Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2017 № 1465 "Оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 августи соли 2017 № 848

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 августи соли 2017 № 446

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 338; с. 2014, №7, қ.2, мод. 423; с. 2016, №7, мод, 628) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз моддаи 1 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар моддаи 21:

- ба қисми 11 сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ба муассисаи таълимӣ омадан бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ;";

- дар қисми 16 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шуда, ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад: "Дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад.".

3. Дар қисми 1 моддаи 29 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

28 августи соли 2017 № 1465

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЫСШЕМ И ПОСЛЕВУЗОВСКОМ ПРОФЕССИОНАЛЬНОМ ОБРАЗОВАНИИ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 23 августа 2017 года, №848

Одобрен постановлением ММ МОРТ

от 28 августа 2017 года, №446

Статья 1. Внести в статью 21 Закона Республики Таджикистан от 19 мая 2009 года "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., № 5, ст. 338; 2014 г., № 7, ч. 2, ст. 423; 2016 г., № 7, ст. 628) следующие дополнения:

- часть 11 дополнить абзацем девятым следующего содержания:

"- по причине прибытия в образовательное учреждение, управляя механическим транспортным средством;".

- часть 16 дополнить вторым предложением следующего содержания:

"В случае прибытия в образовательное учреждение, управляя механическим транспортным средством, студент исключается из образовательного учреждения без права восстановления сроком на три года.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 28 августа 2017 года, №1465