Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2017 № 1446 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи милитсия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МИЛИТСИЯ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 июни соли 2017 № 802

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 12 июли соли 2017 № 424

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 "Дар бораи милитсия" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №5, мод. 352; с. 2006, №3, мод. 148; с. 2007, №7, мод. 663; с. 2008, №6, мод. 450; с. 2009, №12, мод. 820; с. 2011, №3, мод. 156, №6, мод. 438, №12, мод. 835; с. 2012, №4, мод. 251, №7, мод. 692, №8, мод. 821, №12, қ. 1, мод. 1023; с. 2013, №3, мод. 183, мод. 184, №12, мод. 884, мод. 885; с. 2014, №11, мод. 649) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи милитсия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".

2. Қисми якуми моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Милитсия вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, кормандони ғайриштатии милитсия ва шаҳрвандон иҷро мекунад.".

3. Қисми сеюми моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо роҳбарии фаъолияти милитсия ба зиммаи сардорони раёсатҳои (шуъбаҳои) Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо гузошта мешавад. Сардорони Сарраёсат ва раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, милитсияи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ аз ҷониби вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.".

4. Дар қисми якуми моддаи 10:

- банди 33) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"33) тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти корҳои дохилиро муайян ва дар амал татбиқ намояд;".

- банди 33) банди 34) ҳисобида шавад.

5. Дар бандҳои 12) ва 15) қисми якуми моддаи 10, банди 22) қисми якуми моддаи 11, қисми дуюми моддаи 18 ва қисми сеюми моддаи 20 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

6. Дар банди 7) моддаи 11 калимаҳои "ҷиноӣ кушояд" ба калимаҳои "ҷиноятӣ оғоз намояд" иваз карда шаванд.

7. Дар моддаи 19:

- ба қисми якум пас аз калимаҳои "хизмати милитсия" калимаи "танҳо" илова карда шавад;

- дар қисми ёздаҳум:

- зербанди м) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"м) дар сурати эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;";

- зербанди о) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"о) бинобар қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар.".

8. Дар қисми шашуми моддаи 27 калимаҳои "ҳокимияти маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 июли соли 2017 № 1446

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О МИЛИЦИИ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 7 июня 2017 года, №802

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 12 июля 2017 года, №424

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 17 мая 2004 года "О милиции" (Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №5, ст. 352; 2006 г., №3, ст. 148; 2007 г., №7, ст. 663; 2008 г., №6, ст. 450; 2009 г., №12, ст. 820; 2011 г., №3, ст. 156, №6, ст. 438, №12, ст. 835; 2012 г., №4, ст. 251, №7, ст. 692, №8, ст. 821, №12, ч. 1, ст. 1023; 2013 г., №3, ст. 183, ст. 184, №12, ст. 884, ст. 885; 2014 г., №11, ст. 649) следующие изменения и дополнения:

1. Статью 2 изложить в следующей редакции:

"Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о милиции

Законодательство Республики Таджикистан о милиции основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном.".

2. Часть первую статьи 6 изложить в следующей редакции:

"Милиция выполняет возложенные на нее задачи во взаимодействии с государственными органами, общественными объединениями, внештатными сотрудниками милиции и гражданами.".

3. Часть третью статьи 9 изложить в следующей редакции:

"В областях, городах и районах руководство деятельностью милиции возлагается на начальников управлений (отделов) Министерства внутренних дел в областях, городах и районах. Назначение и освобождение от должности руководителей Главного управления и управлений Министерства внутренних дел, Управления Министерства внутренних дел в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, отделов Министерства внутренних дел в городах и районах, милиции на железнодорожном и воздушном транспортах, осуществляет министр внутренних дел Республики Таджикистан по согласованию с Президентом Республики Таджикистан.".

4. В части первой статьи 10:

- дополнить пунктом 33) следующего содержания:

"33) определять и реализовывать порядок, способы и методы проведения анализа коррупционных рисков в органах внутренних дел;".

- пункт 33) считать пунктом 34)".

5. В статье 19:

- часть первую после слова "принимаются" дополнить словом "только";

- в части одиннадцатой:

- в подпункте н) знак точки заменить знаком точки с запятой ";";

- дополнить подпунктом о) следующего содержания:

"о) в связи с прекращением гражданства Республики Таджикистан или приобретением гражданства другого государства.".

6. В части шестой статьи 27 слова "органов местной власти" заменить словами "местных органов государственной власти".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан     Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 18 июля 2017 года, № 1446