Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" августи соли 2017, № 411
тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ НАМУНАВИИ МУАССИСАҲОИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ НАВЪИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидории муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернатро муқаррар менамояд.
2. Муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат (минбаъд мактаб-интернат) муассисаи таҳсилоти умумии таълимию тарбиявӣ буда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф"ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.
3. Мактаб-интернат муассисаи давлатии таълимии соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби давлат ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб, кӯдаконе, ки дар маҳалли зисташон муассисаи таълимӣ нест ва барои кӯдаконе, ки рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок мебошад, шароити мусоид барои таҳсил, тарбия ва таъмин намудан бо ҷойи хоб кафолат дода мешавад.
4. Фаъолияти мактаб-интернат дар асоси принсипҳои демократӣ, инсондӯстӣ, афзалият доштани арзишҳои инсонӣ, рушди озодии шахсият, дастрасӣ ва мухторияти ҷанбаи дунявии таҳсилот ба роҳ монда мешавад.
2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ
5. Мактаб-интернат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таъсис дода мешавад.
6. Амалӣ намудани раванди таълиму тарбия дар мактаб-интернат ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф гузошта мешавад. Вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат доранд, раванди таълиму тарбияро дар асоси талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот таъмин ва тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамоянд.
7. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳам додани мактабинтернатро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
8. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои зерини мактаб-интернат фаъолият карда метавонанд:
- мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор. Дар мактаб-интернати мазкур кӯдакони ятими кулл, бепадару бемодар ва бепарастор, ки падару модарашон бо қарори суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд;
- мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияти маҳдуддошта. Мактаб-интернати мазкур кафолати давлатии ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони имконияташон маҳдудро (нобино, кару гунг, шунавоияшон суст, бемории фалаҷ ва ғайра) таъмин менамояд;
- интернати давлатии наздимактабӣ. Дар интернати давлатии наздимактабӣ барои гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ кӯдакони ятим, кӯдакони бе падар ё бе модар, кӯдакони бе парастор, кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки дар маҳалли зисташон муассисаи таълимӣ нест ва кӯдаконе, ки муҳити носолими оилавӣ доранд ва ё падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳастанд ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
- мактаб-интернати давлатии навъи санаторӣ. Дар мактаб-интернати мазкур кӯдакону наврасони гирифтори касалиҳои сил ва дигар намуди касалиҳои сирояткунанда барои табобат ва таҳсил равона карда мешаванд. Баъд аз табобат кӯдакон дар муҳлати муқарраргардида бо иҷозати табибон ба муассисаи таълимии маҳалли худашон фиристода мешаванд;
- мактаб-интернати давлатии махсус. Мактаб-интернати мазкур дорои шароити алоҳидаи таълиму тарбия, муҳити махсуси омӯзгорӣ буда, дар он кӯдаконе, ки рафтори онҳо барои ҷамъият хавфнок аст, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ба муассисаи таълимии мазкур кӯдакон ва наврасон дар асоси қарори суд тавассути комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷалб карда мешаванд;
- хонаи кӯдакон барои кӯдакони ятиму бепарастор. Муассисаи давлатии навъи мактаб-интернат буда, барои кӯдакони ятим ва бепарастор дар зинаи таҳсилоти томактабӣ шароити мусоиди таълиму тарбияро таъмин менамояд.
9. Мактаб-интернат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашта, пас аз гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқи фаъолият кардан ва истифода бурдани имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маорифро пайдо менамояд.
10. Мактаб-интернат ҳамчун шахси ҳуқуқӣ оиннома, суратҳисоб, муҳр, штамп ва бланки расмии худро дорад.
11. Мактаб-интернат тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ мегузарад.
12. Хизматрасонии тиббии таълимгирандагонро дар мактаб-интернат корманди доимии соҳаи тиб ва муассисаи тиббӣ, ки аз ҷониби мақомоти тандурустӣ вобаста шудааст, таъмин менамоянд. Муассисаи тиббии вобасташуда дар гузаронидани чорабиниҳои табобатию пешгирии беморӣ, солимгардонӣ, тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, риояи меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ, реҷа ва сифати хӯроки хонандагон масъул мебошад. Дар мактаб-интернат барои фаъолияти мунтазами кормандони соҳаи тиб шароити мусоиди корӣ муҳайё карда мешавад.
13. Аз тарафи сохторҳои масъули тиббӣ дар асоси нақша соле 2 маротиба бо тартиби муайян кӯдакон аз муоинаи тиббию профилактикӣ ройгон гузаронида мешаванд.
14. Тартиб ва назорати ҳолати беҳдоштӣ дар мактаб-интернат аз тарафи сохторҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии маҳалли ҷойгиршавии ин муассисаҳо ба роҳ монда мешавад.
15. Шумораи таълимгирандагон дар синф ва гурӯҳҳои тарбиявии мактаб-интернат ба миқдори 25 нафар муайян карда мешавад.
3. РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТ
16. Дар мактаб-интернат таҳсил дар зинаҳои томактабӣ, ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ ба роҳ монда мешавад.
17. Раванди таълим дар мактаб-интернат дар асоси нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, тариқи ҷадвали дарсҳо ба танзим дароварда мешавад.
18. Мактаб-интернат вазифадор аст, ки таълимгирандагон, падару модари онҳоро (ё шахсони онҳоро ивазкунанда) бо оинномаи муассиса ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти муассисаи таълимиро ба танзим медарорад, шинос намояд.
19. Дар мактаб-интернат ҳангоми гузаронидани дарсҳо аз фанҳои забони давлатӣ дар синфҳои 2-11, забони русӣ дар синфҳои 2-11, забони хориҷӣ дар синфҳои 3-11, технология (таълими меҳнат) дар синфҳои 510, технологияи иттилоотӣ дар синфҳои 5-11 ба ду зергурӯҳ ҷудо кардани синф иҷозат дода мешавад.
20. Реҷаи рӯз дар мактаб-интернат ба ҳам пайвастани таҳсил, меҳнат ва истироҳати кӯдаконро дар бар гирифта, бо назардошти буду боши шабонарӯзии таълимгирандагон дар муассисаи таълимии мазкур амалӣ карда мешавад.
21. Қоидаҳои рафтор дар мактаб-интернат дар асоси эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аз тарафи ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим ба ҷо оварда мешавад. Истифодаи усулҳои зӯроварӣ (ҷисмонӣ ва равонӣ) нисбат ба таълимгирандагон дар мактаб-интернат манъ аст.
22. Дар мактаб-интернат ба ташкилу фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ иҷозат дода намешавад.
23. Дар мактаб-интернат созмонҳои талабагӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии хонандагонро таъсис додан мумкин аст.
24. Фаъолияти таълимиву тарбиявии мактаб-интернат, истироҳати тобистонаи таълимгирандагон мувофиқи нақша ва барномаҳои таълимӣ, ки дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд, ба роҳ монда мешавад.
25. Тарбияи меҳнатии таълимгирандагон дар асоси нақша ва барномаҳои таълимии тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Ҷалби кӯдакон ба маҳфилу сексияҳо, таҳсилоти иловагӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия дар доираи шавқу рағбати таълимгирандагон ва нақшаи кори муассисаи таълимӣ дар муассиса ва ё марказҳои таҳсилоти иловагӣ сурат мегирад.
26. Иштироки таълимгирандагон дар намудҳои гуногуни корҳои тарбиявӣ, меҳнатӣ, варзишӣ ва маданию равшаннамоӣ дар асоси принсипҳои хоҳиш, ташаббус ва соҳибихтиёрӣ ба роҳ монда мешавад. Фаъолияти коллективи (ташкилоти) таълимгирандагон дар асоси худидоракунӣ амалӣ карда мешавад. Маъмурият ва омӯзгорони мактабинтернат барои амалӣ намудани ташаббуси таълимгирандагон, фаъолнокии ташкилоти ҷамъиятии наврасон шароит фароҳам меоранд.
27. Дар мактаб-интернат ҷалб намудани таълимгирандагон ба меҳнате, ки дар барномаҳои таълимӣ пешбинӣ нашудааст, манъ аст.
28. Таълимгирандагони мактаб-интернат метавонанд дар машғулиятҳои мусиқӣ, бадеӣ ва варзишии дигар муассисаҳои таълимӣ, маҳфилҳо ва сексияҳои гуногун, ки аз ҷониби муассисаҳои маданӣравшаннамоӣ, таҳсилоти иловагӣ ва варзишӣ таъсис дода шудаанд, шуғл варзанд, дар озмунҳо, олимпиадаҳо, спартакиадаҳо, намоишҳо, азназаргузаронӣ ва дигар чорабиниҳои оммавии хонандагон иштирок намоянд.
29. Вазифаҳои мактаб-интернат аз инҳо иборатанд:
- фароҳам овардани шароит барои аз худ кардани барномаи таълимии таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;
- ташаккули қобилияти ҷисмонӣ ва маънавии шахсият, тарзи ҳаёти солим, рушди тафаккур бо роҳи фароҳам овардани шароит барои рушду нумуи таълимгирандагон;
- тарбияи шаҳрвандӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тоқатнопазирӣ нисбати ҳама гуна падидаҳои зиддиконститутсионӣ ва зиддиҷамъиятӣ, таҳаммулпазирӣ ва фарҳангдӯстӣ;
- фароҳам овардани шароит барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣсиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шинос намудани таълимгирандагон бо дастовардҳои ҷаҳонӣ ва фарҳангии ватанӣ, омӯзиши таърих, анъанаҳои халқи тоҷик ва урфу одатҳои халқҳои дигар, омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва забонҳои дигар;
- ҷорӣ намудани технологияи нави таълим, огоҳӣ аз илму техникаи муосир, ҷаҳонбинии васеъ, иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, пайваст шудан ба шабакаи интернет.
30. Ҷараёни таълим дар мактаб-интернат аз рӯи нақшаи таълимӣ амалӣ мешавад, ки он аз ҷониби мактаб-интернат тибқи нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад. Дар нақшаи таълимии мактаб-интернат теъдоди соатҳои таълимӣ ва фанҳо бояд ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат намоянд.
31. Ҷадвали дарсҳо дар мактаб-интернат аз тарафи директори муассисаи таълимӣ (ё муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбия, ки ӯро иваз мекунад) тасдиқ карда мешавад. Дар ҷадвали дарсҳо теъдоди ҳафтаинаи дарсҳо (барои синфҳои 1-4 5 рӯз ва 5-11 6 рӯз), давомнокӣ ва пайдарҳамии онҳо нишон дода мешавад. Дар ҷадвали дарсҳо ҳамчунин танаффусҳои зарурӣ барои истироҳат ва хӯрокхӯрии таълимгирандагон пешбинӣ карда мешавад.
32. Дар мактаб-интернат корҳои тарбиявӣ дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти майлу хоҳиш, ҳусни таваҷҷуҳ, шавқу завқи хонандагон, эҳтироми тарафайн, ҳамкории хонандаю омӯзгор ташкил карда мешавад. Вазифаи асосӣ тарбия намудани ҳимоятгари Ватан, эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ, муқаддасоти миллӣ, муносибати некбинона бо халқҳои дигар, риояи қонун, баланд бардоштани ифтихори ватандорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, парвариши эҳсоси таҳаммулгароӣ ва оштинопазирӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва мазҳабу равияҳои бегона иборат мебошад.
33. Соли таҳсил дар мактаб-интернат ба ду нимсола тақсим мешавад. Дар як сол дар чор марҳила ду маротиба (ҳар нимсола) рейтинги сифати дониши хонандагони мактаб-интернат гузаронида мешавад.
34. Мактаб-интернат ҳангоми интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклу тартиб ва давраҳои санҷиши фосилавии хонандагон санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдори соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.
35. Таълимгирандагоне, ки дар рӯзҳои таътил, истироҳат ва ид дар муассиса мемонанд, дар гурӯҳи махсуси шабонарӯзӣ муттаҳид карда шуда, ба истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрӣ ва ё наздимактабӣ ҷалб мегарданд.
36. Дар давраи таътили тобистона маъмурияти мактаб-интернат дар ҳамкорӣ бо масъулини истироҳатгоҳҳои саёҳатӣ, меҳнатӣ ва дигар шакли ташкили истироҳат барои ҳамаи таълимгирандагон (аз рӯйи имконият) шароити мусоиди истироҳат фароҳам меорад.
37. Назорати давлатии фаъолияти мактаб-интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, вазоратҳои дахлдор ва мактаб-интернатҳои дорои мақоми маҳаллидошта ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузошта мешавад.
4. ИШТИРОКЧИЁНИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ, КОРМАНДОНИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДАДОРИҲОИ ОНҲО
38. Ба иштирокчиёни раванди таълиму тарбия дар мактаб-интернат таълимгирандагон, кормандони педагогӣ, мураббиён ва падару модарони хонандагон (шахсони онҳоро ивазкунанда) дохил мешаванд.
39. Қабули таълимгирандагон ва кормандон ба мактаб-интернат дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Низомномаи мазкур, оинномаи муассиса ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда мешавад.
40. Тартиби қабули таълимгирандагон ба мактаб-интернатҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Кӯдакони имконияташон маҳдуд тариқи роҳхати маслиҳатгоҳи ҷумҳуриявии психологӣ, тиббӣ ва педагогогии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернатҳои махсус қабул карда мешаванд.
41. Кӯдакони аъзои як оила (бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар), ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ин бинобар нишондодҳои тиббӣ номумкин аст, дар мактаб-интернат якҷоя ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
42. Ба мактаб-интернати давлатӣ кӯдакони зерин қабул карда мешаванд:
- кӯдакони ятими кулл, нимятим (падар ё модар надоранд) ва кӯдакони бепарастор;
- кӯдакони падару модароне, ки бо қарори суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд;
- кӯдаконе, ки падару модар аз онҳо расман даст кашидаанд;
- кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок (бемории сил, вируси норасоии масунияти бадани одам, нашъамандӣ ва ғайра) мебошанд.
43. Ба хонаи кӯдакон (зинаи таҳсилоти томактабӣ) кӯдакони зерин қабул карда мешаванд:
- кӯдакони ятими синну солашон аз 2-моҳа то 7-сола;
- фарзандони модарон ва ё падарони танҳо;
- кӯдакон аз хонаҳои кӯдакони навзод (ширхоргоҳ):
- кӯдаконе, ки онҳоро шахсони дигар ба фарзандхондӣ гирифтаанд ва бо сабабҳои гуногун аз тарбияи онҳо расман даст кашидаанд;
- кӯдакони имконияташон маҳдуд;
- кӯдаконе, ки бо қарори суд падар ё модари онҳо ё ҳар ду аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд;
- кӯдаконе, ки падару модарашон бо қарори суд аз озодӣ маҳруманд;
- кӯдакони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар бепарастор мондаанд;
- кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок мебошанд (бемории сил, вируси норасоии масунияти бадани одам, нашъамандӣ ва ғайра).
44. Ба мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд кӯдакони зерин, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил карда наметавонанд, қабул карда мешаванд:
- кӯдакони нуқсони ҷисмонӣ ва ақлидошта;
- кӯдакони муҳтоҷ ба табобати тӯлонидошта;
- кӯдаконе, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ гардида, ба табобати тӯлонӣ эҳтиёҷ доранд.
45. Ба интернати давлатии наздимактабӣ кӯдакони зерин қабул карда мешаванд:
- кӯдакони ятим;
- кӯдакони бе падар ё бе модар;
- кӯдакони бепарастор;
- кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд;
- кӯдаконе, ки муҳити носолими оилавӣ доранд ва ё падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳастанд (бо қарори комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ё хулосаи муассисаи тиббӣ).
46. Тарбиягирандагони мактаб-интернатҳои навъи санаторӣ пас аз барқарор намудани саломатӣ дар асоси хулосаи маслиҳатгоҳи равонӣ, тиббӣ ва педагогӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида мешаванд.
47. Қабули кӯдакон ба мактаб-интернат аз 1 август то 31 августи ҳар сол сурат мегирад.
48. Қабули тарбиягирандагон ба мактаб-интернат тибқи ҳуҷҷатҳои зерин сурат мегирад:
- қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба додани роҳхат ба мактаб-интернат бо муҳри нишони давлатӣ (нусхаи асл):
- шаҳодатномаи таваллуд (аслаш) ё қарори комиссияи тиббӣ оид ба тасдиқи синну соли кӯдак дар ҳолати набудани шаҳодатномаи таваллуд;
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи саломатӣ (ф-26);
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсил;
- санади омӯзиши шароити зисти кӯдак;
- ҳуҷҷатҳои падару модар ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда (нусхаи хатти вафоти падару модар, маҳрум будан аз ҳуқуқи падару модарӣ, ҳукм ва ё қарори суд, маълумотнома дар бораи бемории падару модар, дар кофтуков қарор доштани падару модари гумшуда, маълумотнома оид ба надоштани имконияти таълими фарзандон);
- роҳхат ба мактаб-интернат аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маълумотнома оид ба ҳайати оилаи кӯдак;
- рӯйхати молу мулки пас аз фавти падару модар боқимонда ва маълумот дар бораи шахсоне, ки барои нигоҳубини ин молу мулк ҷавобгаранд;
- нусхаи шакли иммунизатсияи кӯдак (Ш-63);
- тавсияҳои мақомоти ваколатдори тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (барои кӯдакони маъюб);
- ҳуҷҷатҳо дар бораи ба мерос гирифтани хона, дафтарчаи нафақагирии кӯдак, қарори суд оид ба гирифтани нафақа.
49. Забони таҳсил дар мактаб-интернат тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассис (муассисон) муқаррар гардида, дар оинномаи он нишон дода мешавад. Дар мактаб-интернатҳо омӯзиши забони давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист. Таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ҳамчун воситаи аз бар намудани мероси илмию фарҳангии башарият, дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
50. Дар мактаб-интернат вобаста ба майлу рағбати тарбиягирандагон дар доираи нақшаи таълимӣ тавассути барномаҳои алоҳидаи таълимӣ омӯзиши фанҳое, ки дар стандартҳои давлатии таҳсилот пешбинӣ шудаанд ва ё омӯзиши амиқи мавзӯъҳо аз рӯи фанҳои алоҳидаи дар нақшаи таълимӣ овардашуда дар доираи талаботи қонунгузорӣ ташкил карда мешавад.
51. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои таълимгирандагон, омӯзгорон ва мураббиён ҳамчун иштирокчиёни раванди таълиму тарбия дар оинномаи мактаб-интернат ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти мактаб-интернатро ба танзим медарорад, дарҷ карда мешавад.
52. Тарбиягирандагон мактаб-интернат (ба истиснои тарбиягирандагони бемории рӯҳидошта), ки барномаҳои таълимиро дар соли таҳсил пурра аз худ кардаанд, баъди гузаштан аз аттестатсия ба синфи дигар гузаронида мешаванд.
53. Азхудкунии барномаҳои таълимӣ дар зинаҳои таҳсилот бо аттестатсияи хатм анҷом ёфта, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми мактаб-интернатҳо дар асоси дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.
54. Ба тарбиягирандагони мактаб-интернат, ки зинаи таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумиро хатм намуда, аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, доир ба хатми зинаи марбутаи таҳсилот аттестат бо муҳри нишони давлатидошта дода мешавад.
55. Ба тарбиягирандагони мактаб-интернат, ки зинаи таҳсилоти миёнаи умумиро пурра ба охир нарасонидаанд, маълумотнома дар бораи таҳсил дода мешавад.
56. Таълимгирандагони мактаб-интернат, ки имконияти маҳдуд доранд, баъди хатми мактаб-интернат аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо кор таъмин карда мешаванд. Дар интихоби касб ва таъмин бо кор, вазъи саломатӣ ва майлу рағбати онҳо ба инобат гирифта мешавад.
57. Кӯдакони ятим ва бепарастор барои қабул шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз имтиёзҳои барои онҳо муқарраргардида, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, бархурдор мебошанд.
58. Омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернат дар асоси озмун ба кор қабул карда мешаванд.
59. Ҳар сол омӯзгорон ва мураббиёни мактаб-интернат бояд аз ташхиси тиббӣ ва суҳбати равоншинос гузашта, маълумотномаи тиббӣ пешниҳод намоянд.
60. Ба кори омӯзгорӣ дар мактаб-интернат шахсоне, ки дорои таҳсилоти касбии омӯзгорӣ ва ҳуҷҷати дахлдор оид ба тасдиқи талаботи тахассусӣ мебошанд, қабул карда мешаванд. Дар муассисаи давлатии таълимии типи мактаб-интернат ба фаъолияти педагогӣ шахсони зерин роҳ дода намешаванд:
- шахсоне, ки бо ҳукми суд фаъолияташон дар муҳлати таъиннамудаи суд манъ шуда бошад;
- шахсоне, ки фаъолияташон аз рӯи хулосаи комиссияи тиббӣ манъ шуда бошад.
5. ИДОРАКУНИИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ
61. Идоракунии мактаб-интернат мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи мазкур ва оинномаи мактаб-интернат амалӣ мегардад.
62. Мактаб-интернат аз рӯи принсипи яккароҳбарӣ ва худидоракунӣ фаъолият менамояд. Дар мактаб-интернат худидоракунӣ дар шаклҳои шӯрои педагогӣ ва созмонҳои хонандагон ташкил гардида, ба фаъолияти он кӯмак мерасонанд.
63. Шӯрои педагогӣ мақоми роҳбарикунандаи мактаб-интернат мебошад.
64. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва эҷодии омӯзгорону мураббиён, омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, тарғиби технологияи муосири таълим шӯрои методии мактабинтернат таъсис дода мешавад.
65. Директори мактаб-интернат дар назди давлат, ҷамъият, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), муассис ва омӯзгорон барои иҷрои вазифаҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи ӯ гузошта шудааст, масъул мебошад.
6. МОЛУ МУЛК ВА ВОСИТАҲОИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ
66. Ба моликияти мактаб-интернат тибқи меъёрҳои муқарраргардида бино, иншоот ва таҷҳизоте, ки барои амалӣ намудани раванди таълим, расонидани ёрии тиббӣ, гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, ташкили хӯрок, хизматрасонии хоҷагӣ-маишӣ, беҳдоштӣ, истироҳат ва ҷойи хоби таълимгирандагон зарур аст, дохил мешавад.
67. Қитъаи замин ба мактаб-интернат бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Истифодаи ғайримақсадноки қитъаи замини мактаб -интернат манъ аст.
68. Мактаб-интернат мувофиқи тартиботи муқарраргардида дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад хоҷагии ёрирасон, устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил карда, ҳар гуна хизматҳои пулакӣ расонад.
69. Ҳама намуди молу мулки мактаб-интернат ва мақсади истифодаи онҳо дар оинномаи он зикр карда мешавад. Молу мулкеро, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернат вобаста шудааст, рӯёнидан ва бар хилофи таъиноти он истифода бурдан манъ аст. Бинои мактаб-интернат ба муассисаи дигари ғайритаълимӣ табдил дода намешавад.
70. Маблағгузории мактаб-интернат аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад. Барои мактаб-интернат вобаста ба мақоми он дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар хазинадории шуъбаҳои молияи шаҳру ноҳияҳо суратҳисоб кушода мешавад.
71. Тартиби истифодаи маблағҳои мактаб-интернат дар доираи сметаи ягонаи даромаду хароҷот ба роҳ монда мешавад.
72. Манбаи ташкили молу мулк ва сарчашмаҳои молиявии мактабинтернат, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, аз инҳо иборат мебошад:
- маблағҳои буҷети давлатӣ;
- маблағҳои сарпарастон;
- маблағҳои хайриявии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- аз ҳисоби даромади хоҷагии ёрирасони ба фурӯш баровардашуда;
- аз ҳисоби манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
73. Ҳама молу мулке, ки ҳамчун кумак ё хайрия ба мактаб-интернат ворид мешавад, тибқи тартиби муқарраргардида ба дороии мактабинтернат ворид карда шуда, пас аз ҳисоб намудан ба қайд гирифта мешавад.
74. Ба мактаб-интернат ҷалб кардани маблағҳои иловагӣ боиси кам гардидани маблағгузории буҷетӣ шуда наметавонад.
75. Қоидаҳои пешбарии ҳисоботи муҳосиботӣ дар мактаб-интернат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
76. Барои ҳалли масъалаҳои фаврии мактаб интернат, таъмини шароитҳои зарурӣ ва инчунин барои ташкили саёҳат, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, ҳифзи саломатӣ ва беҳдошти таълимгирандагон ба мактаб-интернат мошини хизматӣ дода мешавад (барои мактаб-интернати дорои мақоми ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, барои мактабинтернатҳои вилоятӣ ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ).
77. Шумораи кормандон ва воҳидҳои кории мактаб-интернат тибқи меъёрҳои муайянкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
7. РОБИТАҲОИ ХОРИҶИИ МАКТАБ-ИНТЕРНАТ
78. Мактаб-интернат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо пас аз мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тибқи тартиби муқарраргардида метавонад бо муассиса ва ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта бошад.