Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 № 1492 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАРЗИВУ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 октябри соли 2017 № 929

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 декабри соли 2017 № 473

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2013 "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 3, мод. 177) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Номи Қонуни конститутсионӣ дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

2. Дар муқаддима, номи бобҳои 2, 3, 4, 5, моддаҳои 1, 2, 3, 4, 6, 8, 9, 10, 11, 12, 14, 18, 19, 22, 23, 25 ва 26 калимаҳои "МАРЗИВУ МАЪМУРӢ", "марзиву маъмурӣ", "марзиву маъмуриро", "марзиву маъмурии" ва "марзиву маъмурие" ба калимаҳои "МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ", "маъмурию ҳудудӣ", "маъмурию ҳудудиро", "маъмурию ҳудудии" ва "маъмурию ҳудудие" иваз карда шаванд.

3. Ба матни моддаи 1 пас аз калимаи "Қонуни" калимаи "конститутсионии" илова карда шавад.

4. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

5. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 6 калимаҳои "вазъи ҳуқуқии" ба калимаи "мақоми" иваз карда шаванд.

6. Дар қисми 1 моддаи 7 калимаи "мамнӯъгоҳҳо" ба калимаи "мамнуъгоҳҳо" иваз карда шавад.

7. Дар номи моддаи 8 ва қисми 4 моддаи 23 калимаҳои "марзӣ" ва "марзи" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудудӣ" ва "ҳудуди" иваз карда шаванд.

8. Сархати якуми моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- таъсис, тағйир, барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, муқаррар намудани маркази маъмурӣ ва ба ҷои дигар кӯчонидани онҳоро муайян менамояд;".

9. Дар матни моддаи 12 калимаи "ҷамоат" ба калимаи "Ҷамоат" иваз карда шавад.

10. Дар ном, сархатҳои панҷум ва шашуми банди 2, сархатҳои чорум ва панҷуми банди 3, сархати шашуми банди 4, сархатҳои панҷум ва шашуми банди 5, сархатҳои дуюм ва чоруми банди 6, сархатҳои сеюм, чорум ва панҷуми банди 7, сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми банди 8, сархати ҳафтуми банди 9, сархатҳои чорум, шашум ва ҳаштуми банди 10 ва ном, сархатҳои сеюми зербандҳои сеюм ва чоруми банди 11 замима ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "марзиву маъмурӣ", "марзиву маъмурие", "ҷамоати" ва "қаламрави" мувофиқан ба калимаҳои "маъмурию ҳудудӣ", "маъмурию ҳудудие", "Ҷамоати" ва "ҳудуди" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

2 январи соли 2018 № 1492

 

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПОРЯДКЕ РЕШЕНИЯ ВОПРОСОВ АДМИНИСТРАТИВНО-ТЕРРИТОРИАЛЬНОГО УСТРОЙСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 25 октября 2017 года, №929

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 21 декабря 2017 года, №473

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 19 марта 2013 года "О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г. № 3, ст. 177) следующие изменения и дополнение:

1. Текст статьи 1 после слова "настоящем" дополнить словом "конституционном".

2. Из абзаца первого части 2 статьи 6 слово "юридический" исключить.

3. В статье 9:

- в названии статьи слово "Полномочия" заменить словом "Компетенция";

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- образует, изменяет и упраздняет административно-территориальные единицы, устанавливает их административные центры и места переноса административных центров;".

4. В названии статьи 10 слово "Полномочия" заменить словом "Компетенция".

5. В тексте статьи 12 слово "джамоата" заменить словом "Джамоата".

6. В абзаце втором пункта б, абзацах Третьем и четвертом пункта 7, абзаце третьем пункта 8, абзацах четвертом и восьмом пункта 10, абзаце третьем подпунктов третьем и четвертого пункта 11 приложения к конституционному Закону Республики Таджикистан "О порядке решения вопросов административно-территориального устройства Республики Таджикистан" слово "джамоата" заменить словом "Джамоата".

Статья 2. Ввести настоящий конституционный Закон в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2018 года, №1492