Ҳукумати ҶУМҲУРИИ Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалишавии Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкурро таъмин намоянд.
3. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни амалишавии Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 марти соли 2018 № 80
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе развития туризма в Республике Таджикистан на 2018-2020 годы
В соответствии со статьей 14 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью дальнейшего развития сферы туризма, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу развития туризма в Республике Таджикистан на 2018-2020 годы и план мероприятий по реализации Программы развития туризма в Республики Таджикистан на 2018-2020 годы (приложения 1 и 2).
2. Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти ГорноБадахшаиской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение настоящей Программы.
3. Комитету по развитию туризма при Правительстве Республики Таджикистан ежегодно представлять информацию о результатах реализации Программы развития туризма в Республике Таджикистан на 2018-2020 годы.
Председатель
Правительства Республи Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 1 марта 2018 года, №80