ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 майи соли 2017 № 778
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июли соли 2017 № 433
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №4, мод. 215; с. 2003, №4, мод. 152; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 1; с. 2009, №12, мод. 813; с. 2016, №7, мод. 602) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 8 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Риоя накардани савганд аз ҷониби узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани ӯ мегардад.".
2. Қисми сеюми моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".
3. Дар сархати ҳафтуми моддаи 16 калимаҳои "ҳаллу фасли" ва "волидон" мувофиқан ба калимаҳои "ҳалли" ва "падару модарон" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми даҳуми моддаи 23 калимаи "умум" ба калимаи "омма" иваз карда шавад.
5. Дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 25 калимаҳои "шартномаю созишномаҳои" ба калимаи "шартномаҳои" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июли соли 2017 № 1455