ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 октябри соли 2017 № 908
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2017 № 468
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 627) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархатҳои якум, чорум, бисту дуюм, сиюм ва чилу нуҳуми моддаи 1, қисми 1 моддаи 7, қисми 4 моддаи 24, қисми 3 моддаи 27 ва қисми 2 моддаи 36 калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" ба калимаҳои "мақоми назорати суғуртавӣ" иваз карда шаванд.
2. Ба моддаи 1 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- мақоми назорати суғуртавӣ - Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои танзиму назоратро дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ анҷом медиҳад;".
3. Аз қисмҳои 4, 10, 11 ва 13 моддаи 4, қисми 2 моддаи 5, қисми 2 моддаи 7, сархати сеюми қисми 4 ва қисми 6 моддаи 8, қисми 2 моддаи 9, матни моддаи 12, қисми 14 моддаи 13, қисми 3 моддаи 25, қисмҳои 4, 7, 8 ва 9 моддаи 26, қисми 2, сархати якуми қисми 4 ва қисмҳои 5 ва 6 моддаи 28, сархати ҳаштуми қисми 2 ва қисмҳои 4, 6, 7, 8 ва 9 моддаи 29, сархати дувоздаҳуми қисми 8 ва қисми 14 моддаи 31, қисмҳои 2, 3 ва 6 моддаи 32, матн ва сархати якуми қисми 4, сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми қисми 6 ва қисмҳои 7 ва 8 моддаи 34 ва қисми 6 моддаи 37 калимаҳои "ваколатдори давлатии" хориҷ карда шаванд.
4. Қисми 2 моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Сиёсати давлатиро дар соҳаи суғурта мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ амалӣ ва назорати фаъолияти суғуртавиро мақоми назорати суғуртавӣ таъмин менамояд.".
5. Дар моддаи 34:
- аз ном ва қисми 1 калимаи "давлатии" хориҷ карда шавад;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Назорати суғуртавиро Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ менамояд.".
6. Дар матни моддаи 35 калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии назорати суғуртавӣ" ба калимаҳои "мақоми назорати суғуртавӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 январи соли 2018 № 1487