Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим аз 1 марти соли 2018 № 96

Санаи амалкуни: 20.08.2018

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" марти соли 2018, № 96

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433, аз 28.02.2025 № 140)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим (минбаъд - Низомнома) асосҳои ташкил ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оид ба танзими ҷашну маросимро (минбаъд - комиссияи ҷамъиятӣ) муқаррар менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140).

2. Низомнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140).

3. Комиссияи ҷамъиятӣ бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад (минбаъд - ташкилот), таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140).

4. Комиссияи ҷамъиятӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140).

2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ

5. Комиссияи ҷамъиятӣ бо фармоиши (қарори) роҳбари ташкилот дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссия иборат аз 5 - 7 нафар таъсис дода мешавад.

6. Ҳайат ва низомномаи комиссияи ҷамъиятӣ аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад.

7. Ба ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ кормандони обрӯманд ва таҷрибадори ташкилот ворид карда мешаванд.

8. Раиси комиссияи ҷамъиятӣ роҳбари ташкилот мебошад.

9. Ҷаласаҳои комиссияи ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронида мешаванд.

10. Комиссияи ҷамъиятӣ аз рӯи асосҳои зерин ҷаласа доир менамояд:

- дастури раиси комиссия;

- муроҷиати корманди ташкилот;

- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дар мавриди аз тарафи аъзои комиссия ошкор намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140).

11. Ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он зиёда аз нисфи ҳайати он иштирок дошта бошад.

12. Қарори ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Дар рафти ҷаласа мумкин аст, сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ истифода гарданд, ки онҳо низ ба протокол замима карда мешаванд. Ба протокол раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.

3. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ

13. Вазифаҳои асосии комиссияи ҷамъиятӣ назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби кормандони ташкилот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140).

14. Комиссияи ҷамъиятӣ барои иҷрои вазифаҳои асосии худ ваколатҳои зеринро доро мебошад:

- назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур аз ҷониби кормандони ташкилот (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- таҳияи тавсия ва дастурҳо барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим;

- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни коллективи меҳнатӣ оид ба танзими ҷашну маросим (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- ташкили гӯшаи танзими ҷашну маросим ва дафтари сабти маъракаҳои кормандон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар дафтари сабти маъракаҳои кормандон бо мақсади ҳисоби оморӣ;

- расонидани ёрии амалӣ ба кормандони ташкилот дар танзими ҷашну маросим (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- таблиғи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар коллективи меҳнатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти коллективи меҳнатӣ вобаста ба масъалаҳои танзими ҷашну маросим (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим аз коллективи меҳнатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- таҳияи гузоришҳо оид ба анҷом додани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- пешбурди коргузорӣ, аз ҷумла муросилоти хизматӣ, қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ҷавобҳои мушаххас додан ба муроҷиатҳои воридшуда доир ба танзими ҷашну маросим (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

15. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" комиссияи ҷамъиятӣ дар муҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140).

4. ВАКОЛАТҲОИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ

16. Раиси комиссияи ҷамъиятӣ:

- ба фаъолияти комиссия роҳбарӣ намуда, барои пешбурди кори комиссия ва иҷрои вазифаҳои он масъулияти шахсӣ дорад;

- нақшаҳои кории комиссияро тасдиқ намуда, вазифаҳоро байни аъзои он тақсим менамояд;

- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкурро аз ҷониби кормандони ташкилот таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, инчунин дар маҷлисҳо ва машваратҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба масъалаи танзими ҷашну маросим иштирок менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- комиссияро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир ба масъалаи танзими ҷашну маросим намояндагӣ мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140).

17. Котиби комиссияи ҷамъиятӣ:

- пешбурди коргузории комиссияро ба роҳ мемонад;

- ҳуҷҷатҳои ҷаласаҳои комиссияро таҳия намуда, онҳоро ба расмият медарорад;

- назорати бевоситаи иҷрои қарорҳои комиссияро анҷом медиҳад;

- ҳамкориро бо комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва дигар комиссияҳо ба роҳ мемонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- дигар супоришҳои раиси комиссияро иҷро мекунад.

18. Узви комиссияи ҷамъиятӣ:

- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо корҳои мушаххаси ба зиммааш гузошташударо иҷро менамояд, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро гардидани онҳо масъул мебошад;

- дар ҷаласаҳои назди раиси комиссия, инчунин ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои марбут ба доираи уҳдадориҳои вазифавиаш дар маҷлисҳо ва машваратҳое, ки комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим мегузаронад, иштирок мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ро дар байни коллективи меҳнатӣ назорат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" масъалаи мазкурро ба баррасии ҷаласаи комиссия пешниҳод мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.02.2025 № 140);

- дар чорабиниҳое, ки мутобиқи нақшаи кории комиссия баргузор мешаванд, иштирок менамояд.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

19. Комиссияи ҷамъиятӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳар нимсола ва солона ба комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим ҳисоботи муфассал ва таҳлилӣ пешниҳод менамояд. Комиссияи ҷамъиятии вазорату идораҳо ва дигар макомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бевосита ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола ва солона ҳисобот пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433, аз 28.02.2025 № 140).

20. Назорати иҷрои Низомномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъмин карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433, аз 28.02.2025 № 140).

21. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" марти соли 2018, № 96

тасдиқ шудааст

 

Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим (минбаъд - Низомнома) асосҳои ташкил ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро (минбаъд - комиссияи ҷамъиятӣ) муқаррар менамояд.

2. Низомнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст.

3. Комиссияи ҷамъиятӣ бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад (минбаъд - ташкилот), таъсис дода мешавад.

4. Комиссияи ҷамъиятӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ

5. Комиссияи ҷамъиятӣ бо фармоиши (қарори) роҳбари ташкилот дар ҳайати раис, котиб ва аъзои комиссия иборат аз 5 - 7 нафар таъсис дода мешавад.

6. Ҳайат ва низомномаи комиссияи ҷамъиятӣ аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда мешавад.

7. Ба ҳайати комиссияи ҷамъиятӣ кормандони обрӯманд ва таҷрибадори ташкилот ворид карда мешаванд.

8. Раиси комиссияи ҷамъиятӣ роҳбари ташкилот мебошад.

9. Ҷаласаҳои комиссияи ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронида мешаванд.

10. Комиссияи ҷамъиятӣ аз рӯи асосҳои зерин ҷаласа доир менамояд:

- дастури раиси комиссия;

- муроҷиати корманди ташкилот;

- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дар мавриди аз тарафи аъзои комиссия ошкор намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон".

11. Ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он зиёда аз нисфи ҳайати он иштирок дошта бошад.

12. Қарори ҷаласаи комиссияи ҷамъиятӣ бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Дар рафти ҷаласа мумкин аст, сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ истифода гарданд, ки онҳо низ ба протокол замима карда мешаванд. Ба протокол раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.

3. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ

13. Вазифаҳои асосии комиссияи ҷамъиятӣ назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби кормандони ташкилот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пешгирии қонунвайронкуниҳо дар ин самт мебошад.

14. Комиссияи ҷамъиятӣ барои иҷрои вазифаҳои асосии худ ваколатҳои зеринро доро мебошад:

- назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкур аз ҷониби кормандони ташкилот;

- таҳияи тавсия ва дастурҳо барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим;

- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни коллективи меҳнатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим;

- ташкили гӯшаи танзими анъана ва ҷашну маросим ва дафтари сабти маъракаҳои кормандон;

- ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар дафтари сабти маъракаҳои кормандон бо мақсади ҳисоби оморӣ;

- расонидани ёрии амалӣ ба кормандони ташкилот дар танзими ҷашну маросим;

- таблиғи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар коллективи меҳнатӣ;

- таъмини ҳамоҳангии фаъолияти коллективи меҳнатӣ вобаста ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросим;

- талаб кардани маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз коллективи меҳнатӣ;

- таҳияи гузоришҳо оид ба анҷом додани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- пешбурди коргузорӣ, аз ҷумла муросилоти хизматӣ, қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин ҷавобҳои мушаххас додан ба муроҷиатҳои воридшуда доир ба танзими анъана ва ҷашну маросим;

- дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

15. Дар сурати ошкор намудани риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" комиссияи ҷамъиятӣ дар муҳлати се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар ин бора хабар медиҳад.

4. ВАКОЛАТҲОИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶАМЪИЯТӢ

16. Раиси комиссияи ҷамъиятӣ:

- ба фаъолияти комиссия роҳбарӣ намуда, барои пешбурди кори комиссия ва иҷрои вазифаҳои он масъулияти шахсӣ дорад;

- нақшаҳои кории комиссияро тасдиқ намуда, вазифаҳоро байни аъзои он тақсим менамояд;

- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкурро аз ҷониби кормандони ташкилот таъмин менамояд;

- дар ҷаласаҳои комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, инчунин дар маҷлисҳо ва машваратҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросим иштирок менамояд;

- комиссияро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир ба масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросим намояндагӣ мекунад.

17. Котиби комиссияи ҷамъиятӣ:

- пешбурди коргузории комиссияро ба роҳ мемонад;

- ҳуҷҷатҳои ҷаласаҳои комиссияро таҳия намуда, онҳоро ба расмият медарорад;

- назорати бевоситаи иҷрои қарорҳои комиссияро анҷом медиҳад;

- ҳамкориро бо комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар комиссияҳо ба роҳ мемонад;

- дигар супоришҳои раиси комиссияро иҷро мекунад.

18. Узви комиссияи ҷамъиятӣ:

- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо корҳои мушаххаси ба зиммааш гузошташударо иҷро менамояд, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро гардидани онҳо масъул мебошад;

- дар ҷаласаҳои назди раиси комиссия, инчунин ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои марбут ба доираи уҳдадориҳои вазифавиаш дар маҷлисҳо ва машваратҳое, ки комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим мегузаронад, иштирок мекунад;

- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ро дар байни коллективи меҳнатӣ назорат менамояд;

- ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" масъалаи мазкурро ба баррасии ҷаласаи комиссия пешниҳод мекунад;

- дар чорабиниҳое, ки мутобиқи нақшаи кории комиссия баргузор мешаванд, иштирок менамояд.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

19. Комиссияи ҷамъиятӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳар нимсола ва солона ба комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҳисоботи муфассал ва таҳлилӣ пешниҳод менамояд. Комиссияи ҷамъиятии вазорату идораҳо ва дигар макомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бевосита ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нимсола ва солона ҳисобот пешниҳод менамояд.

20. Назорати иҷрои Низомномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим таъмин карда мешавад.

21. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Низомномаи мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.