ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 марти соли 2018, № 1029
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2018, № 530
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 3, мод. 152; с. 2013, № 6, мод. 405, мод. 406; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 397; с. 2017, № 1 - 2, мод. 27) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 1 моддаи 3 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
2. Дар қисми 1 моддаи 8:
- ба банди 1) пас аз калимаи "қарзӣ" калимаҳои "ва суғуртавӣ" илова карда шаванд;
- аз банди 2) калимаҳои ", ташкилотҳои суғурта" хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1521
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРОТИВОДЕЙСТВИИ ЛЕГАЛИЗАЦИИ (ОТМЫВАНИЮ) ДОХОДОВ, ПОЛУЧЕННЫХ ПРЕСТУПНЫМ ПУТЕМ, ФИНАНСИРОВАНИЮ ТЕРРОРИЗМА И ФИНАНСИРОВАНИЮ РАСПРОСТРАНЕНИЯ ОРУЖИЯ МАССОВОГО ПОРАЖЕНИЯ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 19 марта 2018 года, №1029
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 11 мая 2018 года, №530
Статья 1. Внести в часть 1 статьи 8 Закона Республики Таджикистан от 25 марта 2011 года "О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №3, ст. 152; 2013 г., №6, ст. 405, ст. 406; 2014 г, №7, ч. 1, ст. 397; 2017 г., №1-2, ст. 27) следующие изменение и дополнение:
- пункт 1) после слова "кредитных" дополнить словами "и страховых";
- из пункта 2) слова ", страховых организаций" исключить.
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 17 мая 2018 года, №1521