ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2007 "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №6, мод. 428) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми сеюми моддаи 9 калимаҳои "устоҳои касбии иҷозатномадошта бо риояи қоидаҳои тиббӣ" ба калимаҳои "устоҳои касбӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷиқистон" иваз карда шаванд.
2. Дар қисми якуми моддаи 10 калимаҳои "дар як рӯз" ба калимаҳои "дар давоми на бештар аз ду рӯз" иваз карда шаванд.
3. Дар қисми сеюми моддаи 11 калимаҳои "дар моҳи шарифи Рамазон ва ё рӯзи Иди Қурбон гузаронанд" ба калимаҳои "дар моҳи шарифи Рамазон, рӯзи иди Қурбон ва вақти дигаре, ки ба баргузории соли фавтида мувофиқат мекунад, гузаронанд" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми сеюми моддаи 14 калимаҳои "аз соати 10 то 23" ба калимаҳои "аз соати 8 то 23 " иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 июни соли 2008 № 390
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш.Душанбе
28 майи соли 2008 № 985
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
5 июни соли 2008 №486
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан"
Статья 1. В Закон Республики Таджикистан от 8 июня 2007 года "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 год, №6, ст.428) внести следующие изменения:
1. В части третьей статьи 9 слова "профессиональных мастеров, имеющих лицензию, с соблюдением медицинских правил" заменить словами "профессиональных мастеров в порядке, установленном Министерством здравоохранения Республики Таджикистан".
2. В части первой статьи 10 слова "в течение одного дня" заменить словами "в течение не более двух дней".
3. В части третьей статьи 11 слова "в священный месяц Рамазан или в дни иди Курбон" заменить словами "в священный месяц Рамазан, в день праздника Курбон и в другое время, которое соответствует проведению годовщины покойного".
4. В части третьей статьи 14 слова "с 10 до 23 часов" заменить словами "с 8 до 23 часов".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
18 июня 2008 года № 390
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан С. Хайруллоев
г. Душанбе,28 мая 2008 года № 985
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Закон Республики Таджикистан "Об упорядочении традиций, торжеств и обрядов в Республике Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 5 июня 2008 года №486