Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2017 № 409

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" августи соли 2017, № 409

тасдиқ шудааст

Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби тайёр кардан ва гузаронидани маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Ҳукумат) мақомоти ҳокимияти иҷроияи давлатӣ буда, масъалаҳои идоракунии давлатии таҳти салоҳияташ қарордоштаро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл менамояд.

2. Фаъолияти Ҳукумат ба баррасӣ дар асоси дастаҷамъӣ ва ҳалли масъалаҳо дар ҳамбастагӣ бо масъулияти шахсии аъзои Ҳукумат дар назди Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад.

3. Ҳалли масъалаҳои ба зиммаи Ҳукумат гузошташуда тавассути маҷлисҳои мунтазам баргузоршавандаи он, фаъолияти ташкилию амалии Раис, аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар мақомоти идоракунии давлатии ваколатдоргардида таъмин карда мешавад.

2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ҲУКУМАТ

4. Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат маҷлиси Ҳукумат ба ҳисоб меравад.

5. Дар маҷлисҳои Ҳукумат масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Ҳукумат баррасӣ карда мешаванд.

6. Аз рӯйи масъалаҳои дар маҷлисҳои Ҳукумат баррасишуда қарор ва фармоишҳои Ҳукумат қабул карда мешаванд.

7. Ҳангоми зарурат, бо иҷозати хаттии Раиси Ҳукумат ё тибқи супориши ӯ бо иҷозати хаттии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Сарвазир) қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумат аз рӯи масъалаҳои алоҳидаи хусусияти фавридошта мумкин аст бе гузаронидани маҷлис бо роҳи пурсиши хаттии аъзои он бо тарафдории нисф зиёди аъзои Ҳукумат қабул карда шаванд.

8. Вобаста ба қарору фармоишҳое, ки ҳар моҳ бо роҳи пурсиш қабул шудаанд, раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи дахлдор тартиб медиҳад ва он аз ҷониби Сарвазир имзо карда мешавад.

9. Фаъолияти Ҳукумат мутобиқи нақшаҳои тасдиқгардида, ки дар таҳияи онҳо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, ҳамчунин дигар мақомоти идоракунии давлатӣ (минбаъд - идораҳо), раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд, амалӣ карда мешавад.

10. Дар нақшаҳо масъалаҳои мушаххас, ки бояд дар маҷлисҳои Ҳукумат баррасӣ гарданд, иҷрокунандагон ва масъулони таҳияи масъалаҳо зикр карда мешаванд.

11. Пешниҳодҳо ҷиҳати ворид намудани чорабиниҳо ба нақшаҳои кори Ҳукумат як моҳ пеш аз оғози давраи банақшагирӣ барои ҷамъбасти минбаъда ва бо тартиби муқарраргардида барои тасдиқ ба Ҳукумат пешниҳод намудан ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мегарданд.

12. Тағйиру иловаҳо ба нақшаҳои кори тасдиқшудаи Ҳукумат дар асоси дархости пешакии бо Сарвазир мувофиқанамудаи аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо қарори Ҳукумат ворид карда мешаванд.

3. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОД НАМУДАНИ МАСЪАЛАҲО БА БАРРАСИИ ҲУКУМАТ

13. Ба баррасии Ҳукумат масъалаҳое пешниҳод карда мешаванд, ки таҳти салоҳияти Ҳукумат қарор дошта, наметавонанд аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мустақилона ҳаллу фасл шаванд.

14. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ тавассути мақомоти болоии худ масьалаҳоро ба Ҳукумат пешниҳод менамоянд.

15. Доир ба масъалаи ба баррасии Ҳукумат пешниҳодшаванда аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот лоиҳаи қарори (фармоиши) Ҳукумат ва маълумотномаи асосноккунандаи мувофиқи мақсад будани қабули он ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо замимаи ҳисобҳои дахлдор ва маводи иттилоотӣ пешниҳод менамоянд. Лоиҳа дар як вақт бояд ҳам дар шакли ҳомили коғазӣ ва ҳам дар шакли ҳомили электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пешниҳод карда шавад.

16. Лоиҳаи қарор (фармоиш) ва замимаҳои он бояд ба қонунгузорӣ мувофиқат намуда, мақсад ва чорабиниҳои дақиқ баёнёфтаро доир ба ҳалли масъалаҳое, ки дар он иҷрокунандагон ва муҳлати иҷро зикр гардидааст, дар бар гирад. Лоиҳа ва маълумотномаи асосноккунандаи зарурати қабули он бояд аз ҷониби шахси мансабдори масъаларо манзурнамуда имзо карда шаванд. Дар сурати имконнопазирии қабули эрод ва таклифҳои ба лоиҳа пешниҳодшуда дар маълумотномаи асосноккунанда сабаб ва асосҳои қабул нашудани онҳо бояд нишон дода шаванд.

17. Лоиҳаи қарори (фармоиши) Ҳукумат бояд бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои дахлдор мувофиқа гардад. Ҳангоми пайдо шудани ихтилофот оид ба лоиҳа, тамоми эроду мулоҳизаҳо бояд ба таври хаттӣ пешниҳод карда шаванд.

18. Лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои дахлдор мувофиқа гардида, ба онҳо хулосаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замима карда шавад.

19. Лоиҳаи қонунҳо ба баррасии Ҳукумат мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

20. Вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, роҳбарони идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадоранд, оид ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии барои мувофиқа ирсолгардида на дертар аз панҷ рӯз аз лаҳзаи воридшавии онҳо, агар муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад, таклифу пешниҳодҳои хаттии расмӣ пешниҳод намоянд. Лоиҳа баъди мувофиқа барои имзо пешниҳод мегардад. Дар ин ҳолат роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда вазифадоранд дар муҳлати на дертар аз як рӯз лоиҳаро бо қайди номи мақомоти давлатӣ, сана ва ё бо назардошти пешниҳод имзо кунанд.

21. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумат бояд дар муҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз аз рӯзи воридшавии онҳо, агар муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад, хулосаи расмии хаттӣ пешниҳод намояд.

22. Лоиҳаҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамоҳо ва барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз баррасии пешакӣ якҷоя бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳои дахлдор ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Ҳукумат пешниҳод мегарданд.

23. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба Ҳукумат пешниҳод намудани лоиҳаҳои буҷети давлатӣ, дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маводи ба онҳо дахлдорро оид ба ин лоиҳаҳо ирсол менамоянд.

24. Лоиҳаҳои санадҳои ба Ҳукумат пешниҳодшуда оид ба масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақаҳои он, ҳамчунин масъалаҳои муҳими фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бояд пешакӣ дар ҷаласаҳои ҳайати мушовараи онҳо, иҷлосияҳои маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ баррасӣ гарданд.

25. Лоиҳаи санади ба баррасии Ҳукумат дохилшуда ҷиҳати муайян намудани асоснокии он пешакӣ дар воҳидҳои сохтории соҳавии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, маълумотнома таҳия мегардад, ки дар он масъалаҳои баррасишаванда, мувофиқи мақсад будани қабул, бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор мувофиқа гардидани он нишон дода мешавад.

26. Лоиҳаҳои санадҳои Ҳукумат бояд бо муовини якум ва муовинони Сарвазир - масъулони соҳаҳо, раёсати ҳуқуқ ва воҳидҳои сохтории дахлдор ва шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шаванд ва ин ҳолатҳо низ бояд дар маълумотнома зикр гардад.

27. Дар сурати имконнопазирии мувофиқаи пурраи лоиҳаи санад, дар маълумотномаи воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои мувофиқа нагардидан ва асосҳои қабул нашудани таклифу пешниҳодҳо бояд нишон дода шаванд.

28. Дар сурати иҷро нагардидани санадҳои қаблии шабеҳ, ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намудани лоиҳаҳои санадҳои нав манъ аст. Ҳар як санади нав оид ба ҳамон масъала дар ҳолате бояд қабул гардад, ки агар санадҳои қаблан қабулшуда иҷро гардида ва ё ҳолатҳои нав ба миён омада бошанд.

29. Лоиҳаи қарорҳо ва фармоишҳои ба баррасии Ҳукумат пешниҳодшаванда бояд мутобиқи талаботи ҳамин Дастур таҳия гардида, мувофиқи тартиби муайяннамудаи Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шаванд.

30. Лоиҳаҳое, ки ба Ҳукумат бе риояи талаботи дар ҳамин боб нишондодашуда пешниҳод мегарданд, аз ҷониби муовини якум ва муовинони Сарвазир ва (ё) Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба таври зарурӣ таҳия намудан ба муаллифон баргардонда мешаванд.

31. Лоиҳаи қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ барои хулоса ба Ҳукумат пешниҳод намудаанд, бо супориши муовини Сарвазир - масъули соҳа ба Вазорати адлия ҷиҳати баррасии якҷоя бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти сарварии он ва минбаъд пешниҳод намудани хулосаи хаттӣ ва лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумат ирсол карда мешаванд.

4. БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР РАЁСАТИ ҲУКУМАТ

32. Масъалахое, ки барои баррасӣ дар маҷлисҳои Ҳукумат таҳия шудаанд, қаблан аз рӯи зарурат дар маҷлиси Раёсати Ҳукумат муҳокима мешаванд.

33. Маҷлиси Раёсати Ҳукуматро Сарвазир ва дар набудани ӯ муовини якуми Сарвазир даъват мекунад ва мегузаронад.

34. Ҳангоми зарурат мумкин аст ба маҷлиси Раёсати Ҳукумат дигар аъзои Ҳукумат ё шахсони мансабдор даъват карда шаванд.

35. Масъалаҳо ҷиҳати муҳокимаи пешакӣ дар Раёсати Ҳукумат аз ҷониби Сарвазир ва дар сурати набудани ӯ аз ҷониби муовини якуми Сарвазир бо пешниҳоди воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо муовинони дахлдори Сарвазир мувофиқа гардидааст, ворид карда мешаванд.

36. Оид ба масъалаҳои аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии Ҳукумат таҳиягардида воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси Раёсати Ҳукумат гузориш медиҳанд.

37. Шахсони мансабдор, ки масъаларо барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод мекунанд ва воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риояи муҳлатҳои муқарраргардида ва сифати таҳияи маводу ҳуҷҷатҳо масъул мебошанд.

38. Раёсати Ҳукумат оид ба ташаккули рӯзномаи маҷлиси навбатии Ҳукумат қарори хусусияти тавсиявидошта қабул менамояд.

39. Тавсияҳои Раёсати Ҳукумат дар бораи ба рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат дохил намудани масъалаҳо бо протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумат ба расмият дароварда мешаванд.

40. Лоиҳаи рӯзнома ва дигар маводи зарурии маҷлиси Ҳукумат ба Раиси Ҳукумат аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

5. ТАЙЁР КАРДАН ВА ГУЗАРОНИДАНИ МАҶЛИСҲОИ ҲУКУМАТ

41. Маҷлисҳои Ҳукумат аз рӯи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронида шуда, дар сурате салоҳиятдор ҳисобида мешаванд, ки агар дар онҳо на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Ҳукумат иштирок намоянд.

42. Санаи гузаронидани маҷлиси Ҳукуматро Раиси Ҳукумат муайян мекунад.

43. Маҷлиси Ҳукуматро Раиси Ҳукумат ё бо супориши ӯ Сарвазир мегузаронад.

44. Рӯзномаи маҷлиси Ҳукуматро Раиси Ҳукумат бо назардошти тавсияҳои Раёсати Ҳукумат муайян менамояд ва он дар маҷлиси Ҳукумат тасдиқ карда мешавад.

45. Ба рӯзномаи маҷлиси Ҳукумат раисикунандаи маҷлис метавонад масъалаҳои иловагиро ворид намояд, агар ин масъалаҳо таҳияи пешакиро талаб накунанд, ё ин ки тартиби пешакии таҳияи онҳо анҷом ёфта бошад.

46. Лоиҳаи рӯзнома ва маводи маҷлис ба аъзои Ҳукумат ва оид ба масъалаҳои дахлдор ҳамчунин ба шахсони мансабдор дар муҳлати на дертар аз 3 рӯз пеш аз маҷлис фиристода мешавад.

47. Дар маҷлиси Ҳукумат аъзои Ҳукумат, Роҳбар ва муовинони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.

48. Дар маҷлисҳои Ҳукумат Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, иштирок намоянд.

49. Дар маҷлисҳои Ҳукумат раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳо, дигар шахсони мансабдор, ки маърӯзачии масъалаи ба баррасии маҷлиси Ҳукумат пешниҳодшуда ба ҳисоб мераванд, даъват карда мешаванд.

50. Дар асоси пешниҳоди воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Сарвазир ба маҷлисҳои Ҳукумат мумкин аст, шахсони дигари мансабдор вобаста ба баррасии масъалаҳои муҳим ҳангоми гузаронидани маҷлис дар ҳайати васеъ ё дар ҳолате, ки дар марҳилаи таҳия ва мувофиқаи масъалаҳои вобаста ба онҳо ихтилофи назар ба миён омадааст, даъват карда шаванд.

51. Дар маҷлисҳои Ҳукумат оид ба масъалаҳо роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони мансабдор, ки ба масъалаи баррасишаванда дахл доранд, гузориш медиҳанд.

52. Дар маҷлисҳои Ҳукумат барои гузориш то 10 дақиқа, барои муҳокима то 5 дақиқа ва барои маълумот то 3 дақиқа вақт муқаррар карда мешавад.

53. Раисикунанда дар маҷлиси Ҳукумат метавонад муҳлати дигарро низ муқаррар намояд.

54. Дар маҷлиси Ҳукумат санадҳо бо аксарияти овозҳои аъзои Ҳукумат қабул карда мешаванд.

55. Баъди баррасии масъалаҳои ба рӯзномаи маҷлис дохилгардида маҷлиси Ҳукумат пӯшида эълон карда мешавад.

56. Натиҷаи баррасии масъалаҳо бо протоколи маҷлиси Ҳукумат ба расмият дароварда мешавад, ки онро раисикунандаи маҷлиси Ҳукумат имзо мекунад.

57. Мутобиқи принсипи ошкорбаёнӣ дар фаъолияти Ҳукумат масъалаҳое, ки дар маҷлисҳои Ҳукумат баррасӣ мешаванд ва санадҳои дар онҳо қабулгардида, ба истиснои санадҳое, ки дорои сирри давлатӣ мебошанд, дар мақоми расмии табъу нашри Ҳукумат ва дигар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешаванд. Ташкили ин корҳоро хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

58. Ба толори маҷлиси Ҳукумат овардан ва истифода намудани дастгоҳҳои наворбардорӣ ва сабти овоз аз тарафи иштирокчиён ва шахсони даъватшуда бе иҷозати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

59. Фиристодани маводи маҷлиси Ҳукумат, хабардор намудани аъзои Ҳукумат ва ҳамчунин шахсони даъватшуда оид ба сана ва вақти гузаронидани маҷлис, бақайдгирии иштирокчиён ва хизматрасонии маҷлис (сабти баромадҳо, бурдани протоколҳо ва ғайраҳо) аз тарафи раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

6. БАРАСМИЯТДАРОРӢ, ФИРИСТОДАН, НАШР НАМУДАН ВА ЭЪТИБОР ПАЙДО КАРДАНИ САНАДҲОИ ҲУКУМАТ

60. Санади меъёрии ҳуқуқии Ҳукумат дар шакли қарори Ҳукумат қабул карда мешавад.

61. Санадҳои хусусияти фардидошта, инчунин оид ба масъалаҳои таъҷилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорие, ки хусусияти меъёрӣ надоранд, дар шакли қарор ё фармоиши Ҳукумат қабул мешаванд.

62. Қарору фармоишҳои Ҳукуматро Раиси Ҳукумат имзо мекунад.

63. Қарору фармоишҳое, ки дар маҷлиси Ҳукумат қабул шудаанд, инчунин протоколи маҷлис дар давоми се рӯзи корӣ барои имзо манзур мегарданд.

64. Лоиҳаи санадҳои Ҳукумат, ки дар ҷараёни муҳокимаи онҳо фикру мулоҳизаҳо баён гардида, тағйиру иловаҳо ворид ва дақиқ карда шудаанд, бо тартиби муқарраргардида аз тарафи воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё комиссия ва гурӯҳҳои кории дар маҷлисҳои Ҳукумат махсус барои ин мақсад таъсисёфта такмил дода шуда, дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи раисикунандаи маҷлиси Ҳукумат барои имзо манзур мегарданд.

65. Оид ба масъалаҳое, ки дар рафти маҷлиси Ҳукумат ба миён меоянд ва қабули қарор ё фармоишро талаб намекунанд, раисикунандаи маҷлис метавонад супориш ё тавсия диҳад, ки ба протоколи маҷлис ворид карда, ба иҷрокунандагон дар шакли нусха аз протоколи маҷлис фиристода мешаванд.

66. Нусха аз протоколи маҷлиси Хукумат бо муҳри дахлдори раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

67. Санадҳои Ҳукумат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ эътибор пайдо мекунанд.

68. Қарору фармоишҳои Ҳукумат баъди имзо шуданашон мутобиқи номгӯй ва тартиби муқаррарнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

69. Қарорҳои дорои хусусияти меъёрии Ҳукумат дар нашрияҳои расмии Ҳукумат ва маҷмӯа бо муҳри "Барои истифодаи хизматӣ" нашр карда мешаванд.

70. Санадҳои Ҳукумат вобаста ба чорабиниҳои муҳим ва таъҷилии дар онҳо пешбинигардида бояд ба таври васеъ ва дарҳол ба маълумоти умум расонида шаванд, дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ интишор гарданд ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо тартиби муқарраргардида тавассути телевизион ва радио эълон карда шаванд.

71. Қарорҳои Ҳукумат мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз ҷониби раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз даҳ рӯз баъди имзо дар шакли нусхаи тасдиқшуда ва электронӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баҳисобгирӣ ва дохил намудан ба

Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешаванд.

7. КОМИССИЯҲО ВА ГУРӯҲҲОИ КОРИИ ҲУКУМАТ

72. Бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати татбиқ кардани санадҳои Ҳукумат, назорати ҷараёни нҷрои қарорҳои қабулгардида ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, оид ба масъалаҳои алоҳидаи муҳим Ҳукумат комиссияҳои доимӣ таъсис медиҳад.

73. Комиссияҳои доимӣ фаъолияти худро мутобиқи низомнома, ки онро Ҳукумат тасдиқ намудааст, анҷом медиҳанд.

74. Барои омодасозии лоиҳаҳои санадҳои Ҳукумат ва баррасии ихтилофот оид ба лоиҳаҳои қарорҳо ва ҳамчунин барои ташкили иҷрои санадҳои алоҳидаи Ҳукумат аз тарафи Ҳукумат комиссияҳои муваққатӣ ва гурӯҳҳои корӣ ташкил карда мешаванд.

75. Қарорҳои комиссияи муваққатӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар протоколҳо ба расмият дароварда шуда, ба иҷрокунандагони дахлдор дастрас карда мешаванд. Протоколи маҷлисҳои комиссия ва гурӯҳҳои кориро роҳбарони онҳо имзо мекунанд.

8. НАЗОРАТИ ИҶРО

76. Ҳукумат назорати фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ анҷом медиҳад ва вобаста ба ин ҳангоми зарурат дар маҷлисҳои худ масъалаи аз тарафи онҳо иҷро гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудаанд, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд.

77. Муовини якум ва муовинони Сарвазир мувофиқи масъулиятҳои байни онҳо тақсимшуда ба роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои қарор ва фармоишҳои Ҳукумат супоришҳо медиҳанд.

78. Ташкили назорати иҷрои санадҳои Ҳукуматро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

79. Санадҳои Ҳукумат бо тартиби муқаррарнамудаи Дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назорат гузошта мешаванд ва бо ҳамон тартиб бо дархости асосноки воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назорат бароварда мешаванд.