ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАОРИФ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 августи соли 2017 № 854
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 августи соли 2017 № 443
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 "Дар бораи маориф" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод.532; с. 2014, №3, мод.156; №7, қ.2, мод.422; с. 2016, №3, мод.1148, №7, мод.624) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд.
1. Аз матни моддаи 2, қисми 1 моддаи 31 ва қисми 1 моддаи 44 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Ба қисми 10 моддаи 16 пас аз калимаҳои "амалҳои ғайриқонунӣ" калимаҳои ", ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ омадан" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 августи соли 2017 № 1462
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБРАЗОВАНИИ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 23 августа 2017 года, №854
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 28 августа 2017 года, №443
Статья 1. Часть 10 статьи 16 Закона Республики Таджикистан от 22 июля 2013 года "Об образовании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст.532; 2014 г., №3, ст. 156 №7, ч.2, ст.422; 2016 г., №3, ст.1148, №7, ст.624) после слов "противозаконных действий" дополнить словами ", прибытие в общеобразовательное учреждение, управляя механическим транспортным средством".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 28 августа 2017 года, №1462