Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 № 1498 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2017 № 882

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 декабри соли 2017 № 481

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004 "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.1, мод. 699; с. 2008, №10, мод. 805, мод. 817; с. 2013, №12, мод. 896; с. 2015, №3, мод. 215) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар қисмҳои якум, дуюм ва чоруми моддаи 6 калимаи "фурӯшад" ба калимаи "диҳад" иваз карда шавад.

3. Ба моддаи 7 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Истеҳсолкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) ӯҳдадор мебошад, ки дар давраи мӯҳлати кафолатии муайяншуда ё мӯҳлати кафолатии иловагии муқаррарнамудааш талаботи истеъмолкунандаро тибқи Қонуни мазкур қонеъ гардонад.".

4. Дар моддаи 9:

- дар қисми дуюм калимаи "қарордодҳои" ба калимаи "шартномаҳои" иваз карда шавад;

- ба сархати ҳаштуми қисми сеюм баъд аз калимаҳои "(суроғаи ҳуқуқӣ)" калимаҳои ", рақами телефон" илова карда шаванд;

- қисми ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Маълумоти тамғаи маҳсулоти хӯроквории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бастабандишуда, инчунин маҳсулоти хӯроквории воридотӣ бояд ба талаботи регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ" мутобиқ бошад.".

5. Дар қисми сеюми моддаи 10 калимаҳои ", суроғаи ҳуқуқӣ" ба калимаҳои "(суроғаи ҳуқуқӣ), рақами телефон" иваз карда шаванд.

6. Қисми якуми моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Фурӯшанда (истеҳсолкунанда, иҷрокунанда) барои риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунанда тибқи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҷавобгар мебошад.".

7. Дар номи бобҳои 3 ва 4 калимаи "ҲИФЗИ" ба калимаи "ҲИМОЯИ" иваз карда шавад.

8. Сархати сеюми қисми даҳуми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- шартномаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) бекор ва зарар ҷуброн карда шавад.".

9. Дар моддаи 39:

- ба сархати дуюми қисми якум баъди калимаҳои "бартараф намудани" калимаҳои "риоя накардани" илова карда шаванд;

- дар қисми сеюм калимаҳои "баҷо меоварад" ба калимаҳои "иҷро менамояд" иваз карда шаванд.

10. Моддаи 39(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 39(1). Мақоми ваколатдори давлатие, ки танзим ва назорати хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавиро анҷом медиҳад

Хизматрасонии молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим ва назорат карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

2 январи соли 2018 № 1498