ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 декабри соли 2017 № 967
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2018 № 506
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2013 "Дар бораи зотпарварӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 8-9, мод. 653) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонуни мазкур калимаҳои "ҳайвонот", "ҳайвон", "ҳайвоноти зотӣ", "ҳайвонҳои зотӣ", "ҳайвоноти зотии", "ҳайвоноти зотиро", "Ҳайвоноти зотӣ" ва "ҳайвонотро" мувофиқан ба калимаҳои "ҳайвоноти кишоварзӣ", "ҳайвоноти кишоварзӣ", "ҳайвоноти зотии кишоварзӣ", "ҳайвоноти зотии кишоварзӣ", "ҳайвоноти зотии кишоварзии", "ҳайвоноти зотии кишоварзиро", "Ҳайвоноти зотии кишоварзӣ" ва "ҳайвоноти кишоварзиро" иваз карда шаванд.
2. Моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: - ҳайвоноти кишоварзӣ - ҳама намуди чорво, парранда, моҳӣ, кирми пилла, занбӯри асал, ки онҳоро инсон парвариш менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибати бевосита доранд;
- зотпарварӣ - маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биологию генетикӣ, ташкилию хоҷагидорӣ, ки барои офаридани зот ва гурӯҳҳои нави селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда равона шудаанд; - маводи (маҳсулоти) зотӣ - ҷинсҳои нарина ва модинаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, нутфа ва ҷанинҳои аз онҳо гирифташуда;
- ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҳайвоноти кишоварзии дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти авлодӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва барои офаридани зот истифода бурда мешаванд;
- арзиши зотӣ - сатҳи иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва таъсири он ба аломатҳои фоиданоки насл;
- арзёбии сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - муайян намудани сифати хушзотӣ, маҳсулнокӣ ва инкишофи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо додани дараҷаи дахлдор, инчунин маводи (маҳсулоти) дигари зотӣ, ки бо мақсади истифодаи минбаъда муайян карда мешавад;
- нишонагузорӣ - нишона кардани ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо роҳи гузоштани рақам, холкӯбӣ, ки барои муайян кардани ҳаммонандии зот имкон медиҳад;
- зоти ҳайвоноти кишоварзӣ - гурӯҳи сершумори як намуди ҳайвоноти кишоварзӣ, ки саршумори муайяни синну сол ва ҷинсҳои гуногуни дорои арзиши зотии ба наслҳои оянда гузарандаро дар бар гирифта, сифати муайяни муфид ва аз дигар зот фарқкунанда дорад ва таркиби он аз шумораи зарурии авлод (кросс) иборат мебошад; - авлод - гурӯҳи муайяни ҳайвоноти кишоварзии якнасли таркиби зот, ки аз як ё якчанд ҷинси барҷастаи нарина пайдо мешаванд;
- кросс - маҷмӯи авлод ва дурагаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки дар доираи тартиби муайянгардида бо роҳи ҷуфткунонӣ ба вуҷуд омада, маҳсулнокии баланд ва қобилиятнокии ҳаётан устувор доранд;
- генофонди зоти камшумор - гурӯҳи кам дучоршавандаи зоти ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо хусусиятҳои ирсӣ ва селексионии худ фарқ мекунад ва зери хатари нобудшавӣ қарор дорад;
- феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - маҷмӯи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ, сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва арзиши зотии насли онҳо;
- гурӯҳҳои дохилизотӣ - гурӯҳҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо усулҳои дурагакунии зотҳои гуногун барои тез тағйир додани аломатҳои авлодии ду ва зиёда зотҳо ба мақсади офаридани зоти маҳсулнокиаш баланд ташаккул дода мешаванд;
- корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ - субъекти хоҷагидор, ки ба парвариши саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, офаридани зотҳои нав, такмили сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, инчунин, гирифтани нутфаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши он машғул мебошад;
- заводи зотпарварӣ - корхонае, ки ба парвариши ҳайвоноти кишоварзии хушзоти маҳсулнокиаш баланд машғул аст;
- маркази зотпарварӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки ба парвариши зотҳои сермаҳсули ватанию хориҷӣ ва зиёд кардани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ машғул мебошад;
- фермаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ - ҷузъи таркибии хоҷагии кишоварзӣ, ки ба парвариши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ машғул мебошад;
- аттестатсия - арзёбии фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ давра ба давра гузаронда мешавад;
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ- ҳуҷҷате, ки мансубияти авлодӣ, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, мансубияти нутфа ва (ё) ҷанинро тасдиқ менамояд;
- сертификат - ҳуҷҷате, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари маводи (маҳсулоти) зотӣ барои офаридан ё озмоиши сифатҳои зотии ҳайвоноти кишоварзӣ дода мешавад;
- шиносномаи генетикӣ (генеалогӣ) - ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки аз тарафи озмоишгоҳи ташхиси генетикӣ дар хусуси пайдоиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дода мешавад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳои худ сиёсати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд.".
3. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
4. Дар сархати сеюми моддаи 6 калимаҳои "такмил ва" хориҷ карда шуда, калимаҳои "нави ҳайвонот" ба калимаҳои "нави ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 7:
- сархатҳои дуюм ва сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
" - барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд;";
- дар сархати панҷум калимаҳои "озмоиш" ва "мегузаронад" мувофиқан ба калимаҳои "гузаронидани озмоиш" ва "таъмин менамояд" иваз карда шаванд;
- сархати шашум хориҷ карда шавад;
- сархатҳои ҳафтум ва ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- ба субъектҳои соҳаи зотпарварӣ шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ медиҳад ва амали шаҳодатнома ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақоми дахлдори давлати содиркунанда додааст, эътироф менамояд;
- номгӯи намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзиро дар корхонаҳо (хоҷагиҳо) - и зотпарварӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад;";
- дар сархати даҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархатҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд;
- назорати сифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад;
- барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузарондани корҳои селексионӣ фоиданок, чораандешӣ менамояд.".
6. Моддаи 8 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 8. Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ барои беҳсозии мақсадноки маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари фоиданоки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;
- офаридани зотҳои нав, авлод ва кросс, нигоҳдории генофонди зотҳои мавҷудаи ҳайвоноти кишоварзӣ;
- бақайдгирӣ ва муайян намудани ҳаммонандии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва гузарондани санҷиши маводи (маҳсулоти) зотӣ;
- такмили восита ва усулҳои зотпарварӣ;
- нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузаронидани корҳои селексионӣ фоиданок;
- ҷорӣ намудани технологияи муосири селексияи ҳайвоноти кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ;
- истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, солимӣ ва наслдиҳии онҳо;
- ба вуҷуд овардани таркиби генетикӣ ва генеалогии зот ва намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ;
- гузарондани аттестатсияи фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ.".
7. Дар моддаи 9:
- дар қисми 3 калимаҳои "дар фаъолияти худ Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки мутобиқи Қонуни мазкур қабул гардидаанд, ба роҳбарӣ мегиранд" ба калимаҳои "фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд" иваз карда шаванд;
- дар қисми 4:
- аз сархати дуюм калимаи "ройгон" хориҷ карда шавад;
- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- истифодаи технология, олот, таҷҳизот ва маводро дар офаридани зотҳои нав, гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда назорат намоянд;";
- дар сархати ҳафтум калимаҳои "зотпарварии дахлдор" ба калимаи "зотпарварӣ" иваз карда шаванд;
8. Дар қисми 2 моддаи 10 калимаҳои "ҳайвони зотиро" ба калимаҳои "ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин, ворид намудани маълумот оид ба зотҳои алоҳидаи аз рӯи мансубият, маҳсулнокӣ ва дигар сифатҳо афзалияти бештар доштаро" иваз карда шаванд.
9. Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 12 калимаҳои "раванди селексия ва бозтавлиди ҳайвонот" ба калимаҳои "офаридани зотҳои нав ва гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, бозтавлид, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда" иваз карда шаванд.
10. Дар сархати дуюми қисми 4 моддаи 13 калимаҳои "шаҳодатномаи зотӣ" ба калимаҳои "шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ" иваз карда шаванд.
11. Ба сархати якуми қисми 1 моддаи 14 пас аз калимаи "парранда" калимаҳои "фермаҳои чорводории хоҷагиҳои кишоварзӣ," илова карда шаванд.
12. Дар моддаи 15:
- дар ҷумлаи якуми қисми 2 калимаҳои "бо назардошти аттестатсия амалӣ" ба калимаҳои ", ки тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар асоси натиҷаҳои аттестатсия муайян" иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Фаъолияти зотпарварӣ, инчунин, аз тарафи стансияҳо ва марказҳои зотпарварӣ, ки корхонаҳои (хоҷагиҳои) махсусгардонидашудаи кишоварзӣ мебошанд ва бо мақсади беҳтар намудани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ маводи ҷинсҳои наринаро барои бордоркунии сунъӣ захира ва (ё) истифода менамоянд, амалӣ карда мешавад.".
13. Дар моддаи 16:
- сархати ҳафтуми қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- беҳтар намудани иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди зоти камшумор дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмӣ.";
- дар қисми 2 калимаи "амалӣ" ба калимаи "муайян" иваз карда шавад.
14. Моддаи 17 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 17. Кафолатҳо ба корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
"1. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар амалӣ намудани фаъолияти худ мустақил буда, барои афзун намудани саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулнокии он масъул мебошанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ҳуқуқи моликият ва тартиби истифодаи маводи (маҳсулоти) зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.".
15. Аз ном ва матни моддаи 18 калимаҳои "ҷиҳати хизматрасонӣ" хориҷ карда шаванд.
16. Аз қисми 3 моддаи 20 калимаҳои "маводи (маҳсулоти) зотиро ба ҳисоб гирифта," хориҷ карда шаванд.
17. Дар ном ва матни моддаи 21 калимаҳои "шаҳодатномаи зотӣ" ба калимаҳои "шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ" иваз карда шаванд.
18. Дар қисми 1 моддаи 22 калимаҳои "шавад. Баҳодиҳӣ" ба калимаҳои "шавад, ки он" иваз карда шаванд.
19. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 23 калимаҳои "шаҳодатномаи зотӣ" ба калимаҳои "шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ" иваз карда шаванд.
20. Дар моддаи 24:
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 24. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ"
- қисми 1 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"1. Офаридани зотҳои нав (авлодҳо, кроссҳо), бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ амалӣ карда мешаванд.";
- қисмҳои 1, 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 2, 3 ва 4 ҳисобида шаванд;
- дар қисми 1 калимаҳои "Бозтавлиди ҳайвоноти" ва "шаҳодатномаи зотӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ дар" ва "шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "тибқи барномаҳои давлатии селексионӣ" ба калимаҳои "аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
21. Дар қисми 3 моддаи 25 калимаҳои "сертификати мақоми ваколатдори давлатӣ" ба калимаҳои "ҳуҷҷати дахлдори аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ додашуда" иваз карда шаванд.
22. Дар моддаи 26:
- дар номи модда калимаҳои "афзоишдиҳии онҳо" ба калимаҳои "парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои "шаҳодатномаи зотӣ" ба калимаҳои "шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ" иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
21 феврали соли 2018, № 1513