×

Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 № 81

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2023 № 188 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1"марти соли 2018, № 81

тасдиқ шудааст

Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) тартиби ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба истиснои муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов" ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг ва санъат, тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ) муайян менамояд.

2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:

- азнавбақайдгирӣ - бақайдгирии расмии такрории довталабе, ки хоҳиши интихобҳои аввалия ва (ё) маълумоти шахсияшро тағйир додан дорад. Азнавбақайдгирӣ дар сурати баргузории озмуни тақсимоти такрорӣ низ ба роҳ монда мешавад;

- бақайдгиранда - шахси масъул барои сабти ном кардани довталабон дар истгоҳи кории ба ӯ вобастаи нуқтаи бақайдгирӣ ва (ё) дар маркази имтиҳонӣ;

- бақайдгирӣ - қайди расмии шахсони хоҳишманд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ;

- бал - натиҷаи ниҳоии аз ҳар субтест, имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар сурати супоридани чунин имтиҳонҳо) бадастовардаи довталаб, ки бо роҳи миқёсгузории (шкалабандии) холҳои соҳибшудааш ҳисоб карда мешавад;

- бали гузариш дар комбинатсияи ихтисос - бали умумие, ки бо ҷамъ кардани балҳои аз қисми (қисмҳои) дахлдор ва бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаби дар доираи шумораи ҷойҳои нақшаи қабули донишҷӯён ҷудокарда аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян аз ҳама охир тақсимотшуда ҳосил гардидааст. Бали гузариш дар комбинатсияи ихтисос пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як комбинатсияи ихтисос танҳо пас аз тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси муайян маълум мегардад;

- барномаи имтиҳон - ҳуҷҷате, ки дар он сохтору мундариҷаи имтиҳон аз фанни (фанҳои) таълимии мушаххас, талабот нисбат ба сатҳи донишу маҳорат ва малакаи довталабон, мақсади имтиҳон ва мушаххасоти (матритсаи) тест ифода ёфта, намунаи варақаи ҷавобҳои тесту иттилооти зарурии дигар: навъу миқдори саволу масъалаҳои тестӣ ва меъёри баҳогузорӣ ба онҳо вақти барои иҷрои тест ҷудошуда дарҷ мегардад;

- бартарии (афзалияти) комбинатсияи ихтисос - дараҷаи аҳамияти (авлавияти) ин ё он комбинатсияи ихтисос барои довталаб, ки дар варақаи бақайдгирӣ аз рӯйи тартиби ҷойгиршавии комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш (аз якум то охирин) муайян карда мешавад;

- бозбинӣ (верификатсия) - раванди санҷиш ва тасдиқи дурустии натиҷаҳои шинохти барномавии варақаҳои ҷавобҳо (додаҳои электронӣ) бо роҳи муқоисаи онҳо бо нусхаҳои графикӣ (тасвирҳои аввалияи сканершуда);

- варақаи бақайдгирӣ - ҳуҷҷати расмие, ки байни довталаб ва Марказ ба имзо расида, ҳуқуқи довталабро барои иштирокаш дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тасдиқ мекунад. Дар варақаи бақайдгирӣ маълумоти шахсии довталаб, гурӯҳи ихтисосҳо (кластер), комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) интихобкардаи довталаб, макон ва забони имтиҳонсупорӣ, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба ҳуҷраи инфиродӣ ва ғайра дарҷ мегарданд;

- варақаи ҷавобҳо - варақаи махсус, ки дар он довталаб ҷавобҳои саволу масъалаҳои тестиро тибқи қоидаҳои муқарраргардида қайд мекунад. Шаклҳои варақаҳои ҷавобҳоро барои ҳар як қисм (А, Б, АБ

9) вобаста аз гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) Марказ таҳия ва муқаррар мекунад. Варақаи ҷавобҳо пас аз имтиҳонсупории довталаб ҳуҷҷати ягонаи тасдиқкунандаи натиҷаи аз имтиҳон бадастовардаи ӯ ба ҳисоб меравад;

- гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) - маҷмӯи ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи онҳо таълим дода мешавад, дар доираи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ мувофиқи равияҳои таълим ва бо назардошти талабот барои қабул (сатҳи азхудкунии барномаи таълимии фанни мушаххас) ба гурӯҳҳо муттаҳид карда шудаанд;

- даври иловагии имтиҳонҳо - давраи имтиҳонсупорӣ барои довталабоне, ки дар имтиҳони (имтиҳонҳои) даври асосӣ иштирок карда натавонистаанд ва довталабоне, ки азнавбақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) ё бақайдгириро (марҳалаи иловагӣ) гузаштаанд;

- дастури иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ - иттилоот дар бораи навъҳо ва миқдори саволу масъалаи тестӣ дар ҳар яке аз субтестҳои пешниҳодшуда, вақти ҷудошуда барои иҷрои саволу масъалаи тестӣ, қоидаҳои пур кардани варақаи ҷавобҳо ва ғайраҳо;

- довталаб - шахсе, ки хоҳиши дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба қайд гирифта шудааст;

- ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ - пас аз роҳбари маркази имтиҳонӣ шахси дуюми масъул барои ташкилу баргузории имтиҳон дар маркази имтиҳонии ба ӯ вобаста. Дар сурати зарурат ёвар метавонад роҳбари маркази имтиҳониро иваз намояд;

- ёвари роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ - пас аз роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ шахси дуюми масъул барои ташкилу идораи раванди номнависии довталабон дар нуқтаи бақайдгирии ба ӯ вобаста, инчунин ба қайд гирифтани довталабон. Дар сурати зарурат ёвар метавонад роҳбари нуқтаи бақайдгириро иваз намояд;

- имтиҳони умумӣ (минбаъд - қисми А) - имтиҳон барои муайян намудани сатҳи саводи корбурдӣ (функсионалӣ) ва иҷтимоии довталаб, ки барои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ зарур аст;

- имтиҳони ихтисос (минбаъд - қисми Б) - имтиҳон барои муайян намудани сатҳи донишу маҳорати довталаб аз рӯйи самтҳо дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои интихобшуда барои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ;

- имтиҳони умумию ихтисос (минбаъд - қисми АБ-9) - имтиҳон ҷиҳати муайян намудани сатҳи саводи корбурдию (функсионалию) иҷтимоии барои ҳар як довталаб зарурӣ ва дониш ва маҳорату малакаи ӯ аз рӯйи самти таълим дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои интихобшуда барои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ;

- имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (минбаъд - қисми В)имтиҳонҳо бо мақсади санҷидани қобилияти эҷодӣ ва (ё) малакаю маҳорати махсуси довталаб ва заминаҳои шахсии ӯ барои аз худ намудани ихтисоси (ихтисосҳои) дахлдор дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ё таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ;

- имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (минбаъд - қисми Г)имтиҳонҳое, ки онҳоро довталабони (дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбӣ) ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе пешниҳодкардаро интихобнамуда дар баробари имтиҳонҳои дигар (қисмҳои А ва Б) месупоранд;

- интихоби довталаб - гурӯҳи ихтисосҳо, ихтисос (ихтисосҳо), муассисаи (муассисаҳои) таълимии таҳсилоти миёна ва (ё) олии касбӣ, шакл (шаклҳо) ва намуди (намудҳои) таълим, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, забони хориҷӣ (барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 2, 3 ва 4) ва макони фиристодани даъватнома, ки довталаб аз маҷмӯи пешниҳодшуда интихоб мекунад;

- истгоҳи корӣ - маҷмӯи таҷҳизоти махсус (ноутбук, веб-камера, сканери изи ангуштон, дастгоҳи чопкунанда (принтер) ва ғайра) ва барномаи компютерӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ, ки ҳар бақайдгиранда барои номнависии электронии довталабон истифода менамояд;

- китобчаи тест - маҷмӯи саволу масъалаҳои тестии вобаста аз фанни (фанҳои) таълимии дахлдор дар субтестҳо муттаҳидгардида;

- комбинатсияи ихтисос - ихтисоси интихобшуда бо назардошти яке аз: 1) муассисаҳои таълимие, ки ихтисоси мазкур дар он таълим дода мешавад, 2) шаклҳои таҳсил (рӯзона, ғоибона, шабона, фосилавӣ) ва 3) намудҳои таҳсил (ройгон ё пулакӣ), ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён пешбинӣ гардидааст;

- қисм (компонент) - бахши таркибии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ;

- маркази имтиҳонӣ - бинои (иморати) муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ё олии касбӣ дорои инфрасохтори ташкилию техникии мувофиқ ва ҳайати хизматрасон, ки барои баргузории имтиҳонҳо интихоб ва омода шудааст;

- маъмури имтиҳон - шахси масъул барои баргузории имтиҳон дар синфхонаи имтиҳонии ба ӯ вобаста;

- маъмури калон - шахси масъул барои назорати раванди имтиҳон дар синфхонаҳои имтиҳонии ба ӯ вобаста, инчунин роҳнамоӣ кардани довталабон то синфхонаҳо ва ҷобаҷокунӣ дар онҳо;

- миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) - раванди баргардонидани холҳо ба балҳо, ки пас аз коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои довталабон ва ҳисоби шумораи холҳои бадастовардаи ҳар яки онҳо ба роҳ монда мешавад. Миқёсгузорӣ бо усули таҳиякардаи Марказ амалӣ мегардад. Аз рӯйи натиҷаи миқёсгузорӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо тартиб дода мешавад;

- нуқтаи бақайдгирӣ - бинои (иморати) муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ё олии касбӣ дорои инфрасохтори ташкилию техникии мувофиқи ва ҳайати хизматрасон, ки барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ интихоб ва омода шудааст;

- пардохткунанда - шахси воқеие, ки маблағи барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муқарраршударо пардохт мекунад. Ин маблағро шахси ҳуқуқӣ низ метавонад барои шахси воқеӣ пардохт намояд;

- роҳбари маркази имтиҳонӣ - шахси масъул барои ташкилу баргузории имтиҳон дар маркази имтиҳонии ба ӯ вобаста;

- роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ - шахси масъул барои ташкилу идораи раванди бақайдгирӣ дар нуқтаи бақайдгирии ба ӯ вобаста;

- соҳиби расиди бонкӣ - шахси воқеие, ки расиди бонкӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шудаасту вале барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз қайд нагузаштааст;

- субтест - қисми таркибии имтиҳон барои муайян кардани сатҳи дониши довталабон аз як ё ду фанни таълимии мушаххас;

- тест - абзори бамеъёрдаровардашудаи (стандартишудаи) арзёбии воқеии дастовардҳои таълимии (дониш ва малакаю маҳорати) довталабон;

- хол - натиҷаи пешакии (аввалияи) имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз рӯйи ҷамъи шумораи ҷавобҳои дурусти довталаб ба саволу масъалаҳо аз ҳар субтест. Шумораи имконпазири ҳадди аксари холҳои субтест аз миқдор ва навъи саволу масъалаҳои тестии дар он пешниҳодшаванда вобаста мебошад;

- холи гузариш - шумораи ҳадди ақалли холҳо аз ҳар субтест дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо, имтиҳони эҷодӣ ё маҳорати махсус (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) ва имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар сурати супоридани чунин имтиҳонҳо), ки барои роҳ ёфтан ба тақсимот ба даст овардани онҳо зарур аст;

- ҳуҷраи инфиродӣ - фазои шахсии барои довталаб дар заминаи сомонаи Марказ ҷудошуда, ки ба он марҳала ба марҳала ҳамаи маълумоти барояш зарурӣ гузошта шуда, замони муайяне дар он нигоҳ дошта мешавад. Воридшавӣ ба ҳуҷраи инфиродӣ бо дохил кардани номи корбар (рақами назоратии довталаб) ва рамз дар майдонҳои дахлдор сурат мегирад.

3. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ низоми ба таври мутамарказ баргузор намудани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи шаклу усули муосири арзёбии дониш ва техникаю технологияҳои пешрафта, тибқи равандҳои стандартишудаи баргузории имтиҳонҳо, коркард, таҳлил ва пешниҳоди натиҷаҳо мебошад.

4. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бар асоси принсипҳои зерин ташкил ва баргузор мешаванд: воқеият (объективӣ), шаффофият, адолат, мустақилияти равандҳои баргузории имтиҳонҳо ва таъмини дастёбии баробари довталабон барои имтиҳонсупорӣ. Нақшаи тақвимии чорабиниҳоро барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳар сол Марказ тасдиқ мекунад.

5. Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шахсони зерин иштирок карда метавонанд: шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё кишварҳои дигар ҳастанд; шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо зиндагӣ дошта, хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар кишварҳо ҳастанд.

6. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ карда, ҳуқуқи дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ иштирок карданро доранд, ҳангоми бақайдгирӣ танҳо таҳсили пулакиро интихоб карда метавонанд.

7. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ намекунанд, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

8. Баробарарзишии ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, ки онҳо аз тарафи муассисаҳои таълимии хориҷӣ дода шуда, ҳангоми бақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пешниҳод гардидаанд, бояд тибқи тартиби муқарраргардида муайян карда шавад.

9. Шахсоне, ки курсҳои тайёрии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро хатм намудаанд, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар асоси талаботи умумӣ иштирок мекунанд.

10. Ихтисосҳои муттаҳидгардида аз рӯйи равияҳои таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва талабот барои қабул (сатҳи азхудкунии барномаи таълимии фанни мушаххас) дар доираи панҷ гурӯҳи ихтисосҳо гурӯҳбандӣ шудаанд: 1) табиӣ ва техникӣ; 2) иқтисод ва география; 3) филология, педагогика ва санъат; 4) ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ; 5) тиб, биология ва варзиш. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳоро аз ҳар субтести қисми А муқаррар ва феҳристҳои ихтисосҳоро бо дарназардошти гурӯҳи ихтисосҳо ва шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳар субтести қисми Б ва қисми АБ-9 тасдиқ менамояд.

11. Қисмҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (довталаб, вобаста аз зинаи таҳсилот ва навъи ихтисосҳои интихобкардааш, як ё чанде аз ин қисмҳоро месупорад) инҳоянд:

- қисми А - имтиҳони умумӣ, ки се субтест (субтест аз забони тоҷикӣ, математика ва таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ)-ро дар бар гирифта, супориданаш барои ҳамаи довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбӣ ҳатмӣ аст;

- қисми Б - имтиҳони ихтисос барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбӣ, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо се субтестро дар бар мегирад: 1) математика, физика ва химия; 2) математика, география ва забони хориҷӣ; 3) забон ва адабиёти тоҷик/рус/ӯзбек, таърих ва забони хориҷӣ; 4) таърих, ҳуқуқи инсон ва забони хориҷӣ; 5) химия, биология ва физика. Интихоби забони хориҷӣ (англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ) ба ихтиёри довталаб аст;

- қисми АБ-9 - имтиҳони умумию ихтисос барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ, ки дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо се субтестро дар бар мегирад: 1) забони тоҷикӣ, математика ва физика; 2) забони тоҷикӣ, математика ва география; 3) забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик/рус ва забони хориҷӣ; 4) забони тоҷикӣ, таърих ва забони хориҷӣ; 5) забони тоҷикӣ, биология ва химия. Интихоби забони хориҷӣ (англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ) ба ихтиёри довталаб аст;

- қисми В - имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус, ки аз рӯйи ихтисосҳои тибқи талабот омодагии эҷодӣ ё махсусро талабкунанда супорида мешавад;

- қисми Г - имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ, ки довталабони (дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва (ё) миёнаи касбӣ) ихтисосҳои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо интихобкарда месупоранд.

12. Саволу масъалаҳои тестӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Довталаб дар интихоби забони имтиҳонсупорӣ озод аст, ба истиснои:

- субтести забони тоҷикӣ дар қисмҳои А ва АБ-9 (забони имтиҳонсупорӣ - тоҷикӣ);

- субтести адабиёти тоҷик дар қисми АБ-9 (забони имтиҳонсупорӣ - тоҷикӣ);

- субтести адабиёти рус дар қисми АБ-9 (забони имтиҳонсупорӣрусӣ);

- субтести забони хориҷӣ дар қисмҳои Б ва АБ-9 (забони имтиҳонсупорӣ - англисӣ/немисӣ/франсавӣ/арабӣ);

- субтести забон ва адабиёти тоҷик дар қисми Б (забони имтиҳонсупорӣ - тоҷикӣ);

- субтести забон ва адабиёти рус дар қисми Б (забони имтиҳонсупорӣ - русӣ);

- субтести забон ва адабиёти ӯзбек дар қисми Б (забони имтиҳонсупорӣ - ӯзбекӣ).

13. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3 (сеюм) довталабоне, ки ихтисоси "забон ва адабиёти ӯзбек"-ро интихоб кардаанд, аз қисми Б субтести забон ва адабиёти ӯзбекро месупоранд. Довталабони ихтисоси "забон ва адабиёти ӯзбек"-ро интихобкарда дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3 (сеюм) ихтисосҳои дигарро низ интихоб карда метавонанд, ба истиснои ихтисоси (ихтисосҳои) "забон ва адабиёти тоҷик" ва "забон ва адабиёти рус". Довталабоне, ки ихтисоси (ихтисосҳои) "забон ва адабиёти тоҷик" ё (ва) "забон ва адабиёти рус"-ро интихоб кардаанд, вобаста аз забони имтиҳонсупории интихобкардаашон субтести забон ва адабиёти тоҷик ё забон ва адабиёти русро месупоранд. Дар доираи гурӯҳи ихтисосҳои 3 (сеюм) довталабон, баробари ихтисоси (ихтисосҳои) "забон ва адабиёти тоҷик" ё (ва) "забон ва адабиёти рус", ихтисосҳои дигарро низ интихоб карда метавонанд.

14. Вобаста аз талабот ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва зинаи таҳсилот, дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ихтисосҳо ба панҷ намуд ҷудо мешаванд: (1) ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд, (2) ихтисосҳое, ки супоридани қисми АБ-9-ро талаб мекунанд;

3) ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд, (4) ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои АБ-9 ва В-ро талаб мекунанд, (5) ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд.

15. Қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои намуди 1, 3 ва 5 дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад. Чунин ихтисосҳоро шахсоне интихоб карда метавонанд, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё (ва) миёнаи касбӣ мебошанд.

16. Қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои намуди 2 ва 4, ки онҳоро муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ пешниҳод менамоянд, дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ ба роҳ монда мешавад. Чунин ихтисосҳоро шахсоне интихоб карда метавонанд, ки (1) зинаи таҳсилоти умумии асосиро ба охир расонидаанд ё онро ба охир мерасонанд, (2) хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, дар бораи гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷат надоранд.

17. Феҳристҳои ихтисосҳои намуди 3 ва 4 - ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В ё қисмҳои АБ-9 ва В-ро талаб мекунанд, бо дарназардошти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва фанҳои имтиҳонӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Маҳдудияти интихоби ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А ва В ё қисмҳои АБ-9 ва В-ро талаб мекунанд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

18. Ихтисосҳоеро, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд (намуди 5), танҳо филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд.

19. Агар ин ё он фан (фанҳо) дар муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ таълим дода нашуда бошад, довталаб аз супоридани субтести фанни (фанҳои) дахлдор озод карда намешавад.

20. Натиҷаҳои ниҳоие, ки довталаб онро дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ соҳиб мегардад, барои тақсимот ва қабули довталаб ба ҳайати донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ҳисобида мешаванд. Ин натиҷаҳо танҳо дар соли имтиҳонсупорӣ эътибор дошта, солҳои баъд ба назар гирифта намешаванд.

21. Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро барои ҳар соли таҳсил Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 10 ноябри соли пеш аз соли баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

22. Иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ихтиёрӣ ва хизматрасонӣ ба довталабон пулакӣ мебошад, ки арзиши онро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то оғози бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) Марказ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Арзиши хизматрасонӣ бо назардошти хароҷоти ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ), бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ), азнавбақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ), азнавбақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ), азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ) муқаррар карда мешавад.

2. ҚАБУЛ ВА БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

23. Довталабон барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (минбаъд - хизматрасонӣ) маблағи муқаррарнамудаи Марказро пардохт менамоянд.

24. Шахсони (то 21-сола), ки ятим ё бепарастор мебошанд, аз пардохти маблағи хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ озоданд. Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II ва шахсони (то 21-сола), ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 50 фоизро аз маблағи муайяншуда пардохт мекунанд. Шахсони мазкур ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.

25. Қабули маблағҳо барои хизматрасонӣ тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд - Бонк) ба роҳ монда мешавад.

26. Қабули маблағи хизматрасонӣ дар ҳар филиали Бонк дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба расмият дароварда мешавад, ки дар он пардохткунанда расиди бонкии шакли муқарраршударо (минбаъдрасиди бонкӣ) пур мекунад. Расиди бонкӣ рақами силсилавӣ дошта, варақаи ҳисоботдиҳии қатъӣ ба шумор меравад.

27. Дар расиди бонкӣ ном, насаб ва номи падари пардохткунанда, андоза ва таъйиноти пардохт нишон дода мешавад.

28. Корманди филиали Бонк дурустии қайдҳои пардохткунандаро дар расиди бонкӣ санҷида, тибқи таъйинот маблағи муқарраршударо қабул ва расидро бо имзои худ ва муҳри филиали Бонк тасдиқ менамояд. Нусхаи расиди бонкӣ (ба асл замима мегардад), ки онро пардохткунанда имзо мекунад, дар филиали Бонк нигоҳ дошта мешавад.

29. Шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ маблағи муқарраршударо барои хизматрасонӣ дар шакли нақдӣ ё ғайринақдӣ пардохт карда метавонад.

30. Расиди бонкиро, ки бо имзои корманд ва муҳри филиали Бонк тасдиқ карда шудааст, соҳибаш бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба нуқтаи бақайдгирӣ барои сабти ном кардан ё аз нав аз қайд гузаштан пешниҳод менамояд.

31. Шахси дигар ҳуқуқ дорад, ки аз расиди бонкие, ки дар он насаб, ном ва номи падари пардохткунанда нишон дода шудааст, дар сурати розӣ будани пардохткунанда истифода намояд. Розигии соҳиби расиди бонкӣ дар ҳузури роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ, ёвари ӯ ё корманди Марказ хаттӣ дода шуда, онро соҳиби расиди бонкӣ ва яке аз шахсони мазкур бо имзояшон тасдиқ менамоянд.

32. Баъди ба анҷом расидани давраи қабули маблағҳо барои хизматрасонӣ Марказ ва ҳар як филиали дахлдори Бонк санади муқоисавиро оид ба қабул ва интиқоли маблағҳо ба расмият дароварда, имзо мекунанд.

33. Ҳаққи хизматрасонии Бонк тибқи шартномае, ки Марказ ва Бонк ба имзо расонидаанд, аз маблағи умумии пардохтҳо (ё аз ҳар пардохт) ба андозаи муқарраршуда ҳисоб карда мешавад. Баъди гирифтани ҳаққи хизматрасонии Бонк маблағи боқимонда ба суратҳисоби махсуси Марказ дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

34. Маблағҳоро барои хизматрасонӣ аз рӯйи таъйинот филиалҳои Бонк қабул карда, дар давоми на дертар аз 3 (се) рӯзи корӣ ба суратҳисоби махсуси Марказ дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронанд.

35. Маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда ба соҳиби расиди бонкӣ, ки аз номнависӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даст кашидааст ва ба довталабе, ки (1) аз иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даст кашидааст, (2) маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохтаасту аммо азнавбақайдгириро нагузаштааст, (3) дар имтиҳонҳо бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда иштирок карда наметавонад, (4) хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ аст ва бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад, (5) бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок карда наметавонад, (6) аз пардохти тамоми маблағ ё қисме аз он озод мебошаду маблағро пурра пардохт кардааст, баргардонида мешавад. Маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда бо тартиби зерин баргардонида мешавад:

- ба соҳиби расиди бонкӣ (дар зарурат ба хешованди наздики соҳиби расиди бонкӣ):

- дар рӯзи амалиёти бонкӣ (рӯзи пардохти маблағ ва гирифтани расиди бонкӣ), агар соҳиби расиди бонкӣ дар рӯзи амалиёти бонкӣ барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ба нуқтаи бақайдгирӣ, Марказ ё бахши минтақавии он муроҷиат кунад. Роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ ё корманди масъули Марказ дар паси расиди бонкӣ ҷумлаи "Беэътибор дониста шавад"-ро навишта, бо нишон додани ному насаби худ онро имзо мекунад. Расиди бонкии беэътибор донисташударо соҳибаш ҳамон рӯз ба филиали Бонк, ки маблағи хизматрасониро дар он пардохтааст, пешниҳод мекунад. Корманди филиали Бонк дар асоси расиди бонкии пешниҳодшуда аз маблағи пардохтшуда арзиши варақаи расиди бонкиро боздошта, маблағи боқимондаро ба соҳибаш бармегардонад;

- дар давоми 1,5 моҳ, агар соҳиби расиди бонкӣ ҳар вақте пас аз гузашти рӯзи амалиёти бонкӣ барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ба Марказ ё бахши минтақавии он (бо аризаи хаттӣ, ки ба он расиди бонкӣ бояд замима карда шавад) муроҷиат кунад. Дар асоси ариза тибқи Тартиби мазкур аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии Бонк боздошта шуда, маблағи боқимондаро Марказ ба соҳибаш бармегардонад;

- дар рӯзи амалиёти бонкӣ, агар соҳиби расиди бонкӣ аз пардохти маблағ озод бошаду маблағро пардохт карда, дар рӯзи амалиёти бонкӣ барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ба нуқтаи бақайдгирӣ, Марказ ё бахши минтақавии он муроҷиат кунад. Роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ ё корманди масъули Марказ дар паси расиди бонкӣ ҷумлаи "Беэътибор дониста шавад"-ро навишта, бо нишон додани ному насаби худ онро имзо мекунад. Расиди бонкии беэътибор донисташударо соҳибаш ҳамон рӯз ба филиали Бонк, ки маблағи хизматрасониро дар он пардохтааст, пешниҳод мекунад. Корманди филиали Бонк дар асоси расиди бонкии пешниҳодшуда аз маблағи пардохтшуда арзиши варақаи расиди бонкиро боздошта, маблағи боқимондаро ба соҳибаш бармегардонад;

- дар рӯзи амалиёти бонкӣ, агар соҳиби расиди бонкӣ аз пардохти қисме аз маблағ озод бошаду маблағро пурра пардохт карда, дар рӯзи амалиёти бонкӣ барои баргардонидани қисме аз маблағи дар расид нишондодашуда ба нуқтаи бақайдгирӣ, Марказ ё бахши минтақавии он муроҷиат кунад. Роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ ё корманди масъули Марказ дар паси расиди бонкӣ ҷумлаи "Беэътибор дониста шавад"-ро навишта, бо нишон додани ному насаби худ онро имзо мекунад. Расиди бонкии беэътибор донисташударо соҳибаш ҳамон рӯз ба филиали Бонк, ки маблағи хизматрасониро дар он пардохтааст, пешниҳод мекунад. Корманди филиали Бонк дар асоси расиди бонкии пешниҳодшуда аз маблағи пардохтшуда арзиши варақаи расиди бонкӣ ва маблағеро, ки барои шахсони аз пардохти қисме аз маблағ озодбуда муқаррар шудааст, боздошта, тибқи ин маблағ расиди бонкии навро ба расмият медарорад ва маблағи боқимондаро ба соҳибаш бармегардонад;

- ба довталаб ё хешованди наздикаш:

- дар давоми 1,5 моҳ, агар довталаб аз иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ даст кашида, барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ба Марказ ё бахши минтақавии он (бо аризаи хаттӣ, ки ба он варақаи бақайдгирӣ бояд замима карда шавад) муроҷиат кунад. Аризаи довталабе, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) номнавис шудааст, на дертар аз 2 (ду) ҳафта аз рӯзи ба анҷом расидани азнавбақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) ва аризаи довталабе, ки дар азнавбақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) ё бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) номнавис шудааст, на дертар аз 1 (як) ҳафта аз рӯзи ба анҷом расидани бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) бояд пешниҳод карда шавад. Дар асоси ариза, тибқи Тартиби мазкур, аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии Бонк ва маблағ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин хароҷоти азнавбақайдгирӣ (агар азнавбақайдгириро гузашта бошад) боздошта шуда, маблағи боқимондаро Марказ ба соҳибаш бармегардонад;

- дар давоми 1,5 моҳ, агар довталаб бо сабаби узрноки аз ӯ вобастанабуда (аз ҷумла бемории вазнини довталаб, ба хизмати ҳарбӣ даъват шудани довталаб, вафот кардани довталаб) дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ӯ ё хешованди наздикаш ба Марказ ё бахши минтақавии он (бо аризаи хаттӣ, ки ба он варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шавад) муроҷиат кунад. Ариза бояд на дертар аз 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) пешниҳод карда шавад. Дар асоси ариза, тибқи Тартиби мазкур, аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии Бонк боздошта шуда, маблағи боқимондаро Марказ ба аризадиҳанда бармегардонад;

- дар давоми 1,5 моҳ, агар довталаби хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ бинобар аз аттестатсияи хатм ё ҷамъбастӣ нагузаштанаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ба Марказ ё бахши минтақавии он (бо аризаи хаттӣ, ки ба он варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шавад) муроҷиат кунад. Ариза бояд то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ пешниҳод карда шавад. Дар асоси ариза, тибқи Тартиби мазкур, аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии Бонк ва маблағ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин хароҷоти азнавбақайдгирӣ (агар азнавбақайдгириро гузашта бошад) боздошта шуда, маблағи боқимондаро Марказ ба аризадиҳанда бармегардонад;

- дар давоми 1,5 моҳ, агар довталаб бинобар ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии асосӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуданаш дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонад ва барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ба Марказ ё бахши минтақавии он (бо аризаи хаттӣ, ки ба он варақаи бақайдгирӣ ва ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати зикршуда бояд замима карда шавад) муроҷиат кунад. Ариза бояд то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ пешниҳод карда шавад. Дар асоси ариза, тибқи Тартиби мазкур, аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии Бонк ва маблағ барои хароҷоти бақайдгирӣ, инчунин хароҷоти азнавбақайдгирӣ (агар азнавбақайдгириро гузашта бошад) боздошта шуда, маблағи боқимондаро Марказ ба аризадиҳанда бармегардонад;

- дар давоми 1,5 моҳ, агар довталаб аз пардохти тамоми маблағ ё қисме аз он озод бошаду маблағро пурра пардохт карда, барои баргардонидани тамоми маблағи дар расид нишондодашуда ё қисме аз он ба Марказ ё бахши минтақавии он (бо аризаи хаттӣ, ки ба он нусхаи варақаи бақайдгирӣ ва нусхаи ҳуҷҷат(ҳо)-и тасдиқкунандаи имтиёзи дахлдор бояд замима карда шавад) муроҷиат кунад. Ариза бояд на дертар аз 2 (ду) моҳ аз рӯзи ба анҷом расидани бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) пешниҳод карда шавад. Дар асоси ариза, тибқи Тартиби мазкур, аз маблағи пардохткардаи довталабе, ки аз пардохти маблағ озод аст, ҳаққи хизматрасонии Бонк боздошта мешавад ва аз маблағи пардохткардаи довталабе, ки пардохти қисме аз маблағ озод аст, ҳаққи хизматрасонии Бонк ва маблағе, ки барои шахсони аз пардохти қисме аз маблағ озодбуда муқаррар шудааст, боздошта мешавад. Маблағи боқимондаро Марказ ба довталаб бармегардонад;

- дар рӯзи амалиёти бонкӣ, агар довталаб маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохта бошаду аммо азнавбақайдгириро нагузашта бошад ва дар рӯзи амалиёти бонкӣ барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ба нуқтаи бақайдгирӣ, Марказ ё бахши минтақавии он муроҷиат кунад. Роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ ё корманди масъули Марказ дар паси расиди бонкӣ ҷумлаи "Беэътибор дониста шавад"-ро навишта, бо нишон додани ному насаби худ онро имзо мекунад. Расиди бонкии беэътибор донисташударо соҳибаш ҳамон рӯз ба филиали Бонк, ки маблағи хизматрасониро дар он пардохтааст, пешниҳод мекунад. Корманди филиали Бонк дар асоси расиди бонкии пешниҳодшуда аз маблағи пардохтшуда арзиши варақаи расиди бонкиро боздошта, маблағи боқимондаро ба соҳибаш бармегардонад;

- дар давоми 1,5 моҳ, агар довталаб маблағи барои азнавбақайдгирӣ муқарраршударо пардохта бошаду аммо азнавбақайдгириро нагузашта бошад ва ҳар вақте пас аз гузашти рӯзи амалиёти бонкӣ барои баргардонидани маблағи дар расид нишондодашуда ба Марказ ё бахши минтақавии он (бо аризаи хаттӣ, ки ба он расиди бонкӣ бояд замима карда шавад) муроҷиат кунад. Дар асоси ариза, тибқи Тартиби мазкур, аз маблағи пардохтшуда ҳаққи хизматрасонии Бонк боздошта шуда, маблағи боқимондаро Марказ ба аризадиҳанда бармегардонад.

36. Агар сметаи даромаду хароҷоти Марказ бо назардошти пардохтҳои довталабон барои хизматрасониҳо тасдиқ гардида, тибқи қонунгузории буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз маблағи умумии пардохтаи соҳибони расидҳои бонкӣ ва довталабоне, ки ариза пешниҳод карда, тибқи Тартиби мазкур ҳуқуқи бозпас гирифтани маблағи пардохтаашонро доранд, ба Буҷети давлатӣ ҳиссаи муайяне гузаронида шуда бошад, маблағи пардохтшуда бо кам кардани ин ҳисса баргардонида мешавад (ба истиснои довталабоне, ки бо сабаби узрноки аз онҳо вобастанабуда дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистаанд).

37. Агар аризаи довталаб дар бораи баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда пас аз гузаштани муҳлати муқарраршуда пешниҳод шуда бошад, маблағи пардохтшуда баргардонида намешавад.

38. Шакли аризаҳоро дар бораи баргардонидани маблағи барои хизматрасонӣ пардохтшуда Марказ муқаррар менамояд.

39. Барои баррасии аризаҳо дар бораи баргардонидани маблағҳои барои хизматрасонӣ пардохтшуда бо фармоиши директори Марказ комиссия таъсис дода мешавад, ки фаъолияти он тибқи Тартиби мазкур амалӣ мегардад.

40. Вазифаҳои асосии комиссия аз инҳо иборат аст:

- баррасии аризаи соҳиби расиди бонкӣ ё довталаб дар бораи баргардонидани маблағи пардохтааш;

- қабули қарор дар бораи қонеъ гардонидан ё рад кардани ариза;

- таҳияи рӯйхати соҳибони расиди бонкӣ ва довталабон барои коргузории минбаъда оид ба баргардонидани маблағҳои пардохтшуда.

41. Рӯйхати соҳибони расиди бонкӣ ва довталабоне, ки маблағҳои пардохтаашон бояд баргардонида шавад, ба муҳосиботи Марказ пешниҳод мегардад. Тибқи тартиби баҳисобгирӣ мувофиқи хоҳиши аризадиҳанда маблағи пардохткардааш ё дар хазинадории Марказ ё яке аз филиалҳои Бонк баргардонида мешавад.

42. Марказ маълумотро дар бораи тартиби қабул ва баргардонидани маблағи хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар лавҳаҳои иттилотии нуқтаҳои бақайдгирӣ, Марказ ва бахшҳои минтақавию сомонаи расмии он ва маводи иттилоотии дахлдор дарҷ мекунад.

43. Идораи молиявии маблағҳои пардохткардаи довталабон барои хизматрасониҳо, ки дар суратҳисоби махсуси Марказ дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварӣ мегардад, мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

44. Дар ҳолатҳои фавқулодда, ки боиси қисман ё пурра баргузор нагардидани имтиҳонҳо мегардад, мутобиқи боби 13 Тартиби мазкур Марказ бояд маблағи муайянро барои баргузории имтиҳонҳои такрорӣ дар ҳар сол захира намояд.

3. КОРҲОИ ТАШКИЛӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

45. Масъулияти иҷрои корҳои ташкилӣ ҷиҳати баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба зиммаи Марказ вогузор мегардад. Корҳои ташкилӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигари дахлдор ва муассисаҳои таълимӣ мутобиқи Тартиби мазкур, вазифаҳои оинномавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маводи методӣ амалӣ карда мешавад.

46. Марказ дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ кормандони муваққатиро барои муҳлатҳои муайян бо теъдоди зарурӣ ба кор ҷалб менамояд. Кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ дар асоси озмун баъд аз омӯзиш ва санҷиш интихоб карда мешаванд.

47. Фаъолияти кормандони муваққатие, ки Марказ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мекунад, мутобиқи Тартиби мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводи дастурӣ ва методии дахлдори Марказ ба роҳ монда мешавад.

48. Барои кормандони муваққатие, ки Марказ дар мувофиқа бо мақомоту муассисаҳои дахлдори давлатӣ ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вақти фаъолияташон дар ҷойи кори асосиашон ва (ё) бо муваққатан озод кардан аз кори асосӣ дар давраи ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мекунад, кафолату ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.

49. Ба кормандони муваққатие, ки Марказ онҳоро ҷиҳати ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба кор ҷалб мекунад, музди меҳнат пардохт карда мешавад. Андоза ва тартиби пардохти онро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ муқаррар менамояд.

50. Дахолати мақомоту ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба раванди бақайдгирии довталабон ва баргузории имтиҳонҳо, инчунин ба унсурҳои технологии бақайдгирии довталабону баргузории имтиҳонҳо ва коркарду баҳогузории корҳои довталабон манъ аст.

4. ТАШКИЛИ НУҚТАҲОИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

51. Нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ташкил карда мешаванд. Тартиби интихоби муассисаҳои таълимиро, ки дар заминаи онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳониро ташкил кардан мумкин аст, Марказ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тасдиқ менамояд.

52. Рӯйхатҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбиеро, ки дар заминаи онҳо нуқтаҳои бақайдгирӣ ва (ё) марказҳои имтиҳонӣ бояд ташкил карда шаванд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

53. Роҳбарияти муассисаи таълимие, ки дар заминаи он нуқтаи бақайдгирӣ ва (ё) маркази имтиҳонӣ бояд ташкил карда шавад, бино ва (ё) иморати интихобгардидаро ба таври ройгон тибқи санад дар муҳлатҳои мувофиқашуда дар ихтиёри Марказ гузошта, мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи Марказ тамоми шароити заруриро барои фаъолияти он муҳайё мекунад. Марказ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси худ дар таҳкими заминаи маводи техникии он тибқи муқаррарот мусоидат менамояд.

54. Фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ мутобиқи Тартиби мазкур ба роҳ монда мешавад.

55. Барои таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаёту саломатӣ ва риояи қоидаю талаботи санитарию эпидемиологӣ дар давраи бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо ба нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ кормандони мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ ҷалб карда мешаванд, ки реҷаи корӣ ва уҳдадориҳои онҳоро Марказ бо ин мақомоти ваколатдори давлатӣ мувофиқа менамояд. Хизматрасонии кормандони ин мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатӣ аз рӯйи ваколатҳои хизматиашон дар шартнома муқаррар карда мешавад.

56. Бо мақсади таъмини бехатарию шаффофияти раванди имтиҳонҳо, назорати он ва инчунин дар сурати рух додани ҳолати вайронкунии тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо таъмини имконияти баррасии одилонаю айнии масъала бо истифода аз сабтҳои видеоӣ ва қабули қарори дахлдори Марказ дар ин хусус марказҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои назорати видеоӣ ҷиҳозонида мешаванд. Ҷиҳозонидани марказҳои имтиҳонӣ бо воситаҳои назорати видеоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба зиммаи муассисаҳои таълимии дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор карда мешавад.

57. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бояд дар давраи корҳои ташкилию омодагӣ ба Марказ мусоидат намоянд ва шароити заруриро барои тибқи тартиби муқарраргардида баргузор кардани бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ва имтиҳонҳо дар марказҳои имтиҳонӣ фароҳам оранд.

58. Бо мақсади таъмини фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирӣ ва марказҳои имтиҳонӣ Марказ корҳои зеринро амалӣ менамояд:

- нуқтаҳои бақайдгириро бо таҷҳизоти техникӣ ҷиҳозонида, ҳар нуқтаи бақайдгириро бо теъдоди зарурии истгоҳҳои корӣ ва онҳоро бо маводи иттилоотие, ки дар давраи бақайдгирӣ барои кормандони нуқтаи бақайдгирӣ ва довталабон зарур аст, таъмин мекунад;

- барои омӯзиши номзадҳо ба вазифаҳои дахлдори кори муваққатӣ семинарҳо мегузаронад, аз байни ин номзадҳо тибқи озмун кормандони муваққатиро дар нуқтаҳои бақайдгирӣ, марказҳои имтиҳонӣ ва барои иҷрои корҳои дигари зарурӣ интихоб менамояд ва бо кормандони муваққатии интихобгардида шартномаҳои меҳнатӣ мебандад;

- фаъолияти кормандони мақомоти ваколатдори давлатиро, ки барои ҳифзи саломатии мардум ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарӣ, риояи қоидаю талаботи санитарию эпидемиологӣ ва омодасозии синфхонаҳо ҷалб карда мешаванд, ташкил ва ҳамоҳанг менамояд;

- реҷаи воридшавӣ, тартиби бақайдгирию ҷобаҷошинонии довталабонро муайян карда, ҷадвали баргузории имтиҳонҳо ва дигар равандҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои методӣ таҳия менамояд;

- корманд ва (ё) намояндаи ваколатдори Марказро бо мақсади мусоидат кардан ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани нуқтаи бақайдгирӣ ва маркази имтиҳонӣ, назорати раванди бақайдгирӣ дар нуқтаи бақайдгирӣ ва раванди имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот равон месозад.

5. ТАЪМИНИ ИТТИЛООТИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ

59. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Марказ:

- бо мақсади таъмини шаффофияти имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва дастрасии баробари хоҳишмандон ба он байни шахсони алоқаманд (довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар аъзои ҷомеа) корҳои иттилоърасонию таблиғотиро дар муассисаҳои таълимии дахлдор анҷом медиҳад;

- курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро дар асоси маводи иттилоотию методии таҳиякардаи Марказ дар се сатҳ - ҷумҳурӣ, шаҳрҳо/ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии дахлдор ба роҳ мемонад;

- маводи методию тавсиявии заруриро оид ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ таҳия менамояд;

- барои ташкил намудани семинарҳо оид ба шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти ҳар як марҳала ва раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тадбирҳо меандешад.

60. Марказ бо мақсади шахсони алоқамандро бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шинос кардан ҳар сол дастури иттилоотиву методии "Роҳнамои довталаб"-ро нашр мекунад. Инчунин ҷиҳати ба ҷомеа дастрас намудани иттилоот дар бораи ҳар як марҳалаи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ва ҳар як кору иқдоме, ки дар доираи ин имтиҳонҳо гузаронида мешавад, аз тамоми воситаҳои ахбори омма (телевизион, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо, телефонҳои хатти мустақим) истифода мекунад; фаъолияти доимии сомонаи расмии худро ба роҳ мемонад.

61. Марказ ҳар сол на дертар аз 10 рӯз пеш аз оғози давраи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ дар бораи макони ҷойгиршавии нуқтаҳои бақайдгирӣ, муҳлат ва тартиби бақайдгирию азнавбақайдгирӣ ва на дертар аз 1 моҳ пеш аз оғози имтиҳонҳо дар бораи макони ҷойгиршавии марказҳои имтиҳонӣ, ҷадвал ва тартиби баргузории имтиҳонҳо ба шахсони алоқаманд иттилоъ медиҳад.

6. ТАҲИЯ ВА ТАШХИСУ ТАҚРИЗИ МАВОДИ ИМТИҲОНӢ

62. Маводи имтиҳонӣ маҷмӯи саволу масъалаҳои тестии стандартишуда аст, ки тавассути он сатҳи азхудкунии барномаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ санҷида мешавад.

63. Маводи имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тибқи барномаҳои имтиҳон ва мувофиқи талаботи Тартиби мазкур аз фанҳои таълимии зерин таҳия карда мешавад: забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забони русӣ, адабиёти рус, забони ӯзбекӣ, адабиёти ӯзбек, математика, таърих (таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ), ҳуқуқ (асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон), физика, химия, биология, география ва забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсавӣ ва арабӣ).

64. Барномаи имтиҳони ҳар фанни таълимиро мувофиқи стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ, барномаи таълимии дахлдор ва адабиёти дарсии амалкунанда Марказ таҳия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

65. Маводи имтиҳониро кормандони Марказ - мутахассисони фаннӣ таҳия менамоянд. Дар сурати зарурат Марказ метавонад барои таҳияи маводи имтиҳонӣ мутахассисони фанниро аз берун ҷалб намояд.

66. Саволу масъалаҳои тестӣ аз ҳар фанни таълимӣ ба забони тоҷикӣ таҳия шуда, баъдан ба забони русӣ тарҷума мешаванд (ба ғайр аз забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забони русӣ, адабиёти рус, забони ӯзбекӣ, адабиёти ӯзбек, забони англисӣ, забони немисӣ, забони франсавӣ ва забони арабӣ).

67. Таҳия, дизайн, нигоҳдорӣ, истифода ва таъмини махфият ва бехатарии маводи имтиҳонӣ бевосита ба зиммаи Марказ гузошта мешавад, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамуда ва талаботи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии он амалӣ мешавад.

68. Мувофиқи Барномаи имтиҳони ҳар фанни таълимии таҳия ва тасдиқгардида ҷиҳати тартиб додани субтестҳои фанни таълимии дахлдор барои қисмҳои А, Б ва АБ-9 миқдори лозими саволу масъалаҳои тестӣ интихоб карда мешавад.

69. Миқдори саволу масъалаҳои тестӣ аз ҳар фанни таълимӣ дар доираи субтест бо назардошти мувофиқати аҳамияти санҷидашудаи мавзӯъҳо бо барномаи таълимӣ ва таносуби дурусти мавзӯъҳо ва донишу қобилиятҳое, ки тест фаро мегирад, дар Барномаи имтиҳон муайян карда мешавад. Вақти иҷрои субтест бо назардошти миқдори саволу масъалаҳои тестӣ ва дараҷаи душвории ҳар яке аз онҳо муайян карда мешавад.

70. Саволу масъалаҳои тестии ҳар фанни таълимиро ташхисгаронмуқарризони мустақили берунӣ, ки Марказ онҳоро муваққатан ба кор ҷалб менамояд, ташхис карда, тақриз менависанд. Ташхису тақризи саволу масъалаҳои тестӣ дар ҳолати пӯшида бо риояи талабот ва қоидаҳои махфият дар Марказ мувофиқи тартиби тасдиқнамудаи он сурат мегирад.

71. Барои ташхису тақриз саволу масъалаҳои тестӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешавад.

72. Саволу масъалаҳои тестӣ аз навъҳои зерин иборат аст: пӯшида (бо интихоби як ҷавоби дуруст ва муайян кардани мувофиқат) ва кушода.

73. Саволу масъалаҳои тестиро бо назардошти қайду пешниҳодҳои ташхисгарон - муқарризони мустақил мутахассисони фаннии Марказ такмил дода, пас аз он вариантҳои ниҳоии субтестҳоро омода мекунанд. Субтестҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ барои тарроҳӣ ба корманди ваколатдори Марказ супорида мешавад.

74. Вариантҳои ниҳоии субтестҳоро бо назардошти гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳои имтиҳонҳо директори Марказ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи он интихоб менамояд.

75. Саволу масъалаҳои тестии ташхису тақризшуда дар пойгоҳи ягонаи маводи имтиҳонии Марказ мувофиқи қоидаҳои муқаррарнамудааш нигоҳдорӣ мешавад.

76. Аз вариантҳои интихобшудаи субтестҳо китобчаҳои тестӣ тартиб дода мешавад. Нусхаҳои электронии китобчаҳои тестӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ бо риояи талаботи таъмини бехатарию махфият ба нашр пешниҳод карда мешавад.

77. Вариантҳои ниҳоии китобчаҳои тестӣ бо назардошти шумораи довталабон дар ҳар гурӯҳи ихтисосҳо мувофиқи тартиби дохилии Марказ бо риояи талаботи таъмини махфият ва бехатарии иттилоот нашр мешавад. Барои ҳолатҳои фавқулода Марказ метавонад вариантҳои эҳтиётии китобчаҳои тестиро бо теъдоди зарурӣ пешакӣ нашр намояд.

78. Иттилооте, ки маводи имтиҳонии барои истифода дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ пешбинишуда (ҳам нусхаи электронӣ ва ҳам нусхаи чопии он) дар бар мегирад, махфӣ ва ба гурӯҳи маводи дастрасияшон маҳдуд мансуб мебошад. Тартиби таҳия, ташхису тақриз, тарроҳӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводи имтиҳониро (аз ҷумла муҳлати махфияту маҳдудияти дастрасӣ ба маводи имтиҳонӣ, талаботи реҷаи ҳифзи онҳо, тартиб ва шартҳои дастраси истифодабарандагон гардонидани иттилооти маводи имтиҳонӣ) Марказ муқаррар менамояд.

79. Шахсони барои таҳия, ташхису тақриз, тарроҳӣ, нигоҳдорӣ, нашр ва бастабандии маводи имтиҳонӣ ҷалбшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифшои иттилооте, ки маводи имтиҳонӣ дар бар мегирад, ҷавобгаранд.

7. БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ВА ТАҚСИМОТИ ОНҲО БА МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ

80. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ мутобиқи Тартиби мазкур дар ду марҳала - асосӣ ва иловагӣ гузаронида мешавад. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ҳамчун раванди технологӣ, тавассути барномаи компютерии махсус бо истифодаи воситаю технологияҳои муосир амалӣ мегардад.

81. Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, новобаста аз шакли таълим (рӯзона, ғоибона, шабона ва фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон ва пулакӣ) гузаронида мешавад.

82. Муҳлатҳои бақайдгирӣ (марҳалаҳои асосӣ ва иловагӣ)-ро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳар сол Марказ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

83. Муҳлатҳои бақайдгирӣ (марҳалаҳои асосӣ ва иловагӣ)-ро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳар сол Марказ муқаррар мекунад.

84. Барои шахсоне, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ сабти ном карда натавонистаанд, марҳалаи иловагии бақайдгирӣ гузаронида мешавад.

85. Бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо ҳузури довталаб дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирие гузаронида мешавад, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкилшавандаи тасдиқгардида интихоб намудааст.

86. Бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо ҳузури довталаб дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирие гузаронида мешавад, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудааст. Марказ ҳуқуқ дорад, ки барои бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) аз бинои худ ё дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаҳои дигар аз бинои ин муассисаҳо истифода кунад. Бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) танҳо дар шаҳри Душанбе ва ҳангоми зарурат дар минтақаҳо доир карда мешавад.

87. Бақайдгириро довталаб барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо як маротиба гузашта метавонад: ё дар марҳалаи асосӣ, ё дар марҳалаи иловагӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳсангез баъди анҷоми бақайдгирӣ (марҳалаҳои асосӣ ва иловагӣ) Марказ маълумоти пойгоҳи додаҳои бақайдгириро месанҷад ва дар сурати ошкор шудани номнависии довталаб беш аз як маротиба сабти маротибаи охирини бақайдгирии довталабро фаъол нигоҳ дошта, сабти (сабтҳои) дигараш ғайрифаъол карда мешавад.

88. Дар бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталаб бояд ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда, Марказ онро пеш аз оғози бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) дар сомонаи худ ҷойгир менамояд.

89. Фаъолияти нуқтаи бақайдгириро роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ, ки барои ташкили фаъолияти самараноки он шахсан масъул аст, идора ва назорат мекунад.

90. Истгоҳи кориро дар нуқтаи бақайдгирӣ бақайдгиранда, ки барои дуруст ворид намудани маълумоти шахсии довталаб дар варақаи бақайдгирӣ тавассути барномаи компютерии "Бақайдгирии довталабон" масъул аст, идора мекунад.

91. Роҳбарон, ёварони роҳбарон ва бақайдгирандагони нуқтаҳои бақайдгириро тибқи озмун Марказ интихоб ва дар давраи бақайдгирӣ ба сифати кормандони муваққатӣ ҷалб мекунад.

92. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо ва дар доираи он то 12 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб кунад. Комбинатсияҳои интихоби муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил гуногун буда метавонад:

- интихоби муассисаҳои таълимӣ:

- танҳо таҳсилоти олии касбӣ; 

- танҳо таҳсилоти миёнаи касбӣ; 

- ҳам таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҳам таҳсилоти олии касбӣ;

- интихоби шаклҳои таҳсил: 

- танҳо рӯзона; 

- танҳо ғоибона; 

- танҳо шабона; 

- танҳо фосилавӣ; 

- ҳама ё якчанд шакли таҳсил;

- интихоби намудҳои таҳсил: 

- танҳо ройгон; 

- танҳо пулакӣ; 

- ройгон ва пулакӣ.

93. Ҳангоми бақайдгирӣ комбинатсияи ихтисоси интихобкардаи довталаб дар варақаи бақайдгирӣ нишон дода мешавад. Агар довталаб зиёда аз як комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда бошад, онҳоро дар варақаи бақайдгирӣ тибқи тартиби бартарии ин комбинатсияҳо нишон медиҳад. Инчунин довталаб дар бораи имтиёзи худ (агар дошта бошад) ба бақайдгиранда маълумот дода, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, забони хориҷӣ (барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2, 3 ва 4), макони фиристодани даъватнома ва ғайраро дар варақаи бақайдгирӣ нишон медиҳад. Ҳангоми бақайдгирӣ довталаб забони таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбиро аз рӯйи ихтисосҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён бо якчанд забон таълим дода мешаванд, интихоб карда наметавонад.

94. Бақайдгиранда номнависии довталабро барои иштирокаш дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо истифода аз истгоҳи кории ба ӯ вобаста тибқи Тартиби мазкур ва дастурамали тасдиқкардаи Марказ ба роҳ мемонад.

95. Бақайдгиранда тибқи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳодкардаи довталаб маълумоти заруриро ба барномаи компютерии "Бақайдгирии довталабон" ворид карда, изи ду ангушти дастҳои довталабро сканер мекунад.

96. Баъди ба барнома ворид ва сабт кардани маълумоти пешниҳодкардаи довталаб ба ӯ варақаи бақайдгирӣ дода мешавад, ки дар он маълумоти шахсии довталаб, гурӯҳи ихтисосҳо ва комбинатсияи ихтисоси интихобкардаи ӯ (агар беш аз як комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб карда бошад, инчунин тартиби бартарии ин комбинатсияҳо), макон ва забони имтиҳонсупорӣ, забони хориҷӣ (барои довталабони гурӯҳҳои ихтисосҳои 2, 3 ва 4), макони фиристодани даъватнома, рақами назоратӣ ва рамзи муваққатӣ барои ворид шудан ба ҳуҷраи инфиродӣ ва ғайра дарҷ мегардад. Шакли варақаи бақайдгириро Марказ муқаррар менамояд.

97. Дар варақаи бақайдгирӣ довталаб ва бақайдгиранда имзо мегузоранд. Довталаб уҳдадор аст, ки пеш аз имзо гузоштан бо маълумоти варақаи бақайдгирӣ пурра шинос шавад ва дар сурати дуруст будани маълумоти воридкардашуда дар он имзо гузорад. Дар сурати ғалат ё маълумоти нодурустро ошкор кардан довталаб ҳуқуқ дорад, ки аз бақайдгиранда ислоҳи онро талаб намояд ва танҳо пас аз ислоҳ шудан дар он имзои худро гузорад.

98. Иттилооте, ки Марказ ҳангоми бақайдгирӣ аз довталабон ба даст меорад, комилан махфӣ мебошад. Роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандагони нуқтаи бақайдгирӣ уҳдадоранд, ки бехатарию махфияти маълумоти шахсии довталабонро дар давраи бақайдгирӣ таъмин кунанд. Таъмини бехатарӣ ва махфияти маълумоти шахсии довталабон дар раванди бақайдгирӣ ва пас аз бақайдгирӣ тибқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ба роҳ монда мешавад.

99. Ба ҳар довталаб дар заминаи сомонаи расмии Марказ "Ҳуҷраи инфиродӣ" кушода мешавад, ки дар он тамоми иттилооти барояш зарурӣ (аз маълумоти дар бақайдгирӣ пешниҳодкарда то натиҷаҳои тақсимот) марҳала ба марҳала ҷой дода мешавад. Низомнома дар бораи тартиби кушодан ва истифодаи ҳуҷраҳои инфиродиро Марказ тасдиқ намуда, таъмини бехатарӣ ва махфияти маълумоти ҳуҷраи инфиродии ҳар як довталабро тибқи низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

100. Пас аз анҷоми муҳлати бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳо барои номнависӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ қабул карда намешавад.

101. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки интихоби аввалияи худ (гурӯҳи ихтисосҳо, ихтисосҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шакл ва намуди таълим, бартарии комбинатсияи ихтисосҳо, забон ва макони имтиҳонсупорӣ, макони фиристодани даъватнома) ва (ё) маълумоти шахсияшро (аз ҷумла маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташро дар сурати иваз кардани он ва ғайра) дар давраи азнавбақайдгирӣ бо пардохти маблағи иловагӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ иваз намояд.

102. Азнавбақайдгирии довталабоне, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) номнавис шудаанд, дар ду марҳала - асосӣ ва иловагӣ гузаронида мешавад, ки муҳлатҳои онро ҳар сол Марказ муқаррар менамояд.

103. Довталабе, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) номнавис шудаасту дар марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ хоҳиши тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсии худро дорад, бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он номнавис шуда буд, шахсан муроҷиат намояд.

104. Довталабе, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) номнавис шудаасту дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ хоҳиши тағйир додани интихоби аввалия ва (ё) маълумоти шахсии худро дорад, бояд ба ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирие, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудааст, шахсан муроҷиат намояд. Марказ ҳуқуқ дорад, ки барои доир кардани азнавбақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) аз бинои худ ё дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаҳои дигар аз бинои ин муассисаҳо истифода кунад. Азнавбақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) танҳо дар шаҳри Душанбе ва дар зарурат дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ доир карда мешавад.

105. Марказ азнавбақайдгирии довталабонеро, ки дар бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) номнавис шудаанд, бо бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) ҳамзамон ба роҳ мемонад.

106. Довталаб худро дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ, чанд маротибае, ки хоҳад, аз нав номнавис карда метавонад. Дар азнавбақайдгирии варақаи бақайдгирии қаблии довталаб бозпас гирифта шуда, ба ӯ варақаи бақайдгирии нав дода мешавад. Баъди азнавбақайдгирӣ ба довталаб дигар ҳуқуқи тағйир додани интихобҳояш дода намешавад.

107. Раванди технологии бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) ва азнавбақайдгирӣ (марҳалаҳои асосӣ ва иловагӣ) чун раванди технологии бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) ба роҳ монда мешавад.

108. Пойгоҳи додаҳои довталабон мувофиқи тартиб ва сохтори муқаррарнамудаи Марказ нигоҳдорӣ мешавад. Ҳуҷҷатҳои дар бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ пешниҳодкарда ва нусхаи дуюми варақаҳои бақайдгирии довталабон, ки дар Марказ мемонад, 1 (як) сол нигоҳ дошта шуда, пас аз сипарӣ гардидани ин муҳлат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ нобуд карда мешаванд.

109. Баъд аз анҷоми ҷамъбасти маълумоти бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ тавассути модули барномавии махсус довталабон (бо назардошти марказҳои имтиҳонии ташкилшуда ва макони имтиҳонсупории интихобкардаашон) ба марказҳои имтиҳонӣ ва синфхонаҳои имтиҳонӣ тақсим мешаванд. Шумораи шартии довталабон дар ҳар синфхонаи имтиҳонӣ то 15 нафарро ташкил медиҳад.

110. Марказ рӯйхатҳои довталабонеро, ки ихтисосҳои супоридани қисми В талабмекардаро интихоб кардаанд, барои ташкилу баргузории имтиҳонҳо дар шакли муқаррарнамудаи Марказ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод менамояд. Марказ рӯйхатҳои довталабонеро, ки ихтисосҳои супоридани қисми Г талабмекардаро интихоб кардаанд, ба филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе пешниҳод менамояд.

111. Ба ҳар довталаб даъватнома дастрас карда мешавад, ки дар он ҷадвали баргузории имтиҳонҳо дарҷ мегардад. Муҳлати фиристодани даъватномаҳоро Марказ муқаррар менамояд. Даъватномаҳо тавассути шуъбаҳои минтақавии Марказ, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба довталабон дастрас карда мешаванд. Нусхаи электронии даъватнома дар ҳуҷраи инфиродии ҳар як довталаб низ ҷой дода мешавад.

8. НАШР ВА ИНТИҚОЛИ МАВОДҲОИ ИМТИҲОНӢ

112. Маводҳои имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо фармоиши директори Марказ мутобиқи талаботи бехатарӣ ва махфият дар бинои Марказ нашр карда мешавад.

113. Ба маводҳои имтиҳонӣ, ки бевосита дар Марказ нашр карда мешаванд, китобчаҳои тестӣ (иборат аз дастури иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ, субтестҳо аз фанҳои таълимӣ тибқи қисму гурӯҳи ихтисосҳо ва маводи ёрирасон аз фанҳои таълимии дахлдор), мавод барои раванди ташкилу баргузории имтиҳонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ дохил мешавад.

114. Нашр, бастабандӣ ва нигоҳдории маводҳои имтиҳонӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилӣ дар бинои Марказ амалӣ мегардад. Нашру бастабандии ин маводҳоро гурӯҳи кории техникӣ таҳти назорати ҷиддии комиссияи махсус анҷом медиҳад. Комиссияи махсус ва гурӯҳи кории техникӣ бо фармоиши директори Марказ таъсис дода мешаванд.

115. Шакли варақаи ҷавобҳоро барои қисми А тибқи субтестҳои он Марказ муқаррар менамояд. Марказ шакли варақаи ҷавобҳоро барои қисмҳои Б ва АБ-9 бо назардошти субтестҳои ҳар қисм дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо муқаррар мекунад. Варақаҳои ҷавобҳо дар Марказ ё дар муассисаи ноширӣ ва полиграфӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ бо он шартнома бастааст, чоп карда мешаванд.

116. Маводҳои имтиҳонӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро ба марказҳои имтиҳонӣ Марказ ё муассисаи интиқолдиҳанда, ки онро Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматрасонӣ ҷалб мекунад, аз рӯйи ҷадвали муқарраргардида дар реҷаи махфӣ анҷом медиҳад. Ҷадвали интиқоли маводҳои имтиҳонӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба марказҳои имтиҳониро вобаста аз ҳар даври қисмҳои А, Б ва АБ-9 дар доираи гурӯҳҳои ихтисосҳо Марказ муқаррар менамояд.

117. Интиқоли маводҳои имтиҳонӣ, қабулу супоридан ва нигоҳдории онҳо дар марказҳои имтиҳонӣ ва Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ амалӣ мегардад.

118. Кормандони Марказ, ки барои интиқоли маводҳои имтиҳонӣ ба марказҳои имтиҳонӣ ва аз марказҳои имтиҳонӣ ба Марказ ваколатдор карда мешаванд, барои нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарию махфияти маводҳои имтиҳонӣ дар вақти интиқол масъул мебошанд. Бехатарӣ ва махфияти маводҳои имтиҳонӣ дар вақти интиқол тибқи санадҳои танзимкунандаи дохилии Марказ таъмин карда мешавад. Агар барои интиқоли маводҳои имтиҳонӣ муассисаи махсуси интиқолдиҳанда ҷалб карда шавад, он ва кормандонаш, ки барои интиқоли маводҳои имтиҳонӣ ба марказҳои имтиҳонӣ ва аз марказҳои имтиҳонӣ ба Марказ ваколатдор карда мешаванд, барои нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарию махфияти маводҳои имтиҳонӣ дар вақти интиқол масъул мебошанд. Бехатарӣ ва махфияти маводҳои имтиҳонӣ дар вақти интиқол тибқи санадҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ва муассисаи интиқолдиҳанда таъмин карда мешавад.

119. Барои интиқоли маводҳои имтиҳонӣ лифофаю қуттиҳои эмини махсус, тамғаҳои махсуси рақамгузоришуда ва дигар воситаҳои таъмини бехатарӣ ва махфият истифода мешаванд. Маводҳои имтиҳонӣ дар лифофаю қуттиҳои эмин тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ бастабандӣ ва ба расмият дароварда шуда, ба кормандони ваколатдори Марказ ва дар сурати ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда ба кормандони ваколатдори ин муассиса супорида мешавад.

120. Қуттӣ ва бастаҳоеро, ки дар онҳо ҳангоми дар Марказ ё маркази имтиҳонӣ аз кормандони ваколатдори Марказ ва дар сурати ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда аз кормандони ваколатдораш қабул кардан нишонаҳои кушода шудан ё осеби дигар дида мешавад, ё мансубияташон муқаррар карда намешавад, мувофиқан роҳбари маркази имтиҳонӣ ва намояндаи ваколатдори Марказ ё хадамоти бехатарии Марказ барои тафтиши хизматӣ бозпас мегиранд. Тафтиши хизматии чунин ҳолатҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ анҷом дода шуда, дар ин бора қарори дахлдор қабул карда мешавад. Дар сурати зарурат барои андешидани чораҳои минбаъда ба мақомоти ваколатдори давлатӣ маводи зарурӣ пешниҳод карда мешавад.

121. Пас аз анҷоми ҳар як марҳалаи интиқол, қабулу супоридани маводҳои имтиҳонӣ дар Марказ ва марказҳои имтиҳонӣ санади мувофиқ тартиб дода шуда, бо имзои шахсони масъул тасдиқ мегардад.

9. ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОРИИ ИМТИҲОНҲО

122. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро мувофиқи Тартиби мазкур Марказ дар шакли тестгузаронии мутамарказ (қисмҳои А, Б ва АБ-9) дар марказҳои имтиҳонӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор дар намуди имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус (қисми В) дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонанд. Барои довталабоне, ки ихтисосҳои пешниҳодкардаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанберо интихоб кардаанд, дар филиали мазкур имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (қисми Г) гузаронида мешавад.

123. Бо мақсади танзими кори кормандони мақомоту ташкилоти ваколатдори давлатие, ки дар раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб карда мешаванд, Марказ реҷаи кориро таҳия ва бо онҳо мувофиқа мекунад.

124. Бо мақсади таъмини махфият ва бехатарии маводҳои имтиҳонӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ Марказ аз системаи рамзгузорӣ бо штрихкодҳо истифода менамояд. Штрих-кодҳо дар варақаҳои ҷавобҳо, протоколҳои рафти имтиҳонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои таҳти назорати Марказ истифода мегарданд.

125. Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар ду давр - асосӣ ва иловагӣ баргузор мегарданд.

126. Ташкил ва баргузории имтиҳонҳо (марҳалаҳои асосӣ ва иловагӣ) - қисмҳои А, Б ва АБ-9-ро дар марказҳои имтиҳонӣ бевосита кормандони муваққатии ҷалбшуда тибқи Тартиби мазкур ва дастурамалҳои тасдиқнамудаи Марказ амалӣ менамоянд.

127. Ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (марҳалаи асосӣ) - қисмҳои А, Б ва АБ-9-ро Марказ ҳар сол тасдиқ менамояд.

128. Имтиҳонҳо (марҳалаи асосӣ) - қисмҳои А, Б ва АБ-9 мувофиқи гурӯҳҳои ихтисосҳо ва қисмҳо дар ҳамаи марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои интихобшуда дар як рӯзу як соат оғоз мегарданд. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ дар панҷ рӯзи аввал қисми А ва дар панҷ рӯзи дигар қисми Б гузаронида мешавад. Дар ҳолати зарурат барои гурӯҳҳои ихтисосҳое, ки шумораи довталабони онҳоро интихобкарда аз ҷойҳои нишасти пешбинишуда зиёд асту дар як рӯз гузаронидани имтиҳонҳо имкон надорад, имтиҳонҳо дар ду рӯз гузаронида мешавад. Қисми АБ-9 вобаста аз шумораи довталабоне, ки онро месупоранд, дар як рӯз барои ҳама ё якчанд гурӯҳи ихтисосҳо ё дар рӯзҳои гуногун барои ҳар гурӯҳи ихтисосҳо доир мегардад.

129. Барои довталабоне, ки дар имтиҳони (имтиҳонҳои) (даври асосӣ) - қисми А ва (ё) қисми Б ё қисми АБ-9 иштирок карда натавонистаанд, инчунин барои довталабоне, ки дар азнавбақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) ё бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) номнавис шудаанд, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ даври иловагии имтиҳонҳо доир карда мешавад. Ҷадвали баргузории даври иловагии имтиҳонҳо - қисмҳои А, Б ва АБ-9-ро Марказ ҳар сол вобаста аз шумораи довталабони мазкур муқаррар менамояд. Марказ ҳуқуқ дорад, ки имтиҳонҳои мазкурро дар як рӯз барои ҳама ё якчанд гурӯҳи ихтисосҳо ё дар рӯзҳои гуногун барои ҳар гурӯҳи ихтисосҳо доир намояд.

130. Дар сурати рух додани ҳолати фавқулода ё таҳдиди рух додани он имтиҳонҳо (марҳалаҳои асосӣ ва иловагӣ) - қисмҳои А, Б ва АБ-9ро ба дигар вақт гузаронидан ё дар маркази (марказҳои) имтиҳонии дигар доир кардан мумкин аст. Дар ин бора Марказ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.

131. Даври иловагии имтиҳонҳо - қисмҳои А, Б ва АБ-9 дар марказҳои имтиҳоние гузаронида мешавад, ки Марказ онҳоро аз рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии дар заминаашон марказҳои имтиҳонӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудааст. Марҳалаи иловагии имтиҳонҳо танҳо дар шаҳри Душанбе ва дар зарурат дар минтақаҳо доир карда мешавад.

132. Ҷадвали баргузории имтиҳонҳо (марҳалаи асосӣ) - қисми В ва қисми Г-ро ҳар сол Марказ дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимии дахлдор тасдиқ менамояд.

133. Ташкил ва баргузории қисми В ба зиммаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки дар онҳо таълими ихтисосҳои дахлдор ба роҳ монда шудааст, гузошта мешавад. Қисми В дар муассисаҳои таълимии мазкур тибқи тартиби тасдиқнамудаи Марказ ва вазорату идорахои дахлдор ташкил ва баргузор мешавад.

134. Ташкил ва баргузории қисми Г ба зиммаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе гузошта мешавад. Қисми Г дар филиали мазкур тибқи тартиби тасдиқнамудаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ташкил ва баргузор мегардад.

135. Даври иловагии имтиҳонҳо - қисми В ва Г барои довталабоне, ки дар даври асосии ин имтиҳонҳо иштирок карда натавонистаанд, инчунин барои довталабоне, ки дар азнавбақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) ё бақайдгирӣ (марҳалаи иловагӣ) номнавис шудаанд, тибқи ҷадвали дар мувофиқа бо муассисаҳои таълимии дахлдор тасдиқнамудаи Марказ гузаронида мешаванд.

136. Довталабе, ки дар имтиҳон (имтиҳонҳо) (даври асосӣ) иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳоро дорад, бояд маблағи иловагии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ ариза пешниҳод намояд. Шакл ва муҳлати пешниҳоди аризаро Марказ муқаррар мекунад.

137. Дар асоси аризаи довталаб ҳолати дар имтиҳон (имтиҳонҳо) иштирок кардан ё накардани ӯ аз рӯйи протоколи (протоколҳо) рафти имтиҳон (даври асосӣ) санҷида шуда, дар сурати тасдиқи ҳолати иштирок накарданаш ба довталаб иҷозат дода мешавад, ки дар даври иловагии имтиҳонҳо иштирок кунад. Дар акси ҳол, ба ӯ барои иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳо иҷозат дода намешавад ва натиҷаи аз имтиҳон (имтиҳонҳо) (даври асосӣ) бадастовардаи ӯ боэътибор дониста мешавад.

138. Рӯйхати довталабоне, ки тибқи натиҷаи баррасии аризаҳояшон ба онҳо барои иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳо иҷозат дода мешавад, барои тасдиқ ба директори Марказ пешниҳод карда мешавад.

139. Аризае, ки пас аз муҳлати муқаррарнамудаи Марказ пешниҳод карда мешавад, баррасӣ намегардад.

140. Дар бораи натиҷаи баррасии аризааш ба довталаб тавассути телефон хабар дода мешавад. Агар ба довталаб барои иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳо иҷозат дода шуда бошад, ба ӯ дар бораи макон ва вақти баргузории имтиҳон маълумот дода мешавад.

141. Барои иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳо танҳо як маротиба иҷозат дода мешавад.

142. Таъмини бехатарӣ ва махфият ҳангоми имтиҳонҳо тибқи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи дохилии Марказ ба роҳ монда мешавад. Барои кормандоне, ки ба ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб мешаванд, риояи талаботи бехатарию махфият ҳатмӣ мебошад.

143. Барои таъмини бехатарӣ ва реҷаи воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ муассисаи муҳофизатӣ ҷалб ва кори кормандони он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Муассисаи муҳофизатӣ ва кормандони он, ки барои таъмини бехатарӣ ва реҷаи воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ ҷалб шудаанд, барои риояи талаботи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ва таъмини бехатарию реҷаи воридшавӣ дар марказҳои имтиҳонӣ масъул мебошанд.

144. Барои таъмини назорату риояи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо ва мониторинги онҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ Марказ намояндаи ваколатдорро таъйин менамояд, ки тибқи дастурамали вазифавии тасдиқнамудаи Марказ фаъолият менамояд.

145. Барои таъмини шаффофият ва назорати раванди имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода мешавад. Ҳайати комиссияи ҷамъиятиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳия, ки дар ҳудуди он маркази имтиҳонӣ амал мекунад, муайян ва тасдиқ менамояд. Комиссияи ҷамъиятӣ мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Марказ фаъолият мекунад.

146. Рӯйхати маводи зарурӣ барои раванди ташкилу баргузории имтиҳонҳо дар ҳар маркази имтиҳонӣ, ки онро Марказ барои ҳар рӯзи имтиҳон омода мекунад, аз инҳо иборат аст: 1) рӯйхати умумии довталабон (аз рӯйи тартиби алифбо); 2) рӯйхатҳои довталабон вобаста ба ҳар синфхонаи имтиҳонӣ (аз рӯйи тартиби ҷойи нишаст); 3) протоколҳои рафти имтиҳон вобаста ба ҳар синфхонаи имтиҳонӣ (бо нишон додани рақами ҷойи нишасти ҳар довталаб); 4) тасмаҳои штрихкодҳо (барои ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ 1-тасмагӣ ва 5 тасмаи эҳтиётии дигар барои ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ барои ҳолатҳои ғайричашмдошт). Маводи зарурӣ барои раванди ташкилу баргузории имтиҳонҳо дар лифофаю қуттиҳои эмин тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ бастабандӣ ва ба расмият дароварда шуда, тавассути кормандони ваколатдори Марказ ва дар сурати ба кор ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда ба воситаи кормандони ваколатдори ин муассиса ба марказҳои имтиҳонӣ интиқол дода мешавад.

147. Шахсони зерин ҳуқуқи воридшавӣ ба маркази қабули имтиҳонҳои дохилшавиро доранд: намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Марказ, роҳбар, ёвари роҳбар, маъмурони калон, маъмурони имтиҳон, бақайдгирандаҳои маркази имтиҳонӣ, довталабон, кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатӣ, аъзои комиссияи ҷамъиятӣ, кормандони ҷалбшудаи тиб, дар сурати ба кор ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда кормандони ваколатдори ин муассиса. Дар вақти имтиҳон ба шахсоне, ки ҳуқуқи воридшавиро ба маркази имтиҳонӣ доранд, мусоидат кардан ба довталабон, бо худ доштан, истифода кардан ва (ё) ба довталабон додани воситаҳои алоқа, техникаи электронии ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет), дастгоҳҳои садо ва наворбардорӣ, маводи иттилоотиву ёрирасон, навиштаҷот ва дигар воситаҳои нигоҳдорию интиқоли иттилоот ва инчунин анҷом додани амалҳое, ки хилофи талаботи тартиби баргузории имтиҳонҳо мебошанд, манъ аст. Ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ барои боздиди марказҳои имтиҳонӣ аз аккредитатсия гузаштаанд, дар маркази имтиҳонӣ то оғози имтиҳон иҷозат дода мешавад. Дар зарурат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба шахсони дигари дахлдор низ ҳуқуқи воридшавӣ ба маркази имтиҳонӣ дода мешавад.

148. Кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатӣ уҳдадоранд, ки аз ҳар гуна кӯшишҳои ба маркази имтиҳонӣ даровардан ва (ё) истифода бурдани техника, мавод ва ашёи тибқи Тартиби мазкур даровардану истифодаашон мамнӯъ пешгирӣ намоянд. Кормандони ваколатдори муассисаи муҳофизатӣ ҳар сол дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда мешаванд.

149. Воридшавии ҳар яке аз шахсони дар Тартиби мазкур пешбинишуда ба маркази имтиҳонӣ тибқи реҷаи воридшавии муқаррарнамудаи Марказ танҳо дар сурати доштани шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ додааст ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ваколатҳо сурат мегирад. Ташкил ва риояи реҷаи воридшавиро ба маркази имтиҳонӣ кормандони муассисаи муҳофизатӣ таъмин менамоянд.

150. Воридшавии шахсони бегона ба маркази имтиҳонӣ манъ аст.

151. Воридшавӣ, бақайдгирӣ ва ҷобаҷокунии довталабон дар синфхонаҳо 1,5-2 соат пеш аз саршавии имтиҳон оғоз гардида, мутобиқи қоидаҳои муайянкардаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Барои воридшавӣ ба маркази имтиҳонӣ довталаб бояд бо худ даъватнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро бо сурат, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, дошта бошад. Бақайдгирии довталабон дар маркази имтиҳонӣ тавассути сканери изи ангуштон анҷом дода мешавад.

152. Барои довталаб овардани ашёи зерин манъ аст: ҷузвдон, китоб, дафтар, ҳар намуди навиштаҳо, маводи иттилоотиву ёрирасон, телефони мобилӣ ё дигар воситаҳои алоқа, техникаи электронии ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра) ва дигар ашёе, ки бо мақсади таъмини бехатарӣ ба довталабон бо худ доштанашон манъ аст.

153. Назорати ҳаракату амалҳои довталабон ва шахсони дигар дар маркази имтиҳонӣ ба зиммаи маъмурони калон гузошта мешавад.

154. Қабулу кушодани қуттиҳои махсуси дорои маводҳои имтиҳонӣ ва тақсими лифофаҳои эмини дорои маводҳои имтиҳониро ба маъмурони имтиҳон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ роҳбари маркази имтиҳонӣ дар ҳузури намояндаи ваколатдори Марказ ва аъзои комиссияи ҷамъиятӣ анҷом медиҳад. Ҳангоми зарурат вазифаҳои роҳбари маркази имтиҳонӣ ба зиммаи ёвари ӯ гузошта мешавад.

155. Раванди имтиҳонро дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ шахсони масъул тавассути воситаҳои назорати видеоӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ сабт ва мушоҳида менамоянд. Тартиби мазкур инчунин масъалаҳои марбут ба истифодаи сабти видеоӣ ва муҳлати нигоҳдории сабти видеоии имтиҳонро, ки дар зарурат бар асоси он дар бораи манъ кардани имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ ё синфхонаҳои алоҳидаи он, хориҷ кардани довталаб аз имтиҳон, аз эътибор соқит кардани натиҷаҳои имтиҳон ва ғайра Марказ қарор қабул кардааст, ба танзим медарорад.

156. Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани назорати видеоии раванди имтиҳонҳо, инчунин ҷамъоварӣ ва дар Марказ нигоҳдорӣ кардани сабтҳои видеоии ин раванд дар марказҳои имтиҳонӣ аз системаҳои идораи назорати видеоии худи Марказ истифода карда мешавад. Вобаста аз шумораи марказҳои имтиҳонӣ Марказ бояд системаҳои идораи назорати видеоиро бо шумораи зарурӣ дошта бошад.

157. Барои таъмини шаффофияти раванди имтиҳон дар маркази имтиҳонӣ дар макони махсуси ҷудошуда назорати раванди имтиҳон дар синфхонаҳои имтиҳонӣ тавассути мониторҳое, ки ба камераҳои назоратӣ пайваст карда шудаанд, ташкил карда мешавад. Масъулият барои омода намудани чунин маконҳо ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии дар заминаашон марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудааст, гузошта мешавад. Ба падару модарон ва шахсони дигари довталабонро то маркази имтиҳонӣ ҳамроҳикунанда, барои назорати раванди имтиҳон дар синфхонаҳои имтиҳонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ иҷозат дода мешавад.

158. Масъулият барои назорати раванди имтиҳон дар якчанд синфхонаи вобасташуда ба зиммаи маъмури калон ва масъулият барои ташкилу баргузории имтиҳон дар синфхонаи имтиҳонӣ ба зиммаи маъмури имтиҳон гузошта мешавад, ки тибқи Тартиби мазкур ва дастурамалҳои тасдиқнамудаи Марказ амал менамоянд. Маъмури имтиҳон инчунин барои иҷрои талаботи тартиби муқарраргардида дар рафти имтиҳонҳо ва таъмини махфияти маводҳои имтиҳонӣ масъул аст.

159. Раванди воридшавии довталабон ба синфхонаи имтиҳониро маъмури имтиҳон ба роҳ мемонад. ӯ довталабонро барои ба синфхонаи имтиҳонӣ воридшавӣ якнафарӣ иҷозат дода, мувофиқати маълумоти даъватнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташонро бо маълумоти протоколи рафти имтиҳон месанҷад, инчунин иҷрои талаботи банди 152 Тартиби мазкурро назорат менамояд. Дар вақти имтиҳон даъватнома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти довталаб дар болои мизаш гузошта мешавад.

160. Маъмури имтиҳон уҳдадор аст, ки дуруст ҷобаҷошинонии довталабон дар синфхона, часпонидани штрих-коди дорои рақами мувофиқ дар ҳар як варақаи ҷавобҳо ва ба ҳар як довталаб дуруст тақсим кардани маводи имтиҳониро тибқи тартиби дар протоколи рафти имтиҳон нишондодашуда таъмин намояд. Маъмури имтиҳон уҳдадор аст, ки дар сурати вайрон шудани қоида ё талаботи муқарраргардидаи тартиби баргузории имтиҳонҳо дар протоколи рафти имтиҳон қайдҳои дахлдорро дарҷ намояд.

161. Маъмури имтиҳон то оғози имтиҳон ба довталабон дар бораи тартиби баргузории имтиҳонҳо, қоидаҳои пур кардани варақаи ҷавобҳо, вақти ҷудошуда барои имтиҳон, тартиби пешниҳод ва баррасии аризаи апеллятсионӣ, ҳолатҳое, ки довталаб аз имтиҳон хориҷ карда мешавад ва огоҳ шудан аз натиҷаҳои имтиҳонҳо дастур (маълумот) медиҳад. Дастури иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ ва қоидаҳои пур кардани варақаҳои ҷавобҳоро, ки риояи онҳо барои ҳар як довталаб ҳатмист, Марказ тасдиқ менамояд. Мухтасари дастури иҷрои тест ва қоидаҳои пур кардани варақаҳои ҷавобҳо дар китобчаи тест низ дода мешавад.

162. Лифофаи эмини дорои маводҳои имтиҳониро довталабе мекушояд, ки рақами ҷойи нишасти ӯро довталаби дигари интихобкардаи маъмури имтиҳон тасодуфӣ пешниҳод кардааст. Маъмури имтиҳон бахши дахлдори протоколи рафти имтиҳонро пур карда, маводи имтиҳониро ба довталабон тақсим менамояд. Раванди мазкур дар дастурамал барои маъмури имтиҳон, ки онро Марказ тасдиқ менамояд, бояд муфассал баён гардад. Лифофаи эмини дорои маводҳои имтиҳониро кушодани маъмури имтиҳон ва (ё) боз кардани лифофа берун аз синфхонаи имтиҳонӣ манъ аст.

163. Довталабе, ки пас аз дастурдиҳӣ дар имтиҳон ҳозир гардида, хаттӣ розӣ шудааст, ки имтиҳонро бе шунидани дастур супорад, ба имтиҳонсупорӣ бе дастурдиҳӣ (маълумотгирӣ) роҳ дода мешавад.

164. Пас аз гирифтани варақаи ҷавобҳо ва китобчаи тестӣ довталаб уҳдадор аст, ки мавҷуд будани ҳамаи саҳифаҳои китобчаи тестӣ, мувофиқати рақами варианти китобчаи тестияш бо рақами тартибии штрих-коди варақаи ҷавобҳо ва ҷойи нишасташро бисанҷад.

165. Агар довталаб дар китобчаи тестӣ ва (ё) варақаи ҷавобҳо хатои техникӣ (мавҷуд набудани саҳифаҳо, чопи норавшан ва ғайра)ро ошкор кунад, маъмури имтиҳон ба довталаб китобчаи тестӣ ва (ё) варақаи ҷавобҳои ҳар довталаберо, ки дар имтиҳон ҳузур надорад, медиҳад ва дар ин бора ҳатман дар протоколи рафти имтиҳон қайд мекунад. Дар сурати имконнопазир будани иваз кардани китобчаи тестӣ, ба довталаби мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки онҳоро роҳбари маркази имтиҳонӣ, намояндаи ваколатдори Марказ, маъмури имтиҳон ва дигар шахсони дахлдор таҳия ва имзо мекунанд, ҳуқуқи имтиҳонсупорӣ дар даври иловагии имтиҳонҳо дода мешавад.

166. Вақти оғоз ва анҷоми имтиҳонро маъмури имтиҳон эълон карда, дар тахтаи синфхона менависад.

167. Дар вақти имтиҳон барои довталабон манъ аст:

- гуфтугӯ ва (ё) ёрӣ додан ба ҳамдигар дар иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ;

- иваз кардани ҷойҳо ва (ё) китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва ҳар гуна навиштаҳо бо ҳамдигар;

- рафтуомад дар синфхона ва (ё) бе иҷозати маъмури имтиҳон берун баромадан аз он;

- истифода аз маводи иттилоотиву ёрирасон;

- бо худ доштан ва истифода аз воситаҳои алоқа (телефони мобилӣ) ва дигар техникаи электронии ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет), моеъ барои ислоҳкунии ғалатҳо ва ғайра;

- анҷом додани ҳар амали дигаре, ки хилофи талаботи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон аст.

168. Довталабон уҳдадоранд, ки дар вақти имтиҳон қоидаҳои муқарраргардидаро риоя ва дастурҳои маъмури имтиҳонро иҷро кунанд. Саволу масъалаҳои тестиро мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида, ки ҳангоми коркарди корҳои имтиҳонии довталабон низ он қатъиян бояд риоя карда шавад, иҷро намоянд. Довталаб аз лаҳзаи варақаи ҷавобҳоро гирифтан то супориданаш ба маъмури имтиҳон онро бе нуқсон бояд нигоҳ дорад.

169. Довталаб барои пур кардани варақаи ҷавобҳо шахсан масъул аст. Даъвои довталабе, ки дар ин варақа ҷавобҳоро қайд накардааст, нодуруст ё қисман қайд кардааст ва (ё) ҷавобҳоро нодуруст навиштааст, баррасӣ карда намешавад. Дар сурати варақаи ҷавобҳоро хато пур кардани довталаб ба ӯ варақаи нави ҷавобҳо дода намешавад.

170. Агар довталаби дар имтиҳон (даври асосӣ) иштироккунанда бо сабаби воқеӣ (объективӣ) иҷрои саволу масъалаҳои тестиро ба охир расонида натавонад, ҳуқуқ дорад, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ синфхонаро тарк намояд. Ба довталаби мазкур дар асоси ҳуҷҷатҳои дахлдор, ки онҳоро роҳбари маркази имтиҳонӣ, намояндаи ваколатдори Марказ, маъмури имтиҳон ва дигар шахсони дахлдор таҳия ва имзо мекунанд, ҳуқуқи имтиҳонсупорӣ дар даври иловагии имтиҳонҳо дода мешавад ва кори имтиҳонии қаблии ӯ аз эътибор соқит дониста мешавад.

171. Дар сурати муқаррар шудани ҳолате, ки довталаб ашё ва маводи мамнӯъ, воситаҳои алоқа ва (ё) дигар техникаи электронии ҳисоббарор дошт ва (ё) аз он истифода кард ва (ё) амали дигареро анҷом дод, ки тартиби баргузории имтиҳонҳоро вайрон менамояд, маъмури имтиҳон дар бораи хориҷкунии довталаб аз имтиҳон санад тартиб дода, ба имзо мерасонад ва довталаби мазкурро аз синфхона берун менамояд. Кори имтиҳонии ин довталаб аз эътибор соқит дониста мешавад.

172. Дар сурати муқаррар шудани ҳолатҳои тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳоро вайрон кардани довталабон ё дигар шахсони дар банди 147 Тартиби мазкур номбаршуда комиссияи апеллятсионии Марказ ҳуқуқ дорад, ки дар асоси протокол ва хулосаю маводи пешниҳодкардаи комиссияи кории апеллятсионии дахлдор ва сабти видеоӣ дар бораи аз эътибор соқит кардани натиҷаҳои имтиҳони ҳамаи довталабони маркази имтиҳонӣ ё синфхонаҳои алоҳида ё довталаби (довталабони) алоҳидаи он қарор қабул намояд.

173. Маъмури имтиҳон довталабонро 60, 30, 20, 10 ва 5 дақиқа пеш аз тамомшавии вақти боқимондаи барои иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ ҷудошуда огоҳ менамояд. Дар синфхонаи имтиҳонӣ бояд ҳамзамон на кам аз 3 (се) довталаб ҳузур дошта бошанд.

174. Пас аз анҷоми вақти ҷудошуда барои иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ маъмури имтиҳон варақаҳои ҷавобҳоро аз довталабон ҷамъ карда мегирад. Китобчаи тестӣ, ки дар оғози имтиҳон ба ҳар як довталаб дода мешавад, дар дасти довталаб нигоҳ дошта мешавад. Маъмури имтиҳон дар ҳузури на кам аз 3 (се) довталаб протоколи рафти имтиҳонро пур мекунад ва маъмури имтиҳону 3 (се) довталаби дар синфхона ҳузурдошта дар он имзо мегузоранд. Маъмури имтиҳон варақаҳои ҷавобҳои ҷамъкардаро бо протоколи рафти имтиҳон дохили лифофаи эмин гузошта, онро маҳкам карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Лифофаҳои эмини басташударо роҳбари маркази имтиҳонӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ дар ҳузури намояндаи ваколатдори Марказ аз ҳар як маъмури имтиҳон қабул карда, дохили қуттиҳо мегузорад, ки онҳо бо тамғаҳои махсуси рақамгузоришуда баста мешаванд. Қуттиҳои мазкур мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Марказ тавассути кормандони ваколатдори он ва дар сурати ба кор ҷалб шудани муассисаи интиқолдиҳанда ба воситаи кормандони ваколатдори ин муассиса ба Марказ оварда мешаванд.

175. Довталаб пеш аз супоридани варақаи ҷавобҳо ба маъмури имтиҳон бояд дар паси варақаи ҷавобҳо ҷумлаи "Бо тартиби гузаронидани имтиҳон шинос шудам."-ро навишта, имзо гузорад. Инчунин ҳангоми супоридани варақаи ҷавобҳо дар протоколи рафти имтиҳон дар рӯ ба рӯи ному насаби худ имзо мегузорад.

176. Довталабе, ки иҷрои саволу масъалаҳои тестиро пеш аз итмоми вақт ба охир мерасонад, танҳо пас аз гузаштани 60 фоиз аз вақти барои имтиҳон ҷудошуда варақаҳои ҷавобҳои худро ба маъмури имтиҳон супорида, маркази имтиҳониро тарк карда метавонад.

177. Барои довталабони имкониятҳои ҷисмонияшон маҳдуд дар марказҳои имтиҳонӣ бо назардошти талаботи муқарраргардида ва хусусиятҳои ҷисмонӣ, имкониятҳои инфиродӣ ва вазъи саломатии онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

178. Шароити дар имтиҳон зарурӣ барои довталаби имкониятҳои ҷисмонияш маҳдуд дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳодкардааш, ки онро дар бораи маъюбии ӯ мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, муҳайё карда мешавад.

179. Довталабони имкониятҳои ҷисмонияшон маҳдуд дар раванди супоридани имтиҳон метавонанд аз воситаҳои техникии барои онҳо зарур истифода намоянд.

180. Дар зарурат, ҳангоми имтиҳон маъмури дуюми имтиҳон метавонад ба довталаби имкониятҳои ҷисмонияш маҳдуд ёрии лозимӣ расонад, аз ҷумла:

- мусоидат барои ҳаракат кардан дар дохили синфхона ва маркази имтиҳонӣ;

- ёрӣ барои дуруст шинонидани довталаб ва ба дасти ӯ додани ручка;

- даъват кардани кормандони тиб;

- расонидани ёрии аввалияи тиббӣ;

- хондани саволу масъалаҳои тестӣ бо овози баланд.

181. Барои довталабони нобино:

- дар маркази имтиҳонӣ, дар ошёнаи якум барои ҳар яке аз чунин довталабон синфхонаи имтиҳонии алоҳида ҷудо карда мешавад, ки дар он барои имтиҳонсупории як довталаб ду маъмури имтиҳон (маъмури якум барои идораи имтиҳон ва маъмури дуюм барои бо овози баланд хондани саволу масъалаҳои тестӣ ва қайди ҷавобҳои пешниҳодкардаи довталаб дар варақаи ҷавобҳо) таъйин карда мешаванд;

- ҳар яке аз ин довталабонро баъди аз қайд гузаштанашон дар маркази имтиҳонӣ маъмури калон то синфхонаи имтиҳонии барояшон пешбинишуда роҳбаладӣ мекунад;

- маъмури дуюми имтиҳон ҳар яке аз ин довталабонро то ҷойи тибқи рӯйхати протоколи рафти имтиҳон муқарраршуда роҳбаладӣ менамояд;

- лифофаи эмини дорои маводҳои имтиҳонӣ барои ҳар яке аз чунин довталабон дар ҳузури яке аз аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ё намояндаи ваколатдори Марказ кушода ва маҳкам карда мешавад;

- маъмури дуюми имтиҳон, ки бо довталаби нобино дар паси як миз менишинад, барои ӯ бо овози баланд саволу масъалаҳои тестиро мехонад ва ҷавоби ӯро дар ҳузури маъмури якуми имтиҳон ва яке аз аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ё намояндаи ваколатдори Марказ дар варақаи ҷавобҳо ишора менамояд;

- пас аз саволу масъалаҳои тестиро иҷро кардани довталаби мазкур маъмури дуюми имтиҳон саволу масъалаҳои тестӣ ва ҷавобҳои пешниҳодкардаи довталабро барои бовар ҳосил кардан ба ин ки ҳамаи ҷавобҳо ба варақаи ҷавобҳо гузаронида шудаанд, бо овози баланд мехонад;

- пас аз анҷоми вақти саволу масъалаҳои тестӣ маъмури якуми имтиҳон варақаи ҷавобҳоро аз довталаб мегирад. Маъмури якуми имтиҳон дар ҳузури маъмури дуюми имтиҳон ва яке аз аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ё намояндаи ваколатдори Марказ протоколи рафти имтиҳонро пур мекунад ва ҳар ду маъмури имтиҳон ва яке аз аъзои комиссияи ҷамъиятӣ ё намояндаи ваколатдори Марказ онро имзо мегузоранд. Маъмури якум варақаи ҷавобҳоро бо протоколи рафти имтиҳон дохили лифофаи эмин гузошта, онро маҳкам менамояд ва ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад.

182. Барои довталабони биноияшон суст:

- агар довталаби биноияш суст бо истифода аз заррабин ё дастгоҳи дигари калонкунанда саволу масъалаҳои тестиро хонда, ҷавобҳоро дар варақаи ҷавобҳо қайд карда тавонад, ӯ имтиҳонро тибқи тартиби умумӣ месупорад;

- агар довталаби биноияш суст мустақилона амал карда натавонад (саволу масъалаҳои тестиро хонда, ҷавобҳоро дар варақаи ҷавобҳо қайд карда натавонад ва ғайра), ӯ имтиҳонро тибқи муқаррароти банди 181 Тартиби мазкур месупорад.

183. Барои довталабони ношунаво ва шунавоияшон суст:

- ҳар яке аз довталабони мазкур ҳуқуқи бо дастгоҳи махсуси шунавоӣ ба маркази имтиҳонӣ ворид шуданро доранд. Марказ рӯйхати довталабони мазкурро ба маркази имтиҳонии дахлдор мефиристад ва роҳбари он кормандони бехатариро дар бораи ин довталабон огоҳ менамояд.;

- пас аз қайд гузаштан дар маркази имтиҳонӣ ҳар яке аз довталабони мазкурро маъмури калон то синфхонаи имтиҳонӣ роҳбаладӣ мекунад;

- маъмури имтиҳон ба ҳар яке аз довталабони мазкур мувофиқи рӯйхати протоколи рафти имтиҳон ҷойи нишасташонро нишон медиҳад;

- довталабони мазкур имтиҳонро тибқи тартиби умумӣ месупоранд;

- дар зарурат (ҳангоми ёрӣ барои муошират бо кормандони маркази имтиҳонӣ, дар вақти дастурдиҳӣ ва ғайра) барои чунин довталабон Марказ мутарҷими забони имову ишора (сурдо-тарҷумон)ро таъмин менамояд.

184. Барои довталабоне, ки узви такягоҳу ҳаракаташон осеб дорад:

- дар маркази имтиҳонӣ, дар ошёнаи якум барои ҳар яке аз чунин довталабон синфхонаи имтиҳонии алоҳида ҷудо карда мешавад, ки ба он тавассути аробачаи маъюбӣ ё василаи дигари ҳаракат ворид шудан мумкин аст;

- пас аз қайд гузаштани чунин довталабон дар маркази имтиҳонӣ маъмури калон онҳоро то синфхонаи имтиҳонӣ роҳбаладӣ мекунад;

- маъмури имтиҳон ҳар яке аз чунин довталабонро то ҷойи тибқи рӯйхати протоколи рафти имтиҳон муқарраршуда роҳбаладӣ менамояд;

- ҳар яке аз чунин довталабон имтиҳонро тибқи тартиби умумӣ месупоранд;

-) дар зарурат барои ёрӣ додан ба довталаб (дуруст шинонидан, ба даст гирифтани ручка ва ғайра) дар синфхонаи имтиҳонии дахлдор ҳузури маъмури дуюми имтиҳон иҷозат дода мешавад.

185. Пас аз имтиҳон ҷавобҳои дурусти (калидҳои) саволу масъалаҳои тестӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ дар сомонаи расмии Марказ ҷойгир карда мешаванд.

10. КОРКАРДИ МАВОД ВА КОРҲОИ ИМТИҲОНӢ, САНҶИШ ВА БАҲОГУЗОРӢЌ

186. Лифофаҳои эмини дорои маводҳои имтиҳониро шахсони ваколатдори Марказ мутобиқи санадҳои танзимкунандаи дохилии он қабул менамоянд.

187. Раванди коркарди мавод ва корҳои имтиҳонӣ - варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон ва протоколҳои рафти имтиҳонҳо бо назардошти риояи талаботи бехатарӣ ва махфият бо тартиби тасдиқнамудаи Марказ ба танзим дароварда мешавад.

188. Коркарди мавод ва корҳои имтиҳонӣ аз инҳо иборат аст:

- эътиборсанҷии (валидатсияи) протоколҳои рафти имтиҳонҳо ва варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон;

- сканеркунии варақаҳои ҷавобҳои пуркардаи довталабон;

- шинохти барномавии иттилооти дар варақаҳои ҷавобҳо дарҷкардаи довталабон;

- бозбинӣ (верификатсия) - тасдиқи мувофиқати иттилооти шинохташуда бо иттилооти аслии дар варақаҳои ҷавобҳо дарҷкардаи довталабон;

- бойгонисозии иттилооти шинохташудаи варақаҳои ҷавобҳо.

189. Корҳои имтиҳонии довталабони дар ҳолатҳои тибқи Тартиби мазкур пешбинишуда аз имтиҳон хориҷгардида ё бо сабаби воқеӣ (объективӣ) иҷрои саволу масъалаҳои тестро ба охир расонида натавониста, корҳояшон аз эътибор соқит карда шудааст, мавриди коркарду санҷиш қарор дода намешаванд.

190. Қайду навиштаҳои довталаб дар сиёҳнавис ва китобчаҳои тест ба назар гирифта намешаванд ва бояд коркарду санҷиш нашаванд.

191. Амалиёти эътиборсанҷӣ (валидатсия), сканеркунӣ, шинохти барномавии корҳои имтиҳонии сканершудаи довталабон, бозбинӣ, бойгонисозӣ, санҷидан ва баҳогузории корҳои имтиҳонии довталабон дар бинои Марказ дар ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳазгардидаи дастрасияш маҳдуд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ анҷом дода мешавад.

192. Дар ҷойи эътиборсанҷӣ "Мизи махсус барои ҳалли мушкилоти ғайричашмдошт" гузошта мешавад. Мизи махсус дар қисмати кории эътиборсанҷон бо мақсади муайян кардани мувофиқати корҳои имтиҳонии довталабон бо протоколҳои рафти имтиҳонҳо ҷой дода мешавад. Ҳалли мушкилоти ғайричашмдоштро комиссияи махсус тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ амалӣ мекунад.

193. Мувофиқи маълумоти дар натиҷаи коркарди корҳои имтиҳонӣ - варақаҳои ҷавобҳои довталабон бадастомада ва меъёрҳои баҳогузории саволу масъалаҳои тестӣ бо истифода аз алгоритм ва барномаи компютерии дахлдор шумораи холҳои бадастовардаи ҳар як довталаб аз ҳар субтести алоҳида ҳисоб карда мешавад.

194. Холҳои бадастовардаи довталабон барои ба балҳо гардонидани онҳо пас аз коркарди ниҳоии корҳои имтиҳонӣ варақаҳои ҷавобҳо миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) карда мешавад.

195. Барои миқёсгузории холҳои бадастовардаи довталабон низоми балгузорӣ истифода мешавад. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳамаи субтестҳои қисми А - 200, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б 300 ва куллан аз субтестҳои қисмҳои А ва Б 500 аст. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо аз ҳамаи субтестҳои қисми АБ-9 300 аст.

196. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳоро барои ҳар субтести қисми А, қисми Б, қисми АБ-9 ва барои қисми В, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор мегузаронанд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо барои ҳар як субтести қисми Б вобаста аз фанни имтиҳонии асосии ихтисос дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо муқаррар карда мешавад.

197. Вобаста аз балҳои имтиёзу коэффитсиентҳои муқарраргардида (агар довталаб ба гирифтани чунин имтиёз ҳуқуқ дошта бошад) шумораи умумии имконпазири ҳадди аксари балҳо метавонад зиёд шавад.

198. Миқёсгузории натиҷаҳои бадастовардаи довталабон аз қисмҳои А, Б ва АБ-9 тибқи алгоритми таҳиякардаи Марказ анҷом дода мешавад.

199. Корҳои имтиҳонии довталабон, протоколҳои рафти имтиҳонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки коркард шудаанд, бо назардошти риояи талаботи бехатарӣ ва махфият дар бойгонии Марказ дар давоми 4 (чор) сол нигоҳ дошта шуда, баъд аз гузаштани ин муҳлат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ нобуд карда мешаванд.

200. Барои роҳ ёфтан ба тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:

- қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- қисми АБ-9-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми АБ-9 холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- қисмҳои АБ-9 ва В-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми АБ-9 ва аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;

- қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б, инчунин аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шавад.

201. Холҳои гузаришро барои ҳар субтести қисмҳои А, Б ва АБ-9 дар доираи гурӯҳи ихтисосҳо ҳар сол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Роҳ ёфтан ба тақсимот маънои донишҷӯй шудани довталаб ё гузаштани ӯро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад. Аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш гузаштан ё нагузаштани довталабро танҳо натиҷаҳои тақсимот муайян мекунад.

202. Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А ва (ё) қисми Б ё қисми АБ-9 соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ин қисмҳоро талаб мекунанд, надоранд. Инчунин, агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисмҳои дигари дахлдор супоридани қисми В ё қисми Г-ро талаб кунаду довталаб аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту вале аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б ё АБ-9 холҳои гузаришро соҳиб гардидааст, ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани қисмҳои А ва Б ё қисми АБ-9-ро талаб мекунанд.

203. Довталабе, ки хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ буда, ба ӯ бинобар нагузаштанаш аз аттестатсияи хатм/ҷамъбастӣ ҳуҷҷат дар бораи гирифтани зинаи дахлдори таҳсилот дода намешавад, бояд дар ин хусус то оғози имтиҳонҳои даври асосӣ ба Марказ хабар диҳад. Ин довталаб ба тақсимот аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ намеёбад.

204. Ба довталабоне, ки мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба гирифтани имтиёз ҳуқуқ доранд, баъди ба даст овардани холҳои гузариш аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисмҳои А ва Б ё қисми АБ-9, инчунин аз қисми В ва (ё) қисми Г (дар сурати супоридани чунин имтиҳон) тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

205. Марказ рӯйхатҳои довталабонеро, ки барои гирифтани имтиёзҳо ҳуҷҷат пешниҳод кардаанд, вобаста аз мансубияташон ба гурӯҳи имтиёздорон барои тасдиқ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба гурӯҳи шахсони барои гирифтани имтиёз ҳуқуқдошта мансуб будан ё набудани ҳар як довталаби дар рӯйхат пешниҳодшударо дар муддати 10 (даҳ) рӯз тасдиқ мекунад.

206. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани имтиёзҳо ба довталабони дахлдор феҳристҳои зеринро тасдиқ менамояд:

- ихтисосҳо ва фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки аз рӯйи онҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад;

- ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи фарҳангу санъат ба онҳо мувофиқат карда, аз рӯйи ин дастовардҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад;

- ихтисосҳое, ки дастовардҳои довталабон дар соҳаи варзиш ба онҳо мувофиқат карда, аз рӯйи ин дастовардҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

207. Вобаста аз нишондиҳандаи таъминоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо табибон ва кормандони миёнаи тиб ҳар сол ба шаҳру ноҳияҳои дахлдор коэффитсиентҳо муқаррар карда мешавад, ки ҳангоми қабул ба ҷойҳои буҷетии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон" ва ҷойҳои буҷетии ихтисоси "Кори момодоягӣ"-и муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тиббӣ татбиқ мегардад.

208. Коэффитсиент ба бали аз қисми Б бадастовардаи довталабе илова карда мешавад, ки хатмкунанда ё хатмкардаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбии шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда буда, дар ҳамин шаҳр ё ноҳия истиқомат дорад. Агар довталаб муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбиро дар як шаҳр ё ноҳияи ба он коэффитсиент муқарраршуда хатм карда бошаду сокини шаҳр ё ноҳияи дигари ба он низ коэффитсиент муқарраршуда бошад, ба бали аз қисми Б бадастовардаи ӯ коэффитсиенти муқарраршудаи шаҳр ё ноҳияе, ки ӯ дар он истиқомат мекунад, илова карда мешавад.

209. Коэффитсиент ба бали аз қисми Б бадастовардаи довталаб тибқи тартиби муқарраргардида баъди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро бомуваффақият супурданаш (танҳо дар сурати аз ҳамаи субтестҳои қисмҳои А ва Б холҳои гузаришро соҳиб шудани довталаб) илова карда мешавад.

210. Агар довталаб ҳуқуқи соҳиб гаштанро ба коэффитсиенти муқарраргардида ва ҳам бали имтиёзӣ дошта бошад, дар сурати зиёд будани бали имтиёзияш аз бали коэффитсиент ба бали бадастовардааш бали имтиёзӣ ва дар акси ҳол, бали коэффитсиент илова карда мешавад.

211. Барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо табибон барои 10000 нафар аҳолӣ аз 6 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,15, аз 6 то 9 нафар - коэффитсиенти 1,1 ва аз 9 то 11 нафар коэффитсиенти 1,05 муқаррар мешавад. Барои шаҳру ноҳияҳое, ки дар онҳо нишондиҳандаи таъминот бо кормандони миёнаи тиб мутахассисон аз рӯйи ихтисоси "Кори момодоягӣ" барои 10000 нафар аҳолӣ аз 4 нафар кам аст, коэффитсиенти 1,15, аз 4 то 6 нафар коэффитсиенти 1,1 ва аз 6 то 8 нафар коэффитсиенти 1,05 муқаррар мешавад.

212. Вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру ноҳияҳои дахлдор ва коэффитсиентҳои онҳоро ҳар сол на дертар аз 4 (чор) моҳ пеш аз оғози имтиҳонҳо муайян мекунад. Рӯйхати ин шаҳру ноҳияҳо ба Марказ пешниҳод карда мешавад.

213. Санҷишу баҳогузории натиҷаҳо аз қисми В тибқи тартиби муқаррарнамудаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор анҷом дода мешавад.

214. Холҳои гузаришро аз қисми В, новобаста аз шумораи санҷишҳо, барои ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

215. Холҳои аз қисми В бадастовардаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои супоридани ин қисмро талабкунанда ва муассисаҳои таълимӣ, тавассути низоми балгузории муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миқёсгузорӣ карда мешаванд.

216. Натиҷаҳоро аз рӯйи қисми В дар шакли муқаррарнамудаи Марказ комиссияҳои имтиҳонии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор дар муҳлати мувофиқашуда ба Марказ пешниҳод менамоянд.

217. Санҷишу баҳогузории натиҷаҳо аз рӯйи қисми Г тибқи тартиби муқаррарнамудаи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар ҳамин филиал анҷом дода мешавад.

218. Холҳои гузаришро аз қисми Г филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе муқаррар менамояд.

219. Холҳои аз қисми Г бадастовардаи довталабон тавассути низоми 500-балӣ миқёсгузорӣ карда мешаванд.

220. Натиҷаҳоро аз рӯйи қисми Г дар шакли муқаррарнамудаи Марказ филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе дар муҳлати мувофиқашуда ба Марказ пешниҳод менамояд.

11. НАТИҶАҲОИ ИШТИРОКИ ДОВТАЛАБОН ДАР ИМТИҲОНҲО ВА АПЕЛЛЯТСИЯ

221. Пас аз анҷоми раванди коркард, баҳогузорӣ ва миқёсгузории (шкалабандии) натиҷаҳои дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бадастовардаи довталабон ҳар як довталаб дар бораи шумораи хол ва балҳои бадастовардааш, инчунин дар бораи ба тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтанаш хабардор карда мешавад. Барои шинос намудани довталабон бо маълумот дар бораи шумораи хол ва балҳои бадастовардаашон, инчунин дар бораи ба тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтанашон Марказ аз хизматрасониҳои коммуникатсионӣ (интернет ва алоқаи мобилӣ) истифода мебарад. Маълумоти мазкурро довталаб аз яке аз шуъбаҳои минтақавии Марказ низ дастрас карда метавонад. Санаи эълони ин натиҷаҳоро Марказ муқаррар менамояд.

222. Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва махфияти маълумоти инфиродии довталабон дар бораи шумораи хол ва балҳои бадастовардаи онҳо, инчунин дар бораи ба тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтанашон ба ҳар як довталаб маълумот алоҳида расонида мешавад. Ин натиҷаҳо дар ҳуҷраи инфиродии довталаб ҷойгир ва тавассути хизматрасонии паёмҳои кӯтоҳ ба телефони мобилияш фиристода мешавад. Дастрасӣ ба ҳуҷраи инфиродӣ тавассути ворид намудани номи корбар ва рамз мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад.

223. Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои довталабон барои арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидан ё натиҷаҳои имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи дар шакли хаттӣ додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва (ё) норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дода мешавад.

224. Довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон дар рӯзи имтиҳон ва (ё) дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар давоми то 3 (се) рӯз пас аз эълони натиҷаҳои иштироки довталабон дар имтиҳонҳо аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд.

225. Марказ оид ба тартиб ва макони қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон 1 (як) ҳафта пеш аз оғози имтиҳонҳо ва оид ба тартиб ва макони қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда 1 (як) ҳафта пеш аз эълони натиҷаҳои иштироки довталабон дар имтиҳонҳо маълумот медиҳад.

226. Барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб дар доираи қисмҳои А, Б ва АБ-9 комиссияи апеллятсионӣ ташкил карда мешавад, ки ҳайати он бо фармоиши директори Марказ тасдиқ мегардад. Фаъолияти комиссияи апеллятсионӣ мутобиқи низомномаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад, ки дар он мақсад, ҳуқуқ ва вазифаҳои комиссияи апеллятсионӣ муайян мегардад.

227. Баррасии апеллятсия маънои дар ин раванд аз нав имтиҳон супориданро надошта, дар рафти он танҳо риояи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва (ё) дурустии холҳое, ки ба довталаб гузошта шудааст, санҷида мешавад.

228. Комиссияи апеллятсиониро раиси он роҳбарӣ менамояд. Раиси комиссия вазифаҳоро байни аъзои комиссия муайян карда, кори онро тибқи талаботи Низомномаи мазкур таъмин менамояд.

229. Дар набудани раиси комиссияи апеллятсионӣ вазифаҳои ба ӯ мансубро муовини раис иҷро мекунад.

230. Дар раванди баррасии аризаи апеллятсионӣ комиссияи апеллятсионӣ ҳуқуқ дорад, ки ҳуҷҷату маълумоти зарурӣ, аз ҷумла, варақаҳои ҷавобҳою протоколҳои рафти имтиҳон, маълумот дар бораи шахсони дар вақти баргузории имтиҳонҳо ҳузурдошта, дар бораи риояи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон ва инчунин маводи дахлдор ва сабти видеоии имтиҳонро, ки аз маркази имтиҳонӣ пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, шахсони дахлдорро барои гирифтани маълумоти зарурӣ дар бораи масъалаҳои ҷойдошта даъват намояд.

231. Аз рӯйи натиҷаи баррасии аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо ё норозӣ будан аз холҳои гузошташуда комиссияи апеллятсионӣ метавонад, ки яке аз қарорҳои зеринро мувофиқан қабул намояд:

- рад кардани аризаи апеллятсионӣ ва боэътибор донистани кори имтиҳонии довталаб;

- қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ ва аз эътибор соқит кардани кори имтиҳонии довталаб (дар ин сурат ба довталаб барои иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳо иҷозат дода мешавад); 

- рад кардани аризаи апеллятсионӣ ва бетағйир мондани холҳои ба довталаб гузошташуда; 

- қонеъ гардонидани аризаи апеллятсионӣ ва ба довталаб гузоштани холҳои дигар.

232. Кори комиссияи апеллятсионӣ бо протоколҳо, ки онҳоро раис ва тамоми аъзои комиссия имзо мекунанд, ба расмият дароварда мешавад. Шакли аризаҳои апеллятсионӣ ва проктоколҳоро Марказ муқаррар менамояд.

233. Ҳуҷҷатҳои ҳисоботашон қатъии кори комиссияи апеллятсионӣ, ки онҳоро комиссия мураттаб ё ҷамъоварӣ мекунад, дар бойгонии Марказ давоми як сол нигоҳдорӣ шуда, баъди он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ нобуд карда мешаванд.

234. Комиссияи апеллятсионӣ дар давоми то 7 (ҳафт) рӯз натиҷаҳои баррасии аризаҳоро ба довталабони бо ариза муроҷиат карда пешниҳод менамояд.

235. Апеллятсияро вобаста ба масъалаҳои қисми В комиссияи апеллятсионии муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин муассисаи таълимӣ ва вобаста ба масъалаҳои қисми Г комиссияи апеллятсионии филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқаррарнамудаи ин филиал баррасӣ мекунад.

12. ТАҚСИМОТИ ДОВТАЛАБОН АЗ РӯЙИ КОМБИНАТСИЯҲОИ ИХТИСОСҲОИ ИНТИХОБКАРДА

236. Тақсимоти довталабонро Марказ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои аз қисмҳои дахлдор бадастовардаашон бо назардошти натиҷаҳои апеллятсия дар доираи шумораи ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ҷудо гардидааст, мегузаронад.

237. Тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии "Довталаб" дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимот - комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон ба ҳар яке аз довталабон дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ расонида мешавад.

238. Вобаста аз намуди ихтисосҳо тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон дар асоси балҳои умумии зерин анҷом дода мешавад:

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва Б, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз ё коэффитсиент (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва Б-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи бали аз қисми АБ-9 ва бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани қисми АБ-9-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А ва В-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои АБ-9 ва В, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои АБ-9 ва В-ро талаб мекунанд;

- бали умумие, ки аз ҷамъи балҳои аз қисмҳои А, Б ва Г, инчунин бали аз ҳисоби имтиёз (дар сурати доштани чунин имтиёз) бадастовардаи довталаб ҳосил шудааст - барои ихтисосҳое, ки супоридани қисмҳои А, Б ва Г-ро талаб мекунанд.

239. Тақсимоти довталаб аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш мувофиқи бартарии интихоб ва ҷойи довталаб дар рӯйхати тибқи балҳои умумии дахлдори бадастовардаи довталабон мураттабшуда, ки барои ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои мазкур тартиб дода шудааст, анҷом дода мешавад.

240. Тақсимоти довталаб дар раванди тақсимот дар навбати аввал аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), баррасӣ карда мешавад. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси якум нишондодааш муваффақ шавад, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои баъдии интихобкардааш ба роҳ монда намешавад.

241. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи якум нишон додааст (яъне бартарии интихобаш якум), нагузарад, он гоҳ тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосе, ки дар рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои варақаи бақайдгирӣ дар ҷойи дуюм нишон додааст (яъне бартарии интихобаш дуюм), ба роҳ монда мешавад, Раванди тақсимот бо ин тартиб то замоне идома меёбад, ки довталаб ё аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ мешавад ё аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ намешавад.

242. Агар довталаб дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимот шуда бошад, он гоҳ, новобаста аз он ки бали умумии бадастовардааш барои тақсимот шуданаш аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) баъдии интихобкардааш кофӣ аст, тақсимоти ӯ аз рӯйи комбинатсияи (комбинатсияҳои) ихтисоси (ихтисосҳои) баъдии интихобкардааш баррасӣ намешавад. Довталаби мазкур ҳуқуқи иштирок карданро дар тақсимоти такрорӣ низ надорад.

243. Довталабе, ки дар тақсимот иштирок карда, дар асоси бали умумии бадастовардааш аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш муваффақ нашуд, дар сурати баргузор шудани тақсимоти такрорӣ ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида аз нав худро номнавис карда, дар тақсимоти навбатӣ иштирок намояд.

244. Дар сурати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро иваз кардани довталаб дар давраи баъд аз бақайдгирӣ ва то эълони натиҷаҳои тақсимот ҳангоми таҳияи рӯйхати тақсимот дар асоси аризаи довталаб маълумоти нави пешниҳодкардааш ба назар гирифта мешавад.

245. Пас аз анҷоми тақсимоти довталабон аз рӯйи ҳар як комбинатсияи ихтисос рӯйхатҳо тартиб дода мешавад. Рӯйхатҳоро директори Марказ тасдиқ мекунад ва онҳо барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ пешниҳод мешаванд. Ба рӯйхатҳо маълумоти зарурӣ замима гашта метавонад.

246. Комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ қабули ҳуҷҷатҳоро (барасмиятдарории парвандаҳои шахсӣ, бастани шартномаҳо ва дигар равандҳои дахлдорро) тибқи қоидаҳои қабул анҷом медиҳанд.

247. Роҳбарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ донишҷӯёнро дар асоси рӯйхатҳои пешниҳоднамудаи Марказ ба курси якум қабул карда, дар бораи он санади дахлдор қабул менамояд. Роҳбарияти муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ҳуқуқ надорад, ки довталаби ба ин муассисаи таълимӣ тақсимгардидаро қабул накунад ё аз ӯ имтиҳон гирад.

248. Тақсимоти донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои академӣ аз рӯйи забони таҳсил муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён, балҳои бадастовардаи донишҷӯён ва хоҳиши онҳо анҷом медиҳанд ва дар навбати аввал хоҳиши донишҷӯёне ба назар гирифта мешавад, ки натиҷаи беҳтари имтиҳонӣ доранд.

249. Довталаби аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш тақсимшуда бояд то муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан бо сабаби узрнок, ки бояд бо ҳуҷҷати дахлдор тасдиқ шуда бошад, довталаб уҳдадор аст, ки сари вақт (дар муҳлати муқарраргардида) дар бораи ҳолати зикргардида ба муассисаи таълимии мазкур хабар диҳад, дар акси ҳол ӯ ҷойи ишғолнамудаи худро дар муассисаи таълимии мазкур аз даст медиҳад. Муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ уҳдадор аст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешниҳодшуда сабаби узрнокро ба эътибор гирифта, барои қабули ҳуҷҷатҳои довталаби ба ин муассиса тақсимшуда то оғози соли таҳсил муҳлат муқаррар намояд.

250. Роҳбарияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ уҳдадор аст, ки рӯйхати ҷойҳоеро, ки бо сабаби барои қабул ҳозир нашудани довталабони тақсимшуда холӣ мондаанд, ба Марказ дар муҳлати муқаррарнамудааш пешниҳод кунад.

251. Барои қабули донишҷӯён ба ҷойҳое, ки бо сабабҳои гуногун дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баъд аз тақсимот (-и асосӣ) холӣ мемонанд, Марказ тақсимоти такрорӣ мегузаронад. Тақсимоти такрории довталабони хоҳишманд ба ҷойҳои мазкур бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорат гузаронида мешавад.

252. Дар тақсимоти такрорӣ довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки дар тақсимот (-и асосӣ) дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон нагузаштаанд.

253. Барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ довталаб бояд аз нав номнавис шавад. Азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ тибқи Тартиби мазкур ва муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба роҳ монда мешавад. Нуқтаҳои бақайдгириро барои азнавбақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрорӣ Марказ аз рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбии дар заминаашон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкилшавандаи тасдиқкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб менамояд. Марказ ҳуқуқ дорад, ки барои азнавбақайдгирии мазкур аз бинои худ ё дар мувофиқа бо роҳбарияти муассисаҳои дигар аз бинои ин муассисаҳо истифода кунад.

254. Тақсимоти такрорӣ аз рӯйи комбинатсияи ихтисосҳои аз нав интихобкардаи довталабон дар асоси балҳои умумии бадастовардаашон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ тавассути алгоритм ва модули барномавии махсуси системаи иттилоотии "Довталаб" дар асоси озмун анҷом дода мешавад. Маълумот дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ: комёб гардидан ё нагардидани довталабон аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои аз нав интихобкардаашон ба довталабон дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ расонида мешавад. Дар тақсимоти такрорӣ низ муқаррароти пешбиникардаи бандҳои 239-242 Тартиби мазкур татбиқ мегардад.

255. Довталабе, ки дар тақсимоти такрорӣ аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ гузаштааст, бояд дар муҳлати муқаррарнамудаи Марказ ба муассисаи таълимии дахлдор барои бақайдгирӣ ва қабул ҳозир шавад.

256. Пас аз анҷоми тақсимоти такрории довталабон муқаррароти бандҳои 245-249 Тартиби мазкур татбиқ мегардад.

257. Агар пас аз тақсимоти такрорӣ низ дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён ҷойҳои холӣ боқӣ монанд, Марказ ҳуқуқ дорад, ки тақсимоти такрории иловагии довталабонро гузаронад. Тақсимоти такрории иловагии довталабони хоҳишманд ба ҷойҳои холимонда дар асоси озмун бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорат гузаронида мешавад. Раванди технологии тақсимоти такрории иловагӣ (азнавбақайдгирӣ, эълони натиҷаҳо ва ҳозиршавии довталабон ба муассисаҳои таълимии дахлдор) чун раванди технологии тақсимоти такрорӣ аст. Дар тақсимоти такрории иловагӣ довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки дар тақсимоти асосӣ ва такрорӣ тибқи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон муваффақ нашудаанд.

258. Қабули довталаб ба ҳайати донишҷӯёни муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ дар асоси натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ному насаби ӯ дар рӯйхати тақсимоти (асосӣ, такрорӣ ё такрории иловагии) довталабон, ки Марказ пешниҳод намудааст, амалӣ мегардад.

259. Шаклҳои рӯйхат - варақаи тақсимоти довталабон аз рӯйи ҳар яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳое, ки ҳар як муассисаи таълимӣ пешниҳод менамояд ва варақаи бозгаштиро, ки ба варақаи тақсимот илова мегардад, Марказ муқаррар менамояд. Нусхаи дуюми ҳар яке аз варақаҳои тақсимот ва варақаи бозгаштии ба он иловашуда дар Марказ монда, 5 (панҷ) сол нигоҳ дошта мешавад. Пас аз гузаштани муҳлати мазкур варақаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ нест карда мешавад.

260. Бо мақсади санҷиши натиҷаҳои қабули довталабони тақсимшуда ба ҳайати донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ комиссияи корӣ таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказ дохил мегарданд. Ҳайат ва тартиби кори комиссияро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

13. МАНЪ ВА АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ КАРДАНИ ИМТИҲОН

261. Дар сурати муқаррар шудани ҳолатҳои халалдор гардидани махфияти маводҳои имтиҳонӣ ё ифшои иттилооти ба он дахлдор то оғози имтиҳонҳо имтиҳонҳо пурра ё қисман манъ мегарданд ва дар давраи имтиҳонҳо ё пас аз он натиҷаҳои имтиҳонҳо пурра ё қисман аз эътибор соқит карда мешаванд. Қарори дахлдорро дар ин бора Марказ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд.

14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

262. Тартиб ва шаклҳои ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардани маълумоти оморию таҳлилӣ дар бораи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро Марказ муқаррар менамояд.

263. Шахсоне, ки ҷиҳати ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷалб шудаанд, барои риояи талаботу қоидаҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур масъулият дошта, дар сурати риоя накардани талаботу қоидаҳои мазкур, уҳдадориҳои вазифавӣ ва дигар талаботи муқарраргардида, суиистифода кардан аз мақоми хизматии худ ва ифшои иттилооти махфии Марказ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.