ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 январи соли 2018 № 984
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 феврали соли 2018 № 502
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014 "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, № 7 - 9, мод. 698; с. 2016, № 7, мод. 603) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 16 ва қисми 2 моддаи 18 пас аз калимаҳои "Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" калимаи "судяҳои" илова карда шавад.
2. Дар қисми 8 моддаи 19 калимаҳои "Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят" ба калимаҳои "судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят" иваз карда шаванд.
3. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 32, сархати якуми моддаи 33, сархати якуми моддаи 34, сархати якуми моддаи 35, сархати якуми моддаи 36, сархати дуюми моддаи 38, сархати дуюми қисми 2 моддаи 39, сархати якуми моддаи 40, сархати якуми моддаи 41, сархати якуми қисми 1 моддаи 42, сархати якуми моддаи 54, сархати якуми моддаи 55, сархати якуми қисми 1 моддаи 56, сархати сеюми қисми 1 моддаи 63, сархати якуми моддаи 64, сархати якуми қисми 1 моддаи 65, сархати якуми қисми 1 моддаи 71, сархати якуми моддаи 76, сархати чоруми қисми 1 моддаи 77, сархати якуми моддаи 78, сархати якуми қисми 1 моддаи 79, қисми 1 моддаи 82, сархати дуюми қисми 1 моддаи 83, сархати якуми моддаи 84, сархати якуми қисми 1 моддаи 85, сархати якуми қисми 1 моддаи 87, сархати сеюми қисми 1 моддаи 88, сархати якуми моддаи 89 ва сархати якуми қисми 1 моддаи 90 калимаи "таъмин" ба калимаи "назорат" иваз карда шавад.
4. Сархатҳои шашум, дувоздаҳум ва понздаҳуми қисми 1 моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- ҷадвали воҳиди кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, Низомномаи Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали мансабии Раёсат, шуъба ва бахшҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали коргузории судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- нисбати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, муовинони онҳо ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;
- барои дар марҳилаи якум дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастҷамъӣ баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад;".
5. Ба қисми 1 моддаи 56 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- эътироз ва шикояти назоратиро баррасӣ менамояд;".
6. Қисми 4 моддаи 86 хориҷ карда шавад.
7. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 88 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад;".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
21 феврали соли 2018, № 1509