ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №23-24, моддаи 450) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ном ва дебочаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот"
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро танзим менамояд.".
2. Рақамгузории бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ ишора карда шуда, калимаи "Боби" илова карда шавад.
3. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқан ҷамоати шаҳрак ва ҷамоати деҳот мебошанд. Ҷамоатҳо барои амалӣ намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштирок дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ёрӣ мерасонанд, онҳоро баҳри иҷрои вазифаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагӣ муттаҳид месозанд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар иҷрои талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, Қонуни мазкур, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқ мусоидат менамоянд.".
4. Моддаи 1(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 1(1). Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
5. Дар моддаи 2 ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "худидора" ва "худидораи" мутаносибан ба калимаҳои "худидоракунӣ" ва "худидоракунии" иваз карда шаванд.
6. Моддаи 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 3. Тартиби интихоб, ташкили фаъолият ва ҳадди ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.".
7. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мақоми шахси ҳуқуқиро доро буда, мӯҳри муқарраргардидаи давлатиро дорад.".
8. Дар қисми сеюми моддаи 10 пеш аз калимаҳои "ба тарафдории онҳо" калимаи "агар" илова карда шавад.
9. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 11. Дар мавриди риоя накардани талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, Қонуни мазкур, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқ, инчунин эътибор пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд, дар ҳолати аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан, аз ҳудуди ҷамоат кӯчида рафтан ва дигар сабабҳо раис, муовинони ӯ ва котиби ҷамоат бо пешниҳоди раиси шаҳр, ноҳия ва ё аз рӯи дархости сеяки шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи дар ҷамоат иштирок карданро доранд, пеш аз мӯҳлат аз нав интихоб карда мешаванд.".
10. Дар қисми якуми моддаи 14:
-қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҷамоат барномаи фаъолият, сметаи даромад ва хароҷоти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, нақшаи чорабиниҳоро оид ба ободонӣ, расонидани ёрии байторӣ, муҳофизати муҳити зист ва корҳои санитарию эпидемиологӣ тасдиқ менамояд.";
- дар сархати якум калимаи "соҳаҳои" ба калимаи "самтҳои" иваз карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"масъалаҳои тағйири ҳудуди қаламрави худ, иваз кардани номи деҳа, кӯча, майдону гулгаштҳо, минтақаҳои истироҳатӣ ва дигар объектҳоро баррасӣ менамояд ва ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таклифҳо пешниҳод мекунад;".
11. Моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 16. Ҷамоат дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ташкилу фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ шароити зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва дигар шароитро муҳайё ва ба аҳолӣ дар амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо дар мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Ҷамоат қайди баҳисобгирии Оинномаи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятиро дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот анҷом медиҳад.".
12. Дар қисми якуми моддаи 19:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"дар амалӣ намудани талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, Қонуни мазкур, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳоро ташкил менамояд;";
- дар сархати сеюм ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- сархати ҳаштум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"корҳои ҷамъиятии беҳдошти қабристонҳо, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангиро ташкил менамояд;";
- дар сархати ёздаҳум калимаи "сарҳадоти" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
Сархатҳо бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"иҷрои маросимҳои диниву мазҳабиро дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро назорат мекунад ва барои фаъолияти мунтазами комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар шаҳрак ва деҳот шароит муҳайё менамояд.".
13. Моддаи 20 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 20. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 412
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С.ХАЙРУЛЛОЕВ
ш. Душанбе
28 майи соли 2008 № 983
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистбн Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 июни соли 2008 № 508
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 декабря 1994 года "Об органах самоуправления в поселке и селе" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994г., № 23-24, ст.450) следующие изменения и дополнения:
1. Преамбулу Закона изложить в следующей редакции:
"Настоящий Закон регулирует правовые основы, порядок организации, полномочия и деятельность органов самоуправления в поселке и селе.".
2. Нумерацию глав Закона обозначить арабскими цифрами и дополнить словом "Глава".
3. Статью 1 изложить в следующей редакции:
"Статья 1. Органы самоуправления в поселке и селе соответственно являются джамоатами поселков и джамоатами сел. Джамоаты содействуют в осуществлении прав граждан на участие в управлении общественными и государственными делами, объединяют их в исполнении социальных и хозяйственных задач, содействуют местным органам государственной власти в выполнении требований Конституции Республики Таджикистан, законов, настоящего Закона, совместных постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли, постановлений Маджлиси намояндагон, актов Президента Республики Таджикистан, постановлений Правительства Республики Таджикистан и постановлений Маджлисов народных депутатов.".
4. Дополнить статьей 1(1) следующего содержания:
"Статья 1(1). Законодательство Республики Таджикистан об органах самоуправления в поселке и селе основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".
5. Статью 3 изложить в следующей редакции:
"Статья 3. Порядок избрания, организация деятельности и полномочия органов самоуправления в поселке и селе регулируются настоящим Законом и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.".
6. Статью 4 изложить в следующей редакции:
"Статья 4. Органы самоуправления в поселке и селе, обладая статусом юридического лица, имеют установленную государственную печать.".
7. Статью 11 изложить в следующей редакции:
"Статья 11. В случаях нарушения требований Конституции Республики Таджикистан, законов, настоящего Закона, совместных постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли, постановлений Маджлиси намояндагон, актов Президента Республики Таджикистан, постановлений Правительства Республики Таджикистан, постановлений Маджлисов народных депутатов, а также вступления в силу обвинительного приговора суда, в случаях утраты гражданства, выбытия за пределы джамоата и по другим основаниям председатель, его заместители и секретарь джамоата могут быть переизбраны досрочно по предложению председателя района и города, либо по требованию не менее одной трети граждан, имеющих право участвовать в джамоате.".
8. В части первой статьи 14:
- абзац первый изложить в следующей редакции:
"Джамоат утверждает программу деятельности, смету доходов и расходов органов самоуправления в поселке и селе, план мероприятий по благоустройству, оказанию ветеринарной помощи, охране окружающей среды и санитарно-эпидемиологического состояния.";
- абзац шестой изложить в следующей редакции:
"рассматривает вопросы изменения границы своей территории, наименования и переименования сел, улиц, площадей, скверов, зон отдыха и других объектов и вносят предложения в местные исполнительные органы государственной власти;".
9. Статью 16 изложить в следующей редакции:
"Статья 16. Джамоат по согласованию с местным исполнительным органом государственной власти создает необходимые правовые, организационные и другие условия для деятельности органа общественной самодеятельности и оказывает содействие населению в осуществлении их прав на участие в органах общественной самодеятельности.
Джамоат проводит учетную регистрацию Устава органа общественной самодеятельности на территории поселка и села.".
10. В части первой статьи 19:
- абзац первый изложить в следующей редакции:
"организует работу по осуществлению требования Конституции Республики Таджикистан, законов, настоящего Закона, совместных постановлений Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, постановлений Маджлиси милли, постановлений Маджлиси намояндагон, актов Президента Республики Таджикистан, постановлений Правительства Республики Таджикистан и постановлений местных органов государственной власти;";
- в абзаце третьем и далее во всем тексте настоящего Закона слова "органов государственной власти" заменить словами "местных органов государственной власти";
- абзац восьмой изложить в следующей редакции:
"организует общественную работу по содержанию в надлежащем состоянии кладбищ, объектов историко-культурного наследия";
- в абзаце одиннадцатом слова "в границах" заменить словами "в пределах".
Дополнить абзацами следующего содержания:
"обеспечивает осуществление религиозных и ритуальных обрядов в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;
контролирует ход выполнения Закона Республики Таджикистан "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан" и создает условия постоянной деятельности комиссиям по упорядочении традиций, торжеств и обрядов в поселке и селе.".
11. Дополнить статьей 20 следующего содержания:
"Статья 20. Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе, 18 июня 2008 года № 412
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. ХАЙРУЛЛОЕВ
г. Душанбе, 28 мая 2008 года №983
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "Об органах самоуправления в поселке и селе".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 5 нюня 2008 года №508