ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 октябри соли 2017 № 912
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2017 № 485
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №3, мод.194; с.2013, №7, мод.525) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- молу мулки ғайриманқул - қитъаҳои замин, ҳамчун моликияти давлатӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмони нотамом, ниҳолҳои бисёрсола ва дигар молу мулки ғайриманқуле, ки ба замин алоқамандии мустаҳкам дорад, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст;";
- дар сархати сеюм калимаи "фамилия" ба калимаи "насаб" иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "соли таваллуд," калимаи "шаҳрвандӣ," илова карда шавад;
- ба сархати ёздаҳум пас аз калимаҳои "майдони қитъаи замин," калимаҳои "мавҷуд будан ё мавҷуд набудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он," илова карда шаванд;
- дар сархати дувоздаҳум ва матни Қонуни мазкур калимаҳои "китоби", "китобҳои", "китоб", "Китобҳои" ва "Китоби" мувофиқан ба калимаҳои "варақаи", "варақаҳои", "варақа", "Варақаҳои" ва "Варақаи" иваз карда шаванд;
- дар сархати чордаҳум ва матни Қонун калимаҳои "марзию маъмурӣ" ва "марзию маъмурии" мувофиқан ба калимаҳои "маъмурию ҳудудӣ" ва "маъмурию ҳудудии" иваз карда шаванд;
- дар сархати понздаҳум калимаи "коди" ба калимаи "рақами" иваз карда шавад;
- дар сархати ҳабдаҳум калимаҳои "ҷой, ҳайат" ба калимаҳои "ҷойгиршавӣ, таркиб" иваз карда шаванд;
- сархатҳои ҳаждаҳум, нуздаҳум, бистум ва бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- шиносномаи техникӣ - ҳуҷҷати техникие, ки дар натиҷаи барӯйхатгирии техникӣ ва (ё) санҷиши ҳолати воқеии молу мулки ғайриманқул тартиб дода шуда, маълумот дар бораи масоҳат ва дигар тавсифҳои он, рақами кадастрӣ, рақами барӯйхатгирӣ, суроға (ҷойгиршавӣ) ва маълумоти дигарро дар бораи молу мулки ғайриманқул дар бар мегирад;
- ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда - ҳуҷҷате, ки пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқро ба молу мулки ғайриманқул муқаррар менамояд (қонун, қарори мақоми ваколатдори давлатӣ, шартномаҳо, аҳдҳо, қарори суд ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- бозори аввалияи замин - аз давлат ба шахсони воқеию ҳуқуқӣзаминистифодабарандагон гузаштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- бозори дуюмдараҷаи замин - аз ҷониби заминистифодабарандагон -шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурӯхтани ҳуқуқҳои онҳо барои амалӣ гардидани аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ вобаста ба ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;".
2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Ба моддаи 7 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайди давлатӣ гирифта мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.".
4. Дар қисми 2 моддаи 8:
- дар сархатҳои якум ва дуюм пас аз калимаи "замин" калимаҳои "бо ҳуқуқи бегона намудан ва бе ҳуқуқи бегона намудан" илова карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- иҷора ва иҷораи фаръии қитъаи замин ба муддати зиёда аз як сол;";
- дар сархати ҳаштум калимаҳои "иҷора ба мӯҳлати зиёда аз як сол, иҷораи фаръӣ" ба калимаҳои "иҷора ва иҷораи фаръӣ ба муддати зиёда аз як сол" иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 12:
- сархатҳои чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқулро тасдиқ менамояд;
- тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатиро берун аз бинои ташкилоти бақайдгирии давлатӣ муқаррар менамояд;
- тартиби экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозиро муқаррар менамояд;
- шакли намунавии шартномаи иҷораи қитъаи заминро тасдиқ менамояд;";
- сархатҳои ҳаштум ва нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашударо тасдиқ менамояд;
- тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатиро тасдиқ менамояд;".
6. Ба қисми 1 моддаи 13 сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- шакли шиносномаи техникиро тасдиқ менамояд;".
7. Дар моддаи 14:
- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ оид ба масъалаҳои ислоҳи хатоҳои хусусияти техникинадошта ё беэътибор донистани бақайдгирӣ ба суд муроҷиат менамоянд.";
- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.
8. Дар қисми 1 моддаи 16:
- дар банди 3) калимаҳои "муайян намоянд" ба калимаҳои "ба варақаи бақайдгирӣ ворид намоянд" иваз карда шаванд;
- аз банди 6) калимаҳои "харитаи кадастрӣ ва" хориҷ карда шаванд.
9. Ба қисми 2 моддаи 19 пас аз калимаҳои "бақайдгирии давлатӣ" калимаҳои ", ба истиснои аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ" илова карда шаванд.
10. Аз қисми 4 моддаи 24 калимаи "код," хориҷ карда шавад.
11. Дар қисми 1 моддаи 27:
- матни қисм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Ба дафтари бақайдгирии аризаҳо иттилооти зерин ворид карда мешавад:";
- ба сархати якум пас аз калимаи "сана" калимаи ", рақам" илова карда шавад.
12. Дар моддаи 29:
- дар қисми 1 калимаҳои "ба ҳамаи шахсон" ба калимаҳои "шахсони дахлдор" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2:
- дар матни қисм калимаҳои "Маълумоти хулосавӣ" ба калимаҳои "Иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ" иваз карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- ба нотариуси давлатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.";
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Тартиб ва шаклҳои иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, додани иттилоот ва ҳуҷҷатҳо аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.";
- қисмҳои 4, 5, 6, 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 5, 6, 7, 8 ва 9 ҳисобида шаванд;
- ба қисми 5 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Иттилоот ба кормандони мақомоти давлатӣ дар робита ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон ройгон дода мешавад.".
13. Ба қисми 3 моддаи 30 пас аз калимаи "танҳо" калимаи "бақайдгирандагони" илова карда шавад.
14. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- баррасии ҳуҷҷатҳо;".
15. Дар қисми 4 моддаи 34 калимаҳои "ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ" ба калимаҳои "мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
16. Дар моддаи 35:
- дар номи модда калимаҳои "Қабули қарор" бо калимаҳои "Баррасии ҳуҷҷатҳо" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "ё агар" ба калимаҳои ", агар санади мазкур эътибори қонунӣ пайдо карда бошад ё" иваз карда шаванд;
- дар қисми 5 калимаҳои "қабули қарор оид ба" хориҷ карда шаванд.
17. Матни моддаи 38 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Тасдиқи бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гаронии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул бо роҳи ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ анҷом дода мешавад.".
18. Моддаи 39(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 39(1). Рақамҳои кадастрӣ
1. Ба ҳар як молу мулки ғайриманқул рақами кадастрӣ дода мешавад, ки дар тамоми давраи мавҷудияти ин молу мулк нигоҳ дошта мешавад.
2. Рақамҳои кадастрӣ рақамҳои такрор ва ивазнашаванда буда, тағйирёбии онҳо дар ҳолатҳои ҳамроҳшавӣ ва тақсимшавӣ ба амал меояд.
3. Тартиби додани рақамҳои кадастриро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.".
19. Моддаи 44(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 44(1). Асосҳо барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули шахси фавтида
1. Агар дар ташкилоти бақайдгирии давлатӣ молу мулки ғайриманқули шахси фавтида ба қайд гирифта нашуда бошад, он дар асоси муроҷиати ворисони меросгузор мувофиқи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
2. Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда нисбати молу мулки ғайриманқул, он дар асоси қарори суд оид ба эътирофи ҳуқуқи моликияти шахси фавтида ё ворисони меросгузор ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.".
20. Матни моддаи 46 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул асос мебошанд, ҳуҷҷатҳое ҳисобида мешаванд, ки мувофиқан ташкилёбӣ, тағйирёбӣ ва қатъи мавҷудияти воқеии молу мулки ғайриманқулро тасдиқ менамоянд.".
21. Моддаи 49(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 49(1). Барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул
1. Барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ба намудҳои асосӣ ва ҷорӣ ҷудо мешавад.
2. Барӯйхатгирии асосӣ ҳангоми ташкилёбии молу мулки ғайриманқул гузаронда мешавад. Дар натиҷаи барӯйхатгирии асосӣ шиносномаи техникӣ омода карда шуда, ба соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда дода мешавад.
3. Барӯйхатгирии ҷорӣ дар асоси муроҷиати соҳибҳуқуқ ё истифодабаранда ҳангоми тағйир ёфтани тавсифи молу мулки ғайриманқул, инчунин аз тарафи бақайдгиранда ҳангоми таъин намудани он гузаронда мешавад. Дар натиҷаи барӯйхатгирии ҷорӣ ба шиносномаи техникӣ тағйироти дахлдор ворид карда мешаванд.".
22. Қисми 2 моддаи 51 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Ҳуҷҷате, ки ташкилёбии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогонаро дар натиҷаи хориҷ намудани онҳо аз бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ тасдиқ менамояд, қарори дахлдор, аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ ё қарори суд ба ҳисоб меравад. Барои бақайдгирии давлатии ташкилёбии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона дар натиҷаи хориҷ намудани он аз бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ ба таври илова шиносномаи техникӣ пешниҳод карда мешавад.".
23. Дар моддаи 60:
- дар қисмҳои 1, 2 ва 3 калимаҳои "гаравдиҳанда ё гаравдор", "гаравдор ва гаравдиҳанда" ва "гаравдиҳанда ё аризаи якҷояи гаравдиҳанда ва гаравдор" мувофиқан ба калимаҳои "гаравдеҳ ва гаравгир" ва "гаравдеҳ ё аризаи якҷояи гаравдеҳ ва гаравгир" иваз карда шаванд;
- қисми 4 хориҷ карда шавад.
24. Моддаҳои 60(1) ва 60(2) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Моддаи 60(1). Хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан дар бозори аввалияи замин
1. Барои бақайдгирии давлатии гузаштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳои зерин асос мебошанд:
- санади мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ки бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро аз ҷониби шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар менамояд;
- санади мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ки бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро аз ҷониби шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якҷоя муқаррар менамояд.
2. Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он асос мебошад, иттиллоотро дар бораи санади мақомоти давлатии дахлдор, маълумот оид ба заминистифодабарандагон, тартиби гузаштан (бемузд ё музднок), андозаи пардохт (дар ҳолати гузаштани музднок), тавсифи қитъаи замин ва ҷойгиршавии онро дар бар мегирад.
3. Бақайдгирии давлатии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар ҳолати риоя накардани маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин амалӣ карда намешавад.
Моддаи 60(2). Хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он дар бозори дуюмдараҷаи замин
1. Дар мавриди бақайдгирии давлатии бегона намудани ҳуқуқи бақайдгирифташудаи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ дар варақаи бақайдгирӣ маълумоти зерин ворид карда мешавад:
- ҳуҷҷате, ки анҷом додани аҳдҳои ҳуқуқию гражданиро тасдиқ менамояд, аз ҷумла бо тартиби ҳуқуқи ворисии универсалӣ ба қитъаи замини бақайдгирифташуда, ки аз ҷониби давлат бо ҳуқуқи бегона намудани он дода шудааст, маълумоти тарафҳои аҳд, намуди аҳд, тавсифи қитъаи замин;
- вобаста ба қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, ки ба давлат гузаштааст - санади мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар менамояд;
- қарорҳои суд барои муқарраркунӣ ё қатъи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегонакунии он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- санадҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати асос барои қатъ гаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ва гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
- ҳуҷҷатҳои дигар дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Ҳуҷҷатҳое, ки асос барои бақайдгирии ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он мебошад, мутобиқи аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маълумот оид ба намуди аҳд, маълумоти тарафҳои аҳд, маблағи аҳд, тавсифи қитъаи замин ва ҷойгиршавии онро дар бар гирад.
3. Дар сурати тақсимоти қитъаҳои замини тақсимнашаванда ва риоя накардани дигар маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин, бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он амалӣ карда намешавад.".
25. Қисми 5 моддаи 61 хориҷ карда шавад.
26. Қисми 5 моддаи 66 хориҷ карда шавад.
27. Моддаи 68(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 68(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 январи соли 2018 № 1502
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ РЕГИСТРАЦИИ НЕДВИЖИМОГО ИМУЩЕСТВА И ПРАВ НА НЕГО"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 18 октября 2017 года, №912
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 21 декабря 2017 года, №485
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 20 марта 2008 года"О государственной регистрации недвижимого имущества и прав на него" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 194; 2013 г., №7, ст.525) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 1:
- абзац первый изложить в следующей редакции:
- недвижимое имущество - земельные участки, как государственная собственность, жилые и нежилые здания, сооружения, объекты незавершенного строительства, многолетние насаждения и иное недвижимое имущество, прочно связанное с землей, то есть объекты, перемещение которых без несоразмерного ущерба их назначению невозможно,";
- абзац третий после слов "год рождения," дополнить словом", гражданство";
- абзац одиннадцатый после слов "площадь земельного участка," дополнить словами ", наличие или отсутствие права пользования земельным участком с правом его отчуждения,";
- в абзаце двенадцатом и тексте Закона слова "книга","книге", ,книгу","книги","книг" соответственно заменить словами "карточка", "карточке","карточку","карточки","карточек";
- в абзаце пятнадцатом слово "код" заменить словом "номер";
- дополнить абзацами восемнадцатым, девятнадцатым, двадцатым и двадцать первым следующего содержания:
- технический паспорт - технический документ, составленный по результатам проведения технической описи и (или) проверки физического состояния недвижимого имущества, содержащий сведения о площади и иные характеристики имущества, кадастровый номер, инвентарный номер, адрес (местонахождение) и другие сведения по недвижимому имуществу;
- правоустанавливающие документы - документы, устанавливающие возникновение, переход, прекращение прав, ограничения (обременения) прав на недвижимое имущество (закон, решение уполномоченного государственного органа, договоры, сделки, решение суда и другие правоустанавливающие документы, предусмотренные нормативными правовыми актами Республики Таджикистан);
- первичный земельный рынок - переход прав пользования земельным участком с правом его отчуждения от государства к физическим и юридическим лицам - землепользователям в соответствии нормативными правовыми актами;
- вторичный земельный рынок - реализация землепользователями физическими и юридическими лицами их прав на осуществление гражданско-правовых сделок в отношении прав пользования земельным участком с правом его отчуждения в соответствии нормативными правовыми актами.".
2. Статью 7 дополнить частью 4 следующего содержания:
"4. Расположенное на территории Республики Таджикистан недвижимое имущество иностранных физических и юридических лиц, лиц без гражданства подлежит государственной регистрации в порядке, установленном настоящим Законом, если законодательством Республики Таджикистан не установлено иное.".
3. В части 2 статьи 8:
- абзацы первый и второй после слов "земельным участком" дополнить словами "с правом или без права отчуждения";
- абзац четвертый изложить в следующей редакции:
"- аренда и субаренда земельного участка на срок больше одного года;";
- в абзаце восьмом слова "аренда на срок свыше одного года, субаренда" заменить словами "аренда и субаренда на срок больше одного года".
4. В статье 12:
- дополнить абзацами четвёртым, пятым, шестым и седьмым следующего содержания:
" - утверждает правила, порядок регистрации, ведения и формы регистрационных карточек, регистрационного дела, журнала регистрации заявлений и присвоения кадастрового номера недвижимому имуществу;
- устанавливает порядок завершения действий по государственной регистрации вне здания организации государственной регистрации;
- устанавливает порядок проведения технической экспертизы землеустроительных дел;
- утверждает типовую форму договора об аренде земельного участка;";
- абзацы восьмой и девятый изложить в следующей редакции:
"- утверждает форму свидетельства о государственной регистрации, выписки из регистрационной карточки, информации из единого государственного реестра недвижимого имущества и прав на него, порядок выдачи и учета предоставленной информации;
- утверждает порядок выдачи, замены и аннулирования свидетельства о государственной регистрации;".
5. Часть 1 статьи 13 дополнить абзацем шестым следующего содержания:
- утверждает форму технического паспорта;".
6. В статье 14:
- дополнить частью 3 следующего содержания:
"3. Региональные организации по государственной регистрации обращаются в суд по вопросам исправления ошибок нетехнического характера или признания регистрации недействительной.";
- часть 3 считать частью 4.
7. В части 1 статьи 16:
- в пункте 3) слово "устанавливать" и "объекту" соответственно заменить словами "включать в регистрационную карточку" и "объекта";
- из пункта 6) слова "кадастровую карту и" исключить.
8. В части 2 статьи 19 слова "регистрационных действий" заменить словами "действий по государственной регистрации, за исключением гражданско-правовых сделок,".
9. Из части 4 статьи 24 слово и знак "код," исключить.
10. В части 1 статьи 27:
- текст статьи изложить в следующей редакции:
"В журнал регистрации заявлений вносится следующая информация:";
- абзац первый после слова "дату" дополнить словом ", номер".
11. В статье 29:
- в части 1 слова "любому лицу" заменить словами "соответствующим лицам" исключить;
- в части 2:
- в тексте части слова "Обобщенная информация" заменить словами "Выписка из регистрационной карточки";
- абзац третий изложить в следующей редакции:
"- государственному нотариусу в случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.";
- дополнить частью 4 следующего содержания:
"4. Порядок и формы предоставления выписки из регистрационной карточки, информации и документов из единого государственного регистра недвижимого имущества физическим и юридическим лицам определяются специальным уполномоченным государственным органом.";
- части 4, 5, 6, 7 и 8 соответственно считать частями 5, 6, 7, 8 и 9;
- часть 5 дополнить вторым предложением следующего содержания:
"Информация выдается работникам государственных органов в связи с исполнением их служебных обязанностей бесплатно".
12. В части 3 статьи 30 слова "только организации" заменить словами "только регистраторы организаций".
13. Абзац второй части 1 статьи 31 изложить в следующей редакции:
"- рассмотрение документов;".
14. В части 4 статьи 34 слова "республиканской организацией по государственной регистрации" заменить словами "специальным уполномоченным государственным органом".
15. В статье 35:
- в названии статьи слова "Принятие решения" заменить словами "Рассмотрение документов";
- часть 2 после слова "начинается" дополнить словами ", если данный акт вступил в законную силу";
- в части 5 слова"даты принятия решения о приостановлении" заменить словами "момента приостановления".
16. Текст статьи 38 изложить в следующей редакции:
"Подтверждение произведенной государственной регистрации образования, изменения, возникновения, перехода, прекращения права, ограничения (обременения) права на недвижимое имущество производится путем выдачи физическим и юридическим лицам свидетельства о государственной регистрации.".
17. Дополнить статьей 39(1) следующего содержания:
"Статья 39(1). Кадастровые номера
1. Каждому недвижимому имуществу присваивается кадастровый номор, который хранится на протяжении всего существования этого имущества.
2. Кадастровые номера являются неповторяющимися и неизменными, изменение которых производится только в случае слияние и разделения.
3. Порядок присвоения кадастровых номеров устанавливается специальным уполномоченным государственным органом.".
18. Дополнить статьей 44(1) следующего содержания:
"Статья 44(1). Основы государственной регистрации недвижимого имущества умершего лица
1. Если недвижимое имущество умершего лица не было зарегистрировано в организации государственной регистрации, то оно регистрируется на основании обращения преемников наследодателя в соответствии с правоустанавливающими документами.
2. В случае отсутствия правоустанавливающих документов по недвижимому имуществу, оно подлежит государственной регистрации на основании судебного решения о признании права собственности умершего лица или наследников.".
19. Текст статьи 46 изложить в следующей редакции:
"Документами, являющимися основанием для государственной регистрации образования, изменения, прекращения существования недвижимого имущества, считаются документы, подтверждающие соответственно образование, изменение, прекращение, реальное существование недвижимого имущества.".
20. Дополнить статьей 49(1) следующего содержания:
"Статья 49(1). Техническая инвентаризация недвижимого имущества
1. Техническая инвентаризация недвижимого имущества разделяется на основную и текущую.
2. Основная инвентаризация проводится во время формирования недвижимого имущества. В результате проведения основной инвентаризации подготавливается технический паспорт, который выдается правообладателю или пользователю.
3. Текущая инвентаризация проводится на основании обращения правообладателя или пользователя при изменении характеристик недвижимого имущества, а также со стороны регистратора при его назначении. В результате проведения текущей инвентаризации в технический паспорт вносятся соответствующие изменения.".
21. Часть 2 статьи 51 изложить в следующей редакции:
"2. Документами, подтверждающими образование изолированных жилых и нежилых помещений в результате вычленения их из жилого и нежилого здания, являются соответствующие решения, гражданско-правовые сделки или решения суда. Для государственной регистрации образования изолированных жилых и нежилых помещений в результате вычленения их из жилого и нежилого здания дополнительно представляется технический паспорт.".
22. Часть 4 статьи 60 исключить.
23. Дополнить статьями 60(1) и 60(2) следующего содержания:
"Статья 60(1). Особенности регистрации возникновения прав пользования земельным участком с правом отчуждения при формировании первичного земельного рынка
1. Основаниями для государственной регистрации передачи физическому или юридическому лицу прав пользования земельным участком с правом отчуждения являются:
- акт центрального исполнительного органа государственной власти или местного исполнительного органа государственной власти, предусмотренный нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, устанавливающий безвозмездную или возмездную передачу физическому или юридическому лицу прав пользования земельным участком с правом отчуждения;
- акт центрального исполнительного органа государственной власти или местного исполнительного органа государственной власти, предусмотренный нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, устанавливающий безвозмездную или возмездную передачу физическому или юридическому лицу прав совместного пользования земельным участком с правом его отчуждения.
2. Документы, являющиеся основанием для государственной регистрации возникновения прав пользования земельным участком с правом его отчуждения, содержат сведения об акте соответствующего государственного органа, данные о землепользователях, способ передачи (безвозмездный или возмездный), размер платы (при возмездной передаче), описание земельного участка и его размещение.
3. Государственная регистрация возникновения права пользования земельным участком с правом его отчуждения не осуществляется при несоблюдении ограничений, установленных земельным законодательством Республики Таджикистан.
Статья 60(2). Особенности регистрации возникновения прав пользования земельным участком с правом его отчуждения при функционировании вторичного земельного рынка
1. При государственной регистрации отчуждения прав пользования зарегистрированным земельным участком с правом его отчуждения на основании гражданско-правовых сделок, в регистрационную карточку вносятся:
- документ, подтверждающий совершение гражданско-правовой сделки, в том числе передачу в порядке универсального правопреемства с зарегистрированным земельным участком, переданным от государства с правом отчуждения, данные сторон сделки, вид сделки, описание земельного участка;
- в отношении земельного участка с правом его отчуждения, возвращенного государству - акт центрального исполнительного органа государственной власти или местного исполнительного органа государственной власти, предусмотренный нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, устанавливающий безвозмездную или возмездную передачу физическому и юридическому лицу права пользования земельным участком с правом его отчуждения;
- судебные решения, устанавливающие или прекращающие для физического и юридического лица право пользования земельным участком с правом его отчуждения;
- акты государственных органов и местных исполнительных органов государственной власти, предусмотренные нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, в качестве основания прекращения прав пользования земельным участком с правом его отчуждения и изъятия земельного участка для государственных нужд;
- иные документы в случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.
2. Документы, являющиеся основанием для государственной регистрации отчуждения прав пользования земельным участком с правом его отчуждения на основании гражданско-правовой сделки и иных случаях, предусмотренных. законодательством Республики Таджикистан, должны содержать сведения о виде сделки, данные о сторонах сделки, сумме сделки, описании земельного участка и его размещении.
3. Государственная регистрация прав пользования земельным участком с правом его отчуждения не осуществляется при разделении неделимых земельных участков и иных нарушениях ограничений, установленных земельным законодательством Республики Таджикистан.".
24. Часть 5 статьи 61 исключить.
25. Часть 5 статьи 66 исключить.
26. Дополнить статьей 68(1) следующего содержания:
"Статья 68(1). Ответственность за несоблюдение требований настоящего Закона
Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 2 января 2018 года, №1502