Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 сентябри соли 2017, № 424
тасдиқ шудааст
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 сентябри соли 2017, № 424
тасдиқ шудааст
Тартиби тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020
1. Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон истиқомат доранд, сарфи назар аз он ки онҳо ҳангоми барӯйхатгирӣ дар ҷумҳурӣ қарор доранд ва ё муваққатан ба хориҷа рафтаанд, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар Тоҷикистон қарор доранд, ба рӯйхат гирифта мешаванд;
2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки гурӯҳи шахсони махсус ва объектҳои пӯшида доранд, тайёрӣ дида, барӯйхатгирии хизматчиёни ҳарбӣ ва гурӯҳи шахсони махсуси аҳолиро тибқи тартиб ва муҳлатҳои муқаррарнамудаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
3. Барӯйхатгирии шахсони барои табобат дар беморхонаҳо, дар истироҳат, дар осоишгоҳ, фароғатгоҳ ва истироҳатгоҳҳо қарордошта, модарону кӯдакони дар таваллудхонаҳо, дар хонаҳои модарону кӯдакон қарордошта, кӯдакони мактаб - интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон, инчунин шахсони дар хонаҳои маъюбон, хонаҳои пиронсолон, меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои ба онҳо монанд истиқоматкунандаро ҳисобчиёне, ки маъмурияти ин муассисаҳо ҷудо мекунанд, мегузаронанд.
4. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ба тартиб даровардани номгӯи кӯчаҳо, маҳаллаҳо, рақамгузории хонаҳои истиқоматӣ ва манзилҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кумак мерасонад.
5. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кумак намуда, ҷараёни дуруст ва пурра ба ҳисоб гирифтани аҳолиеро, ки дар маҳалҳои шаҳрӣ зиндагӣ мекунад, зери назорат мегирад;
- дар вақти гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 дар мавриди зарурӣ бехатарии кормандони муваққатии ҷалбгардидаи барӯйхатгириро таъмин менамояд;
- барои истифодаи нақлиёти хизматӣ дар рӯзҳои истироҳат ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти зертобеи он барои давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 мусоидат менамояд.
...