ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ ВА ҲУҚУҚҲОИ ВОБАСТА БА ОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 октябри соли 2017 № 922
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2017 № 469
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №23-24, мод. 348; с. 2003, №8, мод. 450; с. 2006, №3, мод. 153; с. 2009, №12, мод. 825; с. 2014, №12, мод. 826) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
2. Дар моддаи 3:
- дар банди 7) калимаи "васоити" ба калимаи "воситаҳои" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои дуюм ва сеюми банди 13) калимаҳои "амволиро" ва "амволӣ" мувофиқан ба калимаҳои "молумулкиро" ва "молумулкӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди 19) калимаи "айни" ба калимаи "як" иваз карда шавад.
3. Дар матни моддаи 4, қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 18 ва матни моддаи 30 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
4. Дар банди 2) қисми якуми моддаи 5 калимаи "даҳонӣ" ба калимаи "шифоҳӣ" иваз карда шавад.
5. Дар ном ва қисми чоруми моддаи 9, банди 1) қисми якуми моддаи 15, қисмҳои дуюм ва чоруми моддаи 17 ва қисми сеюми моддаи 18 калимаҳои "муаллифият" ва "муаллифияти" мувофиқан ба калимаҳои "муаллифӣ" ва "муаллифии" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми чоруми моддаи 9, қисми шашуми моддаи 11, қисми сеюми моддаи 13, қисми панҷуми моддаи 14, қисми дуюми моддаи 15, қисми дуюми моддаи 16, қисми сеюми моддаи 17, қисми якуми моддаи 22, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 24, қисми сеюми моддаи 25, матни моддаи 44 ва қисми дуюми моддаи 46 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
7. Дар қисми сеюми моддаи 10, қисми якуми моддаи 14, моддаи 15, ном ва қисми чоруми моддаи 16, қисми чоруми моддаи 18, моддаи 25, қисмҳои сеюм ва панҷуми моддаи 39, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 40, банди 4) қисми якуми моддаи 41, номи боби IV, ном ва қисми якуми моддаи 43, қисмҳои дуюм ва шашуми моддаи 44 калимаҳои "амволӣ", "ғайриамволии", "ғайриамволӣ", "амволии" ва "амволие" мувофиқан ба калимаҳои "молумулкӣ", "ғайримолумулкии", "ғайримолумулкӣ", "молумулкии" ва "молумулкие" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 26:
- аз қисми сеюм калимаи "қаламрави" хориҷ карда шавад;
- дар қисми панҷум калимаи "шартномаи" ба калимаи "шартнома" иваз карда шавад.
9. Дар қисми чоруми моддаи 30 калимаи "байналхалқии" ба калимаи "байналмилалии" иваз карда шавад.
10. Дар банди 1) қисми дуюми моддаи 36, банди 1) қисми дуюми моддаи 37 ва қисми сеюми моддаи 43 калимаи "айни" ба калимаи "як" иваз карда шавад.
11. Дар банди 4) қисми якум, қисми сеюми моддаи 41 ва матни моддаи 42 калимаҳои "дар бобати" ва "Дар бобати" мувофиқан ба калимаҳои "нисбати" ва "Нисбати" иваз карда шаванд.
12. Дар матни моддаи 45 калимаи "адо" ба калимаи "иҷро" иваз карда шавад.
13. Дар моддаи 47:
- дар банди 2) қисми якум калимаи "васоити" ба калимаи "воситаҳои" иваз карда шавад;
- қисми 4 хориҷ карда шавад.
14. Моддаи 48(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 48(1). Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 январи соли 2018 № 1488