Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017 № 1455 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 майи соли 2017 № 778

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июли соли 2017 № 433

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2001 "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №4, мод. 215; с. 2003, №4, мод. 152; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 1; с. 2009, №12, мод. 813; с. 2016, №7, мод. 602) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 8 қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Риоя накардани савганд аз ҷониби узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асос барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани ӯ мегардад.".

2. Қисми сеюми моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии узви Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".

3. Дар сархати ҳафтуми моддаи 16 калимаҳои "ҳаллу фасли" ва "волидон" мувофиқан ба калимаҳои "ҳалли" ва "падару модарон" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми даҳуми моддаи 23 калимаи "умум" ба калимаи "омма" иваз карда шавад.

5. Дар сархати чоруми қисми якуми моддаи 25 калимаҳои "шартномаю созишномаҳои" ба калимаи "шартномаҳои" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 июли соли 2017 № 1455

КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПРАВИТЕЛЬСТВЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 17 мая 2017 года, №778

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 июля 2017 года, №433

Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 12 мая 2001 года "О Правительстве Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2001 г., №4, ст. 215; 2003 г., №4, ст. 152; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 1; 2009 г., №12, ст. 813; 2016 г., №7, ст. 602) следующие изменения и дополнение:

1. Статью 8 дополнить частью пятой следующего содержания:

"Несоблюдение присяги членом Правительства Республики Таджикистан является основанием для его привлечения к дисциплинарной ответственности.".

2. Часть третью статьи 11 изложить в следующей редакции:

"Декларирование доходов и имущественного положения члена Правительства Республики Таджикистан и членов его семьи осуществляется в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан "О борьбе с коррупцией" и налоговым законодательством Республики Таджикистан.".

3. В абзаце седьмом статьи 16 слово "отцов" заменить словом "родителей".

4. В абзаце четвертом части первой статьи 25 слова "договора и соглашения" заменить словом "договоры".

Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 18 июля 2017 года, № 1455