Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 № 524
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006 № 524 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати нави ин Кумита" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати шашуми банди 2 Низомномаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Андозаи як ҷоиза мутаносиб ба 3500 доллари ИМА буда, бо пули миллӣ аз рӯи қурби асъории Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мукофотонӣ пардохта шавад".
2. Дар ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Аз ҳайати Раёсати Кумита ва Бахши илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ бароварда шавад:
Набиев Т. - президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, (раиси бахш).
Ба ҳайати Раёсати Кумита ва Бахши илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ ворид карда шавад:
Сатторов И.Т. - ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои бойторӣ, профессор, раиси Бахш.
Ба ҳайати Бахши илмҳои биология, тиб ва кишоварзӣ ворид карда шавад:
Бухориев Т.А. - и.в. ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 майи соли 2008 № 281
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2006 года № 524
В соответствии со статьёй 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 декабря 2006 года№ 524 "Об утверждении положений о Государственных премиях Республики Таджикистан имени Абуали ибн Сино в области науки и техники, о Комитете по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуали ибн Сино в области науки и техники при Правительстве Республики Таджикистан и об утверждении нового состава этого Комитета" внести следующие изменения и дополнения:
1. Абзац шестой пункт 2 Положения о Государственных премиях Республики Таджикистан имени Абуали ибн Сино в области науки и техники изложить в следующей редакции:
"Размер каждой премии эквивалентен 3500 долларов США, выплачиваемым национальными деньгами по текущему валютному курсу Национального банка Республики Таджикистан на дату принятия Правительством Республики Таджикистан решения о присуждении премии".
2. В состав Комитета по Государственным премиям Республики Таджикистан имени Абуали ибн Сино в области науки и техники при Правительстве Республики Таджикистан:
Вывести из состава президиума Комитета и Секции биологических, медицинских и сельскохозяйственных наук:
Набиева Т. - президента Таджикской академии сельскохозяйственных наук, академика Таджикской академии сельскохозяйственных наук, доктора сельскохозяйственных наук, профессора (председатель Секции).
Ввести в состав президиума Комитета и Секции биологических, медицинских и сельскохозяйственных наук:
Сатторова И.Т. - ректора Таджикского аграрного университета, академика Таджикской академии сельскохозяйственных наук, доктора ветеринарных наук, профессора, председатель Секции.
Ввести в состав Секции биологических, медицинских и сельскохозяйственных наук:
Бухориева Т.А. - и.о. вице-президента Таджикской академии сельскохозяйственных наук, член-корреспондента Таджикской академии сельскохозяйственных наук, доктора сельскохозяйственных наук.
Председатель Правительства
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 мая 2008 года № 281
ш. Душанбе