Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2018 № 1479 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 октябри соли 2017 № 891

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 декабри соли 2017 № 460

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, № 3, мод. 130; с. 2006, № 3, мод. 150; с. 2008, № 6, мод. 449, № 10, мод. 799; с. 2012, № 8, мод. 822; с. 2014, № 11, мод. 661) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз муқаддима, қисми 2 моддаи 1, қисми 5 моддаи 3, матни моддаи 4, қисми 1 моддаи 8 ва сархати дуюми моддаи 24 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар қисмҳои 5 ва 8 моддаи 2, қисми 1 моддаи 7, қисми 8 моддаи 10, қисми 2 моддаи 12, қисми 11 моддаи 14, қисми 2 моддаи 15, сархати якуми қисми 1, сархати дуюми қисми 2, қисмҳои 4, 5, 9 моддаи 18 ва қисми 1 моддаи 20 калимаҳои "қаламрави" ва "қаламрав" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудуди" ва "ҳудуд" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми 5 моддаи 3 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.

4. Ба қисми 7 моддаи 10 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд ва дар ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифташуда қарор доранд, рухсатии асосӣ тибқи тартиби муқарраргардида қисм ба қисм, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дода мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе

2 январи соли 2018 № 1479

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СТАТУСЕ ВОЕННОСЛУЖАЩИХ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 11 октября 2017 года, №891

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 21 декабря 2017 года, №460

Статья 1. Часть 7 статьи 10 Закона Республики Таджикистан от 1 марта 2005 года "О статусе военнослужащих" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №3, ст. 130; 2006 г., №3, ст. 150; 2008 г., №6, ст. 449, №10, ст. 799; 2012 г., №8, ст. 822; 2014 г., №11, ст. 661) дополнить вторым предложением следующего содержания:

"Военнослужащим, проходящим военную службу по призыву, состоящим в государственном зарегистрированном браке, основной отпуск предоставляется в установленном порядке по частям, но не менее одного раза в шесть месяцев.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2018 года, №1479