Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" марти соли 2018, № 167
тасдиқ шудааст
Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 82)
1. Тартиби мазкур қоидаҳои интишор ва эътибор пайдо намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд .
2. Вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд .
3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз бояд дар рӯзномаҳои "Ҷумҳурият" ё "Садои мардум" ройгон расман интишор карда шаванд ва аз рӯзи интишор гардидани онҳо дар яке аз ин рӯзномаҳо, инчунин дар маҷаллаи "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди амал қарор мегиранд, агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ муҳлати мавриди амал қарор додани он муқаррар нашуда бошад .
4. Дар сурате, ки агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷман калон бошанд (зиёда аз 5 саҳифа), дар рӯзномаҳои "Ҷумҳурият" ё "Садои мардум" танҳо санади тасдиқкунанда чоп гардида, матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва сомонаи расмии мақоми қабулкунанда интишор карда мешавад. Дар баробари ин, дар рузномаҳои "Ҷумҳурият" ва " Садои мардум" манбаи чопи матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва сомонаи расмии мақоми қабулкунанда нишон дода мешавад .
5. Матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқии дар банди 4 ҳамин Тартиб пешбинишуда ҳатман дар сомонаи расмии мақоми қабулкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷой дода мешавад.
6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ё маълумоти дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, мавриди интишори расмӣ қарор нагирифта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, агар муҳлати дигари мавриди амал қарор гирифтан дар онҳо зикр нашуда бошад, аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ва рақамгузорӣ намудан, мавриди амал қарор мегиранд .
7. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд, вале бо тартиби муқарраргардида интишор нагардидаанд, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор нагирифта, оқибатҳои ҳуқуқӣ надоранд ва барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор, татбиқи ҷазо нисбат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ асос шуда наметавонанд .
8. Шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқие, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" марти соли 2018, № 167
тасдиқ шудааст
Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон
1. Тартиби мазкур қоидаҳои интишор ва эътибор пайдо намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷум0¦урии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистонро муайян менамояд.
2. Вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд.
3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон пас аз бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз бояд дар рӯзномаҳои "Ҷумҳурият" ё "Садои мардум" ройгон расман интишор карда шаванд ва аз рӯзи интишор гардидани онҳо дар яке аз ин рӯзномаҳо, инчунин дар маҷаллаи "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди амал қарор мегиранд, агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ муҳлати мавриди амал қарор додани он муқаррар нашуда бошад.
4. Дар сурате, ки агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷман калон бошанд (зиёда аз 5 саҳифа), дар рӯзномаҳои "Ҷумҳурият" ё "Садои мардум" танҳо санади тасдиқкунанда чоп гардида, матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва сомонаи расмии мақоми қабулкунанда интишор карда мешавад. Дар баробари ин, дар рузномаҳои "Ҷумҳурият" ва " Садои мардум" манбаи чопи матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва сомонаи расмии мақоми қабулкунанда нишон дода мешавад.
5. Матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқии дар банди 4 ҳамин Тартиб пешбинишуда ҳатман дар сомонаи расмии мақоми қабулкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷой дода мешавад.
6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ё маълумоти дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, мавриди интишори расмӣ қарор нагирифта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, агар муҳлати дигари мавриди амал қарор гирифтан дар онҳо зикр нашуда бошад, аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ва рақамгузорӣ намудан, мавриди амал қарор мегиранд.
7. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд, вале бо тартиби муқарраргардида интишор нагардидаанд, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор нагирифта, оқибатҳои ҳуқуқӣ надоранд ва барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор, татбиқи ҷазо нисбат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ асос шуда наметавонанд.
8. Шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқие, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.