасдиқи низомномаи намунавии созмони хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ;".

8. Дар сархати бисту дуюми моддаи 33 калимаҳои "аспирантура, докторантура" ба калимаҳои "аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура, постдокторантура" иваз карда шаванд.

9. Дар қисми 2 моддаи 41 ва сархати сиву сеюми қисми 1 моддаи 51 калимаи "ташкилотҳои" ба калимаи "созмонҳои" иваз карда шавад.

10. Дар сархати якуми моддаи 43 калимаҳои "ординаторҳо, докторантон" ба калимаҳои "ординаторон, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон, постдокторантон" иваз карда шаванд.

11. Дар қисми 7 моддаи 44 калимаҳои "аспирантон, докторантон" ба калимаҳои "аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон, постдокторантон" иваз карда шаванд.

12. Дар моддаи 45:

- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Стипендия маблағест, ки ба хонандагон, донишҷӯён, интернҳо, ординаторҳо, аспирантони гурӯҳҳои таҳсили рӯзона, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон пардохт карда мешавад.";

- сархати чоруми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- стипендияи давлатӣ барои аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон;";

- дар қисми 3 калимаҳои "ва аспирантони болаёқат" ба калимаҳои ", аспирантон ва докторантон аз рӯи ихтисос" иваз карда шаванд;

- қисми 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"8. Стипендияи давлатӣ ба аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил мекунанд, пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти стипендияи давлатӣ ба аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантон ва постдокторантон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.".

13. Дар қисми 8 моддаи 55 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1527