Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" майи соли 2017, № 265
тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ НАМУНАВИИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор (минбаъд - Қоидаҳо) тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро аз ҷониби мақомоти санҷиши мутобиқи талабот дар соҳаи мавзӯи санҷиш муайян карда, ба баланд бардоштани самаранокии ҳифзи саломатии шаҳрвандон, амнияти молу мулк, ҳифзи муҳити зист, амнияти ҷомеа равона гардидаанд.
2. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", Қодаҳои мазкур. дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гузаронидани санҷиш гузаронида мешавад.
3. Вайрон намуданн қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ва Қоидаҳои мазкур муқаррар шудаанд, асос барои беэътибор дониста шудани натиҷаи санҷиш мебошад.
4. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо мақсади коҳиш додани хавф барои саломатии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа, ҳифзи моликият тавассути таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар раванди амалӣ намудани фаъолияти худ гузаронида мешавад.
5. Вазифаи асосии мақомоти санҷишӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш пешгирии вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани машваратҳо оид ба талаботе, ки нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати дар оянда коҳиш додани хавф дар натиҷаи фаъолияти онҳо ва кам намудани шумораи ҳуқуқвайронкунӣ мебошад. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор набояд бо мақсади таъини муҷозоти молиявӣ ё дигар муҷозот ба субъектҳои хоҷагидор гузаронида шавад.
2. ВАКОЛАТҲОИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
6. Ваколатҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти мақомоти санҷиширо ба танзим медароранд, муқаррар шудаанд.
7. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд:
- санҷишро танҳо мувофиқи қарори мақомоти санҷишӣ гузаронанд;
- нигоҳдории миқдор ва сифати ҳуҷҷатҳо, намунаҳои барои омӯзиш ва дигар маводи мувакқатан гирифташуда ва баргардонидани саривақтии онҳоро таъмин намоянд;
- ба субъекти хоҷагидор мавзӯъ ва моҳияти вайронкуниҳо ва камбудиҳои ошкоргардидаро фаҳмонанд, оид ба бартараф намудани онҳо чораандешӣ намоянд, ба пинҳон кардани онҳо роҳ надиҳанд;
- асоснокии амалҳои худро ҳангоми шикояти субъектҳои хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намоянд;
- тибқи тартиби муқарраргардида оид ба санҷиш дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо қайдҳо гузорад.
8. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ҳуқуқ доранд:
- ҷиҳати амалӣ намудани функсия ва вазифаҳои худ аз субъекти хоҷагидор маълумоти заруриро дархост намуда, гиранд (дар ҳолати зарурӣ бевосита бо нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо шинос шаванд);
- дар ҳолати зарурӣ иқтибос гиранд ва ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намоянд;
- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар бораи қоидавайронкуниҳо санад ва протоколҳо тартиб диҳанд;
- агар азназаргузаронӣ бо санҷиш алоқаманд бошад, бино, таҷҳизот, дигар молу мулкро аз назар гузаронанд;
- агар санҷиш бо риояи талаботи технологӣ алоқаманд бошад, аз раванди технологӣ дидан намоянд.
9. Ваколатҳои иловагии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки аз хусусиятн хоси фаъолияти онҳо бармеоянд ва дар гузаронидани санҷиш қобили истифода мебошанд, метавонанд дар қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи худ, ки дар асоси Қоидаҳои мазкур таҳия шуда, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мувофиқа карда шудаанд, муқаррар карда шаванд.
10. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ҳангоми гузарониданп санҷиш принсипҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои дар Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ пешбинишударо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба роҳбарӣ мегиранд.
3. ТАРТИБИ БАНАҚШАГИРӢ ВА ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШҲО
11. Тартиби гузаронидани санҷишҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" муқаррар мегардад.
12. Гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ тибқи нақшаи тасдиқшудаи солонаи гузаронидани санҷишҳо амалӣ мегардад.
13. Мақомоти санҷишӣ дар муҳлати то 1 ноябри соли ҷорӣ нақшаи солонаи санҷишро барои соли оянда таҳия, намуда дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиши тасдиқ мекунад ва дар сомонаи расмии худ ва дар воситаҳои ахбори омма барои шиносоии субъектҳои хоҷагидор ҷойгир мекунад.
14. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ аз тарафи мақомоти санҷишӣ дар асоси даврияти гузаронидани санҷишҳо, ки барои ҳар як гурӯҳи таваккал, бо назардошти дараҷаи таваккали ҳар як субъекти хоҷагидор, муқаррар мегардад, таҳия карда мешавад. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал тибқи Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян карда мешаванд.
15. Мақомоти санҷишӣ ҳар нимсола, вобаста ба тағйир ёфтани дараҷаи таваккал ба нақшаи солонаи санҷишҳои нақшавӣ тағйирот ворид менамоянд. Тағйироти мазкур бояд бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мувофиқа карда шуда, аз ҷониби роҳбари мақомоти марказии санҷишӣ тасдиқ гарданд ва дар сомонаи расмии мақоми санҷишӣ ва воситаҳои ахбори омма барои шнносоии субъектҳои хоҷагидор ҷойгир карда шаванд.
16. Назорати риояи нақшаи гузаронидани санҷиш ба роҳбари мақомоти санҷиши вогузор карда мешавад.
17. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, дар ду соли аввали фаъолияти онҳо танҳо барои додани машварат ва ёрии методӣ оид ба мавзӯи санҷиш ташриф меоранд.
18. Шикояти субъекти хоҷагидор оид ба натиҷаи санҷиш бояд моҳияти масъалаҳои шикоят ва талаб намудани гузаронидани санҷиши иловагиро пешбинӣ намояд.
19. Қарори роҳбари мақоми санҷишӣ дар барои гузаронидани санҷиши иловагӣ, ки ба муроҷиати субъекти хоҷагидор асос ёфтааст, бояд дар давоми 3 рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид шудани муроҷиат қабул карда шавад.
20. Санҷишҳо аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар асоси қарор дар барои гузаронидани самҷиш сурат мегиранд. Қарор дар бораи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз тарафи роҳбари мақоми санҷишӣ қабул ва ба имзо расонида мешавад.
21. Ҳангоми қабули қарор дар бораи гузаронидани санҷиш роҳбари мақомоти санҷиш бояд ба инобат гирад, ки шахси максабдори барои гузаронидани санҷиш таъингардида:
- бо роҳбарияти субъекти хоҷагидор ва ё намояндаи он робитаҳои хешутаборӣ надошта бошад;
- дигар ҳолатҳое, ки метавонанд бевосита ё ба восита ба манфиатдории натиҷаи санҷиш сабаб шаванд, ҷой надоранд.
22. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматии шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ ба шиноскунии ҳатмии субъекти хоҷагидор бо қарори кабулгардида оид ба гузаронидаии санҷиш ва ворид намудани қайдҳо дар бораи санҷиш ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо оғоз меёбад. Гузоштани қайдҳо дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо аз ҷониби шахси мансабдор бо тартиби муайяинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
23. Санҷиши фаъолиятл субъекти хоҷагидор дар давоми даврае амалӣ мегардад, ки дар қарор ва огоҳинома оид ба гузаронидани санҷиш нишон дода шудааст.
24. Баъди ба анҷом расидани муҳлати гузаронидани санҷиш, ки дар қарори мақомоти санҷишӣ дар бораи гузаронидани санҷиш зикр гардидааст, субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо ба объекти санҷиш роҳ надиҳад.
25. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор қатъиян тибқи номгӯи масъалаҳои назорати нисбати мавзӯи санҷиши нақшавӣ истифодашаванда гузаронида мешавад. Баромадан аз доираи номгӯи масъалаҳои назоратӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши нақшавӣ манъ аст.
26. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор дар маҳалли бақайдгирми давлатӣ ё дар маҳалли фаъолияти субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
27. Иштироки субъекти хоҷагидор ё намояндагони ваколатдори он дар объекти гузаронидани санҷиш дар вақти барои оғози санҷиш таъиншуда ҳатмист.
28. Ҳамгоми гузаронидани санҷиш субъекти хоҷагидор тамоми ҳуҷҷатҳои дархостнамудаи мақомоти санҷиширо марбут ба мавзӯи саиҷиш ва мутобиқи номгӯи масъалаҳои назоратӣ пешниҳод менамояд, инчунин дастрасиро ба ҳудуд, бино, иншоот, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёте, ки субъекти хоҷагидор дар онҳо фаъолияти худро амалӣ менамояд, таъмин мекунад.
29. Дар анҷоми санҷиш, сарфи назар аз натиҷаҳои он, шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ санади санҷишро мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи боби 4 Қоидаҳои мазкур, дар шакли тасдиқнамудаи мақоми санҷишӣ тартиб медиҳад.
30. Санади санҷиш на камтар аз ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти санҷиш ки санҷиши дахлдорро гузаронидааст, имзо карда мешавад. Як нусхаи санади санҷиш дар мақоми санҷишӣ мемонад ва нусхаи дуюм ба субъекти хоҷагидор супорида мешавад,
31. Дар ҳолати ошкор намудапи таркиби ҷиноят дар фаъолияти субъекти хоҷагидор, нусхаи санади санҷиш ва мавод аз рӯи натиҷаи санҷиш ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои қабули қарор равона карда мешаванд.
32. Оид ба натиҷаҳои санҷиш, ки дар қарор дар бораи натиҷаҳои санҷиш инъикос ёфтаанд, субъекти хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудаи боби 8 Қоидаҳои мазкур метавонад шикоят намояд.
33. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш ва пас аз гузаштани муҳлати шикоят, дар ҳолати мавҷудияти ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида дар фаъолияти субъекти хоҷагидор, мақоми санҷишӣ чораҳои маъмурӣ меандешад ё маводро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд пешниҳод менамояд.
34. Қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъекҳои хоҷагидор" аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷишӣ қабул карда шуда, ба маълумоти субъекти хоҷагидор расонида мешавад.
4. УСЛУБИ ТАРТИБДИҲИИ САНАДИ САНҶИШӢ
35. Санади санҷиш тибқи шакле, ки дар замимаи Қоидаҳои мазкур омадааст, тартиб дода шуда, аз тарафи шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ва субъекти хоҷагидор ба имзо расонида мешавад.
36. Санади санҷиш бояд дорои ифодаи муназзами далелҳои бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи ҳуқуқвайронкунӣ бошад, ки дар раванди санҷиш ошкор гардидаанд, ё ин ки мавҷуд набудани чунин вайронкуниҳо.
37. Дар санади санҷиш маълумоти зерин инъикос мегардад:
- маҳалли гузаронидани санҷиш, санаи тартиб додани санади санҷиш;
- мавзӯъ ва намуди санҷиш;
- мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ, ки санҷишро гузаронидаанд;
- дар ҳолати иштироки мутахассиси (коршиноси) ҷалбшуда дар гузаронидани саиҷиш - насаб, ном, номи падари ӯ, инчунин рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи ташкилоте, ки онро ӯ намояндагӣ мекунад, дар ҳолате, ки мутахассиси (коршиноси) мустақил бошад,рақами шаҳодатномаи хизматӣ ва ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, номи ташкилоте, ки онро ӯ намояндагӣ мекунад, рақам ва номгӯи иҷозатнома, номи мақомоте, ки иҷозатномаро додааст ва муҳлати амали иҷозатнома, дар ҳолате, ки фаъолияти мутахассиси (коршиноси) ҷалбшуда ё фаъолияти ташкилоте, ки онро ӯ намояндагӣ мекунад, бояд иҷозатнома дошта бошад;
- рақами мушаххаси андозсупорандаи субъекти хоҷагидор;
- маълумоти дигари пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор".
38. Санади санҷиш бояд дар ҳомили коғази бо забони давлатӣ тартиб дода шуда, дорои рақами тартибӣ бошад.
39. Дар санади санҷишӣ ифлосиҳо, тозакуниҳо ва дигар ислоҳкуниҳо, ба истиснои ислоҳкуниҳое, ки пешакӣ муайян ва бо имзои шахсони дар санад имзогузошта тасдиқ шудаанд, иҷозат дода намешавад.
40. Ҳангоми дар матни санади санҷиш истифода намудани номгӯйҳои ихтисоршуда ва аббревиатураҳои маъмул дар истифодаи аввали ибораи дахлдор он пурра ва баъдан номгӯи ихтисоршуда дар қавсайн қайд мегардад.
41. Санади санҷиш бояд аз се қисм иборат бошад: муқаддимавӣ, тавсифӣ ва ҷамъбастӣ.
42. Дар қисми муқаддимавии санади санҷиш маълумоти умумӣ дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ва субъекти хоҷагидори санҷидашаванда инъикос мегардад.
43. Қисми муқаддимавии санад бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- номи пурра ё мухтасари субъекти хоҷагидори санҷидашавандашахси ҳуқуқӣ тибқи ҳуҷҷатҳои муассисӣ ё насаб, ном ва номи падари субъекти хоҷагидор - соҳибкори инфиродӣ;
- раками мушаххаси андозсупорандаи субъекти хоҷагидор;
- санаи баимзорасонии санади санҷиш аз ҷониби шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ, ки санҷиш гузаронидаанд;
- насаб, ном, номи падари шахсони санҷиш гузаронида, мансабҳои онҳо бо қайд намудани номи мақомоти санҷишие, ки онро намояндагӣ мекунанд;
- асос барои гузаронидани санҷиш (сана ва рақами қарор оид ба гузаронидани санҷиш);
- давраи санҷидашаванда;
- санаи оғоз ва анҷоми санҷиш;
- суроғаи маҳалли ҷойгиршавии субъекти хоҷагидори санҷидашаванда;
- маълумот дар бораи мавҷудияти фаъолияти иҷозатномашаванда (рақам ва санаи додани иҷозатнома, номи мақоме, ки иҷозатномаро додааст, муҳлати оғоз ва анҷоми амали иҷозатнома), дар ҳолате, ки агар намуди фаъолияти санҷидашаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд иҷозатнома дошта бошад ва санҷиши чунин масъалаҳо ба номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи он санҷиш гузаронида шудааст, ворид гардида бошад;
- маълумот дар бораи намудҳо фаъолияти воқеан аз тарафи субъекти хоҷагидор амалишаванда, ки мутобиқ ба номгӯи масъалаҳои назоратӣ буда, аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида шудааст, дохил мешавад;
- маълумот оид ба усули гузаронидани санҷиш (азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо, таҷҳизот, гирифтани намунаҳо ва таҳлилҳо ва ғайра);
- маълумоти дигари зарурӣ.
44. Қисми тавсифии санади санҷиш дорои ифодаи муназзами далелҳои бо ҳуҷҷат тасдиқшудаи ҳуқуқвайронкуниҳои дар раванди санҷиш ошкоргардида ё ишора ба мавҷуд набудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин ҳолатҳон бо чунин далелҳо алоқаманд мебошад, ки барои қабули қарори дуруст аз рӯи натиҷаҳои санҷиш аҳамият доранд.
45. Таркиби қисми тавсифии санади санҷиш бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
а) воқеият ва асоснокӣ. Далелҳои дар санад инъикосгарднда бояд натиҷаи санҷиш ва таҳқиқи дақиқи гузаронидашуда бошанд, носаҳеҳии далелҳоро истисно намоянд, пуррагии хулосаро оид ба хилофи қонунгузорӣ будани кирдори (амал ё беамалии) субъекти хоҷагидорро таъмин намоянд. Оид ба ҳар як далели ҳуқуқвайронкунии дар санад инъикосгардида бояд инҳо қайд карда шаванд:
- намуди ҳуқуқвайронкунӣ, усул ва дигар вазъияти содиршавии он, даврае, ки чунин вайронкунӣ тааллуқ дорад;
- таснифоти ҳуқуқвайронкунии содиршуда бо истинод ба меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи субъекти хоҷагидор вайрон карда шудаанд;
- истинод ба хулосаҳои коршиносон (дар ҳолати гузаронидани экспертиза), протоколҳои пурсиши шоҳидон, инчунин дигар протоколҳое, ки ҳангоми иҷрои амалҳои зарурӣ оид ба гузаронидани санҷиш тартиб дода шудаанд;
б) пуррагӣ ва инъикоси ҳамаи ҳолатҳои назаррас дар санади санҷиш, ки ба далелҳои вайронкунӣ тааллуқ доранд. Ҳар як далели вайронкунии дар раванди санҷиш ошкоргардида пурра ва ҳаматарафа бояд омӯхта шавад. Ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии дар санади санҷиш баёнгардида бояд ба натиҷаи санҷиши ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки бо далелн овардашуда метавонанд алоқаманд бошанд, инчунин ба натиҷаи ҳамаи дигар амалҳои зарурӣ оид ба амалигардонии санҷиш асос ёбад. Дар санади санҷиш бояд инъикоси ҳамаи ҳолатҳои назарраси мансуб ба ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида таъмин гардад;
в) возеҳият, мухтасарӣ ва фаҳмо будани баён. Ифодаи дар санадн санҷиш мавҷуда бояд имконияти тафсири ҳархеларо истисно намояд, ифода бояд кӯтоҳ, возеҳ, фаҳмо ва пайдарҳам бошад;
г) муназзамии баён. Вайронкуниҳои дар раванди санҷиш ошкоргардида бояд дар санади санҷиш бо қисмҳо, бандҳо ва зербандҳо вобаста ба хусусияти вайронкунӣ гурӯҳбандӣ карда шаванд.
46. Санад набояд дорои тахминкунии субъективии мақомоти санҷишии ба далелҳои кофӣ асоснаёфта бошад.
47. Қисми ҷамъбастии санади санҷиш (хулоса) бояд дорои маълумоти ҷамъбастӣ оид ба далелҳои ҳуқуқвайронкуниҳои муайянгардида, инчунин маълумот оид ба зарари дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардида ба манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлат расонидашуда бо истинод ба меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
48. Ба санади санҷиш замима мегарданд:
- қарори қабулгардида оид ба гузаронидани санҷиш;
- номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида шудааст;
- хулосаи коршинос (дар ҳолати гузаронидани экспертиза);
- нусхаи ҳуҷҷатҳо, ҳисобҳое, ки аз тарафи шахси мансабдори мақомоти санҷиш гузаронида шудааст ва маводи дигари зарурие, ки дар ҷараённ санҷиш гирифта шудаанд.
49. Маълумоти дар санади санҷиш мавҷудбудае, ки ба сирри тиҷоратӣ (инчунин дигар маълумоте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз гардидаанд) тааллуқ дорад, аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ошкор карда намешаванд, инчунин ба дигар мақомот ё шахсони сеюм, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дода намешаванд.
5. РАСМИЁТИ БАРРАСИИ ДОХИЛИИДОРАВИИ МУРОҶИАТҲОИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОР
50. Муроҷиатҳои субъектҳои хоҷагидор нисбати амал (беамалӣ) ва қарори дар ҷараёни гузаронидани санҷиш қабулнамудаи шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ бояд дар мақоми дахлдори санҷишӣ қабул гардида, ба варақаи иттилоотӣ ворид ва бо роҳи додани рақами алоҳида барои ҳар як муроҷиат ба қайд гирифта шаванд. Рад намудан аз қабули муроҷиат манъ аст.
51. Баррасии муроҷиатҳои субъектҳои хоҷагидор нисбати амалҳо (беамалӣ) ва қарори дар ҷараёни гузаронидани санҷиш қабулнамудаи шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ройгон мебошад.
52. Муроҷиатҳои ба мақомоти санҷишӣ воридшуда аз ҷониби шахсони мансабдоре баррасӣ мегарданд, ки масъулият барои баррасӣ намудани чунин муроҷиатҳо вогузор шудааст.
53. Расмиёти баррасии дохилиидоравии муроҷиатҳои субъектҳои хоҷагидор дар ҳар як мақоми санҷишӣ дар асоси қоидаҳо ва ҳуҷҷатҳои дохилии дахлдор, ки дар мақоми санҷишӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд, муқаррар карда мешавад.
6. РАСМИЁТ ОИД БА БАНАҚШАГИРӢ, ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТ ВА МАШВАРАТ БА СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР
54. Мақомоти санҷишӣ, бо мақсади кам кардани хавф бартараф намудани шароите, ки ба ҳуқуқвайронкунии имконпазир мусоидат мекунад, ба субъектхои хоҷагидор то оғози санҷиш, дар ҷараёни санҷиш ва баъди анҷоми санҷиш оид ба масъалаҳои мутобиқати фаъолияти онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат ва тавсияҳо медиҳанд.
55. Пешниҳоди машварат ва тавсияҳо ба субъекти хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар шаклҳои зерин сурат мегирад:
- пешниҳоди маълумоти умумие, ки дар сомонан расмии мақоми санҷишӣ ҷойгир карда мешавад;
- ба нашр расонидани раҳнамо ва дастурҳои методӣ оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияташон, инчунин китоб, брошюра ва плакатҳои иттилоотӣ;
- посухҳо ба саволҳои хаттию шифоҳии субъектҳоп хоҷагидор тавассути телефон, дар шакли электронӣ ё ҳомили коғазӣ;
- гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ.
56. Дар сомонаи мақомоти санҷишӣ иттилооти мазкур ҷойгир карда мешавад:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи шарту талабот нисбати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мавриди санҷиш қарор мегиранд;
- нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо бо ҳамаи тагнпру иловаҳои ба онҳо;
- номгӯи масъалаҳои назоратие, ки мақоми санҷишӣ аз рӯи онҳо дар соҳаи худ санҷиш мегузаронад;
- маълумот дар бораи ба гурӯҳи муайяни хавфнокӣ мансуб донистани субъекти хоҷагидор, инчунин асосноккунии ба ин гурӯҳи хавфнокӣ мансуб донистани он.
57. Иттилооту машваратҳои ба субъектҳои хоҷагидор пешниҳодшаванда бояд дар маҷмӯъ ба кам кардани миқдори ҳуқуқвайронкуниҳо, пешгирии содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ва кам карданн хавфи содир намудани онҳо равона карда шаванд. Иттилооту машваратҳои аз ҷониби мақомоти санҷишӣ ба субъектҳои хоҷагидор псшниҳодшаванда бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ асоснок, якхела, дақиқ ва фаҳмо бошанд.
58. Мақомоти санҷишӣ бояд ҳар сол гузаронидани чорабиниҳоро оид ба фаъолияти машваратдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор бо зикри мавзӯъҳои барои онҳо нисбатан муҳим ба нақша гиранд, инчунин дар назди мақомоти болоӣ дар мавридн шумораи машварату тавсияҳои ба субъектҳои хоҷагидор пешниҳодгардида мунтазам ҳисобот диҳанд.
59. Агар субъекти хоҷагидор мутобиқи машварат ё тавсияи ба таври хаттӣ пешниҳоднамудаи мақоми санҷишӣ амал карда истода бошад, субъекти хоҷагидор барои ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани амалҳояш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ.
7. РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ БАҲОДИҲИИ ТАВАККАЛИ (ХАВФИ) СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВА ТАҚСИМОТИ ОНҲО АЗ РӯИ ДАРАҶАИ ХАВФНОКӢ
60. Мақомоти санҷишӣ санҷиши фаьолияти субъектҳои хоҷагидорро вобаста ба дараҷаи таваккалнокиашон амалӣ менамояд.
61. Дараҷаи хавфнокии ҳар субъекти хоҷагидор дар асоси меъёрҳои арзёбии дараҷаи хавфнокӣ, ки мақомоти санҷишӣ дар соҳаи мансуб ба ваколатҳояшон таҳия менамоянд, муайян карда мешавад.
62. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор бо дараҷаи таваккалии баланд, миёна ва паст муайян карда мешавад. Гурӯҳи субъектҳое, ки дараҷаи таваккалиашон баланд, набояд аз 10 фоиз аз шумораи умумии субъектҳои санҷидашавандаи мақомоти санҷишӣ зиёд бошад.
63. Расмиёти баҳодиҳии таваккали (хавфи) субъекти хоҷагидор ва меъёрҳои баҳодиҳии дараҷаи хавфнокӣ бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси эҳтимолияти расонидани зарар дар натиҷаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба ҳаёт ва (ё) саломатии аҳолӣ, муҳити зист амнияти ҷомеа ва манфиатҳои молумулкӣ муайян карда мешавад.
8. РАСМИЁТ ОИД БА БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲО ВА ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТИ ДИГАРИ АЗ ҶОНИБИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВОРИДШАВАНДА
64. Субъекти хоҷагидор метавонад нисбати амал (беамалӣ) ва қарорҳои дар ҷараёни гузаронидани санҷиш қабулкардаи шахсони мансабдори мақомоти санҷиши тариқи судӣ, ё бо тартиби дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
65. Шикоятҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар шакли хаттӣ тавассути алоқаи почта, ҳангоми қабули шахсӣ, тавассути номарасон ё бо тариқи сабт кардани ариза. шикоят ё пешниҳодоти худ дар дафтари аризаҳо ва шикоятҳои мақоми санҷишии дахлдор пешниҳод карда мешаванд.
66. Ба шикояте, ки аз номи субъекти хоҷагидор намояндаи қонунии ӯ пешниҳод менамояд, ваколатномаи аз номи субъекти хоҷагидор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додашуда замима карда мешавад.
67. Шикоятҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ, суроғаи ҷойгиршавии ӯ ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр наёфтаанд, ё маълумоти дар онҳо дарҷгардида воқеият надорад, инчунин бе имзо пешниҳод гардидаанд, беном дониста шуда, баррасӣ карда намешаванд.
68. Иҷрои қарор аз натиҷаи санҷиши мақоми санҷишӣ то лаҳзаи қабули қарори дахлдор оид ба моҳияти шикоят боздошта мешавад.
69. Роҳбари мақоми санҷишӣ уҳдадор аст, ки шикоятро тибқи қонунгузорин Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, яке аз қарорҳои зеринро қабул намояд:
- қарорро бетағйир ва шикоятро бе қаноат монад;
- қарорро пурра ё қисман бекор намояд;
- карорро бекор карда, санҷиши иловагиро таъин намояд.
70. Санҷиши иловагӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" гузаронида мешавад.
71. Шикоятҳои такрорӣ оид ба ҳамон як асос, ки аз рӯи ок ҷавоб гирифта шудааст ва дорои ҳолатҳои нави ошкоргардида намебошад, баррасӣ намегарданд.
9. РАСМИЁТИ ИНТИХОБИ НАМУНАҲОИ МАҲСУЛОТ, НИГОҲДОРӢ ВА ҲАМЛУ НАҚЛИ ОН БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗА
72. Интихоби намунаҳои маҳсулот аз тарафи мақомоти санҷишӣ барои гузаронидани ташхис (экспертиза) танҳо дар сурати ғайриимкон будани муайян намудани масъалаи бехатарии маҳсулот дар натиҷаи муоинаи ҷисмонии он аиҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат, мақоми санҷишӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор" санади дахлдор тартиб медиҳад.
73. Ҳамлу нақли намунаҳои интихобшудаи маҳсулот ва шароити нигоҳдории он набояд нишондиҳандаҳоеро, ки аз рӯи онҳо ташхиси намунаҳо гузаронида мешавад, тағйир диҳад.
74. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ намунаҳои маҳсулотро барои экспертиза интихоб намуда, ҳифз ва бехатарӣ, пешгирии ифлосшавӣ, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли онҳоро ба ҷои гузаронидани ташхис таъмин мекунад.
75. Намунаҳои гирифташуда бояд тавре нигоҳ дошта шаванд, ки хусусияти ташхисиашон тағйир наёбад, дар ҳолати муайян кардани ифлосшавии микробии маҳсулоти тамъизшуда, пастеризатсияшуда, онҳо бояд дар контейнери (борҷомаи) тоза, ки ҳифзи кофиро аз ифлосии берунӣ ва вайроншавӣ дар раванди ҳамлу нақл ва нигоҳдорӣ таъмин мекунад, нигоҳ дошта шаванд.
76. Намунаҳо бояд дақиқ муайян карда шаванд.
77. Намунаҳо дар зарфи истеъмолӣ (қуттӣ, банка, баста ва ғайра) бо нигоҳ доштани борбандии аслии онҳо ба борбандии ғафси рӯшноиногузар (сейф-пакет) печонида мешаванд. Дар ҳолати зарурат ва ба қадри имкон маълумот дар бораи истеҳсолкунандаи маҳсулот аз зарфи истеъмолӣ хориҷ (тамғакоғаз канда, тоза) карда мешавад.
78. Намунаҳо бояд ба ташкилоти тибқи қонунгузорӣ барои гузаронидани экспертиза ваколатдоршуда ҳарчи зудтар бо риояи чораҳои пешгирикунандаи резиш, хушкшавӣ ва вайроншавии намунаҳо расонида шаванд.
79. Субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуқуқ дорад дар бораи гирифтани намунаи маҳсулот шаҳодат диҳад, шикоят кунад ва эродҳои худро изҳор намояд.
80. Аз рӯи натиҷаҳои экспертиза санади экспертиза тартиб дода мешавад, ки як нусхаи он ба санади санҷиш замима карда мешавад.
81. Субъекти хоҷагидоре, ки бо натиҷаҳои экспертиза розӣ нест, ҳуқуқ дорад барои гирифтани хулосаи коршиносӣ оид ба масъалаҳои гузошташуда бо интихоби худ ва аз ҳисоби худ ба ташкилоти мустақили экспертӣ ё коршинос муроҷиат намояд. Хулосаи коршиносии гирифташуда метавонад ба маводи шикояти субъекти хоҷагидор ннсбати қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш замима карда шавад.
82. Мақомоти санҷишӣ бояд хулосаи мақомоти дигари санҷишӣ ва натиҷаи ташхисро, ки дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшудаи мақомоти санҷишӣ гушронида шудааст, эътироф намоянд.
10. ҶАЛБИ КОРШИНОС, ТАШКИЛОТИ ЭКСПЕРТӢ БАРОИ ГУЗАРОНИДАЫИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТИ ХОҶАГИДОР
83. Мақомоти санҷишӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидор метавонанд барои арзёбии мутобиқати фаъолияти аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор амалишаванда ба қонунгузорни Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносонро (ташкнлотҳои экспертиро) ҷалб намоянд.
84. Коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ) шахсони дорои дониши махсус, тахассус ва таҷриба дар соҳаи дахлдори илм, соҳаи хоҷагӣ, инчунин дар маҷмӯъ фаъолияти хоҷагидорӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар асоси шартнома барои гузаронидани санҷиш ва таҳияи хулосаҳои коршиносӣ оид ба масъалаҳои аз тарафи мақомоти санҷишӣ гузошташуда ҷалб карда мешаванд. Шарти ҳатмии шартномае, ки бо коршинос (ташкилоти экспертӣ) баста мешавад, шарти масъулияти коршинос (ташкилоти экспертӣ) барои дурустии хулосаи коршиносӣ ва мутобиқати он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
85. Пардохти ҳакқи хизмати коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ), инчунин ҷуброни хароҷоти онҳо бинобар иштирок дар гузаронидани санҷиш аз ҳисоби мақомоти санҷишӣ амалӣ карда мешавад.
86. Вазифаи коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ) мусоидат намудан ба мақомоти санҷишӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла гузаронидани баҳодиҳии мустақили (талабкунандаи донишҳои махсус) фаъолияти субъекти хоҷагидор, инчунин таҳияи хулосаи коршиносӣ аз рӯи натиҷаҳои он мебошад.
87. Ҳангоми гузаронидани экспертиза коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ) бояд припсипҳоп зеринро дастури амал қарор диҳанд:
- пурра, ҳамаҷониба, салоҳиятнок, муътамад, асоснок ва қонунӣ будани экспертиза ва натиҷаҳои он;
- холисӣ ва беғаразӣ;
- вобаста набудан аз ҳар шахсе, ки ба натиҷаҳои экспертиза манфиатдор аст;
- масъулият барои ташкил, гузаронидан ва сифати экспертиза;
- риояи сирри тиҷоратӣ дар мавриди маълумоти ҳангоми гузаронидани экспертиза бадастомада.
88. Мақомоти санҷишӣ бароп ҷалби коршимосон (ташкилотҳои экспертӣ):
- мавзӯи экспертизаро муайяи менамоянд;
- иомгӯи масъалаҳоеро, ки бояд дар назди коршиносон (ташкилотҳои экспертӣ) гузошта шаванд, тартиб медиҳанд;
- расмиёти муайян намудани иҷрокунанда - коршиносро (ташкилоти экспертиро) бо тартиби пешбинишудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки расмиёти хариди давлатиро ба танзим медарорад, мегузаронанд;
- бо коршинос (ташкилоти экспертӣ) шартнома мебанданд.
89. Шахсони зерин ба сифати коршимосон (ташкилотҳои экспертӣ) ҷалб шуда наметавонанд:
- шахсоне, ки шахсони мансабдор ё кормандони субъекти хоҷагидори санҷидашаванда мебошанд ё дар давоми се соли то санаи гузаронидани ташхис будаанд;
- шахсоне, ки нисбати субъекти хоҷагидори санҷидашаванда манфиатҳои молумулкӣ доранд;
- хешовандони наздики (ҳамсар, бародарон, хоҳарон, падару модар, кӯдакони) роҳбар ва ё молики субъекти хоҷагидори санҷидашаванда.
90. Аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқоти гузаронидани коршинос (ташкилоти экспертӣ) хулосаи коршиносӣ тартиб дода мешавад, ки тавсифи танҳо он далелҳоеро дар бар мегирад, ки дар ҷараёни гузаронидани экспертиза муқаррар гардида буданд. Хулосаи коршиносии бо муҳр ва имзои коршинос (ташкилоти экспертӣ) тасдиқгардида ба санади санҷиши субъекти хоҷагидор замима карда мешавад.
11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
91. Баҳсҳо оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор вобаста ба риояи талаботи санадҳои меьёрии ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонупгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдор, роҳбари мақомп санҷишӣ ва ё суд ҳал карда мешаванд.
92. Шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ ва субъектҳои хоҷагидор барои вайрон кардани талаботи Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замима