Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз 29 сентябри соли 2017 № 442

Санаи амалкуни: 27.03.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" сентябри соли 2017, № 442

тасдиқ шудааст

Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 124)

1. Низоми мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти ваколатдори давлатӣ аз сохторҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистоми Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо иборат мебошад.

2. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар фаъолияти худба мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд. Ба вазифаи роҳбари мақомоти маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ меъмори дорои на камтар аз 3 сол собиқаи корӣ дар соҳа тасдиқ карда мешавад, ки ҳамзамон сармеъмори вилоят, шаҳр ё ноҳия мебошад.

3. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланкҳо, номи худ бо забони давлатӣ, инчунин муҳру штампҳои дахлдор мебошанд.

4. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

5. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомотя марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ

6. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳолатҳои зерин доранд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва амалӣ намудани идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудуди дахлдори воҳиди маъмурию ҳудудӣ;

- амалӣ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;

- андешидани маҷмӯи тадбирҳои ба бунёди муҳити бехавф, аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз лиҳози иҷтимоию маънавӣ комил, барои ҳаёту фаъолият мусоид равонагардида;

- таъмини рушди маҷмӯи ва босамари инфрасохтори иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва муҳандисию нақлиётӣ;

- ташаккули низоми дурусти ҷойгир намудани биною иншоот, нигоҳ доштани ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, манзараҳои табиӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи меъморию бадеии биносозӣ дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин;

- ташкил ва такмил додани фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори онҳо;

- назорати риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозӣ ҳангоми таҳия ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва банақшагирии ҳудуд, қоидаҳои заминистифодабарӣ ва иморатсозӣ, ҳуҷҷатҳо оид ба банақшагирии ҳудудҳо, нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин;

- назорати риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, инчунин мутобиқати мавод, маснуот ва конструксияҳои дар сохтмон истифодашаванда ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва сертификатҳо;

- назорати риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи давлатии шаҳрсозӣ, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ дар лоиҳакашӣ, назорати сифати корҳои сохтмони бино ва иншоот;

- такмили сатҳу сифати лоиҳаҳо ва маҷмааҳои меъморию сохтмонӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дар доираи ваколати худ ташкил ва ҳамоҳангсозии иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои шаҳрсозӣ;

- таҳлили ҳамасолаи фаъолияти ташкилотҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар асоси маълумоти оморӣ дар ҳудуди дахлдор;

- пешбурди феҳристи ташкилотҳои_ сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар ҳудуди дахлдор, ки дорои иҷозатномаи фаъолияти шаҳрсозӣ мебошанд;

- баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмин намудани ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

- ташкил ва баргузории чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи шаҳрсозӣ дар ҳудуди дахлдор;

- ташкили омодагии касбӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаомӯзии мутахассисон;

- таъмини нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дар бойгонӣ;

- ташкили намоишгоҳҳо ва дигар чорабиииҳо мансуб ба соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ;

- дар амал татбиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳрсозӣ;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расондани ёрии амалӣ оид ба масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ;

- мусоидат ба омода намудани кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва бо тартиби муқарраргардида ташкил ва амалӣ намудани он, мониторинги нншооти фаъолияти шаҳрсозӣ, пешбурди фондҳои иттилоотии кадастри шаҳрсозӣ;

- баррасӣ ва мувофиқа намудани лоиҳаҳои мавзеъҳои ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои меъморӣ, дизайн, тармими муҷассамаҳои меъморӣ, таърихию фарҳангӣ ва назорати иҷрои онҳо;

- ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони манфиатдор ҷиҳати рушди санъати меъморӣ, ҳифзи осори меъморӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои табиӣ;

- таъмини азнавсозии мавзеъҳои иншооти таърихӣ, эҳёи меъмории миллии классикӣ ва ансамбли ягонаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки самтҳои гуногуни меъморӣ ва шаҳрсозии ватанию хориҷиро дар бар мегирад;

- иштирок дар гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, тасдиқи ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ, бахшҳои шаҳрсозии барномаҳои мақсадноки ҳудудӣ, тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётию иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд;

- таъмини ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва шаҳрсозии мавзеъҳои аз дигар манбаъҳо маблағгузоришаванда оид ба масъалаҳои амният, захираи қувваи барқ, риояи талаботи меъёрӣ ва фармоиши меъморию лоиҳакашӣ;

- ба баррасии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намудани лоиҳаи қарор ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки мутобиқи қонунгузорӣ таҳия гардидаанд;

- иштирок дар баррасӣ ва омодасозми хулосаҳо оид ба лоиҳаи қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрни ҳуқуқӣ, ки ба дигар соҳаҳо ва намудҳои фаъолият тааллуқ доранд;

- дар асоси қарори дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин мутобиқи нақшаи генералии тасдиқшуда ва лоиҳаи мувофиқагардидаи сохтмон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ иҷозат медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 124);

- анҷом додани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои муқаррар намудааст.

3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ

7. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:

- фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва сохторҳои тобеи онҳоро оид ба риояи қонунгузории шаҳрсозӣ назорат кунанд;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои вазифаҳои базиммадоштаашон аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷату маводи заруриро талаб намоянд;

хориҷ карда шуд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 124);

хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 124);

- ба лоиҳаи санадҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои ободонӣ, дизайн, ҷойгир намудани рекламаҳои беруна, ороиши бадеӣ, сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ хулоса диҳанд;

- дар доираи салоҳияти худ оид ба масалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, истифодаи меъёру қоидаҳо, стандартҳо дар соҳаи сохтмон тафсир диҳанд;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ба ҳайси фармоишгар ҷиҳати таҳияи барномаҳои мақсадноки шаҳрсозӣ ва дигар ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ баромад намоянд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар воситаҳои ахбори омма нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, ҷойгиркунии дигар маводро оид ба масъалаҳои соҳаи шаҳрсозӣ таъмин намоянд;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳое, ки ба фаъолияти шаҳрсозӣ тааллуқ доранд, маълумот диҳанд;

- барои ҳалли масъалаҳои соҳавӣ ташкилоту муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намоянд;

- бо мақсади иҷрои вазифаҳои базиммадошта дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода намоянд.

8. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ уҳдадоранд:

- бо тартиби муқарраргардида таҳия, тасдиқ ва ё пешниҳод ба тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавии иншооти меъмориро таъмин намоянд;

- корҳои илмӣ-тадқиқотиро, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва лоиҳавиро, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳои маблағгузорӣ таҳия мешаванд, баррасӣ ва мувофиқа намоянд;

- бо дархости фармоишгарон тибқи тартиби муқарраргардида фармоишҳои меъморию банақшагириро омода намоянд;

- ҷиҳати интихоби қитъаи замин барои лоиҳакашии иншоот, аз ҷумла оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бино ва нншооти таъйиноти гуногундошта хулоса диҳанд;

- бо тартиби муқарраргардида ҳуҷҷатҳои аввалияи иҷозатдиҳандаро оид ба бартарафкунии биноҳо, иморатҳо ва кабудизорҳо таҳия намоянд;

- барои гузаронидани тадқиқотҳои пешазлоиҳавӣ ва озмунҳои лоиҳаҳои меъморӣ ва ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ мусоидат намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида назорати иҷрои ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бо риояи низоми минтақаҳои ҳудудӣ, истифодаи функсионалии ҳудудҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, инчунин дар кори кумитаҳо, идораҳо ва шӯъбаҳои дахлдор, дигар мақомот ва ташкилотҳои манфиатдор омода намудани маводи зарурӣ оид ба бақайдгирии замин, нақшаи хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, додан ва ё тағйир додани намуди заминҳо дар ҳудуди идораҳои тобеъ иштирок намоянд;

- бо тартаби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар ҳалли баҳсҳо, ки вобаста ба масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон ба миён меоянд, иштирок намоянд;

- нақшаи генералии эҳтиётӣ (назоратӣ) ва нақшаҳои муфассали тарҳрезӣ ва банақшагирии ноҳиявиро амалӣ намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида ҷо ба ҷо гузоштани ҳама гуна сохтмонро дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи шаҳрсозӣ баррасӣ карда, лоиҳаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмониро мувофика намоянд;

- таҳияи нақшаи ташкили муҷтамаъ ва ҳудудии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, нақшаҳои гелералии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, лоиҳаҳои шаҳрсозии банақшагирии муфассалро таъмин намоянд;

- дар ҳудуди дахлдор ташкил ва пешбурди фондҳои бойгонии лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, маводи тадқиқотҳои муҳандисӣ барои сохтмонро амалӣ намоянд;

- амалисозии лоиҳаҳои шаҳрсозии тарҳрезии муфассалро назорат намоянд;

- бо тартиби муқарраргардида дар кори комиссияҳои корӣ ва давлатии қабул иштирок карда, ба фармоишгарон ва дигар субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ ҷиҳати ташкили комиссияҳо, омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, тасдиқи санади комиссияи давлатии қабул оид ба қабули иншооти сохтмонаш анҷомёфта барои истифода мусоидат намоянд;

- лоиҳаҳои таҷзия, вайрон кардани биноҳо ва ё муваққатан боздоштани сохтмони иншооти давлатӣ, инчунин иншооти ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқдоштаро мувофиқа намоянд;

- дар интихоби қитъаҳои замин барои ҷойгир кардани шаклҳои хурди меъморӣ ва воситаҳои рекламаҳои беруна (визуалӣ) ширкат варзанд ва ҷойгир намудани онҳоро дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монанд;

- нақшаи сохтмони мавҷуда (нақшаи тарҳрезӣ) ва нақшаи бақайдгирии ҷойгиршавии иморат, хатҳои инфрасохтори муҳандисӣ, таҷҳизоти муҳандисӣ ва мониторинги иншооти фаъолияти шаҳрсозиро амалӣ созанд;

- дар маҳал баровардани хатти сурх ва хатти танзими сохтмон, аломатҳои биноҳои баландошёна, хатҳои марказии биноҳо, иморату иншоот, хатҳои алоқаи муҳандисиро ба амал бароранд, инчунин ҳангоми муайян кардани сарҳадҳои қитъаҳои замин иштирок кунанд;

- ҷобаҷогузории бино ва иишоотро тибқи нақшаи тақсимот дар маҳал тасдиқ намоянд;

- ҳуҷҷатҳои заминсозии ҳудудҳоеро, ки дар минтақаҳои шаҳрӣ, маскунии деҳот ва мавзеъҳои наздишаҳрӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ истифода мешаванд, мувофиқа намоянд;

- лоиҳаи қарорҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро оид ба масъалаҳои банақшагирӣ, биносозӣ ва ободонии маҳалҳои аҳолинишин таҳия намоянд;

- иҷрои уҳдадориҳоро аз ҷониби пудратчиён оид ба иттилооти иншооти сохташаванда бо нишондоди фармоишгар ва пудратчии он, муҳлати оғоз ва анҷоми сохтмон ва дигар маълумоти зарурӣ назорат намоянд;

- ҳангоми мувофиқаи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ташкили шабакаҳои иншооти махсус барои шахсони маъюб, бо назардошти синну сол ва (ё) бемориашои (беморхонаҳо, марказҳои офият, хонаҳои собиқадорон, хона-интернатҳо барои маъюбону барҷомондагон) ва дигар марказҳои беҳдошти (офияти) шахсони маъюб, ҷойгиршавии иншоот ва ҳолатҳои шаҳрсозӣ дар минтақаҳои осоишгоҳӣ, минтақаҳои фароғатӣ ва сайёҳӣ, минтақаҳои табобатӣ, боғҳои миллӣ ва минтақаҳои беруназшаҳриро назорат намоянд;

- таҳия ва андешидани тадбирҳоро ҷиҳати таъмини сифатҳои функсиоиалӣ ва бадеию эстетикии маҳалҳои аҳолинишин аз ҳисоби таносуби биноҳо ва иморатҳои нав бо биносозии нав, инчунин ёдгориҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва манзараҳои табиӣ тавассути истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ ва усули сохтмону манзараҳои меъмориро анҷом диҳанд;

- барои бартараф намудани ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шаҳрсозӣ амрнома диҳанд, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;

- дар ҳолати бе иҷозат ва ҳуҷҷатҳои дигари ҳуқуқмуайянкунанда оғоз кардани сохтмони бино ё иншоот, бо тартиби муқарраргардида корҳои сохтмониро боздоранд ё барои боздоштани фаъолияти ташкилот ба суд муроҷиат намоянд(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2023 № 124);

- назоратро ҷиҳати роҳ надодан ба истифодаи ғайривазифавии иншооти дорои аҳамияти иҷтимоию фарҳангӣ ва хизматрасонии коммуналӣ, ки ба пастравии хизматрасонӣ ба аҳолӣ оварда мерасонад, таъмин намоянд.

9. Дар мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷиҳати таъмини риояи қонунгузории шаҳрсозӣ мақоми машваратию тавсиявӣ - шӯрои шаҳрсозӣ, ки вазифаҳоро оид ба масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, рушди ҳудуд, аз ҷумла лоиҳаҳои иншооти бузург ва мураккаби меъморӣ, маҷмааҳои истеҳсолию таъминкунанда иҷро карда, асосноккунии касбӣ, шаффофияти расмиёти қабули қарорҳоро дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон таъмин менамояд, таъсис дода мешавад.

10. Ҳайат ва шумораи аъзои шӯроро роҳбари мақоми маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ - сармеъмори вилоят, шаҳр ё ноҳияҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор муайян ва тасдиқ менамояд.

11. Ба ҳайати шӯрои шаҳрсозӣ меъморон, кормандони ташкилотҳои илмиюо тадқиқотӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, лоиҳакашӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони соҳавӣ, намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳо дохил мешаванд.

12. Шӯрои шаҳрсозӣ фаъолияти худро дар асоси низомнома, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, амалӣ менамояд.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

13. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

14. Ҳуқуқу уҳдадориҳо, масъулияти кормандони мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар дастурамалҳои мансабии онҳо, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд, пешбинӣ мегарданд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" сентябри соли 2017, № 442

тасдиқ шудааст

Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низоми мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти ваколатдори давлатӣ аз сохторҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии Вилояти Мухтори Кӯҳистоми Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо иборат мебошад.

2. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар фаъолияти худба мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ҳисоботдиҳанда мебошанд. Ба вазифаи роҳбари мақомоти маҳалии меъморӣ ва шаҳрсозӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ меъмори дорои на камтар аз 3 сол собиқаи корӣ дар соҳа тасдиқ карда мешавад, ки ҳамзамон сармеъмори вилоят, шаҳр ё ноҳия мебошад.

3. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланкҳо, номи худ бо забони давлатӣ, инчунин муҳру штампҳои дахлдор мебошанд.

4. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

5. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомотя марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.

2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ

6. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳолатҳои зерин доранд:

- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва амалӣ намудани идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудуди дахлдори воҳиди маъмурию ҳудудӣ;

- амалӣ намудани назорати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;

- андешидани маҷмӯи тадбирҳои ба бунёди муҳити бехавф, аз ҷиҳати экологӣ тоза, аз лиҳози иҷтимоию маънавӣ комил, барои ҳаёту фаъолият мусоид равонагардида;

- таъмини рушди маҷмӯи ва босамари инфрасохтори иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва муҳандисию нақлиётӣ;

- ташаккули низоми дурусти ҷойгир намудани биною иншоот, нигоҳ доштани ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, манзараҳои табиӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи меъморию бадеии биносозӣ дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин;

- ташкил ва такмил додани фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори онҳо;

- назорати риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрсозӣ ҳангоми таҳия ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва банақшагирии ҳудуд, қоидаҳои заминистифодабарӣ ва иморатсозӣ, ҳуҷҷатҳо оид ба банақшагирии ҳудудҳо, нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин;

- назорати риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва техникӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқгардида аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ, инчунин мутобиқати мавод, маснуот ва конструксияҳои дар сохтмон истифодашаванда ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва сертификатҳо;

- назорати риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи давлатии шаҳрсозӣ, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ дар лоиҳакашӣ, назорати сифати корҳои сохтмони бино ва иншоот;

- такмили сатҳу сифати лоиҳаҳо ва маҷмааҳои меъморию сохтмонӣ;

- ҳамоҳаигсозии фаъолияти мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

- дар доираи ваколати худ ташкил ва ҳамоҳангсозии иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои шаҳрсозӣ;

- таҳлили ҳамасолаи фаъолияти ташкилотҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар асоси маълумоти оморӣ дар ҳудуди дахлдор;

- пешбурди феҳристи ташкилотҳои_ сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ дар ҳудуди дахлдор, ки дорои иҷозатномаи фаъолияти шаҳрсозӣ мебошанд;

- баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳо дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмин намудани ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ;

- ташкил ва баргузории чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи шаҳрсозӣ дар ҳудуди дахлдор;

- ташкили омодагии касбӣ, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаомӯзии мутахассисон;

- таъмини нигоҳдорӣ, ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дар бойгонӣ;

- ташкили намоншгоҳҳо ва дигар чорабиииҳо мансуб ба соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ;

- дар амал татбиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳрсозӣ;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расондани ёрии амалӣ оид ба масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ;

- мусоидат ба омода намудани кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва бо тартиби муқарраргардида ташкил ва амалӣ намудани он, мониторинги нншооти фаъолияти шаҳрсозӣ, пешбурди фондҳои иттилоотии кадастри шаҳрсозӣ;

- баррасӣ ва мувофиқа намудани лоиҳаҳои мавзеъҳои ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои меъморӣ, дизайн, тармими муҷассамаҳои меъморӣ, таърихию фарҳангӣ ва назорати иҷрои онҳо;

- ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони манфиатдор ҷиҳати рушди санъати меъморӣ, ҳифзи осори меъморӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, манзараҳои табиӣ;

- таъмини азнавсозии мавзеъҳои иншооти таърихӣ, эҳёи меъмории миллии классикӣ ва ансамбли ягонаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки самтҳои гуногуни меъморӣ ва шаҳрсозии ватанию хориҷиро дар бар мегирад;

- иштирок дар гузаронидани экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, тасдиқи ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ, бахшҳои шаҳрсозии барномаҳои мақсадноки ҳудудӣ, тарҳу нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётию иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд;

- таъмини ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва шаҳрсозии мавзеъҳои аз дигар манбаъҳо маблағгузоришаванда оид ба масъалаҳои амният, захираи қувваи барқ, риояи талаботи меъёрӣ ва фармоиши меъморию лоиҳакашӣ;

- ба баррасии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод намудани лоиҳаи қарор ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ки мутобиқи қонунгузорӣ таҳия гардидаанд;

- иштирок дар баррасӣ ва омодасозми хулосаҳо оид ба лоиҳаи қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрни ҳуқуқӣ, ки ба дигар соҳаҳо ва намудҳои фаъолият тааллуқ доранд;

- анҷом додани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои муқаррар намудааст.

3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ МЕЪМОРӢ ВА ШАҲРСОЗӢ

7. Мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳуқуқ доранд:

- фаъолияти мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва сохторҳои тобеи онҳоро оид ба риояи қонунгузории шаҳрсозӣ назорат кунанд;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои вазифаҳои базиммадоштаашон аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуҷҷату маводи заруриро талаб намоянд;

- барои бартараф намудани ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории шаҳрсозӣ амрнома диҳанд, ки иҷрои он ҳатмӣ мебошад;

- дар ҳолати бе иҷозат ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳукуқмуайянкунанда оғоз кардани сохтмони бино ё иншоот бо тартиби муқарраргардида корҳои сохтмониро боздоранд ё барои боздоштани фаъолияти ташкилот ба суд муроҷиат намоянд;

- барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ иҷозат диҳанд;