Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои додани Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд
Мутобиқи моддаҳои 137 ва 307 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қоидаҳои додани Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеие, ки фаъолияти соҳибкории инфиродиро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, Номгӯи намудҳои гурӯҳбандишудаи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки аз рӯи он пардохти андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши чакана дар асоси Патент анҷом дода мешавад, инчунин андозаҳои пардохт барои Патент, Коэффисиентҳои минтақавӣ, ки андозаҳои пардохт барои Патентро танзим менамоянд, тасдиқ карда шаванд (замимаҳои №№ 1,2,3).
2. Патентҳо аз рӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки оид ба онҳо бо ҳамин қарор шакли андозбандии патентӣ пешбинӣ нашудааст ва арзиши онҳо то қабули ҳамин қарор пардохт гардидааст, то гузаштани мӯҳлати он амал менамоянд.
3. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли варақаҳои Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродиро тасдиқ намояд;
- тартиби пур намудани варақаҳо ва китобҳои бақайдгирии Патентҳо ва Шаҳодатномаҳои дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ додашударо тасдиқ намояд;
- тибқи тартиби амалкунанда мақомоти маҳаллии андозро бо варақаҳои Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ таъмин намояд.
Муқаррар карда шавад, ки то қабули шаклҳои нави варақаҳои Патент ва Шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ, ки мутобиқи ҳамин қарор пешбинӣ шудаанд, мақомоти андоз шаклҳои амалкунандаи варақаҳои ҳуҷҷатҳои дар боло нишондодашударо истифода мебаранд.
4. Ҳамин қарор аз 1 июли соли 2008 мавриди амал қарор дода шавад.
5. Аз эътибор соқит дониста шаванд:
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004 № 140 "Дар бораи тасдиқи Тартиби додани патент ва Шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ ба шахсони воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкории худро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд ва Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки оид ба онҳо пардохти андоз аз даромад дар асоси патент анҷом дода мешавад ва коэффисентҳои минтақавии танзимкунандаи маблағи пардохти патент";
- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2003 № 250 "Дар бораи чорабиниҳо оид ба такмил додани тартиби пардохти андози иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шаҳси ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 майи соли 2008 № 273
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Правил выдачи Патента и Свидетельства о регистрации в качестве индивидуального предпринимателя физическим лицам, осуществляющим индивидуальную предпринимательскую деятельность без образования юридического лица
В соответствии со статьями 137 и 307 Налогового кодекса Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Правила выдачи Патента и Свидетельства о регистрации в качестве индивидуального предпринимателя физическим лицам, осуществляющим индивидуальную предпринимательскую деятельность без образования юридического лица, Перечень сгруппированных видов индивидуальной предпринимательской деятельности, по которым уплата подоходного налога, социального налога и налога с розничных продаж осуществляется на основании Патента, а также размеры платы за Патент, Зональные коэффициенты, регулирующие размеры платы за Патент (приложения №№1, 2, 3).
2. Патенты по видам индивидуальной предпринимательской деятельности, по которым настоящим постановлением не предусмотрена патентная форма налогообложения, и стоимость за которые уплачена до принятия настоящего постановления, действуют до истечения их срока.
3. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан:
- совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан утвердить форму бланка Патента и Свидетельства о регистрации в качестве индивидуального предпринимателя;
- утвердить порядок заполнения бланков и книг регистрации выданных Патентов и Свидетельств о регистрации в качестве индивидуальных предпринимателей;
- согласно действующему порядку обеспечить местные налоговые органы бланками Патента и Свидетельства о регистрации в качестве индивидуального предпринимателя.
Установить, что до утверждения новых форм бланка Патента и Свидетельства о регистрации в качестве индивидуального предпринимателя, предусмотренных настоящим постановлением, налоговые органы применяют действующие формы бланков вышеуказанных документов.
4. Настоящее постановление ввести в действие с 1 июля 2008 года.
5. Признать утратившими силу:
- постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 марта 2004 года № 140 "Об утверждении Порядка выдачи патента и Свидетельства индивидуального предпринимателя физическим лицам, осуществляющим свою предпринимательскую деятельность без образования юридического лица, и Перечня видов индивидуальной предпринимательской деятельности, по которым уплата подоходного налога осуществляется на основе патента и Зональных коэффициентов, регулирующих размеры платы за патент";
- постановление Правительства Республики Таджикистан от 6 июня 2003 года № 250 "О мерах по совершенствованию порядка уплаты социальных взносов и повышения уровня социальной защиты лиц, осуществляющих предпринимательскую деятельность без образования юридического лица на территории Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 30 мая 2008 года № 273
ш. Душанбе