Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 № 1497 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ОЗОДИИ ВИҶДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ДИНӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 декабри соли 2017 № 963

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 декабри соли 2017 № 478

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2009 "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 82; с. 2011, №6, мод. 450) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба матни моддаи 1 пас аз калимаи "муносибатҳои" калимаи "ҷамъиятиро" илова карда шавад.

2. Аз матни моддаи 2, сархати якуми қисми 1 моддаи 14, сархати якуми моддаи 19 ва сархати дуюми қисми 2 моддаи 32 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Дар моддаи 4:

- дар қисми 3 калимаи "вайрон" ба калимаи "риоя" иваз карда шавад;

- қисми 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"7. Маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва пайравӣ ба дин танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.".

4. Дар моддаи 5:

- дар қисми 2:

- ҷумлаи якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад.";

- дар сархати дуюм калимаи "маҳаллиро" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳотро" иваз карда шавад;

- дар қисми 3:

- дар сархати якум калимаҳои "ходимонашро тибқи муқаррароти эътиқоди динии худ" ба калимаҳои "ходимон ва кормандонашро тибқи муқаррароти эътиқоди динии худ ва талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- дар сархатҳои дуюм ва сеюм калимаҳои "маҳаллиро" ва "маҳаллӣ" мувофиқан ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳотро" ва "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;

- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.".

5. Ба моддаи 6 сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- фаъолияти иттиҳодияҳои диниро оид ба иҷрои маросими динӣ назорат мекунад;

- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ таҳия ва қабул менамояд;".

6. Ба моддаи 7 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- бо мақсади пешгирӣ намудани таълими ғайриқонунӣ, тарғиб ва паҳн кардани андешаҳои ифротӣ, барангехтани кинаю адовати динӣ ва хусумати мазҳабӣ низоми таҳсилоти диниро таҳти назорат мегирад;".

7. Дар қисми 4 моддаи 9 калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад.

8. Дар моддаи 10:

- дар қисми 2 калимаи "шудааст" ба калимаи "мешавад" иваз карда шавад;

- дар қисми 6 калимаҳои "ҷамоаи динӣ зарур аз ҷониби ташкилотҳои" ба калимаҳои "ҷамоаи динӣ ва ташкилотҳои динӣ зарур аз ҷониби иттиҳодияҳои" иваз карда шаванд;

- ба қисми 12 пас аз калимаи "сол" калимаҳои "то 31 декабр" илова карда шуда, калимаҳои "мақомоте, ки онро ба қайд гирифтаанд," ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин" иваз карда шаванд.

9.Дар моддаи 11:

- қисми 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"5. Масҷидҳо дар биноҳое, ки аз ҷониби иттиҳодияҳои динии дахлдор, шаҳрвандон ва ё бо кӯмаки аҳолӣ бо риояи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ тибқи лоиҳаҳои намунавии дахлдор дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин сохта шудаанд, дар асоси оинномаи (низомномаи) худ фаъолият менамоянд.";

- дар қисми 6 калимаи "Имомхатибон" ба калимаҳои "Сархатибон, имомхатибон" иваз карда шавад;

- қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"7. Қитъаи замин барои сохтмони бинои масҷид бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, пас аз мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин, ҷудо карда мешавад.".

10. Дар моддаи 13:

- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Бақайдгирии давлатии ташкилотҳои динӣ ва қайди баҳисобгирии ҷамоаҳои диниро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур анҷом медиҳад.";

- қисми 3 хориҷ карда шавад;

- қисмҳои 4-9 мувофиқан қисмҳои 3-8 ҳисобида шаванд;

- қисмҳои 9 ва 10 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"9. Дар сурати гум кардани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилоти динӣ ё маълумотнома оид ба қайдгирии ҷамоаи динӣ, дар асоси аризаи якҷояи муассисони иттиҳодияи динӣ нусхаи (дубликати) он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар давоми 10 рӯзи корӣ ба муассисон дода мешавад. Ба ариза эълони аз эътибор соқит донистани шаҳодатномаи гумшуда оид ба қайди баҳисобгирии давлатии ташкилоти динӣ, ки дар яке аз воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ нашр гардидааст, замима карда мешавад.

10. Иттиҳодияҳои динӣ танҳо дар шакли муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба қайди давлатӣ ва қайди баҳисобгирӣ гирифта мешаванд.".

11. Дар ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 16 калимаи "феҳристро" ба калимаҳои "феҳрист ва тартиби пешбурди онро" иваз карда шавад.

12. Дар моддаи 19:

- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- бо дархости мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин маълумот дар бораи сарчашмаҳои даромад, номгӯи молу мулк, хароҷоти маблағҳо ва молу мулки дигар, ҳайати кормандон ва пардохти музди меҳнати онҳо, маблағи андозҳои супоридашуда ва иттилооти дигари зарурӣ пешниҳод намоянд;";

- дар сархати сеюм аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ба намояндагони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин дар шиносшавӣ бо фаъолияти динӣ вобаста ба амалӣ намудани мақсадҳои оинномавӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунанд.".

13. Ба моддаи 32 қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"6. Ҳангоми аз ҷониби муассисон барҳам додани иттиҳодияи динӣ таъиноти минбаъдаи молу мулки он дар протоколи маҷлиси муассисон нишон дода мешавад. Дар сурати бо ҳалномаи суд барҳам додани иттиҳодияи динӣ масъалаи молу мулки он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад.".

14. Дар ном ва матни моддаи 34 калимаҳои "вайрон кардани" ба калимаҳои "риоя накардани талаботи" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

2 январи соли 2018 № 1497