ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАВОДИ ДОРУВОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАСЕВТӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 феврали соли 2018, № 1013
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2018, № 540
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, № 7, мод. 499; с. 2003, № 12, мод. 700; с. 2007, № 5, мод. 375; с. 2008, № 6, мод. 467; с. 2012, № 7, мод. 711) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати тандурустӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ" ва "Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ" иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Дар сархати сию дуюми моддаи 3, сархати сездаҳуми моддаи 6, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 8, қисми якуми моддаи 16, қисми якуми моддаи 18, қисми якуми моддаи 20 ва матни моддаи 21 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
4. Ба моддаи 3 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Маводи дорувории асосӣ - маводи доруворие, ки талаботи афзалиятноки аҳолиро дар соҳаи тандурустӣ қонеъ мегардонанд.".
5. Аз сархати сеюми моддаи 5, қисми чоруми моддаи 16, қисми сеюми моддаи 26 ва қисми дуюми моддаи 29 калимаи "нигаҳдории" хориҷ карда шавад.
6. Ба моддаи 6 сархатҳои чордаҳум ва понздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- Тартиби бақайдгирии нархи ниҳоии фурӯши маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷиро, ки ба Рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ менамояд;
- Тартиби пешбурди феҳристи давлатии нархи ниҳоии фурӯши маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷиро, ки ба Рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, муайян менамояд;".
7. Дар матни моддаи 7 калимаҳои "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" ба калимаҳои "Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1531
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЛЕКАРСТВЕННЫХ СРЕДСТВАХ И ФАРМАЦЕВТИЧЕСКОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 21 февраля 2018 года, №1013
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 11 мая 2018 года, №540
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 6 августа 2001 года "О лекарственных средствах и фармацевтической деятельности" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001г., №7, ст. 499; 2003 г., №12, ст.700; 2007 г., №5, ст. 375; 2008 г., №6, ст. 467; 2012 г., №7, ст. 711) следующие изменения и дополнения:
1. По всему тексту Закона слова "Министерства здравоохранения Республики Таджикистан", "Министерством здравоохранения Республики Таджикистан", "Министерство здравоохранения Республики Таджикистан", "Министерством здравоохранения", "Министерству здравоохранения Республики Таджикистан" соответственно заменить словами "уполномоченного государственного органа в сфере здравоохранения", "уполномоченным государственным органом в сфере здравоохранения", "Уполномоченный государственный орган в сфере здравоохранения", "уполномоченному государственному органу в сфере здравоохранения".
2. Статью 3 дополнить абзацем вторым следующего содержания:
"Основные лекарственные средства - препараты, удовлетворяющие приоритетные потребности населения в области здравоохранения.".
3. Статью 6 дополнить абзацами четырнадцатым и пятнадцатым следующего содержания:
"- по согласованию с государственным уполномоченным: органом разрабатывает и утверждает Порядок регистрации предельных отпускных цен отечественных и иностранных производителей на лекарственные препараты, включенные в Список основных лекарственных средств Республики Таджикистан;
- определяет Порядок ведения государственного реестра предельных отпускных цен отечественных и иностранных производителей на лекарственные препараты, включенные в Список основных лекарственных средств Республики Таджикистан;".
4. В тексте статьи 7 слова "Законом Республики Таджикистан "Об охране здоровья населения" заменить словами "Кодексом здравоохранения Республики Таджикистан".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 17 мая 2018 года, №1531