ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РАМЗҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 соли 2017 № 931
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2017 № 476
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 340; с 2013, №11, мод. 783) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- дар қисми ҳафтум калимаи "аносири" ба калимаи "унсурҳои" иваз карда шавад;
- дар қисми ҳаштум калимаи "нерӯмандӣ" ба калимаи "нерумандӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми дувоздаҳум калимаҳои "фамилия" ва "мӯҳлати" мувофиқан ба калимаҳои "насаб" ва "муҳлати" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 3:
- дар қисми якум калимаҳои "як" ва "овеза" мувофиқан ба рақами "I" ва калимаи "заррин" иваз карда шуда, калимаҳои "шакли хос ва" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми дуюм калимаи "як" ба рақами "," иваз карда шавад;
- дар қисми нуҳум калимаҳои "як" ва "нерӯмандӣ" мувофиқан ба рақами "," ва калимаи "нерумандӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 4:
- дар номи модда ва қисми якум калимаи "Маҳали" ба калимаи "Маҳалли" иваз карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Нусхаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, қароргоҳи зисти доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қароргоҳҳо дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҷлили ҷашнҳои давлатӣ, қабули шахсони расмии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, супоридани мукофотҳои давлатӣ, қабули расмӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вохӯрию мулоқотҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.".
4. Дар моддаи 5 калимаи "иҷлосияи" ба калимаи "ҷаласаи" иваз карда шуда, пас аз калимаҳои "иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд," илова карда шаванд.
5. Қисми сеюми моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 январи соли 2018 № 1495
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СИМВОЛАХ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 25 октября 2017 года, №931
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 21 декабря 2017 года, №476
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 июля 2006 года "О символах Президента Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №7, ст. 340; 2013 г., № 11, ст. 783) следующие изменения и дополнение:
1. В статье 3:
- в части первой слова "первой" и "специальной" соответственно заменить цифрой и словом "I" и "золотой";
- в частях второй и девятой слово "первой" заменить цифрой "I";
- в части седьмой слова "лалами" и "лалу" соответственно заменить словами "рубинами" и "рубину".
2. В статье 4:
- часть вторую изложить в следующей редакции:
Дубликат Штандарта Президента Республики Таджикистан поднимается и устанавливается над резиденцией Президента Республики Таджикистан в городе Душанбе, резиденцией постоянного проживания Президента Республики Таджикистан, над другими резиденциями во время пребывания в них Президента Республики Таджикистан по случаю государственных праздников, при приёмах официальных лиц иностранных государств и международных организаций, проведении совместного заседании Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, сессии Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, которые проводятся с участием Президента Республики Таджикистан, вручении государственных наград, официальных приёмах от имени Президента Республики Таджикистан, других официальных встречах и совещаниях Президента Республики Таджикистан и на транспортных средствах Президента Республики Таджикистан.";
- в части четвертой "слова "флагом Таджикистана Штандарт и Государственный флаг" заменить словами "флагом Республики Таджикистан Штандарт Президента Республики Таджикистан и Государственный флаг Республики Таджикистан".
3. В тексте статьи 5 слово "сессии" заменить словом "заседании" и после слов ", сессии Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан" дополнить словами ", которые проводятся с участием Президента Республики Таджикистан,".
4. Часть третью статьи 7 изложить в следующей редакции:
"Физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Закона привлекаются к ответственности в соответствии с законодательством Республики Таджикистан".
Статья 2. Настоящий закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 2 января 2018 года, №1495