Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 № 167

Санаи амалкуни: 08.02.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" марти соли 2018, № 167

тасдиқ шудааст

Тартиби интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 82)

 

1. Тартиби мазкур қоидаҳои интишор ва эътибор пайдо намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 82).

2. Вазоратҳо, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш, кумитаҳои давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли қарор қабул мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 82).

3. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз бақайдгирии давлатии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 10 рӯз бояд дар рӯзномаҳои "Ҷумҳурият" ё "Садои мардум" ройгон расман интишор карда шаванд ва аз рӯзи интишор гардидани онҳо дар яке аз ин рӯзномаҳо, инчунин дар маҷаллаи "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди амал қарор мегиранд, агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ муҳлати мавриди амал қарор додани он муқаррар нашуда бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 82).

4. Дар сурате, ки агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷман калон бошанд (зиёда аз 5 саҳифа), дар рӯзномаҳои "Ҷумҳурият" ё "Садои мардум" танҳо санади тасдиқкунанда чоп гардида, матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар "Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва сомонаи расмии мақоми қабулкунанда интишор карда мешавад. Дар баробари ин, дар рузномаҳои "Ҷумҳурият" ва " Садои мардум" манбаи чопи матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва сомонаи расмии мақоми қабулкунанда нишон дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 82).

5. Матни пурраи санади меъёрии ҳуқуқии дар банди 4 ҳамин Тартиб пешбинишуда ҳатман дар сомонаи расмии мақоми қабулкунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ҷой дода мешавад.

6. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ё маълумоти дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошанд, мавриди интишори расмӣ қарор нагирифта, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, агар муҳлати дигари мавриди амал қарор гирифтан дар онҳо зикр нашуда бошад, аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ ва рақамгузорӣ намудан, мавриди амал қарор мегиранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 82).

7. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионин Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштаанд, вале бо тартиби муқарраргардида интишор нагардидаанд, ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор нагирифта, оқибатҳои ҳуқуқӣ надоранд ва барои танзими муносибатҳои ҳуқуқии дахлдор, татбиқи ҷазо нисбат ба шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ асос шуда наметавонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 82).

8. Шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқие, ки талаботи Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 27 марта 2018 года, №167 

Порядок официального опубликования нормативных правовых актов министерств, государственных комитетов, органов при Президенте Республики Таджикистан, органов при Правительстве Республики Таджикистан и Национального банка Таджикистана

(в редакции постановления Правительства РТ от 8.02.2020 № 82)

1. Настоящий Порядок определяет правила опубликования и вступления в силу нормативных правовых актов министерств, государственных комитетов, органов при Президенте Республики Таджикистан, органов при Правительстве Республики Таджикистан Национального банка Таджикистана и Агентства по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан (в редакции постановления Правительства РТ от 8.02.2020 № 82).

2. Министерства, органы при Президенте Республики Таджикистан и органы при Правительстве Республики Таджикистан принимают нормативные правовые акты в виде распоряжений, а государственные комитеты Национальный банк Таджикистана и Агентство по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан принимают в форме решения (в редакции постановления Правительства РТ от 8.02.2020 № 82).

3. Нормативные правовые акты общеобязательного характера министерств, государственных комитетов, органов при Президенте Республики Таджикистан, органов при Правительстве Республики Таджикистан Национального банка Таджикистана и Агентства по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан после прохождения государственной регистрации в Министерстве юстиции Республики Таджикистан не позднее 10 дней подлежат бесплатному официальному опубликованию в газетах "Джумхурият" или "Садои мардум" и вступают в силу со дня их опубликования в одном из этих издании, а также в журнале "Единый государственный Реестр нормативных правовых актов", если в самом нормативном правовом акте не установлен срок введения его в действие (в редакции постановления Правительства РТ от 8.02.2020 № 82).

4. В случаях, если нормативные правовые акты общеобязательного характера министерств, государственных комитетов, органов при Президенте Республики Таджикистан, органов при Правительстве Республики Таджикистан Национального банка Таджикистана и Агентства по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан имеют большой объём (более 5 страниц), в газете "Джумхурият" или "Садои мардум" печатается только утверждающий акт, а полный текст нормативного правового акта публикуется в "Едином государственном Реестре нормативных правовых актов Республики Таджикистан" и в официальном сайте органа, принявшего нормативный правовой акт. При этом в газетах "Джумхурият" и "Садои мардум" указывается источник опубликования полного текста и официальный сайт органа, принявшего нормативный правовой акт (в редакции постановления Правительства РТ от 8.02.2020 № 82).

5. Полный текст нормативного правового акта, предусмотренного в 4 пункте данного Порядка, обязательно размещается в официальном сайте органа, принявшего нормативный правовой акт.

6. Нормативные правовые акты общеобязательного характера министерств, государственных комитетов, органов при Президенте Республики Таджикистан, органов при Правительстве Республики Таджикистан Национального банка Таджикистана и Агентства по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан, содержащие сведения, составляющие государственную тайну или иную охраняемую законом тайну, не подлежат официальному опубликованию, проходят государственную регистрацию в Министерстве юстиции Республики Таджикистан и вступают в силу со дня государственной регистрации и присвоения номера, если в них не установлен иной срок вступления в силу (в редакции постановления Правительства РТ от 8.02.2020 № 82).

7. Нормативные правовые акты общеобязательного характера министерств, государственных комитетов, органов при Президенте Республики Таджикистан, органов при Правительстве Республики Таджикистан Национального банка Таджикистана и Агентства по ядерной и радиационной безопасности Академии наук Республики Таджикистан, прошедшие государственную регистрацию, но не опубликованные в установленном порядке, не влекут правовых последствий, как не вступившие нормативные правовые акты в силу, и не могут служить основанием для регулирования соответствующих правоотношений, применения санкций к гражданам, должностным лицам и юридическим лицам (в редакции постановления Правительства РТ от 8.02.2020 № 82).

8. Должностные лица и юридические лица, нарушившие требования настоящего Порядка привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.