Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2017 № 335 "Дар бораи муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"

Мутобиқи моддаҳои 58, 59, 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 56 ва 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" дар заминаи корхонаи воҳиди давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" таъсис дода шавад.

2. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"-ро тибқи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.

3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"-ро аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии соҳа амалӣ намояд.

4. Сархати даҳуми Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, № 250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ"".

5. Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" дар бинои корхонаи воҳиди давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ", воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ, 14, ҷойгир карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 5 июли соли 2017 № 335

ш.Душанбе