Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2017 № 547

Санаи амалкуни: 01.11.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" ноябри соли 2017, № 547

Низомномаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2019 № 570)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақоми марказии ҳокимияти иҷроия буда, оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва идоракунии молу мулки давлатӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба омодагӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи замони осоишта ва ҷанг фаъолият менамояд, маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ, ҳуқуқӣ, мудофиавӣ ва дагар чорабиниҳоро, ки ба ҳифзи аҳолӣ, иншооти иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ нигаронида шудаанд, ҳамоҳанг месозад.

2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиаи гражданӣ", "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавкулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ", "Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Кумита фаъолияти худро бевосита ё тавассути мақомоти ҳудудии (минтақавии) худ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, созмонҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд.

2. ВАКОЛАТҲОИ КУМИТА

4. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият вазифаҳои зеринро анҷом медиҳад:

- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар самти мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар давраи осоишта ва замони ҷанг;

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;

- идоракунӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дар давраи осоишта ва замони ҷанг;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо дар доираи низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;

- ҷамъоварӣ, коркард ва табодули иттилоот дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;

- ташкил ва таъмини ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;

- ташкили чорабиниҳои аввалиндараҷа, гузаронидани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда дар давраи осоишта ва замони ҷанг;

- танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколати Кумита мансуб мебошанд.

5. Кумита мутобиқи вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- ҳамоҳанг намудани сиёсати давлатӣ дар самти мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ, экологӣ ва техногенӣ ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо, инчунин пешгирӣ; маҳдуд кардан ва бартараф намудани онҳо;

- ташкили шабакаҳои мушоҳидавӣ ва назорати озмоишии мудофиаи гражданӣ;

- гузаронидани ҷойгиронӣ ва кӯчонидани аҳолӣ аз шаҳрҳои мансуб ба гурӯҳҳои осебпазири мудофиаи гражданӣ ба минтақаҳои

бехавф ва дигар маҳалҳои аҳолинишини дорои иншоотҳои аҳамияти махсус, инчунин аз минтақаҳои паҳншавии обхезӣ ва минтақаҳои наздисарҳадӣ;

- таҳия ва амалисозии нақшаҳои рушд, мукаммалгардон ва идоракунии қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ва дигар воҳидҳои сохтории Кумита;

- таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, инчунин нақшаҳои мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи осоишта ва замони ҷанг;

- ҳамоҳангсозии корҳо оид ба таъсис додани фондҳои захиравии фавқулодда, аз ҷумла маблағҳои фонди давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба рафъи оқибатҳои онҳо ҷудо гардидаанд, инчунин назорати мақсаднок оид ба тақсимот ва хароҷоти онҳо;

- банақшагирии пешакӣ дар давраи осоишта ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба тайёрии аҳолӣ ва ҳудуд ба ҳифз дар ҳолати ба амал омадани амалиёти ҷангӣ ва баланд бардоштани устувории фаъолияти иншоотҳои иқтисодӣ дар замони ҷанг;

- ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда интиқол, тақсимот ва назорати масолеҳи сохтмонӣ, маводи озуқаворӣ ва дигар кумакҳои башардӯстона ба аҳолӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ ҷудо шудаанд;

- интиқол, тақсимот ва назорати масолеҳи сохтмонӣ, маводи озуқа ва дигар кумаки башардӯстона ба кишварҳои хориҷӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегардад ё ин ки тавассути ҳудуди роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд;

- амалисозии назорат ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва кумакҳои моддие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз дигар давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони алоҳида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумита барои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда ворид мегарданд;

- ташкили таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тайёрӣ, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуд аз эҳтимолияти ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ, маҳдуд кардан ва бартараф намудани он;

- ташкил намудани захираҳои сафарбарӣ ва молу мулки махсус, хӯрокворӣ, доруворӣ, инчунин фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии мудофиаи гражданӣ;

- таъмини идоракунии устувори чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ дар замони ҷанг ва дар давраи ҳолатҳои фавқулодда;

- ташкил ва таъмини омодагии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, ки самти фаъолияташон барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи давраи осоишта ва замони ҷанг пешбинӣ шудааст;

- ташкили тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, мақомоти идоракунӣ ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ барои иҷрои вазифаҳо дар замони ҷанг;

- ташкили кор оид ба паноҳ намудани аҳолӣ дар иншоотҳои муҳофизатӣ ва таъмин намудани онҳо бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва тиббӣ;

- гузаронидани чорабиниҳо оид ба рӯшноипинҳонкунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти иқтисодӣ;

- таъминоти аҳолӣ бо маводи аввалияи зарурӣ ҳангоми зарар дидан дар амалиётҳои ҷангӣ, аз он ҷумла хизматрасонии тиббӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ва андешидани дигар тадбирҳои зарурӣ;

- ташкили омӯзиши аҳолӣ, тайёрии шахсони мансабдори мақомоти идоракунанда ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ ҷиҳати амал намудан дар ҳолатҳои фавқулодда;

- амалӣ намудани банақшагирӣ ва ташкили сафарбарии ҷангӣ, омодагии қувваҳои мудофиаи гражданӣ, раёсату шуъбаҳо ва зершуъбаҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда, таъмин ва назорати ҳалли масъалаҳои омодагии ҷангӣ ва сафарбарӣ дар ҳамаи воҳидҳои сохтории Кумита;

- ташкили иттилоотонии аҳолӣ оид ба таҳдид ва ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин бурдани назорат аз болои ташкили кори воситаҳои дахлдори огоҳсозии минтақавӣ ва маҳаллӣ; - ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҷиҳати пешгӯии эҳтимолияти ҳолатҳои фавқулодда, тарҳсозӣ ва ҷудонамоии ноҳияҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ оид ба иншоотҳои хатарноки истеҳсолӣ;

- дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, тобеияти идоравӣ ҷойгиронӣ ва муайян намудани муҷаҳҳазгардонии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, ки барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда пешбинӣ гардидаанд;

- амалисозии роҳбарии методӣ дар самти таҳкими устувории фаъолияти иншоотҳои иқтисодӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаи давраи осоишта ва замони ҷангӣ;

- банақшагирии фаъолияти қувваҳои мудофиаи гражданӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаи давраи осоишта ва замони ҷангӣ, ташкили истифода ва ҳамкории онҳо бо вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар рафти иҷрои корҳои бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо;

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ;

- амалӣ намудани ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мудофиаи гражданӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои он дар вазорату идораҳои дахлдор, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, тобеияти идоравӣ, моликият ва шароити хоҷагидории онҳо;

- ташкил ва амалӣ намудани назорати сохтори огоҳонидани аҳолӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи давраи осоишта ва замони ҷангӣ;

- ташкил ва бурдани назорат оид ба кӯчонидани аҳолӣ, чорабиниҳои табобатию пешгирикунандаи ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда, ки аз таъсири оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда чи дар давраи осоишта ва чи дар замоии ҷанг зарар дидаанд;

- ҳамоҳанг намудани таҳия ва тасдиқи барномаҳои омӯзиши аҳолӣ, тайёрии ҳайати роҳбарикунанда, мақомоти идоракунӣ, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ барои амали онҳо дар шароити ҳолатҳои фавқулодда;

- ташкил намудани корҳо оид ба ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандони дорои таҷрибаи мувофиқ дар гузаронидани чорабиниҳои огоҳсозӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда тибқи тартиби муқарраргардида;

- иттилоотонии мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеа, инчунин созмонҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятдошта оид ба фаъолияти Кумита, сар задани офати табиӣ, фалокатҳо, садамаҳои калон ва оқибатҳои онҳо;

- ташкили гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию техникӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо;

- ташкили таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки илмӣ-техникӣ, ки барои пешгирӣ, маҳдуд кардан ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, баҳри таҳкими устувории фаъолияти иншоотҳои иқтисодӣ ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда дар давраи осоишта ва замони ҷанг равона шудааст;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил ва таъмини ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ба имзо расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба масъалаҳои паст кардани хатари офатҳои табиӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;

- дар доираи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, хабардоркунӣ, рафъи ҳолатҳои фавқулодда, расонидани кумак ба аҳолӣ, инчунин омӯзиш, ҷамъбаст ва истифодаи таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар ин самтҳо;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳисобот оид ба истифодаи мақсадноки воситаҳо ва кумакҳои башардӯстонаи расида ба аҳолӣ ва иншоотҳои иқтисодӣ, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд;

- тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобила бо вазорату идораҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳое, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон баимзорасида бармеоянд;

- ташкили роҳбарӣ ва назорат ҷиҳати гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир оид ба бартараф намудани садамаҳои истеҳсолӣ, фалокатҳо, дигар ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ ва бартараф намудани оқибатҳои онҳо;

- ташкил намудани фаъолият оид ба ташкил ва истифодаи дастаҳои (қувваҳои) садамавию наҷотдиҳии дорои омодагии доимӣ барои иҷрои корҳо ҷиҳати рафъи фаврии ҳолатҳои фавқулодда;

- ташкили чораҳои таъсиррасонӣ ба абрҳои жоладор тавассути мушоҳидаи масофавӣ ва муайян намудани нишондодҳои радиомавҷҳои инъикосёфта бо мақсади пешгирӣ ё қатъ намудани эҳтимолияти боридани жола;

- амалӣ намудан ва гузаронидани чорабиниҳои таркишӣ бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;

- амалисозии роҳбарӣ ва назорати фаъолияти наҷотдиҳандагон, ки барои расонидани кумак ҷиҳати рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда аз дигар давлатҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд;

- роҳбарии ҳамарӯза ва дар ҳолати омодабошии доимии ҷангӣ ва омодагии сафарбарӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои Кумита, инчунин амалӣ намудани таъминоти моддӣ-техникӣ, ақибгоҳӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ;

- ташкили таҳия ва барои баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид

ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ, маҳдуднамоӣ ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо, ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, инчунин таҳияи пешниҳодҳо оид ба такмили қонунгузорӣ, ки ин фаъолиятҳоро ба танзим медарорад;

- иштирок дар гузаронидани ташхиси давлатии ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ ва лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо дар самти риояи талаботи меъёрҳои лоиҳакашии чорабиниҳои муҳандисию техникии мудофиаи гражданӣ;

- иштирок дар гузаронидани ташхиси давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳо ва қарорҳо вобаста ба иншоотҳои таъминоти истеҳсолию иҷтимоӣ ва равандҳое, ки метавонанд сарчашмаи ҳолатҳои фавқулодда бошанд ё ба таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда таъсир расонанд;

- муайян намудани самтҳои афзалиятнок дар фаъолият оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо, ташкил намудани таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва амалисозии барномаҳои мақсадноки илмию техникӣ доир ба ин масъалаҳо;

- дар доираи воҳиди кории муқарраргардида таҳия намудани шумораи ҳайати шахсӣ, нақшаи пуррагардонии воҳидҳои ҳарбӣ, қисмҳо ва ҷузъу томҳои кумита бо хизматчиёни ҳарбии ба хизмат даъватшуда ва тибқи шартнома қабулшуда, ташкили аз хизмати ҳарбӣ рухсат шудани онҳо тибқи тартиби муқарраргардида.

6. Кумита барои амалисозии вазифаҳо ва ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқҳои зерин дорад:

- қабули қарорҳои дахлдори ба ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти мудофиаи гражданӣ, омодасозӣ ва ҳифзи аҳолӣ, иншоотҳои иқтисодӣ ва ҳудуд, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибатҳои онҳо равонашуда, ки иҷрояшон барои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, инчунш вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, ҳамаи шахсони мансабдор ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист;

- дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар бораи сафарбар намудани қувва ва воситаҳои зарурии мудофиаи гражданн вобаста ба гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он қарор қабул намояд;

- дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарорҳоро оид ба манъ ва ё қисман маҳдуд намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон дар мавзеъҳои эҳтимолии ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ва минтақаҳои рух додани ҳолатҳои фавқулодда қабул намояд;

- қӯшунҳои ҳарбии кумитаро дар сохтмон ва корҳои хоҷагӣ тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва дар асоси шарномаҳои баишорасидае, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, истифода барад;

- аз вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияташон маълумот оид ба масъалаҳои омодагии ҳифзи аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва бартарафкунии оқибатҳои онҳо, таҳкими устувории фаъолияти иншоотҳои икгисодӣ ва маълумоти зарурӣ барои ҳалли масъалаҳои ба Кумита вобастабударо талаб карда гирад;

- тибқи тартиби муқарраргардида конференсияҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва мизҳои мудавварро оид ба маоъалаҳои коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва рушди соҳаи мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намояд;

- аломатҳои муайянкунанда, воситаҳои алоқа ва таҷҳизоти огоҳкунандаи овозию равшанидиҳаидаро ба нақлиётҳои махсус васл намояд;

- аттестатсияи хизматчиёни сохторҳои наҷотдиҳӣ ва ҳарбии Кумита, инчунин наҷотдиҳандагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои амалкарди фаъолияти сайёҳӣ-кӯҳнавардӣ ва дорои неруҳои наҷотдиҳӣ бо минбаъд ба онҳо супурдани ҳуҷҷати шаклаш муқарраргардидаи дахлдор гузаронад;

- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аломатҳои фарқкунанда, тамға, намунаи парчами ҷангии Кумитаро барои тасдиқ пешниҳод намояд;

- бо мақсади ҳифзи иншоотҳои махсус, инчунин барои ҳамроҳӣ намудани борҳои махсус ва гуманитарӣ силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва дигар намуди аслиҳаро дар таҷҳизоташ доро бошад;

- ҳангоми сохтмони иншоотҳои вобаста ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, инчунин қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти манзилӣ, иҷтимоӣмаишии ҳарбиён, коргарон ва хизматчиёни Кумита, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар воҳидҳои сохтории он ба ҳайси фармоишгар баромад кунад.

3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА

7. Кумитаро раис роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Роҳбарии ҳамарӯзаи мудофиаи гражданиро раиси Кумита дар асоси дастури сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Раиси Кумита фармондеҳи қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

8. Раиси Кумита муовини якум ва муовинон дорад, ки бо пешниҳоди раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Вазифаҳоро байни муовинон раиси Кумита тақсим менамояд.

9. Раиси Кумита чунин ваколатҳо дорад:

- роҳбариро дар асоси яккасардорӣ ба иҷро расонида, барои омодагӣ ба бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳалли вазифаҳои дигаре, ки ба зиммаи Кумита вогузор шудааст, масъулияти шахсӣ дорад;

- ба фаъолияти сохторҳои зертобеи худ, ташкилотҳои наҷотдиҳию ҳарбӣ ва ҷузъу неруҳои мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ менамояд;

- Кумитаро дар тамоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ менамояд;

- сардорони сарраёсату раёсатҳо, шуъбаю зершуъбаҳо, инчунин дигар воҳидҳои сохтории зертобеъ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ва ҳайати хурду калони роҳбарикунандаи Кумитаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти Кумита мансуббуда фармоишу дастурҳо ба имзо мерасонад;

- низомномаи воҳидҳои сохторӣ, нақшаҳои таълимӣ, дастурҳо ва барномаҳои сафарбарии фаврӣ, ҷангӣ ва тайёрии қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳо, шуъбаҳо ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, уҳдадориҳои вазифавии шахсони дахлдори мансабдор, қоидаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳоро, ки ба салоҳияти Кумита мансубанд, тасдиқ менамояд;

- сохтор ва басти вазифаҳои дастгоҳи марказӣ ва мақомоти дар нақшаи идоракунии Кумита зикргардида дар доираи фонди музди меҳнат ва шумораи ниҳоии кормандон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сметаи хароҷоти нигохдории онҳоро дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои давраи дахлдор тасдиқ менамояд;

- шумораи кормандон ва меъёри фонди музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои зерсохтори Кумита ва воҳидҳои сохтории онҳоро дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳоро дар доираи маблағҳои буҷети соли молиявии дахлдор тасдиқшуда тасдиқ менамояд;

- масъалаҳои гузаштани хизмати ҳарбиро аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Кумита, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои мудофиаи гражданӣ ҳал намуда, бо рутбаҳои ҳарбӣ, аз ҷумла "полковник" сарфароз менамояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои риоя накардани қонунгузорӣ рутбаҳои ҳарбии онҳоро паст мекунад;

- дар асоси қонунгузорӣ номгӯи вазифаҳои ишғолнамудаи ҳайати афсарони олирутбаи Кумитаро барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳоро оид ба таъин намудан ба вазифаҳои мансабӣ, ки ҳайати афсарони олирутба ишғол кардаанд, додани унвонҳои ҳарбии ҳайати афсарони олирутба ба онҳо, озод намудани онҳо аз вазифаҳои ишғолнамуда ва ҷавоб додан аз хизмати ҳарбӣ манзур менамояд;

- хизматчиёни ҳарбии сохторҳои наҷотдиҳӣ ва неруҳои махсусро бо рутбаи дараҷавӣ, рутбаҳои махсуси тахассусӣ сарфароз мегардонад;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони шоистаи кумита ва воҳидҳои сохтории онро барои сарфарозгардонӣ бо мукофотҳои давлатӣ барои хизматҳои махсуси меҳнатӣ дар назди ҷомеа ва давлат пешбарӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2019 № 570);

- хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандонро барои дастовардҳои назаррас ва саҳмгузорӣ ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мукофотҳои идоравӣ сарфароз мегардонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2019 № 570);

- ҷиҳати ҳавасмандгардонии кормандони кумита ва воҳидҳои сохтории он барои муваффақиятҳои меҳнатӣ дар рушди соҳа тибқи тартиби муқарраргардида нишонҳои сарисинагӣ ва мукофотҳои идоравиро таъсис медиҳад ва низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.11.2019 № 570);

- супоришҳоро барои лоиҳакашии намудҳои нави таҷҳизот, воситаҳои ҳифз, техника ва воситаҳои техникӣ барои қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ ва хадамотҳои наҷотдиҳӣ, инчунин супоришҳоро барои гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавию нақшавиро тибқи тартиби муқараргардида тасдиқ мекунад;

- раиси Кумита аз дигар ҳуқуқҳое, ки ба ӯ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, истифода мебарад.

10. Дар Кумита таҳти роҳбарии раис ҳайати мушовара ташкил карда мешавад, ки ба ҳайати он муовинони раис (аз рӯи вазифа) ва сардорони воҳидҳои сохтории асосии Кумита дохил мешаванд. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди раис аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара тибқи тартиби муқарраргардида бо аксари овози он қабул гашта, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд ва бо фармоишҳои раис дар амал татбиқ мегардад.

11. Ба хизматчиёни ҳарбӣ (ғайр аз хизматчиёни ҳарбии хизмати ҳатмӣ) шаҳодатномаҳои шахсии афсар ва шаҳодатномаи хизматии шаклаш муқарраргардида дода шуда, барои нигоҳдорӣ ва бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишонии хизматӣ тибқи тартиби муқарраршуда иҷозат дода мешавад.

12. Фаъолияти кормандон ва хизматчиён дар дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои система, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар воҳидҳои сохтории Кумита, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

13. Нигоҳдории Кумита, неруҳои наҷотдиҳию ҳарбӣ, инчунин воҳидҳои сохтории он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин аз ҳисоби маблағҳое, ки тибқи шартномаю созишномаҳо аз шахсони воқеию ҳуқуқӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои донор гирифта мешавад, амалӣ мегардад.

14. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо сабти Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ, дигар муҳрҳо, тамғаҳо, бланкҳои намунаашон муқарраргардида ва ҳисобномаҳо мебошад, ки мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад.

15. Маҳалли ҷонгиршавӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734013, шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, 26.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" ноябри соли 2017, № 547

Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Дастгоҳи раис

3. Сарраёсати мудофиаи гражданӣ

4. Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд

5. Раёсати қӯшунҳо

6. Раёсати сохтмон, истифодабарии бино ва иншоотҳо

7. Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ

8. Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ

9. Раёсати молия ва иқтисод

10. Раёсати тиббӣ

11. Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ (бо ҳуқуқи раёсат)

12. Шуъбаи ҳуқуқ

13. Шуъбаи кор бо ҷомеа

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" ноябри соли 2017, № 547

Нақшаи идоракунии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дастгоҳи марказӣ

2. Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣнаҷотдиҳӣ

3. Раёсати модию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт

4. Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез

5. Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе

6. Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон

7. Шуъбаҳо ва бахшҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳру ноҳияҳо

8. Дастаҳои махсуси зудамали наҷотдиҳӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, минтақаҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

9. Хадамоти зидди жола

10. Маркази идоракунии Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон

11. Қисми ҳарбии 45005

12. Қисми ҳарбии 45025

13. Қисми ҳарбии 45045

14. Қисми ҳарбии 45075

15. Қисми ҳарбии 45085

16. Қисми ҳарбии 45095

17. Қисми ҳарбии 45989

Замимаи 4

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" ноябри соли 2017, № 547

Номгӯи ташкилотҳои системаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методӣ

2. Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрӣ

3. Беморхонаи ҳарбӣ (қисми ҳарбии 45010)

4. Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд

5. Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак

6. Хадамоти ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳӣ-кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Роғун