ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 апрели соли 2018, № 1044
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2018, № 528
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 502; с. 2014, №3, мод. 145, №7, қ. 1, мод. 391, №11, мод. 644; с. 2015, №3, мод. 202, №7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, №11, мод. 956, №12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, №3, мод. 133, №7, мод. 615; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 276; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018, №1476) моддаи 115(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 115(1). Мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ
1. Мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 404(1)- 404(4) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, баррасӣ менамояд.
2. Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъйини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва муовини ӯ ҳуқуқ доранд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1519