Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" соли 2018, № 95
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 20.08.2018 № 433)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим (минбаъд - Низомнома) асосҳои ташкил ва фаъолияти комиссияҳои доимии вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимро (минбаъд - комиссияи доимӣ) муқаррар менамояд.
2. Низомнома дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шудааст.
3. Комиссияи доимӣ ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот (минбаъд - мақомоти маҳаллӣ) таъсис дода мешавад.
4. Комиссияи доимӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
2. ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ
5. Комиссияи доимӣ бо қарори (фармоиши) роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар ҳайати раис, муовин, котиб ва аъзои комиссия иборат аз 5 - 9 нафар таъсис дода мешавад.
6. Низомномаи комиссияи доимиро маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тасдиқ мекунанд.
7. Ба ҳайати комиссияи доимӣ роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони таҷрибадори мақомоти маҳаллӣ ворид карда мешаванд. Мудирони шуъба ва бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ ба ҳайати комиссияи доимӣ ҳамчун котиб шомил карда мешавад .
8. Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот раиси комиссияи доимӣ мебошад.
9. Ҷаласаҳои комиссияи доимӣ на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида мешаванд. Аъзои комиссияи доимӣ дар ҷаласа бе ҳуқуқи ивазшавӣ иштирок мекунанд. Ҳангоми зарурат бо тартиби муқарраргардида ба ҳайати комиссия тағйирот ворид карда мешавад.
10. Комиссияи доимӣ аз рӯи асосҳои зерин ҷаласа доир менамояд:
- дастури раиси комиссия;
- муроҷиати корманди мақомоти маҳаллӣ;
- муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дар мавриди аз тарафи аъзои комиссия ошкор намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон".
11. Ҷаласаи комиссияи доимӣ ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он беш аз нисфи ҳайати он иштирок дошта бошад.
12. Қарори ҷаласаи комиссияи доимӣ бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Дар рафти ҷаласа мумкин аст сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ истифода гарданд, ки онҳо низ ба протокол замима карда мешаванд. Ба протокол раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.
3. ВАЗИФА ВА ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ
13. Вазифаҳои комиссияи доимӣ аз анҷом додани назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии риоя накардани талаботи Қонуни мазкур иборат мебошад.
14. Комиссияи доимӣ барои иҷрои вазифаҳои худ ваколатҳои зеринро доро мебошад:
- назорати талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва Низомномаи мазкур;
- таҳияи тавсия ва дастурҳо барои камхарҷ гузаронидани ҷашну маросим;
- фаҳмондани талаботи қонунгузорӣ ва додани тавсияҳо ба шахсоне, ки ҷашну маросим мегузаронанд;
- ба қайд гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт;
- андешидани чораҳо дар самти риояи қонунгузории соҳа;
- таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;
- расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо, шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим;
- таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим;
- назорат ва таҳлили кори комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим;
- таъмини ҳамоҳангии кори ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, вобаста ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросим;
- гирифтани маълумот аз ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим;
- таҳлили вазъи соҳаҳое, ки ба масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросим вобастагӣ доранд ва муайян намудани роҳҳои самарабахши рушди онҳо;
- таҳияи гузоришҳо оид ба вазъи риояи қонунгузории соҳа;
- таҳияи протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардани қонунгузории соҳа;
- пешбурди коргузорӣ, аз ҷумла қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин додани ҷавобҳои мушаххас ба муроҷиатҳои воридшуда доир ба танзими анъана ва ҷашну маросим;
- дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
15. Дар ҳолати риоя нашудани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим комиссияи доимӣ санади дахлдор таҳия намуда, онро барои татбиқи чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ба суд барои баррасӣ пешниҳод менамояд.
4. ВАКОЛАТҲОИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ДОИМӢ
16. Раиси комиссияи доимӣ:
- ба фаъолияти комиссия роҳбарӣ намуда, барои пешбурди кори комиссия ва иҷрои вазифаҳои он масъулияти шахсӣ дорад;
- нақшаҳои кории комиссияро тасдиқ мекунад;
- вазифаҳоро байни аъзои комиссия тақсим менамояд;
- комиссияро дар муносибат бо дигар мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ доир ба масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросим намояндагӣ мекунад;

17. Муовини раиси комиссияи доимӣ:
- амалисозии вазифаҳои ба зиммаи комиссия вогузоршударо дар мувофиқа бо раиси он ташкил менамояд;
- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи мазкурро дар байни кормандони мақомоти маҳаллӣ таъмин намуда, барои пешбурди кори комиссия бо раиси он масъулияти муштарак дорад;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида аз мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим маводи заруриро дархост менамояд;
- мувофиқи тартиби муқарраргардида доир ба ҳуҷҷатҳои дар комиссия таҳиягардида ба раиси комиссия ҳисобот медиҳад;
- дар ҷаласаҳои назди раиси комиссия, инчунин дар маҷлисҳо ва машваратҳои мақомоти маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, вобаста ба масъалаҳои танзими анъана ва ҷашну маросим иштирок менамояд.
18. Котиби комиссияи доимӣ:
- пешбурди коргузории комиссияро ба роҳ мемонад;
- ҳуҷҷатҳои ҷаласаҳои комиссияро таҳия намуда, онҳоро ба расмият медарорад;
- назорати бевоситаи иҷрои қарорҳои комиссияро анҷом медиҳад;
- ҳамкориро бо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ва комиссияҳои дигар ба роҳ мемонад;
- супоришҳои дигари раиси комиссия ва муовинашро иҷро мекунад.
19. Узви комиссияи доимӣ:
- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо корҳои мушаххаси ба зиммааш гузошташударо иҷро мекунад, барои дар сатҳи зарурӣ иҷро гардидани онҳо масъул мебошад;
- ҳангоми муҳокимаи масъалаҳои марбут ба доираи уҳдадориҳои вазифавиаш, дар ҷаласаҳои назди раиси комиссия ва муовини ӯ, маҷлисҳо ва машваратҳое, ки мақомоти маҳаллӣ мегузаронад, иштирок мекунад;
- дар доираи ваколати худ бо маводи дахлдори мақомоти маҳаллӣ вобаста ба масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросим шинос мешавад;
- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" - ро дар байни коллективи меҳнатӣ назорат менамояд;
- ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" масъалаи мазкурро ба баррасии ҷаласаи комиссия пешниҳод мекунад;
- дар чорабиниҳое, ки мутобиқи нақшаи кории комиссия баргузор мешаванд, иштирок менамояд.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
20. Комиссияи доимӣ тибқи тартиби муқарраршуда ҳар семоҳа, нимсола ва солона ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи муфассал ва таҳлилӣ пешниҳод менамояд .
21. Назорати иҷрои Низомномаи мазкур аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда мешавад (.
22. Барои вайрон кардани талаботи ин Низомнома шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.