Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 № 1485 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 октябри соли 2017 № 893

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 декабри соли 2017 № 466

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 "Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 723; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 1012) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар сархати шашум калимаҳои "мақомоти худидораи маҳаллӣ" ва "мақоми ваколатдори худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд;

- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- таҳиягар (режиссёр-таҳиягар, балетмейстер-таҳиягар, дирижёртаҳиягар, хормейстер-таҳиягар, рассом-таҳиягар) - шахсе, ки мустақилона намоиши театрӣ ё қисми алоҳидаи онро амалӣ мегардонад;".

2. Матни моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

3. Дар қисми якуми моддаи 4 калимаҳои "шаҳрвандони бетабаа" ба калимаҳои "шахсони бешаҳрванд" иваз карда шаванд.

4. Дар номи моддаи 7, матни моддаи 8, қисмҳои панҷум ва ҳаштуми моддаи 18, қисми якуми моддаи 20, қисми якуми моддаи 21, қисми дуюми моддаи 26 ва қисми якуми моддаи 27 калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ", "мақоми худидораи маҳаллӣ" ва "мақомоти худидораи маҳаллӣ" мувофиқан ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" иваз карда шаванд.

5. Дар сархати ҳафтуми қисми якуми моддаи 7 калимаи "васоити" ба калимаи "воситаҳои" иваз карда шавад.

6. Қисми сеюми моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Иҷрои оммавии намоишҳои театрӣ, дигар намудҳои истифодаи он, инчунин чопи маводи иттилоотӣ ва рекламавӣ танҳо дар асоси ҳалномаи суд дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда мешаванд.".

7. Моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

2 январи соли 2018 № 1485