Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" марти соли 2018, № 168
тасдиқ шудааст
Тартиб ва шартҳои гузаронидани озмун дар хусуси ба консессия пешниҳод намудани объект
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиб ва шартҳои гузаронидани озмун дар хусуси ба консессия пешниҳод намудани объект мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" таҳия гардидааст.
2. Қарор дар бораи гузаронидани озмун ҷиҳати ба консессия пешниҳод намудани объектҳои мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати объектҳои мансуб ба моликияти коммуналӣ аз тарафи маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳият аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъд - мақоми консессионӣ) қабул карда мешавад.
2. Тартиб ва шартҳои ба консессия пешниҳод намудани объект
3. Мақоми консессионӣ барои ташкил ва гузаронидани озмун ҷиҳати ба консессия пешниҳод намудани объект барои ҳар як объект дар алоҳидагӣ дар ҳайати на камтар аз ҳафт нафар комиссияи озмунӣ таъсис медиҳад.
4. Ба ҳайати комиссияи озмунӣ намояндагони мақоми консессионӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми марказии соҳавии объекти консессионӣ шомил карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ мақоми консессионӣ метавонад ба ҳайати комиссия намояндагони дигар мақомоти давлатиро шомил намояд.
5. Раис ва котиби комиссия аз ҳисоби намояндагони мақоми консессионӣ таъин карда мешаванд.
Комиссияи озмунӣ нисбати объектҳое, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба консессия дода мешаванд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014, №34 "Дар бораи Номгӯи объектҳое, ки ба консессия дода намешаванд ё ба консессия додани онҳо маҳдуд карда шудааст") дар ҳайати зерин таъсис дода мешавад:
- раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (раиси Комиссия);
- муовини мақомоти марказии соҳавии объекти консессионӣ (муовини раиси Комиссия);
- сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии объекти консессионӣ муовини раисони шаҳру ноҳияҳо;
- сардори раёсати моликияти давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (котиби Комиссия).
6. Қарорҳои комиссияи озмунӣ бо аксарияти овозҳои шумораи умумии аъзои комиссия, ки дар маҷлиси комиссияи озмунӣ иштирок намудаанд, қабул карда мешаванд.
7. Мақоми консессионӣ як моҳ пеш аз гузаронидани озмун дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи расмии ҷумҳуриявӣ ва сомонаи худ хабари иттилоотиро дар бораи ба консессия пешниҳод намудани объекти консессионӣ интишор менамояд.
8. Хабари иттилоотӣ бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:
- ном, суроға ва телефони мақоми консессионӣ;
- сана, макон ва вақти гузаронидани озмун;
- муҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун;
- ном, маҳалли ҷойгиршавӣ ва маълумоти техникию иқтисодии объекти консессионӣ;
- шартҳои гузаронидани озмун ва муайян намудани ғолиби он;
- номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун зарур мебошанд;
- маблағи пардохти кафолатӣ барои иштирок дар озмун, ки ба суратҳисоби мақоми консессионӣ гузаронида мешавад;
- маълумоти дигар мувофиқи салоҳдиди мақоми консессионӣ.
9. Пардохти кафолатӣ барои иштирок дар озмун дар ҳаҷми 1000 (як ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад.
10. Пардохти кафолатӣ дар ҳолати даст кашидани ғолиби озмун аз имзои протоколи натиҷаи озмун ё аз бастани шартномаи консессионӣ баргардонида намешавад.
11. Пардохти кафолатӣ ба иштироккунандае, ки ғолиби озмун дониста нашудааст, дар муддати 10 (даҳ) рӯзи бонкӣ аз рӯзи гузаронидани озмун баргардонида мешавад.
12. Барои иштирок дар озмун аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият барои шахсони воқеӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва оинномаи шахси ҳуқуқӣ барои шахсони ҳуқуқӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ;
- маълумот дар бораи фаъолияти истеҳсолию иқтисодии иштирокчӣ дар давоми 5 (панҷ) соли охир;
- маълумот дар бораи имкониятҳои истеҳсолию молиявии иштирокчӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз ҷумла маълумоти бонкӣ, оморӣ, андозӣ ва ғайра;
- маълумот дар бораи ҳамчун андозсупорандаи бемасъулият эътироф нагардидани иштирокчии озмун;
- лифофаи сарбаста, ки дар дохили он номи пурраи объекти консессионӣ, пешниҳоди молиявӣ, ки аз ҳаҷми сармоягузорӣ ба объекти консессионӣ ва пардохтҳои консессионӣ иборат мебошад, пешниҳод оид ба уҳдадориҳои иштироккунандаи озмун вобаста ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии ба консессия гирифтани объекти консессионӣ гузошта шудааст.
13. Барои иштирок дар озмун оид ба консессияи боигариҳои табиӣ аз тарафи иштирокчӣ дар лифофаи сарбаста маълумоти иловагӣ дар бораи ҳаҷм ва муҳлати эҳтимолии оғози коркарди боигариҳои табиӣ пешниҳод карда мешавад.
14. Дархост барои иштирок дар озмун дар мавридҳои зерин қабул карда намешавад:
- агар дархост дар муҳлати муқаррарнамудаи хабари иттилоотӣ пешниҳод нагардида бошад;
- агар иштирокчӣ оид ба имкониятҳои молиявию техникиаш маълумоти нодуруст ва ё нопурра пешниҳод карда бошад.
15. Барои иштирок дар озмун шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ бояд иловатан ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- тасдиқномаи бонкӣ оид ба қобили пардохт будани иштироккунандаи хориҷӣ бо тасдиқи нотариалии тарҷумаи он ба забони давлатӣ ё русӣ;
- барои шахсони ҳуқуқӣ инчунин нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи мувофиқи қонунгузории амалкунандаи кишвари худ шахси ҳуқуқӣ будани иштирокчӣ ва тасдиқи нотариалии тарҷумаи он ба забони давлатӣ ё русӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ва тасдиқи нотариалии тарҷумаи он ба забони давлатӣ ё русӣ.
16. Бақайдгирии иштироккунандагони озмун аз тарафи мақоми консессионӣ дар рӯз ва соати дар хабари иттилоотӣ зикргардида оғоз ва ба анҷом мерасад.
Иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷиро дар озмун дар хусуси ба консессия пешниҳод намудани объектҳое, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба консессия дода мешаванд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014, № 34 "Дар бораи Номгӯи объектҳое, ки ба консессия дода намешаванд ё ба консессия додани онҳо маҳдуд карда шудааст") Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
17. Мақоми консессионӣ ному насаби иштироккунандагони озмунро дар китоби махсус ба қайд мегирад ва бо рақами муайян сабт намуда, ин рақамро дар лифофаи пешниҳоднамудаи иштироккунанда зикр менамояд.
3. Тартиби гузаронидани озмун дар хусуси ба консессия пешниҳод намудани объект
18. Маҷлиси комиссияи озмун дар ҳолати ворид гардидани зиёда аз як дархост барои иштирок дар озмун тариқи пӯшида гузаронида мешавад. Маҷлиси комиссияи озмунӣ дар ҳолати иштироки беш аз 50 фоизи аъзои он баргузор мегардад.
19. Лифофаҳои воридшуда аз ҷониби комиссияи озмун дар вақти доир намудани озмун кушода мешаванд.
20. Ғолиби озмун мутобиқи шартҳои дар хабари иттилоотӣ нишондодашуда аз ҷониби комиссияи озмун муайян карда мешавад.
21. Комиссияи озмун аз рӯи ҳар як номгӯи объектҳои консессионӣ, ки дар хабари иттилоотӣ нашр гардидааст, дар алоҳидагӣ протоколи натиҷаи озмун тартиб медиҳад, ки дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешавад:
- санаи баргузории озмун;
- ҳайати комиссияи озмун, ки дар маҷлиси комиссияи озмун иштирок намудаанд;

- шумораи иштироккунандагоне, ки барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд;
- рақами ғолиби озмун, ки дар рӯи лифофа сабт шудааст;
- маълумот дар бораи ғолиби озмун;
- уҳдадориҳои ғолиби озмун, ки барои ба консессия гирифтани объекти консессионӣ мутобиқи шартҳои дар хабари иттилоотӣ нишондодашуда пешниҳод гардидаанд.
22. Протоколи натиҷаҳои озмун аз тарафи аъзои комиссия, мақоми консессионӣ ва ғолиби озмун имзо карда шуда, асос барои бастани шартномаи консессионӣ мебошад.
23. Протокол дар се нусха тартиб дода шуда, як нусхагӣ ба мақоми консессионӣ, ғолиби озмун ва комиссияи озмунӣ пешниҳод карда мешавад.
24. Мақоми консессионӣ вазифадор аст, ки дар бораи натиҷаи озмун ҳамаи иштирокчиёни онро хабардор намояд.
Протоколи комиссияи озмунӣ нисбати объектҳое, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба консессия дода мешаванд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2014, №34 "Дар бораи Номгӯи объектҳое, ки ба консессия дода намешаванд ё ба консессия додани онҳо маҳдуд карда шудааст") аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
4. Шартномаи консессионӣ
25. Аз рӯи натиҷаи озмун байни мақоми консессионӣ ва ғолиби озмун дар муддати на дертар аз 30 (сӣ) рӯзи бонкӣ баъди ба имзо расидани протоколи натиҷаҳои озмун ё ин ки тасдиқи протоколи натиҷаи озмун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи консессияҳо" шартномаи консессионӣ баста мешавад.
26. Шартномаи консессионӣ нисбати объектҳои мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ аз тарафи роҳбари мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати объектҳои мансуб ба моликияти коммуналӣ аз тарафи маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳият аз тарафи раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба имзо расонида мешавад.
27. Ғолиби озмун мутобиқи шартномаи консессионӣ маблағҳои зеринро пардохт менамояд:
- пардохтҳои консессионӣ;
- пардохтҳое, ки барои бақайдгирии давлатии шартномаи консессионӣ заруранд;
- маблағи боҷи комиссионӣ, ки ба андозаи пардохти кафолатӣ баробар мебошад ва ҷиҳати пӯшонидани хароҷоти мақоми консессионӣ барои ташкил ва гузаронидани озмун равона карда мешавад;
- андозҳо ва дигар пардохтҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
28. Дар муҳлати 10 (даҳ) рӯзи бонкӣ баъди ба имзо расонидани шартномаи консессионӣ байни мақоми консессионӣ ва ғолиби озмун санади қабулу супоридани объекти консессионӣ ба имзо расонида мешавад.
29. Ҳуқуқи истифодабарии объекти консессионӣ пас аз ба имзо расонидани санади қабулу супоридани объекти консессионӣ фаро мерасад.
5. Муқаррароти хотимавӣ
30. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин мақомоти давлатӣ барои иҷро накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.