Низомномаи намуанавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 № 94

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" марти соли 2018, № 94

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1 Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиби таъсис, барҳамдиҳӣ, вазифа, сохтор, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, молиявӣ ва идоракунии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро муайян мекунад.

2. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, аз қайди давлатӣ мегузарад.

3. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии ғайридавлатӣ чун қисми таркибии системаи таҳсилот дорои ҳамаи ҳуқуқу ухдадориҳое мебошад, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ дорад.

4. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (минбаъд - муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ) баъд аз қайди давлатӣ гузаштан таъсисёфта ҳисобида мешавад.

5. Иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

6. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимиро аз рӯзи гирифтани иҷозатнома пайдо мекунад.

2. СОХТОР ВА ВАЗИФАҲОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

7. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад дар сохтори худ муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, шуъба ва гурӯҳҳои таълимӣ, гурӯҳҳои мақсаднок, курсҳои тайёрӣ, озмоишгоҳҳо, устохонаҳои таълимӣ ва таълимию истеҳсолӣ, хочагиҳои таълимию таҷрибавӣ, парки технологӣ, воҳидҳои сохтории таълимии таҳсилоти иловагии касбӣ, китобхона, бунгоҳи тиббӣ, хобгоҳ ва дигар ҷузъҳои сохтории идоракунӣ, коргузорӣ, хоҷагидорӣ ва ғайра дошта бошад.

8. Мақоми идоракунии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ шӯрои омӯзгорӣ ба ҳисоб меравад, ки онро директор роҳбарӣ менамояд.

9 Аъзои шурои омӯзгори намояндагони ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён, муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳо мебошад.

10. Воҳидҳои сохтории муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи муассис тасдиқ карда мешаванд.

11. Сохтори идоракунии муассисаи таҳсилоти мнёнаи касбӣ аз зерсохторҳо таркиб ёфта, мақсад ва вазифаҳои умумии муассисаи таълимиро амалӣ менамоянд.

12. Сохтори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли нақшаи идоракунӣ инъикос меёбад.

13. Сохтори тасдиқшудаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳамчун асос барои тартиб додани рӯихати вазифаҳои муассисаи таълимӣ ва таҳияи дастурамалҳои вазифавии ҳайати он хизмат мекунад.

14. Дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ факултет, кафедра ва дигар воҳидҳои сохтории таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва хоҷагидорӣ амал мекунанд, ки фаъолияти онҳо дар асоси низомномаи факултети муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳия ва тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.

15. Роҳбарии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз ҷониби директор, ки аз тарафи муассис ба вазифа таъин ва озод карда мешавад, амалӣ мегардад.

16. Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз инҳо иборат аст:

- қонеъ гардонидани талаботи шахсият дар инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ бо роҳи гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- омода намудани мутахассисони соҳибтаҷрибаи миёнаи касбӣ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ;

- ташкил ва доир намудани корҳои методӣ, илмӣ, таҷрибавию лоиҳасозӣ, инчунин корҳои эҷодӣ ва таҳқиқотӣ;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- амалӣ намудани барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ;

- ташкил намудани курсҳои тайёрӣ ва касбомӯзӣ бо роҳи хизматрасонии таълимии пулакӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

17. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо роҳҳои зерин танзим карда мешавад:

- иштироки ҳатмии ҳамаи воҳидҳои сохтории муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар раванди таълим;

- аз тарафи ҳамаи воҳидҳои сохторӣ иҷро намудани қарорҳои шӯрои омӯзгорӣ ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ.

18. Оинномаи муассисаи таълимиро муассиса таҳия намуда, он аз тарафи муассис тасдиқ карда мешавад.

19. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ амалӣ гардонидани барномаҳои иловагии касбии таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз гирифтани иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозат дода мешавад.

20. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию лоиҳасозӣ, инчунин фаъолияти инноватсионӣ амалӣ карда мешаванд.

21. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ (ҳайати профессорону омӯзгорон, консертмейстерҳо, муҳандис-омӯзгор (устои таълими истеҳсолӣ) ва техникӣ, маъмурию хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва ғайра пешбинӣ мешаванд.

22. Ба ҳайати профессорону омӯзгорон вазифаҳои профессор, дотсент, муаллими калон ва ассистент, инчунин ба ҳайати кормандони муҳандисию омӯзгорӣ ва муҳандисию техникӣ вазифаи устои таълими истеҳсолӣ дохил мешаванд.

23. Раванди таълим ва банақшагирии сарбории омӯзгорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.

3. ҚАБУЛ БА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

24. Тартиби қабули таълимгирандагон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

25. Шумораи қабули довталабонро барои таҳсил аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ мақомоти дахлдори давлатӣ мутобиқи меъёрҳои муқарраршуда муайян менамоянд.

26. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ дорад дар доираи шумораи донишҷӯён, ки тибқи иҷозатнома ва нақшаи қабул аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар шудааст, илова ба супориши қабули донишҷӯён аз ҳисоби маблағгузории буҷетӣ тайёр кардани мутахассисонро ба таври бастани шартнома бо шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки пардохти маблағи таҳсилро кафолат медиҳанд, ба роҳ монад.

27. Таҳсили шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ройгон мебошад. Шахсоне, ки дар муассисаҳои мазкур илова ба фармоиши давлатӣ таҳсил мекунанд, дар асоси шартнома пулакӣ таълим мегиранд.

28. Қабули шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи фардии донишҷӯй бо муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

29. Таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.

30. Ҳангоми қабул ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба шахсоне, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумиро бо медал, таҳсилоти ибтидоии касбиро бо дипломи аъло ва ё дигар фарқиятҳо дар сатҳи тайёрӣ хатм намудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

31. Қабул ба сафи донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ баъди пешниҳоди ҳуҷҷат дар бораи сатҳи дахлдори таҳсилот амалӣ гардонида мешавад. Баъд аз интишори фармоиши директор барои ҳар як донишҷӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ парвандаи шахсӣ тартиб дода мешавад.

32. Ҳангоми қабул ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба таҳсилот, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, баҳодиҳии беғаразона ба қобилият ва тамоюли довталабон таъмин карда мешавад.

33 Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ вазифадор аст, ки довталабонро доир ба мавҷудияти иҷозатнома дар бораи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ, ки мақоми муассисаи таълимиро муайян мекунад, огоҳ намояд.

4. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

34. Таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи ду зинаи таҳсилот-таҳсилоти умумии асосӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.

35. Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шакли рӯзона, ғоибона, шабона ва фосилавӣ ташкил карда мешавад, ки тартиби амалишавии онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян менамояд.

36. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ муҳлати таҳсил дар асоси муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва "Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ" ба роҳ монда мешавад.

37. Бо дар назар доштани хусусиятҳои хоси санъати балет, сирк ва хусусиятҳои физиологии кӯдакон ба таълими рӯзонаи ихтисосҳои мазкур кӯдакон баъд аз таҳсилоти ибтидоӣ қабул карда мешаванд, ки давомоти таҳсил 8 солро ташкил медиҳад.

38. Аз рӯйи ихтисосҳои санъати балет ва сирк дар баробари омӯзиши барномаи таълимии касбӣ омӯзиши пурраи барномаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) 5 солро ташкил дода, бо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ - аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ба анҷом мерасад.

39. Муҳлати таҳсил аз руйи ихтисоси санъати балет ва сирк баъд аз таҳсилоти умумии асосӣ дар шакли таҳсили рӯзона 3 сол муқаррар карда шуда, хатмкунанда соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (дипломи таҳсилоти миёнаи касбӣ) мегардад.

40. Барои шахсоне, ки таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ё дигар фарқиятҳо дар сатҳи тайёрии пешакӣ ва (ё) қобилият доранд, ба роҳ мондани таълим аз рӯии барномаҳои таълимни мухтасаргардонидаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки тартиби амалишавии онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муқаррар намудааст, иҷозат дода мешавад.

41. Раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад тавассути низоми кредитӣ ва ё ба таври истисно тавассути низоми анъанавӣ амалӣ карда шавад.

42. Ташкили раванди таълим тибқи нақшаи таълимӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.

43. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ намудҳои зерини машғулиятҳои асосии таълимӣ муқаррар карда мешаванд: дарси лексионӣ, семинар, машғулиятҳои амалӣ, озмоишӣ, кори санҷишӣ, машварат, кори мустақилона, таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ, иҷрои кору лоиҳаҳои курсӣ ва хатмкунӣ,

44. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонанд намудҳои дигари машғулиятҳои таълимиро ба роҳ монанд.

45. Барои ҳамаи намудҳои машгулиятҳои аудиторӣ дар низоми кредитии таҳсилот соати академӣ ба муҳлати 50 дақиқа ва танаффус байни машғулиятҳои таълимӣ на камтар аз 10 дақиқа муқаррар карда мешавад.

46. Барои ҳамаи намудҳои машғулиятҳои аудиторӣ дар низоми анъанавӣ соати академӣ ба муҳлати 40 дақиқа ва танаффус байни машгулиятҳои таълимӣ на камтар аз 10 дақиқа муқаррар карда мешавад.

47. Барои ҳар даври академӣ (семестр) аз тарафи деканат ҷадвали дарсӣ таҳия карда шуда, аз тарафи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тасдиқ карда мешавад.

48. Роҳбарии ҷории кори таълиму тарбияи гурӯҳи таълимиро сарпараст (куратор), ки аз ҷумлаи омӯзгорони муассисаи таълимӣ таъйин шудааст, ба ухда дорад.

49. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар дар асоси шартномаи тарафайн анҷом дода мешавад.

50. Низомномаи намунавии таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

51. Аттестатсияи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз тарафи комиссияҳои аттестатсионии хатм анҷом дода мешавад.

52. Аттестатсияи хатми донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.

53. Ба хатмкунандагоне, ки барномаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбии муқарраршударо пурра аз худ кардаанд ва аз аттестатсияи хатм бомуваффақият гузаштаанд, тибқи тартиби муқарраргардида дипломи намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо нишон додани дараҷаи тахассус дода мешавад.

54. Ба хатмкунандае, ки аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бе гирифтани дараҷаи тахассус хориҷ гардидааст, маълумотномаи академӣ дода шуда, дар он ҳаҷм ва мазмуни таҳсилоти гирифтааш инъикос мегардад.

55. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот, ки ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ пешниҳод гардидааст, аз парвандаи шахсӣ гирифта шуда, ба шахсе, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудааст, ё ин ки бо хоҳиши худ тарк намудааст, баргардонида мешавад. Дар ин маврид дар парвандаи шахсӣ нусхаи тасдиқгардидаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот нигоҳ дошта мешавад.

5. ТАЪЛИМГИРАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

56. Таълимгирандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ шахсе мебошад, ки бо фармоиши директор ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ барои таҳсил қабул шудааст.

57. Ҳуқуқ ва ухдадориҳои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян карда мешаванд.

58. Ба таълимгиранда билет ва дафтарчаи имтиҳонӣ дода мешавад. Шакли билет ва дафтарчаи имтиҳониро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муқаррар менамояд.

59. Таълимгирандагони шуъбаи ғоибоиа, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, метавонанд аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.

60. Шакли маълумотнома-даъватномаро, ки ҳуқуқи дар ҷойи кор гирифтани рухсатии иловагии пардохтшаванда ва дигар имтиёзҳои марбут ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро медиҳад, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ менамояд.

61. Таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ вазифадоранд ҳамаи нишондодҳои нақша ва барномаҳои таълимиро дар вақти муайяншуда аз худ кунанд, талаботи оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ ва хобгоҳро риоя намоянд. Дар корҳои ҷамъиятӣ ва меҳнатӣ дар муассисаи таълимӣ ва дар истеҳсолот фаъолона иштирок кунанд.

62. Таълимгирандагони муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки гурӯҳҳои буҷетиро хатм намудаанд, вазифадоранд, ки аз рӯйи ихтисос тибқи роҳхат на камтар аз 3 сол фаъолият намоянд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.

63. Тартиби хориҷ ва барқароркунии таълимгирандагон, гузариш аз як муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии дигар, аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, аз як шакли таълим ба шакли дигар гузаронидани таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ба амал бароварда мешавад.

64. Барои аз худ накардани нақша ва барномаи таълимӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида таълимгирандагон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ хориҷ карда мешаванд.

65. Барои иҷро накардани уҳдадориҳои пешбининамудаи оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилӣ нисбат ба таълимгирандагон то хориҷ кардан аз муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷазо муқаррар карда мешавад.

66. Таълимгирандагон ҳуқуқ доранд:

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла тавассути мақомоти худфаъолият ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намоянд;

- аз болои фармоишҳои роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кунанд;

- тибқӣ тартиби муқарраркардаи оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз китобхона, захираҳои иттилоотӣ, хизматрасонии воҳидҳои таълимӣ, иҷтимоию маишӣ, муолиҷавӣ ва ғайра истифода намоянд;

- мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот ва баробар бо сатҳи рушди илм, техника ва фарҳанги муосир таълим гиранд;

- аз курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ истифода баранд;

- аз хизматрасонии таълимии иловагӣ (аз ҷумла пулакӣ) истифода намоянд;

- иттилооти зарурӣ гиранд, нуқтаи назар ва андешаҳои худро озодона баён намоянд.

67. Таълимгирандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ҳуқуқи аз як ихтисос ба ихтисоси дигар ва аз як шакли таълим ба шакли дигари таълим гузаштанро дорад.

68. Таълимгирандагони шакли рӯзонаи таҳсил, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таълим мегиранд, мутобиқи тартиби муқарраргардида бо стипендия таъмин карда мешаванд.

69. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии мавҷуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона чораҳои дастгирии иҷтимоии донишҷӯёнро вобаста ба шароити моддӣ ва комёбиҳои онҳоро дар таҳсил, аз қабили стипендия ва дигар кумаку имтиёзҳои иҷтимоӣ татбиқ менамояд.   

70. Ҷиҳати аз худкунии бомуваффақияти барномаҳои таълимӣ, корҳои таҷрибавию лоиҳасозӣ ва комёбиҳои дигар ба таълимгирандагон шаклҳои гуногуни ҳавасмандгардониҳои моддӣ ва маънавӣ муқаррар карда мешаванд.

71. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯи имконият, донишҷӯёни ба манзил ниёздоштаро бо хобгоҳ таъмин менамояд.

72. Низомномаи намунавӣ оид ба хобгоҳи таълимгирандагонро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

73. Дар асоси нишондоди тиббӣ ва дигар ҳолатҳои истисноӣ ба таълимгираида тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм рухсатии академӣ дода мешавад.

74. Таълимгирандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки талаботи нақша ва барномаҳои таълимиро пурра иҷро намудаанд, мутобиқи тартиби муқарраргардида ба аттестатсияи хатм роҳ дода мешаванд.

75. Ба таълимгирандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломи аъло дода мешавад.

76. Таълимгирандагоне, ки дипломи аъло гирифтаанд, ҳангоми тақсимоти ҷойи кор соҳиби имтиёз мебошанд.

77. Ба хатмкунандагоне, ки аз аттестатсияи хатм бомуваффақият гузаштаанд, бо дарори комиссияи аттестатсионии хатм дараҷаи тахассус ва диплом дода мешавад.

78. Хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касби, ки соҳиби диплом гаштаанд, метавонанд аз рӯйи ихтисос тибқи қоидаҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил гарданд.

6. КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

79. Ба кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ омӯзгорон, кормандони муҳандисӣ-техникӣ, таълимию ёрирасон, хоҷагӣ ва ғайра дохил мешаванд.

80. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

81. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мувофиқа бо муассис амалӣ карда мешавад.

82. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ кормандону хизматчиёнро ба вазифа қабул ва ё озод менамояд.

83. Директор риояи низоми муқарраргардидаи ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандонро таъмин менамояд, ваколати онҳоро муайян месозад, масъалаҳои мукофотонидани тамоми кормандони муассисаро ҳал менамояд.

84. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, доир ба раванди таълиму тарбия бевосита дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ва муассис ҳисоботдиҳанда мебошад.

85. Кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд:

- шараф ва эътибори касбияшонро ҳимоя намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома дар идоракунии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намоянд;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ширкат намоянд;

- ба шӯрои омӯзгорӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ интихоб шаванд, дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаи таълимӣ, аз ҷумла ба воситаи мақомоти идоракунӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намоянд;

- аз хидмати китобхона, китобхонаи электронӣ, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, захираҳои иттилоотӣ, шуъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хидмати шуъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ ва шуъбаҳои дигари сохтории муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мувофиқи оинномаи он ва (ё) шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;

- мазмуни курсҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян кунанд;

- усул ва воситаҳои- таълимро, ки сифати баланди раванди таълимро таъмин месозанд, интихоб намоянд;

- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фармоиш ва супоришҳои роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ шикоят кунанд.

86. Истифода бурдани усулҳои ғайри педагогии тарбия, ки бо зӯроварии ҷисмонӣ ва рӯҳии ба шахсияти таълимгирандагон алоқаманданд, зидди инсондӯстӣ мебошанд, инчунин истифодаи усулҳои таълим, ки барои ҳаёту саломатии муҳассилин хавфноканд, манъ аст.

87. Кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ инчунин дорои ҳуқуқҳои дигари муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартнома ва оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд.

88. Ишғол намудани вазифаҳои кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи озмун ва мувофиқи шартномаи меҳнатӣ сурат мегирад.

89. Кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ухдадоранд, ки талаботи оиннома ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро риоя кунанд, одобу ахлоқи касбиро қатъиян риоя намоянд.

90. Кормандони омӯзгорӣ уҳдадоранд:

- самаранокии раванди таълимро таъмин кунанд, барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи худ пайваста машғул шаванд;

- талаботи оинномаи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро риоя намоянд;

- вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо, ки дар дастурамали вазифавӣ, шартномаҳо, тавсифномаҳои тахассусӣ ва дигар санадҳои меъёрии хуқуқӣ муайян карда шудаанд, сари вақт ва бо сифат иҷро намоянд;

- донишомӯзонро дар рӯҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунанд, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд;

- ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавӣ эҳтиром гузоранд;

- барои такмили ихтисоси худ пайваста кӯшиш намоянд;

- аз амалу гуфторҳое, ки боиси мураккаб гардидани фазои ахлоқию маънавии ҳайати омӯзгорону кормандони муассисаи таълимӣ мегарданд, худдорӣ намоянд.

91. Роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ барои такмили ихтисоси омӯзгорон шароити зарурӣ фароҳам меоварад.

92. Такмили ихтисоси омӯзгорон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар 5 (панҷ) сол як маротиба ба роҳ монда мешавад.

93. Омӯзгорону кормандон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи гирифтани нафақа, вақти кори кӯтоҳкардашуда, дигар ҳуқуқҳо, кафолатҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳо истифода мебаранд.

94. Сарбории таълимии омӯзгорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ, дар давоми соли таҳсил то 1,5 воҳиди корӣ муқаррар карда шудааст.

95. Сарбории таълимии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо назардошти хусусиятҳои хоси соҳаи санъату фарҳанг то 1,75 воҳиди корӣ иҷозат дода мешавад.

96. Сарбории таълимии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ дар давоми анъанавӣ 1 воҳиди корӣ 720 соатро ташкил медиҳад.

97. Сарбории таълимии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ дар низоми кредитии таҳсилот воҳиди корӣ 22 кредитро (528 соат) ташкил медиҳад.

98. Ба фаъолияти таълимӣ ҷалб намудани омӯзгорон аз дигар муассисаю идораҳо фақат дар сурати таъмин будани омӯзгорони худи муассиса бо сарбории таълимии на камтар аз 1 воҳиди корӣ (дар ҳолати кифоя будани соатҳо) имкон дорад.

99. Барои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ илова ба воҳиди кории вазифавӣ фаъолияти таълимӣ ҳатмӣ буда, то 0,5 воҳиди сарбории таълимӣ иҷозат дода мешавад.

100. Барои кормандони таълимӣ, таълимию истеҳсолӣ, устохонаҳои истеҳсолӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ ва ҷузъҳои дигари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ имтиёзу бартариятҳо, ки мутобиқан барои кормандони истеҳсолӣ пешбинӣ гардидаанд, амалӣ карда мешавад.

101. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба ташкилу фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва ташкилоти динӣ иҷозат дода намешавад.

102. Мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси озмун интихоб мешавад.

103. Низомнома оид ба тартиби ишғоли вазифа ва гузаштан аз озмунро барои иҷрои вазифаи мудири кафедра мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳия ва тасдиқ менамояд.

104. Кормандони илмии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ доранд он усулҳо ва воситаҳои гузаронидани таҳқиқоти илмиро интихоб намоянд, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ буда, ба қобилияти инфиродии онҳо бештар мувофиқат кунанд ва сифати баланди раванди илмиро таъмин намоянд.

105. Ҳуқуқу ухдадориҳои кормандони маъмурию хоҷагӣ, муҳандисию техникӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёридиҳанда ва дигар кормандони муассисаи таҳсилоти миёнаи касбиро қонунгузорӣ оид ба меҳнат, оиннома, дастурамали вазифавӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муайян мекунанд.

7. ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

106. Ба муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ муассис (муассисон) биною иншоот, таҷҳизот ва дигар молу мулки зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ вобаста менамояд.

107. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар назди муассис барои нигоҳ доштан ва самаранок истифода бурдани моликияти ба он вобасташуда масъул аст.

108. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад дар созмонҳо, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд.

109. Сарчашмаи ташкил намудани молу мулк ва маблағгузории фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ манбаъҳои зерин мебошанд:

- маблағҳои буҷетӣ барои таъмини татбиқи барномаҳои таълимӣ, нигоҳ доштан ва рушди заминаи моддию техникӣ;

- маблағҳои суратҳисоби махсус, ки аз ҳисоби хизматрасонии таълимии иловагӣ ворид мешаванд;

- фаъолияти технопаркҳо ва ҷалби маблағҳо аз ҳисоби пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун;

- хайрия ва пардохти мақсадноки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ва манбаъҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

110. Маблағгузории фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи касбие, ки ба татбиқи барномаҳои таҳсилоти иловагии касбии таҳсилоти миёнаи касбӣ алоқаманд мебошад, аз рӯйи тартиби барои муассисаи таҳсилоти дахлдор пешбинишуда амалӣ гардонида мешавад.

111. Ҷалби маблағҳои иловагӣ аз тарафи муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ наметавонад боиси кам гардидани меъёр ва (ё) андозаи ниҳоии маблағгузории он аз буҷети дахлдор гардад.

112. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оиннома метавонад фаъолияти таълимии пулакиро анҷом диҳад.

113. Арзиши хизматрасонии таълимии пулакиро муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм ва мақомоти зиддинҳисорӣ тасдиқ менамояд.

114. Ҳаҷми маблағи намудҳои дигари хизматрасонии пулакиро муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

115. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад илова ба барномаҳои таълимии дахлдор ва стандарти давлатии таҳсилот дар шакли бастани шартнома бо шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба донишҷӯёне, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ таҳсил менамоянд, хизматрасонии таълимии иловагии пулакиро расонад.

116. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ масъалаҳои бастани шартнома, муайянкунии ухдадориҳо ва дигар шартҳоро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи он нестанд, мустақилона ҳал менамояд.

117. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ метавонад дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори маҳаллии он суратҳисоб дошта бошад.

118. Кушодани суратҳисоб дар бонкҳои тиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

8. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

119. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ баҳисобгирии муҳосибии кори худро ба амал мебарорад, баҳисобгирии оморӣ ва муҳосибиро тибқи намунаи муқарраргардида пеш мебарад, ба муассис оид ба воридот ва сарфи маблағҳо ҳисобот медиҳад.

9. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ

120. Муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ дорад дар соҳаҳои таълимӣ, илмӣ ва соҳаҳои дигар ҳамкориҳои байналмилалиро анҷом диҳад.

121. Ҳамкории байналмилалии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ, шартномаҳои байни мақомоти давлатии идораи маориф ва мақомоти дахлдори идораи маорифи давлатҳои хориҷӣ, инчунин шартномаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқии хориҷӣ басташуда амалӣ гардонида мешавад.