Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 апрели соли 2018, № 231
тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ОИД БА РИОЯИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ТАНЗИМИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дар нақшаи идоракунии онҳо пешбинигардидаро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ муайян менамояд.
2.Асосҳои ҳуқуқии тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дар нақшаи идоракунии онҳо пешбинигардидаро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ (минбаъд-санҷиш) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», Низомномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва Қоидаҳои мазкур муайян менамоянд.
3.Санҷиш дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои корӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқкардашудаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ, муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, иттилооти воситаҳои ахбори омма ва дигар сарчашмаҳо гузаронида мешавад.
2. ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШ
4. Санҷиш масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
- риояи Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- риояи расмиёти арзёбии таъсири танзимкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқии муқарраркунанда ё тағйирдиҳандаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- риояи расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- риояи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ.
5. Асосҳои санҷиш, муҳлати гузаронидани он, ҳайати гуруҳи санҷиши (санҷишкунандагон) ва номгуи масъалаҳои санҷидашаванда бо карори раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Санҷиш метавонад як, якчанд ё тамоми масъалаҳои дар банди 4 Қоидаҳои мазкур пешбинишударо дар бар гирад.
6. Санҷиши мақомоти давлатӣ аз тарафи кормандони ваколатдори (ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми санҷидашавандаро як ҳафта пеш аз оғози санҷиш ба таври хаттӣ огоҳ менамояд.
7. Санҷиш бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ ва қарори раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти мақоми давлатӣ ба роҳбари мақоми давлатии санҷидашаванда ё муовини ӯ (дар сурати набудани роҳбар) оғоз мегардад.
8. Дар сурати аз тарафи гурӯҳи санҷишӣ гузаронидани санҷиш, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар банди 7 Қоидаҳои мазкур пешбинишуда аз тарафи роҳбари гурӯҳ сурат мегирад.
9. Муҳлати гузаронидани санҷиш, бо дарназардошти ҳаҷми кор аз даҳ рӯз зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои истисноии зиёд будани ҳаҷми кор дар асоси пешниҳоди хаттии санҷишкунанда (роҳбари гурӯҳи санҷишӣ) мӯҳлати гузаронидани санҷиш мумкин аст то даҳ рӯзи дигар дароз карда шавад.
10. Санҷишкунанда ҳуқуқ дорад, ки аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои санҷишӣ мавод ва ҳуҷҷатҳои заруриро талаб намояд, бо нусхаҳои аслии онҳо шинос шавад, онҳоро нусхабардорӣ намояд, бо шахсони мутасаддии татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими низоми иҷозатдиҳӣ сӯҳбатҳо гузаронад ё баёнот гирад, ки дар ин бора дар санади санҷиш қайд карда мешавад.
11. Роҳбари мақоми давлатии санҷидашаванда (ё муовини ӯ) барои гузаронидани санҷиш мусоидат намуда, ба гурӯҳи санҷишӣ (санҷишкунанда) мавод ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод менамояд.
12. Ҳолати пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва маводи дахлдор дар санади санҷиш нишон дода мешавад.
13. Аз тарафи санҷишкунанда талаб карда гирифтан ва ё санҷидани масъалаҳое, ки ба мавзӯи санҷиши он дахл надоранд, манъ аст.
14. Санҷиш дар рӯзи охирини дар қарор нишон додашуда ё пеш аз муҳлат бо огоҳ намудани роҳбари мақоми давлатии санҷидашаванда ё муовини ӯ (дар сурати набудани роҳбар) ба итмом мерасад.
3. БАРАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ САНҶИШ ВА АМАЛИГАРДОНИИ НАТИҶАҲОИ ОН
15. Санади санҷиш дар давоми на дертар аз як ҳафта баъди анҷоми санҷиш аз тарафи роҳбари гурӯҳи санҷишӣ (санҷишкунанда) дар ду нусха тартиб дода шуда, ба онҳо санҷишкунандагон (санҷишкунанда) имзо мегузоранд. Ба санади санҷиш мумкин аст ҳуҷҷатҳои дахлдор замима карда шаванд.
16. Дар санади санҷиш асоси гузаронидан, рӯзҳои гузаронидан, масъалаҳои мавриди санҷиш қарордодашуда, камбудиҳои ошкоргардида ва пешниҳодҳои мушаххас оид ба бартараф намудани онҳо нишон дода мешаванд.
17. Талабот нисбати санади санҷиш чунин аст:
- пур накардани матни санад бо маълумотномаҳои тавзеҳӣ, ҳолатҳои дуюмдараҷа ва номбаркунии такрории камбудиҳои якхела;
- ба санад дохил накардани маълумоте, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ нашудааст;
- нишон додани холатҳои вайронкунии меъёрҳои дахлдори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва оқибатҳои вайронкунии ин талабот;
- пешниҳод оид ба бартараф намудани камбудиҳои дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ошкоргардида;
- пешниҳод оид ба бекор кардан ё тағйир додани қарорҳои бо вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ қабулшуда ва андешидани чораҳо нисбати вайронкунандагон.
18. Нусхаи якуми санади санҷиш ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
19. Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон санади санҷишро баррасӣ намуда:
- далелу рақамҳо, ҳолатҳои мушаххаси вайронкунии талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳо ва дигар маводи ба санади санҷиш замимашударо меомӯзад;
- санади санҷишро барои такмил ба гурӯҳи санҷишӣ (санҷишкунанда) бармегардонад;
- санад бояд на дертар аз 5 рӯзи ба анҷом расидани санҷиш баҳри бартарафсозии камбудиҳо ба мақомоти давлатии иҷозатдиҳанда ва ҷиҳати чораандешӣ нисбати қонунвайронкуниҳои ошкоргардида ба мақомоти давлатии дахлдор ирсол карда шавад.
20. Нусхаи дуюми санади санҷиш бо мактуби ирсолии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё муовини ӯ ба роҳбари мақоми давлатии санҷидашуда на дертар аз як хафтаи анҷоми санҷиш фиристода мешавад ва он бояд дар муҳлати як моҳ баррасӣ карда шавад.
21. Камбудиҳои дар натиҷаи санҷиш ошкоргардида аз ҷониби мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дар нақшаи онҳо пешбинигардида фавран бартараф карда мешаванд.
22. Дар сурати норозӣ ё қисман норозӣ будани роҳбари мақоми давлатӣ (муовини ӯ) бо санади санҷиш, эродҳои хаттии ӯ ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
23. Эродҳои пешниҳодшуда тибқи тартиби муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар ҳолати асоснок буданн онҳо, ба санади санҷиш тағйирот ворид карда мешавад.
24. Дар сурати аз тарафи мақоми давлатӣ иҷро нагардидани пешниҳодҳо оид ба бартараф намудани вайронкунии қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- оид ба ҳолатҳои вайронкунии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва аз тарафи роҳбари мақоми давлатӣ бартараф накардани камбудиҳои ҷойдошта ба мақоми болоӣ таклиф пешниҳод менамояд;
- оид ба ҳолати вайрон кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ санади санҷишро барои қабул намудани қарор ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- иҷрои дигар амалеро, ки аз ваколатҳои ӯ бармеоянд, амалӣ менамояд.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
25. Баҳсҳо оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари мақоми санҷишӣ ва ё суд ҳал карда мешаванд.