Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 № 78 "Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025

 

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини вазъи устувори иқтисодӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат нишондиҳандаҳои Барномаи мазкурро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ намоянд.

3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо мақсади амалӣ намудани нишондиҳандаҳои Барномаи мазкур, тибқи тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷотӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории заруриро барои ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025-ро таҳти назорат қарор дода, ҳар сол то 1 март оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот ирсол намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 марти соли 2018 № 78

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе социально-экономического развития города Душанбе на период до 2025 года

В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и в целях обеспечения устойчивого экономического положения, определения приоритетных направлений социально-экономического развития города Душанбе на период до 2025 года Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу социально-экономического развития города Душанбе на период до 2025 года (прилагается).

2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, министерствам и ведомствам, исполнительному органу государственной власти города Душанбе при разработке прогнозов социальноэкономического развития города Душанбе на краткосрочную и среднесрочную перспективу учитывать показатели данной Программы в рамках предусмотренных средств соответствующих министерств, ведомств и исполнительного органа государственной власти города Душанбе.

3. Министерствам и ведомствам, исполнительному органу государственной власти города Душанбе в целях реализации показатели данной Программы, в установленном порядке разработать необходимые проектно-сметиую документацию и инвестиционные проекты для привлечения внутренних и иностранных инвестиций и представить в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан.

4. Исполнительному органу государственной власти города Душанбе взять на контроль ход выполнения Программы социально-экономического развития города Душанбе на период до 2025 года и ежегодно до 1 марта представлять отчет в Правительство Республики Таджикистан о ходе выполнения этой Программы.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 1 марта 2018 года, №78

*прилагается на тадж.языке