ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи таъминн нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, № 23-24, мод. 462; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, № 4, мод. 62; соли 1998, №10, мод. 119; соли 2002, №4, қ.1, мод.161; соли 2003, №4, мод.142) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
1. Дар қисми якуми моддаи 14:
- дар зербанди "а)" рақами "85" ба рақами "80" иваз карда шавад;
- дар зербанди "б)" баъд аз калимаҳои "маблағи мазкури таъминоти пулӣ" калимаҳои ", вале на зиёда аз 75 фоизи маблағи таъминоти пулӣ" илова карда шаванд.
2. Моддаи 15 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 15. Андозаҳои ҳадди ниҳоӣ ва ҳадди ақалли нафақа
Андозаи ҳадди ниҳоии нафақа барои собиқаи хизматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Нафақа барои собиқаи хизматӣ, ки тибқи ҳамин Қонун таъин карда мешавад, аз андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол (пиронсолӣ), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дар қисми якуми моддаи 46 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, бояд камтар набошад.".
3. Моддаи 49 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 49. Аз нав дида баромадани нафақаҳо ҳангоми баландшавии арзиши знндагӣ ва музди меҳнат
Нафақаҳои таиншудаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми баландшавии арзиши зиндагӣ ва музди меҳнат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз нав дида баромада шавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июни соли 2008 № 394
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
04 июни соли 2008 № 1005
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҷУМҳУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 июни соли 2008 № 490
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих"
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 декабря 1994 года "О пенсионном обеспечении военнослужащих" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994г., №23-24, ст. 462; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., № 4, ст. 62; 1998г., № 10, ст. 119; 2002 г., №4, ч.1, ст.161; 2003 г., №4, ст.142) следующие изменения и дополнения:
1. В части первой статьи 14:
- в подпункте "а)" цифру "85" заменить цифрой "80";
- в подпункте "б)" после слов "указанных сумм денежного довольствия" дополнить словами "но не более 75 процентов суммы денежного довольствия".
2. Статью 15 изложить в следующей редакции:
"Статья 15. Максимальный и минимальный размеры пенсий
Максимальный размер пенсий за выслугу лет устанавливается Президентом Республики Таджикистан.
Пенсия за выслугу лет, назначаемая в соответствии с настоящим Законом, не может быть ниже установленного законодательством Республики Таджикистан минимального размера пенсии по возрасту (по старости), указанного в части первой статьи 46 настоящего Закона.".
3. Статью 49 изложить в следующей редакции:
"Статья 49. Пересмотр пенсий при повышении стоимости жизни и оплаты труда
Пенсии, назначенные лицам, указанным в части первой статьи 1 настоящего Закона и членам их семей, могут быть пересмотрены при повышении стоимости жизни и оплаты труда в порядке, устанавливаемом Правительством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие с 1 июля 2008 года.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
18 июня 2008 года № 394
МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. Хайруллоев
г. Душанбе,4 июня соли 2008 № 1005
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О пенсионном обеспечении военнослужащих".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 5 июня 2008 года № 490