Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ) Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз 9 июни соли 2017

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Тасдиқ карда шуд

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

аз 21.02.2018 № 1002

 

Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ)

Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

бо ташвиши амиқ аз авҷ гирифтани зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ), ҳамчун муҳити ҷиддии барангезандаи терроризм, ки ба сулҳу амнияти байналмилалӣ, якпорчагии ҳудуди давлатҳо, рушди муносибатҳои дӯстона байни онҳо, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон,

дар асоси ҳадафу принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002 амал карда,

муқаррароти Конвенсияи Шанхай оид ба терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароиро аз 15 июни соли 2001, Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ аз 5 июли соли 2005, инчунин Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ, қатъномаҳои дахлдори Шӯрои Амнияти СММ, конвенсияҳои универсалӣ ва протоколҳои зиддитеррористиро такмил дода,

ғояҳо ва таҷрибаи ифротгароиро дар ҳама намуд ва зуҳурот ва роҳ додани даъвати оммавиро қабул накарда ва барангехтани ифротгароиро қотеона маҳкум намуда,

бо эътирофи он, ки амалҳои фарогири Конвенсияи мазкур дар ягон ҳолат наметавонанд сафед карда шаванд, ва шахсони дар содиркунии чунин амалҳо дастдошта, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд,

бо дарназардошти миқёс ва хусусияти хатар доштани амалҳои экстремистӣ барои аҳолӣ ва давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муҳимияти тақвияти амиқгардонии ҳамкорӣ бар зидди ин зуҳурот,

бо дарки зарурати афзудани саъю талошҳо баҳри муқовимат бар зиддӣ экстремизм ва бо тасдиқи дубораи он, ки ҳамаи тадбирҳои дахлдор бояд бо риояи волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, инчунин меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ андешида шаванд,

бо зикри махсуси норавоии халалдорсозии принсипҳои соҳибихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии давлатҳо, инчунин истифодаи экстремизм, ки муҳити ҷиддии барангезандаи терроризм ҳамчун воситаи амалисозии ҳадафҳои сиёсӣ ва геополитикӣ мебошад,

бо эътирофи он, ки нақши асосӣ дар муқовимат бар зидди экстремизм ва ҳама гуна ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт ба давлатҳо ва мақомоти салоҳиятноки онҳо дахл дорад,

бо дарки он, ки танҳо тавассути ҷидду ҷаҳди муштарак дар доираи ҳамкории шарикӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад бар зидди экстремизм, пеш аз ҳама зуҳуроти хатарноки он самаранок муқовимат намояд,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Конвенсияи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории Тарафҳо дар муқовимат бо экстремизм баста мешавад.

Моддаи 2

1. Барои мақсадҳои Конвенсияи мазкур истилоҳоту мафҳумҳои зерини дар он истифодашуда маънои зеринро доро мебошанд:

1) "Тараф" - давлати узви ҳамин Конвенсия;

2) "Экстремизм" - мафкура ва амалия, ки барои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва мазҳабӣ бо роҳи зӯроварӣ ва дигар амалҳои зиддиконститутсионӣ равона карда шудааст.

3) "Амали экстремистӣ":

амале, ки дар зербанди 3 банди 1 моддаи 1 Конвенсияи Шанхай бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм аз 15 июни соли 2001 пешбинӣ гардидааст;

ташкили исёни мусаллаҳона ва иштирок дар он бо мақсадҳои экстремистӣ;

ташкил, роҳбарӣ ва иштирок дар ташкилоти экстремистӣ; барангехтани адоват ва фитнаангезии сиёсӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва мазҳабӣ;

тарғиби фавқулоддагӣ, бартарият ва ё нокомилии шахс аз рӯи ақидаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва мазҳабии ӯ;

даъвати оммавӣ барои иҷрои чунин амалҳо;

истеҳсоли оммавӣ, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани маводҳои экстремистӣ бо мақсади тарғиби экстремизм;

4) "Маблағгузории экстремизм" - ҷамъоварии мақсаднок ва (ё) додани мол ё ин ки пешниҳоди хизматрасонии пулӣ бо мақсади маблағгузории фаъолият барои ташкил, омода ва содир намудани яке аз амалҳои фарогири Конвенсияи мазкур ва ё таъмини фаъолияти ташкилоти экстремистӣ.

5) "Маводи экстремистӣ" - иттилооти барои паҳнкунӣ пешбинишуда дар ҳама гуна намуди ҳомилҳо, ки дорои мафкураи экстремизм ва ё даъваткунанда, сафедкунанда ва ё асосноккунандаи гузарондани амали экстремистӣ.

6) "Ташкилоти экстремистӣ":

гурӯҳи муташаккил, ки дорои мақсадҳои содир намудани ҷиноятҳои Конвенсияи мазкурро фарогиранда мебошад;

иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбаташ аз рӯи асосҳои бо қонунгузории миллии Тарафҳо пешбинигашта қарори ҳукми қонунидошта дар бораи барҳамдиҳӣ ва (ё) манъӣ фаъолият бо сабаби фаъолияти экстремистӣ доштан қабул шудааст.

7) "Шахси ҳуқуқӣ" - ташкилотест, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории миллии Тарафҳо таъсис дода шуда, фаъолият мебарад.

8) "Амалҳои фарогири Конвенсияи мазкур" - амалҳои (фаъолият ё бефаъолиятӣ), бо далели адоват ва фитнаангезии сиёсӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва мазҳабӣ содирнамуда, ки ҷавобгарии ҷиноятӣ, маъмурӣ на ё ҳуқуқӣ-шаҳрвандӣ доранд.

9) "Муқовимат бо экстремизм" - фаъолияти Тарафҳо, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини тамомияти марзӣ Ба амнияти миллӣ аз окстремгам, ошкор сохтан, ҳушдор додан ва пешгирӣ намудани экстремизм на бартараф намудани таъсири он, инчунин ошкор ва бартараф намудани сабабҳо ва шароитҳое, ки барои татбиқи он мусоидат кардааст, равона карда шудааст.

2. Моддаи мазкур ба ин ё он қарордоди байналмилалӣ ё қонунгузории миллии ягон Тараф зиён намерасонад, ки онҳо дорои муқаррарот дар бораи истифодаи васеътари истилоҳу мафҳумҳои дар моддаи мазкур истифодашаванда мебошанд ё метавонанд бошанд.

Моддаи 3

Тарафҳо хуқуқу уҳдадориҳояшонро мувофиқи Конвенсияи мазкур тибқи принсипҳои баробарии соҳибихтиёрӣ, якпорчагии ҳудуди давлатҳо ва дахлнопазирӣ ба корҳои дохилии давлатҳои дигар амалӣ месозанд.

Моддаи 4

1. Конвенсияи мазкур барои ҳамкории Тарафҳо дар соҳаи муқовимат бо экстремизм татбиқ мешавад.

2. Ҳамкории бо Конвенсияи мазкур дар соҳаи кумаки ҳуқуқӣ ва истирдод пешбинишуда дар он вақт амалӣ мегардад, ки агар ҷинояти бо Конвенсияи мазкур фарогирифта ба доираи ҳуқуқии зиёда аз як Тараф дахл дошта бошад.

Моддаи 5

Тарафҳо барои муайян намудани доираи ҳуқуқии худ нисбати ҷиноятҳое, ки Конвенсияи мазкур фаро мегирад, чораҳои заруриро меандешанд, агар:

1) ҷиноят дар ҳудуди ҳамин Тараф содир шудааст;

2) ҷиноят дар дохили киштии обии зери парчами ҳамин Тараф ва ё ҳавопаймои мутобиқи қонунгузории ҳамин Тараф бақайдгиришуда, содир шудааст;

3) ҷиноят аз ҷониби шаҳрванди ҳамин Тараф содир шудааст.

2. Ҳар як Тараф метавонад ҳамчунин доираи ҳуқуқии худро нисбати ҷинояте, ки бо Конвенсияи мазкур фарогирӣ шудааст, муайян намояд, агар:

1) ҷиноят нисбати шаҳрванди ҳамин Тараф содир шудааст;

2) ҷиноят нисбат ба моликияти ҳамин Тараф дар хориҷа, аз ҷумла биноҳои намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ содир шудааст;

3) ҷиноят бо мақсади маҷбур кардани ҳамин Тараф барои содиркунӣ ва ё даст кашидан аз содирнамоии ягон амал содир шудааст;

4) ҷиноят аз ҷониби шахси бешаҳрвандӣ, ки ба таври доимӣ дар ҳудуди ҳамин Тараф иқомат мекунад, содир шудааст;

3. Ҳар як Тараф чунин тадбирҳоеро меандешад, ки барои муайян намудани доираи ҳуқуқии худ нисбати ҷиноятҳои Конвенсияи мазкур фарогирифта содир шудаанд, дар ҳолате, ки агар ҷинояткори фарзӣ дар ҳудуди он қарор дошта бошад ва он вайро ба он ё дигар Тараф боздод намекунад.

4. Конвенсияи мазкур амалисозии ҳама гуна муносибати ҳуқуқӣ ва ҷиноятиро мувофиқи қонунгузории миллии Тарафҳо истисно намекунад.

5. Агар зиёда аз як Тараф ба муносибатҳои ҳуқуқӣ нисбат ба ҷинояти дар Конвенсияи мазкур ифодаёфта даъво пешниҳод кунад, Тарафҳои дахлдор дар мавриди зарурат дар ин бора машварат хоҳанд кард.

Моддаи 6

1. Ҳамкории дар Конвенсияи мазкур пешбинишуда аз ҷониби мақомоти салоҳиятдорӣ муайяннамудаи ҳар як Тараф амалӣ мегардад.

2. Зимни супоридани ҳуҷҷат дар бораи ба тасдиқи Конвенсияи мазкур ё огоҳ намудан дар бораи ҳамроҳшавӣ ба он Тараф ба маҳфуздорандаи Конвенсия рӯйхати мақомоти салоҳиятдори худро, ки барои иҷрои ҳамин Конвенсия масъул мебошанд, пешниҳод менамояд. Маҳфуздорандаи Конвенсия ҳуҷҷатҳоро ба Тарафҳои дигар мефиристад. Тарафҳо бояд маҳфуздорандаи Конвенсияро оид ба тамоми тағйироти дар рӯйхати мақомоти салоҳиятдорашон баамаломада фавран хабардор намоянд. Маҳфуздорандаи Конвенсия дар ин бора ба Тарафҳои дигар хабар медиҳад.

3. Мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои пешбининамудаи Конвенсияи мазкур дар доираи ваколатҳояшон ҳамкорӣ мекунанд. Воҳидҳои минтақавӣ ва сохторҳои дигари мақомоти ваколатдори Тарафҳо бо мақсади иҷрои Конвенсияи мазкур мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо равобити мустақимро муқаррар карда метавонанд.

4. Ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дар шакли дуҷонибаю бисёрҷониба дар асоси дархост роҷеъ ба расонидани кӯмак, инчунин бо роҳи иттилоотонӣ аз рӯи ташаббуси мақоми салоҳиятдори яке аз Тарафҳо ба роҳ андохта мешавад.

5. Дар раванди ҳамкориҳои муштарак аз рощщои дипломатии Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии муқовимат бо терроризми Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ё Созмони байналмилалии полиси ҷиноӣ метавон истифода бурд.

Моддаи 7

1. Тарафҳо муқоламаи байни динҳо ва миёни фарҳангҳоро, ки дар ҳолатҳои зарурӣ созмонҳои ғайриҳукумати (ҷамъиятӣ) ва дигар институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро фаро мегирад, дар сурати риояи қонунгузории миллӣ бо мақсади пешгирии амалҳое, ки Конвенсия онҳоро мадди назар дорад, дастгирӣ мекунанд.

2. Ҳар як Тараф тибқи принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ тадбирҳоро дар сатҳи миллӣ барои муқовимат бо ифротгароӣ таҳия ва татбиқ менамояд, ки метавонанд инҳоро дар бар гиранд:

1) такмили қонунгузорӣ оид ба муқовимат бо ифротгароӣ, арзёбии даврии самаранокии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муқовимат бо ифротгароӣ;

2) муайян намудани мақом ва ё мақомоте, ки ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти марбутаи Тарафҳоро оид ба муқовимат бо ифротгароӣ ҳамоҳанг менамояд;

3) тақвияти ҳамкориҳои наздисарҳадии кишварҳои аъзо оид ба пешгирии нуфузи аъзои созмонҳои ифротгаро ба қаламрави давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай;

4) ҳамкории муштарак бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба муқовимат бо экстремизм;

5) тақвияти фаъолияти таблиғотӣ оид ба пешгирии экстремизм ва иқдомҳо бар зидди паҳншавии идеологияи ифротгароӣ, аз ҷумла дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаи "Интернет";

6) назорати (мониторинги) воситаҳои ахбори омма ва шабакаи "Интернет" бо мақсади сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани паҳншавии идеологияи ифротгаро;

7) маҳдудкунии дастрасӣ ба маводи экстремистӣ, ки дар шабакаҳои иттилооотиву телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла дар шабакаи "Интернет" ҷойгир шудаанд;

8) таҳкими анъанаҳои фарҳангӣ, маънавӣ, тарбияи маънавиву ватандӯстӣ, ки шаҳрвандонро барои муқовимат бар зидди экстремизм огоҳона водор мекунад;

9) баланд бардоштани дараҷаи касбии кормандони мақомоти салоҳиятдор ва дигар мақомоте, ки бар зидди ифротгароӣ муқовимат мебаранд, инчунин дастгирии молиявӣ, моддӣ ва дигар дастгирии фаъолияти ин мақомот ва кормандони онҳо;

10) гузаронидани пажуҳиш дар соҳаи муқовимат бо ифротгароӣ, аз ҷумла дар арсаи байналмилалӣ, ки Тарафҳо аъзои он мебошанд;

11) ҳимояи ҷабрдидагон, шоҳидон ва дигар иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ичунин дар ҳолати зарурӣ шахсоне, ки ба мақомоти салоҳиятдор барои пешгирӣ ва гузариши ҷиноятҳои фарогири Конвенсияи мазкур мусоидат намудаанд.

3. Тарафҳо тибқи қонунгузории миллӣ метавонанд чораҳои боз ҳам шадидтареро барои муқовимат бо экстремизм нисбат ба он чораҳое, ки Конвенсия пешбинӣ намудааст, андешанд.

Моддаи 8

Тарафҳо бо дарназардошти принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ чораҳои марбут ба қонунгузорӣ ва дигар тадбирҳоро барои муқовимат бо, маблағгузории экстремизм меандешанд.

Моддаи 9

1. Тарафҳо бо дарназардошти принсипҳои асосии низоми ҳуқуқии худ тадбирҳои қонунгузории заруриро ҷиҳати муқаррар кардани ҷавобгарии гражданию-ҳуқуқӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ барои амалҳои зерин меандешанд:

1) амали экстремистӣ;

2) амале, ки дар яке аз шартномаҳои байналмилалӣ оид ба муқовимат бо ифротгароӣ, ки ҳамаи Тарафҳо аъзои он мебошанд, ҳамчун ҷиноят эътироф мегардад;

3) маблағгузории экстремизм;

4) ҷалб кардан ва ё роҳҳои дигари ҷалб намудани одамон барои иштирок дар омода намудан ё содир намудани амалҳои террористӣ, тайёр намудани ашхос барои содир намудани амалҳои экстремистӣ, барангехтан, ташкил намудан, банақшагирӣ, ҳамдастӣ ва иғво барои содир намудани амалҳои экстремистӣ;

5) азимат ва (ё) банақшагирӣ, таҳрик, омода кардани дигарон барои ба хориҷа рафтан бо мақсади содир кардани амалҳое, ки дар Конвенсияи мазкур пешбинӣ шудаанд;

6) истеҳсол, паҳн намудан, ба намоиш гузоштани нишонҳо, рамзҳо, парчамҳо, эмблемаҳо, асбобҳо бо мақсади тарғиби экстремизм;

7) иҷро нагардидани талаботи мақоми ваколатдор оид ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба маводи экстремистӣ аз ҷониби шахсе, ки хизматрасонии дастрасиро ба шабакаҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ, аз "Интернет" анҷом медиҳад;

8) ташкил ва (ё) иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ аз рӯи сабабҳои душманӣ ва ихтилофи сиёсӣ, иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва динӣ.

2. Тарафҳо мутобиқи қонунгузории миллии худ метавонанд шарикӣ, омодагӣ ва қасди содир намудани ягон намуди ҷиноятро, ки дар банди 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ҳамчун амалӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дошта, эътироф намоянд.

Моддаи 10

Тарафҳо бо дарназардошти принсипҳои ҳуқуқии худ барои дар ҳудуди худ пешгирӣ намудани ҷалби шахсони ҳуқуқӣ аз амалҳое, ки Конвенсияи мазкур фаро мегирад, чораҳои зарурӣ ва дигар чораҳоро меандешанд.

2. Тарафҳо барои муайян намудани ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ нисбати даст доштани онҳо ақалан ба яке аз амалҳое, ки Конвенсияи мазкур фаро мегирад, чора меандешанд.

3. Бо дарназардошти риояи принсипҳои ҳуқуқии Тарафҳо ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ метавонад гражданӣ-ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ё ҷиноятӣ бошад.

4. Муқаррар намудани ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ ҷавобгарии ҷиноятии шахсони воқеиро, ки дар фаъолияти он ширкат дошта, ҷинояти бо Конвенсияи мазкур фарогирандаро содир намуданд, истисно намекунад.

5. Тарафҳо тибқи қонунгузории миллӣ татбиқи чораҳоро нисбати шахсони ҳуқуқие, ки барои содир намудани амалҳои бо Конвенсияи мазкур фарогиранда ба ҷавобагарӣ кашида шудаанд, таъмин менамоянд. аз қабили:

1) огоҳ кардан;

2) ҷарима;

3) манъи намудҳои алоҳидаи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ;

4) боздошти фаъолияти шахси ҳуқуқӣ;

5) мусодираи молу мулки шахси ҳуқуқӣ;

6) барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ;

7) бастани (нигоҳ доштани) маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки шахсони ҳуқуқӣ;

6. Тарафҳо тадбирҳои қонуниро ҷиҳати эътироф кардани шахси ҳуқуқӣ ҳамчун созмони террористӣ ва барҳам додани он, дар сурати аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ анҷом додан корҳои банақшагирӣ, ташкил, омодакунӣ ва амалҳое, ки Конвенсияи мазкур фаро мегирад, меандешанд.

7. Муқаррароти ҳамин модда дар ҳолати дахолат доштани воҳидҳои сохтории (филиалҳо, намояндагиҳо) шахсони ҳуқуқии хориҷии дар ҳудуди Тарафҳо фаъолияткунанда ба амалҳои фарогири Конвенсияи мазкур, паҳн мегардад.

Моддаи 11

1. Тарафҳо амалҳои фарогири Конвенсияи мазкурро, ки тибқи қонунгузории миллии Тараф ҷавобгарии ҷиноӣ доранд, ба ҳайси ҷиноят эътироф шудаанд ва супориданро тақозо мекунанд, инчунин истирдоди шахсони маҳкумшуда ва расонидани кумаки ҳуқуқиро ба Тарафе, ки дар он чунин амалҳо ҷавобгарии ҷиноӣ дорад, пешбинӣ мекунанд.

2. Дар ҳолати агар Тарафе, ки истирдод ва (ё) расондани ёрии ҳуқуқиро бо мавҷудияти шартнома асоснок мекунад, аз ҷониби Тарафи дар хусуси истирдод ва (ё) расонидани ёриҳои ҳуқуқӣ шартнома надошта, дархости дахлдор мегирад, Тарафи дархосткунанда Конвенсияи мазкурро ба сифати асоси ҳуқуқӣ барои истирдод ва (ё) расондани ёрии ҳуқуқӣ дар иртибот ба ҷиноятҳои фарогири Конвенсия ҳисоб мекунад. Истирдод ва (ё) расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо риояи шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Тарафи дархосткунанда амалӣ мегардад.

3. Тарафҳое, ки истирдодро бо мавҷудияти Шартнома асоснок намекунанд, миёни якдигар ҷиноятҳои фарогири Конвенсияи мазкурро бо дарназардошти шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Тарафи дархосткунанда ҳамчун ҷиноятҳое, ки истирдодро металабанд, меҳисобанд.

4. Дар ҳолате, ки оид ба масъалаҳои расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва истирдод мувофиқати дуҷониба барои эътироф кардани ин амал ҳамчун ҷиноят зарур бошад, ин принсип ҳамчун риояшуда ба ҳисоб меравад, новобаста аз он, ки қонунгузории Тарафи дархосткунанда амали дахлдорро ба он гурӯҳ дохил мекунад ё ки онро бо ҳамон мафҳуми шаҳрдодаи Тарафи дархосткунанда шарҳ медиҳад, агар амали мазкуре, ки дар иртибот ба он кумаки ҳуқуқӣ ё истирдод талаб карда шудааст, тибқи қонунгузории миллии Тарафҳои дархосткунанда ва дархосткунанда ҷавобгарии ҷиноӣ дошта бошад.

5. Ҷиноятҳои дар Конвенсияи мазкур ифодаёфта бо максади супоридани ҷинояткор ҳамчун ҷинояти содиршуда дар ҳудуди Тарафи дахлдор, новобаста ба маҳалли воқеии содир шудани онҳо, дар доираи ҳуқуқии Тарафи мазкур баррасӣ кардан мумкин аст, ки тибқи моддаи 5 Конвенсияи мазкур муқаррар карда шудаанд.

6. Муайян кардани ҷиноятҳои дар Конвенсияи мазкур ифодаёфта ва асосҳои ҷавобгарии масъулияти шахсони ҳуқуқии ба содир кардани онҳо шарикбуда, ба доираи қонунгузории миллии Тарафҳо дохил мешавад.

7. Мувофиқи дархости Тарафи дар бораи содир шудани ҷиноят ҳукмбароварда, ё Тарафи дигаре, ки шаҳрванди он шахси маҳкумшуда ақаллан барои як ҷинояти бо Конвенсияи мазкур фарогирифта мебошад, бо розигии ин шахс дар асоси шартномаҳои амалкунанда ё паймони дуҷониба барои адои ҷазо дар Тарафе, ки шахси маҳкумшуда шаҳрванди он мебошад, супорида мешавад.

8. Агар Тарафи дархостшавандае, ки дар ҳудудаш шахси яке аз ҷиноятҳои фарогири Конвенсияи мазкур қарор дошта бошад, ва ин ҷинояткорро танҳо дар асоси он ки ӯ шаҳрванди он мебошад, ба Тарафи дархосткунанда насупорад, пас ин Тараф вазифадор аст дар асоси маводи мавҷуда, аз ҷумла маводи парвандаи ҷиноии аз ҷониби Тарафи дархосткунанда супорида нисбати шахси ҷинояткор мувофиқи қонунгузории миллии худ тафтишоти ҷиноӣ анҷом диҳад.

Моддаи 12

1. Бо мақсади муқовимат ба экстремизм мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо аз рӯи дархост ё бо ташаббуси худ оид ба масъалаҳои фарогири Конвенсияи мазкур бо дарназардошти талаботи қонунгузории миллӣ, ки соҳаи ҳифзи маълумоти шахсиро ба танзим меорад, ба якдигар иттилоот пешниҳод менамоянд.

2. Мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо далели ворид шудани дархост ва муҳтавои онро ошкор намекунанд ва онро танҳо ба мақсадҳои иҷрои дархости мазкур истифода мебаранд, агар ин аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархосткунанда пешакӣ қайд шуда бошад, инчунин махфияти маълумоти пешниҳоднамудаи Тарафи дархостшавандаро таъмин карда, онро ба ҳамон андозае истифода мебаранд, ки барои амалӣ намудани тафтишот, мурофиаи судӣ ё барои иҷрои расмиёти дар дархост пешбинишуда зарур бошанд.

Моддаи 13

1. Мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дархостҳоро вобаста ба ҳамаи ҳолатҳо ва масъалаҳое, ки ба доираи татбиқи Конвенсияи мазкур ворид мебошанд, иҷро менамоянд.

2. Иҷрои дархост оид ба мусоидат дар асоси Конвенсияи мазкур ва қонунгузории Тарафи дархостшаванда амалӣ карда мешавад.

3. Аз рӯи дархости мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархосткунанда қонунгузории ҳамин Тараф ҳангоми иҷрои он метавонад татбиқ гардад, агар бо қонунгузории Тарафи дархосткунанда тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Моддаи 14

1. Дархост дар шакли хаттӣ тартиб дода шуда, бояд инҳоро дар бар гирад:

1) номи мақомоти салоҳиятдори Тарафҳои дархосткунанда ва дархостшаванда;

2) мавзӯъ ва асоси дархост;

3) иттилоот аз рӯи моҳияти дархост (ҳангоми мавҷудияти парвандаи ҷиноятӣ ва ё маъмурӣ маълумот дар хусуси ҳолатҳои парванда, аз ҷумла дар бораи ҳаҷми зарари бо амали мазкур расонида, ки Конвенсияи мазкур ба он паҳн мегардад, матни санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор);

4) маълумоти дар ихтиёрдоштаи Тарафи дархосткунанда оид ба шахсоне, ки нисбаташон дархост равона мегардад, аз ҷумла маълумот дар бораи сана ва ҷойи таваллуд, шаҳрвандӣ, маҳалли истиқомат ё будубош, навъи шуғл ва дигар;

5) иттилоот дар бораи дараҷаи маҳдудияти дастрасӣ (ҳангоми зарурат);

2. Дархост нисбати шахсони ҳуқуқӣ, ба ғайр аз маълумоте, ки дар банди 1 моддаи мазкур дарҷ шудааст, бояд ииҳоро дар бар гирад:

1) номи шахси ҳуқуқӣ, иттилоот дар бораи ҷойи қарордошт, суроғаи ҳуқуқӣ, маълумот оид ба роҳбарият;

2) нусхаи тасдиқшудаи қарори суд ё дигар мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархосткунанда оид ба чораҳои ҷавобгарии андешидашуда (дар сурати мавҷуд будан);

3) иттилоот дар бораи молу мулке, ки бояд ҳабс, мусодира гардад ё бафоидаи давлат гузаронида шавад.

3. Ба дархост метавонад дигар маводи зарурӣ барои иҷрои саривақтӣ ва дахлдори дархост, замима гардад.

4. Тарафи дархостшаванда Тарафи дархосткунандаро дар муҳлати на дертар аз 30 рӯз аз санаи ворид шудани дархост, агар дар ҳар як ҳолати мушаххас муҳлати дигар мувофиқа нашуда бошад, дар ин бора хабардор мекунад:

1) оид ба амалҳои дар асоси дархост анҷомдода ва натиҷаи онҳо;

2) дар бораи ҳама гуна ҳолатҳое, ки барои иҷрои дархост монеа шуда истодаанд ё ба таври ҷиддӣ иҷрои онро ба таъхир мегузоранд.

5. Тарафи дархостшаванда Тарафи дархосткунадаро дар ин бора бетаъхир хабардор мекунад:

1) оид ба аз нав дида баромадани қарор ва ё дигар ҳолатҳое, ки вобаста ба онҳо амали намудани қарор нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ пурра ё қисман эътибори худро гум менамоянд;

2) оид ба тағйироте, ки дар асоси ба онҳо амалҳо дар доираи Конвенсияи мазкур беасос ҳисоб мешаванд.

6. Тарафе, ки оид ба татбиқи чораҳо дар асоси ҳамон як қарор нисбат ба шахси ҳуқуқӣ дар назди якчанд Тарафҳо, дархост мекунад Тарафҳои дигари барои иҷрои ин қарор манфиатдорро огоҳ менамояд.

1. Дархост аз ҷониби шахси мансабдори ваколатдоршудаи мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархосткунанда ва ё шахсони ивазкунандаи он ба имзо расонида шуда, бо муҳри нишондор тасдиқ мегардад.

2. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир дархост метавонад тариқи шифоҳӣ расонида шавад, вале на дертар аз 72 соат он бояд ба таври хаттӣ бо замима гардидани ҳуҷҷатҳо тасдиқ шавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо истифода аз воситаҳои техникии интиқоли матн фиристода шавад.

3. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани нобоварӣ ба аслӣ будани дархост, мазмуни он ва ё ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида метавонад тасдиқномаи иловагӣ талаб карда шавад.

4. Дар сурати бисёр будани дархостҳои мутобиқи Конвенсияи мазкур воридшуда, ки ба ҳамон як ҳолатҳо дахлдоранд, Тарафи дархостшаванда мустақилона муайян менамояд, ки кадоме аз дархостҳо бояд дар навбати аввал иҷро гардад ва Тарафи дархосткунандаро мутобиқи банди 5 моддаи 14 хабардор месозад.

5. Агар иҷрои дархост ба салоҳияти мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда дохил нагардад, онгоҳ он бидуни таъхир дархостро ба дигар мақомоти салоҳиятдори давлати худ ирсол менамояд ва фавран дар ин бора мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархосткунандаро хабардор менамояд.

6. Мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда метавонад маълумоти иловагии ба ақидаи ӯ зарурро барои иҷрои дархост талаб намояд.

Моддаи 16

1. Мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда метавонад муҳлати чораандешӣ аз рӯи дархостро бо мақсади нарасонидани зарар ба чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқот ё тафтишоти судӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори Тарафҳо иҷро мешавад, мавқуф гузорад.

2. Мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда, метавонад бо мақсади нарасонидани зарар ба истиқлолият, амнияти миллӣ ё мухолиф будани он ба қонунгузории Тарафҳои дархостшаванда, ё ин ки мавҷуд набудани тасдиқи хаттии дархости шифоҳии Тарафи дархостшаванда, дар муҳлате, ки бо банди 2 моддаи 15 пешбинӣ шудаааст, иҷрои дархостро рад намояд.

3. Пеш аз радия ва мавқуф гузоштани дархост, мақоми салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақомоти ваколатдори Тарафи дархостшаванда машварат менамояд.

Моддаи 17

1. Тарафе, ки бо таъқиби ашхосе машғул аст, ки дар ҷиноят гумонбар дониста мешаванд ва дар ҳудуди Тарафи дигар қарор доранд, метавонад танҳо баъди иҷозат гирифтан кормандони худро ба ҳудуди Тарафи дархостшаванда барои иштирок дар гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракати тафтишотӣ равон кунад.

2. Кормандони фиристодашудаи мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда метавонанд дар рафти амалӣ намудани чорабинҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракати тафтишотӣ дар ҳудуди Тарафи дархосткунанда мутобиқи қонунгузории Тарафи дархосткунанда ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки давлатҳояшон аъзои онҳо мебошанд, иштирок намоянд.

3. Тарафи дархосткунанда тартиби додани иҷозатномаро барои иштирок намудани кормандони Тарафи дархостшаванда дар рафти амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои тафтишотӣ дар асоси дархост оид ба фиристодани корманд муайян месозад.

4. Дар сурати фиристодани корманди мақомоти салоҳиятдор барои иштирок дар амалисозии чорабиниҳои аперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои тафтишотӣ, иловатан дар дархост оид ба фиристодашавӣ маълумоти зерин бояд дарҷ карда гардад:

1) маълумот дар бораи корманди фиристодашаванда;

2) мақсади сафар, номгӯи харакатҳои тафтишотӣ, тартиб ва муҳлати иҷрои он;

3) дар сурати истифодабарии нақлиёт, маълумот дар бораи он, аз ҷумла намуди воситаи нақлиётӣ, шумора ва рақами бақайдгирии онҳо;

4) дигар иттилооти зарурӣ;

5. Қарор аз рӯи дархост оид ба фиристодани корманд аз ҷониби мақоми салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда на дертар аз 5 рӯз аз санаи ворид гардидани дархост қабул гашта, дар ин хусус бетаъхир ба мақоми салоҳиятдори Тарафи дархосткунанда хабар дода мешавад. Чунин қарор метавонад бо шартҳои муайянгаштаи мақоми ваколатдори Тарафи дархостшаванда ба мувофиқа расад.

6. Агар дархост оид ба фиристодани корманд бе дарназардошти талаботи банди 4 моддаи мазкур омода шуда бошад, ва ё иттилоот нопурра пешниҳод шуда бошад, пас мақоми салоҳиятдори Тарафи дархосткунанда ҳуқуқи талаб намудани маълумоти иловагиро дорад.

7. Кормандони мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда, ки бо тартиби муқараргардида ба ҳудуди Тарафи дархосткунанда ворид гардидаанд, вазифаҳои худро тибқи қонунгузории Тарафи будубош ва шартҳои батанзиморандаи будубош ва фаъолияти онҳо, амалӣ менамоянд.

8. Кормандони мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда, ки дар ҳудуди Тарафи дархосткунанда ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷӯстуҷӯӣ ва ҳаракати тафтишотии аз ҷониби кормандони мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархосткунанда гузаронидашаванда қарор доранд, уҳдадоранд қонунгузории Тарафи дар он қарордоштаро риоя намуда, ҳамзамон ба талаботи қонунии давлати будубошро итоат намоянд.

9. Ҳангоми амалӣ намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷӯстуҷӯӣ ва ҳаракати тафтишотӣ, баробари пешниҳоди талабот аз ҷониби Тарафи дархосткунанда ҳузури кормандони мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархостшаванда дар ҳудуди давлати будубош қатъ мегардад.

10. Аз рӯи муқаррароти пешбининамудаи моддаи мазкур Тарафҳо метавонанд байни ҳамдигар созишномаҳои алоҳида ба имзо расонанд.

Далелҳои бадастовардаи Тарафи дархостшаванда, ки дар натиҷаи иҷрои дархост тибқи қонунгузории давлати он ба даст оварда шудаанд, арзиши ҳуқуқии онҳо баробар ба арзиши далелҳои дар ҳудуди Тарафи дархосткунанда бадастоварда мебошад.

Моддаи 19

1. Ҳангоми иҷрои карор оид ба мусодираи моликияти шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ, ки барои содир намудани ҷиноятҳои бо ҳамин Конвенсия фарогирифта айбдор мебошанд, Тарафи дархостшаванда қарорҳои судии Тарафи дархосткунадаро нисбат ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм ба эътибор мегирад.

2. Эътироф намудани қарори судии дар банди 1 моддаи мазкур муқарраргардида метавонад дар яке аз ҳолатҳои зерин рад карда шавад:

1) агар шахсони сеюм қобилияти дар бораи ҳуқуқҳои худ эътироз намуданро надошта бошанд;

2) агар шахсони сеюм бевосита ва асоснок дар бораи ҳуқуқҳои худ эътироз намоянд;

3) агар қарор ба қарори қаблан баровардаи Тарафи дархостшаванда мухолифат кунад;

4) агар қарор ба қонунгузории Тарафи дархостшаванда мухолифат кунад;

5) агар қарор мухолифи муқаррароти марбут ба доираи ҳуқуқии истисноии пешбининамудаи қонунгузории Тарафи дархостшаванда бошад;

6) агар қарори қабулгардида ба асосҳои тартиботи ҷамъиятии Тарафи дархостшаванда мухолифат кунад

Моддаи 20

1. Ҳуҷҷатҳои тибқи Конвенсияи мазкур ирсолгардида, аз ҳама гуна расмиёти қонунигардонӣ озод карда мешаванд.

2. Ҳуҷҷатҳое, ки дар ҳудуди яке аз Тарафҳо пешниҳод шудаанд ва ё тибқи тартиботи муқарраргардида аз ҷониби мақоми салоҳиятдор дар доираи салоҳияти он ба расмият дароварда шуда, муҳри дорои тасвири нишони давлатӣ доранд, аз ҷониби Тарафҳои дигар бидуни ҳеҷ гуна шаҳодатномаҳои махсус қабул мегарданд.

3. Ҳуҷҷатҳое, ки дар ҳудуди яке аз Тарафҳо ҳамчун санадҳои расмӣ ба ҳисоб мераванд, аз ҷониби Тарафҳои дигар ҳамчун санади расмии дорои эътибори далелӣ дониста мешаванд.

Моддаи 21

Тарафҳо чораҳои зерурӣ меандешанд, ки ба шахсони ба ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин Конвенсия дастдошта мақоми гуреза дода нашавад.

Моддаи 22

1. Тараф аз рӯи дархости дигар Тараф тибқи қонунгузории миллии худ ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҳуқуқӣ, ки ба содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ин Конвенсия алоқаманданд, чораҳои зарурӣ меандешад, аз ҷумла;

1) ҳабси молу мулки он, ки минбаъд метавонад объекти мусодира гардад;

2) бастани (нигоҳдории) ҳисобҳои бонкӣ ё дигар молу мулки шахсони ҳуқуқӣ;

3) боздошти намудҳои алоҳидаи фаъолияти он.

2. Чораҳои пешбининамудаи банди 1 ҳамин модда, тибқи қонунгузории Тарафи дархостшаванда ва Конвенсияи мазкур амалӣ мешаванд.

3. Пеш аз қатъ намудани иҷрои чораҳои пешбининамудаи банди 1 ҳамин модда Тарафи дархостшаванда дар ин бора Тарафи дархосткунандаро огоҳ намуда, ба ӯ ҳуқуқ медиҳад, ки далелҳои худро оид ба иҷрои чораҳои зикршуда пешниҳод намояд.

Моддаи 23

1. Тарафи қабулкунандаи дархости вобаста ба татбиқи чорабиниҳои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҳуқуқӣ (ҷузъу томҳои сохтории он), ки ба содир намудани аққалан як амали пешбининамудаи Конвенсияи мазкур айбдор мебошад ва дар ҳудуди он молу мулк дорад ё ин ки фаъолият менамояд, метавонад чораҳои зеринро амалӣ намояд:

1) қарори суд ва ё дигар мақомоти салоҳиятдори Тарафи дархосткунандаро оид ба татбиқи чораҳои ҷавобгарии дархостшуда иҷро менамояд;

2) ё дар асоси далелу хулосаҳои дар қарори суд ва ё дигар мақомоти ваколатдори Тарафи дархосткунанда дарҷшуда муҳокимаи судиро тибқи қонунгузории худ дар бораи татбиқи чораҳои ҷавобгарӣ оғоз менамояд.

2. Чораҳои ҷавобгарӣ нисбати шахси ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Тарафи дархосткунанда татбиқ мегарданд.

Моддаи 24

Тарафҳо мутобиқи қонунгузории миллӣ бо мақсади таъмини мусодира чораҳо меандешанд, то:

1) воситаҳои пулӣ, қоғазҳои қиматнок ва дигар моликиятро, ки ҳамчун воситаи содир кардани кирдор истифода мегардад (ё каблан истифода шудааст), ё барои маблағгузории яке аз кирдорҳои дар Конвенсияи мазкур пешбинишуда истифода шудааст, ҳабс намоянд;

2) мусодираи маблағи пулии баробар ба арзиши чунин моликиятро, агар ҳабси моликияти дар моддаи мазкур зикршуда имконнопазир бошад, таъмин намоянд.

Моддаи 25

1. Дархости вобаста ба мусодираи моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки мутобиқи Конвенсия ирсол гардидааст, ба ҳуқуқи Тарафи дархостқабулкунанда оид ба иҷрои қарори худ дар бораи мусодираи моликияти ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дахолат намекунад.

2. Арзиши умумии моликияти тибқи дархост мусодирашаванда аз маблағи дар қарор оид ба мусодира нишондодашуда зиёд буда наметавонад. Дар ҳолате, ки агар яке аз Тарафҳо ба хулоса оиди рух додани чунин ҳолат ояд, Тарафҳо ҷиҳати роҳ надодан ба чунин оқибатҳо машварат менамоянд.

3. Молу мулки пас аз қонеъгардонии талаботи кредиторон боқимондаи шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи асосҳои пешбининамудаи Конвенсияи мазкур барҳам дода мешавад, ҳамчунин мусодира карда мешавад.

4. Тарафе, ки моликиятро тибқи дархост мусодира намудааст, амнияти онро таъмин намуда, моликияти мусодирагаштаро тибқи қонунгузории худ ихтиёрдорӣ мекунад.

5. Моликияти мусодирагашта ё маблағҳои пулии баробар ба арзиши чунин моликият метавонад бо баррасии Тарафҳо пурра ва ё қисман ба Тарафе, ки қарор оид ба мусодираро қабул намудааст, дода шавад.

Моддаи 26

Тарафҳо хароҷоти вобаста ба иҷрои Конвенсияро аз ҳисоби худ пардохт менамоянд, агар тартиби дигаре нашуда бошад.

Моддаи 27

1. Агар даъво оид ба ҷуброни ҳисорот дар натиҷаи амали ғариқонунӣ ё беамалӣ ҳангоми ҳамкорӣ дар доираи Конвенсияи мазкур ворид гардад, Тарафҳо эҳтимолӣ гузаронидани машваратро бо якдигар бо мақсади мувофиқа ва тақсими маблағи барои пардохти даъвои таъмини ҳисорот дида мебароянд.

2. Тарафе, ки нисбати он даъво оид ба пардохти ҷуброн ворид шудааст, дигар Тарафҳои манфиатдорро дар ин бора хабардор месозад.

Моддаи 28

Конвенсияи мазкур ҳуқуқҳои Тарафҳоро ба бастани дигар шартномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳое, ки мавзӯи Конвенсияи мазкур мебошанд ва хилофи мақсадҳои он намебошаид, маҳдуд намекунад, иичунин ба ҳуқуқу уҳдадориҳои Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд ва Тарафҳо аъзои онҳо мебошанд, дахл намекунад.

Моддаи 29

1. Ин Конвенсия ба муҳлати номуайян баста мешавад.

2. Ин Конвенсия бояд аз ҷониби давлатҳои онро имзонамуда ба тасвиб расонида шавад. Тасдиқномаҳо дар бораи барасмиятдарории дохилдидавлатӣ ба маҳфуздорандаи супорида мешаванд. Конвенсияи мазкур аз рӯзи сиюми аз ҷониби маҳфуздоранда қабул намудани тасдиқномаи чорум эътибор пайдо мекунад.

3. Барои Тарафи Конвенсияи мазкурро батасвибрасонанда аз рӯзи аз ҷониби маҳфуздоранда қабул намудани тасдиқномаи чорум, он рӯзи сиюми гирифтани тасдиқномаи чорум аз ҷониби ин Тараф эътибор пайдо мекунад.

4. Маҳфуздорандаи ин Конвенсия Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.

Моддаи 30

1. Ин Конвенсия барои ҳамроҳшавии давлатҳои дигар, ки муқаррароти онро қабул медонанд, бо розигии ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва тавассути додани огоҳинома дар ин хусус ба маҳфуздоранда кушода аст.

2. Барои давлатӣ ҳамроҳшаванда Конвенсияи мазкур дар рӯзи сиюми қабули огоҳинома оид ба ҳамроҳшавӣ аз ҷониби маҳфуздоранда эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 31

Конвенсияи мазкур мутобиқи моддаи 102 Оиномаи Созмони Милали Муттаҳид бояд дар Котиботи Созмони Милали Муттаҳид ба қайд гирифта шавад.

Моддаи 32

Ба Конвенсияи мазкур метавонад тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки ҷузъи таркибии он ба шумор рафта, бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда мешаванд. Тағйиру иловаҳо метавонанд аз ҷониби ҳар як Тараф тавассути ирсоли огоҳиномаи дахлдор ба маҳфуздоранда пешниҳод гарданд, ки бетаъхир барои баррасӣ ба дигар Тарафҳо фиристода мешавад.

Моддаи 33

Ҳар як Тараф тавассути ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ба маҳфуздоранда на дертар аз шаш моҳ то санаи баромади пешбинишаванда метавонад аз ин Конвенсия барояд. Маҳфуздоранда дар муддати си рӯз аз санаи гирифтани огоҳинома дар бораи баромадан ба дигар Тарафҳо хабар медиҳад.

Моддаи 34

Дар сурати пайдо шудани баҳс ё мухолифати вобаста ба татбиқ ё тафсири муқаррароти Конвенсияи мазкур, Тарафҳои манфиатдор онҳоро бо роҳи машварат ва гуфтушунид ҳал мекунанд.

Моддаи 35

1. Забонҳои корӣ ҳангоми татбиқи ҳамкориҳои байни Тарафҳои дар доираи конвенсияи мазкур забонҳои русӣ ва хитоӣ мебошанд.

2. Нухаи асли Конвенсияи мазкур барои нигоҳдорӣ ба маҳфуздоранда супорида шуда, нусхаҳои тасдиқшудаи он ба ҳамаи давлатҳои онро имзо карда фиристода мешаванд.

3. Дар шаҳри остона 9 июни соли 2017 дар як нусха ба забонҳои русӣ ва хитоӣ, ки ҳар ду матн эътибори ҳуқуқии якхела доранд, ба имзо расонида шуд.

 

Аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон

 

Аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой

 

Аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон

 

Аз ҷониби Федератсияи Россия

 

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз ҷониби Ҷумҳурии ӯзбекистон

 

 

 

 

 

 

 

 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ратификации Конвенции Шанхайской организации сотрудничества по противодействию экстремизму

В соответствии со статьёй 57 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Ратифицировать Конвенцию Шанхайской организации сотрудничества по противодействию экстремизму, подписанную 9 июня 2017 года в городе Астане.

2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Секретариат Шанхайской организации сотрудничества о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления в силу настоящей Конвенции.

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан           Ш. Зухуров

г. Душанбе, от 21 февраля 2018 года, №1002

*приводится на тадж.языке