Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017 № 1447 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӯӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 июни соли 2017 № 804

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июли соли 2017 № 425

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 "Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 155; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 387) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархати бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- гирифтани иттилооти компютерӣ - ба даст овардани маълумоти барои ҳалли вазифаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зарурӣ, тавассути сабти майдонҳои электронӣ ва физикӣ ҳангоми коркард, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумот, новобаста ба воситаҳои интиқол;".

2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Дар моддаи 6:

- дар қисми 1:

- банди 16) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"16) гирифтани иттилооти компютерӣ;";

- банди 16) банди 17) ҳисобида шавад;

- ба қисми 6 пас аз калимаҳои "техникии алоқа" калимаҳои "ва иттилооти компютерӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 июли соли 2017 № 1447