Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2017 № 468 "Дар бораи барҳам додани муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи барҳам додани муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво"

Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво" барҳам дода шавад.

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, тибқи тартиби муқарраргардида оид ба барҳам додани муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво" тадбирҳо андешад.

3. Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 148 "Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 октябри соли 2017 № 468

ш.Душанбе