Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 № 1501 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таърихи қарз (кредит)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ (КРЕДИТ)"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 18 октябри соли 2017 № 906

тасдиқ карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июли соли 2017 № 484

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 "Дар бораи таърихи қарз (кредит)" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод.85) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати понздаҳуми моддаи 2 калимаҳои "ба таъминкунандаи иттилоот барои пешниҳод кардани иттилоот ба Бюрои таърихи қарз ё" ба калимаҳои "дар хусуси" иваз карда шаванд.

2. Аз матни моддаи 4 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Сархати якуми моддаи 5 хориҷ карда шавад.

4. Дар моддаи 7:

- матни модда қисми 1 ҳисобида шуда, cархати якуми он хориҷ карда шавад;

- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Мақоми ваколатдор санадҳои меъёрии ҳуқуқии зеринро оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз қабул менамояд:

- оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз;

- оид ба талаботи тахассусии муассисон ва роҳбарони Бюрои таърихи қарз;

- оид ба тартиб, мӯҳлат ва ҳаҷми иттилооту маълумоте, ки аз ҷониби Бюрои таърихи қарз ба мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад.".

5. Сархати дуюми қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

" - аз таъминкунандагони иттилоот дар бораи субъекти таърихи қарз бе ризоияти субъекти таърихи қарз маълумот гирад;".

6. Сархати якуми қисми 2 моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

" - субъекти таърихи қарзро ба таври хаттӣ оид ба пешниҳод кардани маълумот дар бораи ӯ ба Бюрои таърихи қарз огоҳ намоянд;".

7. Сархати панҷуми қисми 1 моддаи 19 хориҷ карда шуда, дар сархати чорум аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад;

8. Сархати якуми моддаи 21 хориҷ карда шавад.

9. Дар моддаи 22:

- аз қисми 1 калимаҳои "бо розигии субъекти таърихи қарз" ва "бо ризоияти субъекти таърихи қарз" хориҷ карда шаванд;

- дар қисми 5 калимаи "Ризоиятномаи" ба калимаҳои "Огоҳиномаи хаттии" ва калимаҳои "дар бораи худ" ба калимаҳои "дар бораи онҳо" иваз карда шаванд.

10. Дар моддаи 24:

- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Огоҳиномаи субъекти таърихи қарз дар бораи ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани иттилооти марбут ба ӯ ва ризоияти ӯ ба додани ҳисоботи қарз ба истифодабарандагони ҳисоботи қарз тариқи хаттӣ ба расмият дароварда мешавад.";

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Барои набудани огоҳиномаи субъекти таърихи қарз оид ба он, ки дар борааш маълумот ба Бюрои таърихи қарз барои ташаккули таърихи қарз пешниҳод карда мешавад ё ризоияти ӯ барои додани ҳисоботи қарз, ҳамчунин барои нодуруст ба расмият даровардани он таъминкунандагони иттилоот, истифодабарандагони ҳисоботи қарз ё шахсони масъули онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.".

11. Аз қисми 1 моддаи 25 калимаҳои "ва тасдиқи ризоияти субъекти таърихи қарз" хориҷ карда шаванд.

12. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 26 калимаҳои "гирифтани ризоияти ҳатмии" ба калимаҳои "огоҳиномаи хаттии ҳатмии пешакии" ва калимаҳои "дар бораи худ" ба калимаҳои "дар бораи ӯ" иваз карда шаванд.

13. Қисми 7 моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"7. Ҳисоботи қарз ба мақоми ваколатдор дар асоси дархости ӯ, ба суд дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя), ба мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ - мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятии дар истеҳсолоташонбуда дар асоси қарори (таъиноти) суд (судя) пешниҳод мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

2 январи соли 2018 № 1501