Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 № 1530 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ИЛМУ ТЕХНИКА"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 феврали соли 2018, № 1009

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2018, № 539

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 3, мод. 219) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- сархати понздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат , дараҷаҳои илмие, ки бо дархости шӯроҳои диссертатсионӣ бо тартиби муқарраргардида ба кормандони илмӣ (муҳаққиқон) пас аз ҳимояи рисолаҳои илмӣ дода мешаванд;";

- дар сархати шонздаҳум калимаи "дифои" ба калимаи "ҳимояи" иваз карда шавад.

2. Дар сархати бистуми моддаи 1, сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 4 ва сархати дуюми моддаи 5 калимаи "ҷамъият" ба калимаи "ҷомеа" иваз карда шавад.

3. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

4. Дар қисми 6 моддаи 10 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

5. Ба сархати дуюми қисми 1 моддаи 17 пас аз калимаи "аспирантура" калимаҳои ", докторантура аз рӯи ихтисос," ва пас аз калимаи "докторантура" калимаҳои "ва постдокторантура" илова карда шаванд.

6. Қисми 3 моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Тайёр кардани кормандони илмии тахассуси олӣ дар доираи аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос, докторантура ва постдокторантура бо мақсади таъмин намудани шароити зарурии омодасозӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат ташкил карда мешавад.".

7. Дар қисми 1 моддаи 19 калимаҳои "ва доктори илм" ба калимаҳои ", доктори илм ва доктори ҳабилитат" иваз карда шаванд;

8. Ба қисми 2 моддаи 20 пас аз калимаҳои "доктори илм" калимаҳои "ё доктори ҳабилитат" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1530

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О НАУЧНОЙ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ И ГОСУДАРСТВЕННОЙ НАУЧНО-ТЕХНИЧЕСКОЙ ПОЛИТИКЕ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 21 февраля 2018 года, №1009

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 11 мая 2018 года, №539

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 18 марта 2015 года "О научной деятельности и государственной научно-технической политике" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2015 г., №3, ст. 219) следующие изменения и дополнения:

1. Абзац пятнадцатый статьи 1 изложить в следующей редакции:

"- кандидат наук, доктор философии (PhD) - доктор по специальности, доктор наук, доктор хабилитат - ученые степени, присуждаемые научным работникам (исследователям) после защиты научной диссертации в установленном порядке по ходатайству диссертационных советов;".

2. В абзаце втором части 1 статьи 17 слова "аспирантуры, докторантуры" заменить словами "аспирантуры, докторантуры по специальности, докторантуры и постдокторантуры" и после слова "докторантуры" дополнить словами "и постдокторантуры";

3. Часть 3 статьи 18 изложить в следующей редакции:

"3. Подготовка научных работников высшей квалификации организуется в рамках аспирантуры, докторантуры по специальности, докторантуры и постдокторантуры в целях обеспечения условий, необходимых для подготовки и защиты научных диссертаций на соискание ученой степени кандидата наук, доктора философии (PhD) - доктора по специальности, доктора наук и доктор хабилитат.".

4. В части 1 статьи 19 слова "и доктора наук" заменить словами ", доктора наук и доктора хабилитат".

5. Часть 2 статьи 20 после слов "доктора наук" дополнить словами "или доктора хабилитат".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 17 мая 2018 года, №1530