ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 марти соли 2018, № 1033
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2018, № 532
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба қисми якуми моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 183; с. 2011, №6, мод. 457; с. 2013, №7, мод. 513, №12, мод. 886; с. 2014, №11, мод. 654; с. 2015, №7-9, мод.701; с. 2016, №3, мод. 138; с.2017, №1-2, мод. 7) ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1523
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОРГАНАХ НАЦИОНАЛЬНОЙ БЕЗОПАСНОСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 19 марта 2018 года, №1033
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 11 мая 2018 года, №532
Статья 1. Часть первую статьи 31 Закона Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года "Об органах национальной безопасности Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 183; 2011 г., №6, ст. 457; 2013 г., №7, ст. 513, №12, ст. 886; 2014 г., №11, ст. 654; 2015 г., №7-9, ст. 701; 2016 г., №3, ст. 138; 2017 г., №1-2, ст. 7) дополнить вторым предложением следующего содержания:
"Сотрудники органов национальной безопасности Республики Таджикистан освобождаются от должности за нарушение порядка, установленного законодательством Республики Таджикистан об упорядочении традиций, торжеств и обрядов.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 17 мая 2018 года, №1523