Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 № 1520 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 апрели соли 2018, № 1060

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2018, № 529

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод.145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7 - 9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати шашуми қисми 1 ва қисми 3 моддаи 71 калимаҳои "қоидаҳои истгоҳи" ба калимаҳои "қоидаҳои бозистӣ ё таваққуфи" иваз карда шаванд.

2. Ба қисми 1 моддаи 93 пас аз рақами "316," рақами "326(1)," илова карда шавад.

3. Дар қисми 1, сархатҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 98 рақамҳои "323-327" ба рақамҳои "323-326, 327" иваз карда шуда, пас аз рақами "464," рақами "464(1)," илова карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1520

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 19 апреля 2018 года, №1060

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 11 мая 2018 года, №529

Статья 1. Внести в Процессуальный кодекс об административных правонарушениях Республики Таджикистан от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст.502; 2014 г., №3, ст. 145, №7, ч.1, ст.391, №11, ст.644; 2015 г. №3, ст.202, №7-9, ст.709, ст.710, ст.711, №11, ст.956, №12, ч1, ст. 1109; 2016 г., №3, ст.133, №7, ст.615; 2017 г., №5, ч.1, ст.276; 2018 г., №1, ст.8) следующие изменения и дополнения:

1. В абзаце шестом части 1 и части 3 статьи 71 слово "парковки" заменить словами "остановки или стоянки".

2. Часть 1 статьи 93 после цифр "316," дополнить цифрами "326(1),".

3. В части 1, абзацах первом и втором части 2 статьи 98 цифры "323-327" заменить цифрами "323-326, 327", после цифр "464," дополнить цифрами "464(1),".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 17 мая 2018 года, №1520